×
Агар дар моҳи рамазон аҳволи худро ислоҳ кардан хоҳем пас бояд аз муҳосаба ва ҳисобукитоби нафс шуруъ намоем.

    Муҳосабаи нафс дар моҳи рамазон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия ва тарҷума: Абдураҳмони Абдусаттор

    2013 - 1434

    محاسبة النفس في رمضان

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: عبد الرحمن عبد الستار

    2013 - 1434

    Муҳосабаи нафс дар моҳи рамазон

    Имом Маймун писари Меҳрон (р) мегуяд:

    (لا يكون الرجل تقيا حتى يكون لنفسه أشد محاسبة ... وحتى يعلم من أين ملبسه, ومطعمه, ومشربه؟؟)

    "Тарс ва тақвои инсон аз парвардигораш пурра намешавад, то инки бар нафси худ назорати сахт ва шадидро анҷом диҳад ва донад, ки либосу хурок ва нӯшиданияш аз куҷост"

    Бародари гиромӣ! Агар мехоҳи, ки дар моҳи рамазон ҳоли худро беҳтар куни пас бояд аввалин чизе ки аз он бояд шуруъ куни ин назорат ва ҳисобукитоб намудани нафси худат мебошад.

    Чун агар аз назорати нафсат мутмаин шуди метавони ба тавба кардан ба парвардигорат руй биёри. Зеро агар ту дар назорати нафсат комёб нашави пас тавбаи ҳақиқи ва содиқонаро ба даст нахоҳи овард.Пас то инки тавбаи ту содиқона ва мақбул шавад бояд аввал нафси худро содиқона назорат ва ҳисобукитоб намои.

    Ҳазрати Умар писари Хаттоб (р) мефармояд:

    (حاسبوا أنفسكم قبل أن تحاسبوا, وزنوا أعمالكم قبل أن توزنوا, فإنه أهون عليكم في الحساب غدا أن تحاسبوا أنفسكم)

    "Муҳосаба (назорат ва ҳисобукитоб) кунед нафсҳои худро пеш аз онки муҳосаба шаванд, ва аъмолатонро баркашед (вазн) пеш аз онки баркашида шаванд, Чунки ин осонтар аст барои шумо дар ҳисоби фардо ки худро муҳосаба кунед".

    Имом Фузайл писари Ъиёз (р) мегуяд:

    (المؤمن يحاسب نفسه, ويعلم أن له موقفا بين يدي الله تعالى, والمنافق يغفل عن نفسه, فرحم الله عبدا نظر لنفسه قبل نزول ملك الموت به)

    "Мусалмон ҳамеша нафси худро муҳосаба мекунад, ва яқинан медонад ки рӯзе назди парвардигораш меистад (барои суол ва ҷавоб) ва мунофиқ аз муҳосабаи нафсаш дар ғафлат ва бепарвоги аст, пас Худованд раҳм кардааст касеро, ки пеш аз омадани малакулмавт (фариштаи марг ё вафоти инсон) бар нафси худаш назар кардааст ва онро муҳосаба намудааст".

    Бародари гироми! Моҳи рамазон моҳи бахшоиши гуноҳон аст, оё нафси худро муҳосаба карди, ки ба чи корҳо машғул аст.

    Оё боре нафси худро дар пинҳони муҳосаба кардаи, оё боре фикр карди, ки ин моҳи раҳмат чи зуд мегузарад, оё боре бо худ гуфтаи, ки чи неъмати бузургест ки Худованд туро ба ин моҳи муборак расонид.

    Пас фароғат ва саломатиятро дар ин моҳи муборак барои рӯзҳои ҳоҷатмандият ғанимат бишмор.

    Омир писари Абдуқайс мегуяд:

    (رأيت نفرا من أصحاب النبي – صلى الله عليه وسلم – وصحبتهم, فحدثونا أن أصفى الناس إيمانا يوم القيامة أشدهم لنفسه في الدنيا)

    "Гуруҳе аз ёрони Паёмбари Худоро дидам, ва бо онҳо суҳбат кардам, ва бароямон мегуфтанд: Дорои софтарин ва поктарин имон дар рӯзи қиёмат ҳамон касоне ҳастанд, ки дар дунё ҳамеша бар нафсҳои худ сахтгири мекарданд (нафсҳои худро муҳосаба мекардан)".

    Пас дар ин моҳи муборак нафси худро муҳосаба кун, то ин моҳро ба поки сипари куни ва аз ҷумлаи рӯзадорони ҳақиқи боши. Ва нагузор ки ин моҳи раҳмат, моҳи бахшоиши гуноҳон, моҳи халоси аз оташ аз дастат биравад, магар инки шомили ин неъматҳо шуда боши.

    Бародар ва хоҳари гироми! Бигузор ин сухан: "Аввал нафсатро муҳосаба кун" дар ҳама корҳоят шиъор бошад чи дар корҳои дуняви ва чи дар корҳои охират, чун аҳволи худро беҳтар нахоҳем кард магар бо амал кардан ба ингуна шиъорҳо.

    Ҳамчуноне ки яқин дорем, ки рӯзе омаданист ки ҳамаги назди Худованд меистем ва моро Худованд ҳисобукитоб ва муҳосаба мекунад. Пас пеш аз он ки он рӯз фаро расад нафсҳои худро муҳосаба ва ҳисобукитоб намоем, то инки дар онрӯз бароямон осон шавад ва аз наҷотёфтагон бошем. Ва аз ҷумлаи касоне бошем, ки дар он рӯз номаи аъмолашонро бо дасти рост мегиранд, ва бо тамоми ифтихор мегуянд: Ин аст номаи аъмоли ман, ки онро бо осони ва муваффақият гирифтам.

    Бор Худоё: Ҳисобу китоби моро дар рӯзи қиёмат осон бигардон ва номаи аъмоламонро бо дасти ростамон бо комиёби ва хушбахтии ҳақиқи насиб бигардон.