Ид дар хонаи Паёмбар (с)
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ид дар хонаи Паёмбар (с)
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Холид ибни Абдурраҳмон Аш-Шоиъ
Тарҷума: Дорулисломи Тоҷикӣ
2013 - 1434
يوم العيد في بيت النبي صلى الله عليه و سلم
«باللغة الطاجيكية»
خالد بن عبد الرحمن الشايع
ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي
2013 - 1434
Ид дар хонаи Паёмбар (с)
Дар рӯзе аз рӯзҳои шукуфони Мадинаи набави ва дар субҳи рӯзи ид дар хонаи Паёмбар (с) ва хонаҳои гирду атрофаш дар пеши назари Паёмбар (с) дар чеҳраҳои мардум шодию сурур дида мешуд, чунки ҳамаи мардум шодию хурсанди барои ид доштанд ва кушиш менамуданд, ки ҳамаи он хурсандию шодияшонро Паёмбар (с) мушоҳида намояд ва ин ҳам ба хотири меҳру муҳабаташон нисбат ба Паёмбар (с) буд.
Аммо ончи, ки дар ин рӯзи саид дар хонаи Паёмбар (с) чи мегузашт ҳазрати Оиша (р) дар ин бора бароямон қисса мекунад.
Ҳазрати Оиша (р) мегуяд: Ман дар хона бо ду духтараки хурдсоле нишаста будам ва онҳо сурудхони мекарданд, дар ин ҳол Паёмбар (с) дохил шуд ва худро болои тахти хобаш андохту рӯяшро ба дигар тараф гардонд, замоне нагузашта буд, ки падарам Абубакр дохил шуд ва чун сурудхонии духтараконро дид ба суи ман ғазаб карду гуфт: Дар хонаи Паёмбар мизмори шайтонро дохил намудаи, дарҳол Паёмбар (с) ба наздаш омаду гуфт: Эй Абубакр онҳоро бигузор, чун Паёмбару падарам аз наздам дур шуданд ба он ду духтарак бо чашмонам ишора намудам, ки биравед ва онҳо рафтанд.
Ва дар ҳолати дигаре чуноне ҳазрати Ойша қисса мекунад дар наздикии хонаи Паёмбар (с) ва дар рӯзи ид кудакони хурдсоли сиёҳпуст бо найзаҳояшон бози мекарданд, ҳазрати Ойша мегуяд: Дар ин ҳангом Паёмбар (с) ба ман гуфт: Мехоҳи тамошо куни? Ман гуфтам бале, сипас Паёмбар (с) манро дар пушташ қарор доду ман чеҳраамро дар чеҳраи Паёмбар (с) часпонда тамошо мекардам ва Паёмбар (с) онҳоро бале бале мегуфт то ин ки монда шудам ва Паёмбар (с) гуфт: Оё кифоят аст? Гуфтам бале, Гуфт: Ин хел бошад акнун бирав.
Ривояти Бухорӣ
Ва ҳолати дигаре ҳам низ буд, ки кудакон дар наздикии ҳуҷраи Паёмбар (с) ба хотири пешвозгирии рӯзи ид хушиву хурсанди ва сурудхони мекарданд ва дар мадҳи Паёмбар (с) низ шеърҳо месуруданд.
Ҳазрати Ойша мегуяд: Паёмбар (с) нишаста буд чун садои кудаконро шунидем аз ҷоямон баланд шудем ва дидем, ки кудакони ҳабашиҳо бо ҳамдигар сурудхониву бози доранд, Паёмбар (с) ба ман гуфт: эй Ойша биё тамошо кун, ман омадам ва сарамро болои китфи Паёмбар (с) гузоштаму аз болои китфи Паёмбар (с) онҳоро тамошо кардам, Паёмбар (с) баъди лаҳзаҳо гуфт: Оё сер нашуди? Оё сер нашуди? Ва ман бошам мегуфтам на, ва мақсадам ин буд, ки манзилатамро дар назди Паёмбар бубинам, ки оё Ӯ то чи вақт ба хотири ман сабр мекарда бошад, чун Умар (р) пайдо шуд кудакон аз ҳайбати у ба ҳар су гурехтанд, дар ин ҳол Паёмбар (с) гуфт: Ман мебинам, ки шайтонҳои ҷинию инсони аз Умар мегурезанд, ва сипас ман аз Паёмбар (с) дур шудам.
Ривояти Тирмизӣ
Ҳазрати Ойша мегуяд: Ва ҳар вақто, ки мехостем маънои шеъру суруди онҳоро бифаҳмем бароямон хело мушкил буд зеро, ки онҳо бо забонҳои худашон месуруданд чуноне, ки дар муснади ибни Ҳиббон омадааст, Анас ибни Молик (р) мегуяд: Чун ҳабашиҳо дар назди Паёмбар (с) сурудхони мекарданд, Паёмбар (с) забони онҳоро намефаҳмид ва мепурсид, ки онҳо чи мегуянд? Мегуфтанд: Онҳо мегуянд, ки Муҳаммад бандаи солеҳ аст.
Олимон аз ривоятҳои гузашта чанд фоидаеро истихроҷ намудаанд:
Якум: Ҷоиз будани осонгири бар занҳо ва кудакон дар рӯзҳои ид ва дигар рӯзҳои хурсанди, агар чи инсон ба сабаби маконату манзилати хеш ё ин, ки бо сабаби пири чунин амалҳоро хуш надошта бошад ҳам, бояд дигаронро сахтгири нанамояд чунки ҷавонон ва кудакон хушҳолияшонро дар он мебинанд ва пешвозгирии идҳо барояшон он тавр лоиқ аст, пас бояд инро бузургон ба назар бигиранд ва онҳоро дар доираи шариат бигузоранд, ки бо он тарзе, ки муносиби онҳост идҳоро пешвоз бигиранд
Дувум: Изҳор намудани хушҳоли ва хурсанди дар рӯзҳои ид аз шиъорҳои шариат аст, ба ҳамин сабаб вақто, ки Паёмбар (с) сурудхонии он ду духтаракро дид онҳоро манъ нанамуд, балки ҳатто он кори онҳоро иқрор намуд, ва ҳатто вақто Абубакр (р) хост, ки онҳоро манъ намояд уро нагузошт ва гуфт: Онҳоро бигузор.
Ва дар ривояти дигаре омадааст, ки ба Абубакр гуфт: Эй Абубакр барои ҳар қавм иде ҳаст ва ин иди мост.
Ва дар ривояти дигаре дар Муснад омадааст, ки бигузор то яҳудиҳо бидонанд, ки дар дини мо хушҳоли вуҷуд дорад ман рисолатеро овардаам, ки дар он ягонапарасти ва осонгири аст.
Сеюм: Аз ин ҳадисҳо шафқату хушмомилаги бо зан ва рағбату хоҳиши ӯро ба ҷо оварданро фаҳмида мешавад, чун ки зан дорои отифа аст ва отифа ва рағбатҳои уро бо ҳамин роҳ мешавад сер намуд то ҷое, ки аз доираи шариат берун набошад.
Чаҳорум: Паёмбар (с) бо он бузурги ва манзилати бузургаш ба хотире, ки вақти Оиша (р) хуш бигузарад болои пои худ бозистод ва худро такягоҳи ҳамсари азизаш сохт то он, ки ҳазрати Ойша худ хаста шуду аз китфи Паёмбар (с) дур шуд, ва ин амалу рафтори Паёмбар (с) дарсест барои падарону шавҳарон, онҳо бояд дар зиндагии худ Паёмбар (с)-ро пешво қарор бидиҳанд, то ки ҳамеша дар назди зану фарзандони хеш дӯстдор боқи бимонанд.