×
Шарҳи мухтасари ҳадиси Умар (р.з): Амалҳо ба ният вобастаги доранд.

    Ниятро бояд неку сохт

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: А. Ҳақназарзода

    2013 - 1434

    إنما الأعمال بالنيات

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: عبد الستار حق نظر

    2013 - 1434

    Ниятро бояд неку сохт

    عن أمير المؤمنين أبي حفص عمر بن الخطاب – رضي الله عنه – قال: سمعت رسول الله – صلى الله عليه وسلم – يقول: "إنما الأعمال بالنيات, وإنما لكل امرئ ما نوى, فمن كانت هجرته إلى الله ورسوله, فهجرته إلى الله ورسوله, ومن كانت هجرته لدنيا يصيبها, أو امرأة ينكحها, فهجرته إلى ما هاجر إليه" رواه البخاري ومسلم .

    Имом Бухорӣ ва Муслим аз амирул- муъминин ҳазрати Умар писари Хаттоб (р.з) ривоят кардаанд, ки гуфт:

    Аз Паёмбари Худо шунидам, ки гуфт: "Муҳақиқан кирдор ба ният аст, ва ҳар кас аз кирдораш ба ҳасби нияташ аҷру савоб мегирад, пас ҳар кас, ки ҳиҷрат ва интиқоли ӯ ба шаҳре ба сӯи Худо ва паёмбараш буда бошад, пас савоби ин ҳиҷрат ба сӯи Худо ва Паёмбари Ӯст, ва ҳар кас, ки ҳиҷраташ ба дунболи моли дунё бошад ё ба хотири зане, ки бихоҳад ӯро никоҳ кунад аҳамияти ҳиҷрати ӯ баробари ҳамин ҳиммати уст".

    Ин ҳадисро ду пешвоӣ уламои ҳадис имом Бухорӣ ва Муслим дар ду китоби саҳиҳ ки маъруф ба саҳиҳайн аст, ки саҳиҳтарин китоб дар илми ҳадис мебошанд ривоят кардаанд .

    Шарҳи ҳадис

    "Кирдорҳо ба ният аст" бар чанд маъно аст:

    1 - Инки ҳар кирдоре, ки бо нияти холисона анҷоми он дар роҳи Худо набошад он кирдор арзише надорад.

    2 - Инки саҳеҳ будани амалҳо ба ният вобаста аст, ва амале ки ният ҳамроҳаш набошад саҳиҳ нест.

    3 - Инки амали қалби ба маънои тасмим гирифтан аст, ва агар инсон ният кунад ва бар он тасмим бигирад амали он осон хоҳад буд.

    Маънои ният: Қасди ба ҷой овардани коре ё амале аст. Ва дар инҷо ният ба маънои: Қасд кардан бар инки, ин корро ба хотири Худо анҷом медиҳам, омада аст.

    Ҷои ният дил аст ва бояд дил мутаваҷиҳи кор гардад, ва ба забон овардани ният шарт нест, вале ба хотири кумаки дил мустаҳаб аст.

    Ҳар кас мувофиқи нияташ аз кирдораш баҳра мебарад, пас агар амал холис барои Худо бошад, ризогии Худо ва савоби бешумор ва оқибати некро ба даст оварда аст.

    Ва агар қасд аз амалаш моли дунё ва ё зан бошад, ки инҳо ҳама рафиқи нимароҳ ҳастанд, чунки ҳаёти шахс ба охир расид дасташ аз он кутоҳ хоҳад шуд. Дар ҳолеки агар кор ва кушиши ӯ барои Худо анҷом мегирифт моли бо баракат ва зани меҳрубонтар ва фарзанди шойстатар ба даст меовард.

    Ва касеки ҳиҷраташ барои Худо ва Паёмбар (с) бошад пас ҷазояш ҳамин тавфиқ бар ҳиҷрат ба сӯи Худо ва Паёмбар аст, барои инки ризогии Худо ва даъвати Паёмбарро ба даст оварда аст, ки ягон савобе аз он беҳтар нест.

    Аммо касеки ҳиҷраташ барои Худо ва Паёмбараш набошад пас ҷазои ӯ аз даст додани ризогии Худо ва Паёмбараш ва ба даст овардани мол ва зане аст, ки ба хотири он ҳиҷрат карда аст ва инчунин инсон ҳимматаш танҳо хоҳишоти нафси ва шаҳват аст.

    Дар ин ҳадис ҳикматҳо ва фоидаҳои зиёде аст, аз он ҷумла:

    Инки инсон ҳамеша ниятро бояд неку созад ва ба ҳама кас ва ҳама чиз хушбин бошад ва ҳамеша барои анҷоми корҳои нек ният намояд.

    Дигар инки ҳар кас метавонад аъмоли худро мувофиқи нияташ санҷиш гузаронад, то миқдори аъмоли некашро аз бадаш фарқ кунад.

    Пас агар дид, ки аъмоли нек надорад ин нишонаи он аст, ки нияти нек надорад, зеро нияти нек ҳаргоҳ, ки дар дил ҷой гирифт яке аз сабабҳои хушбахтии инсон мешавад.

    Ва инчунин нияти некро бояд дар аввали ҳар кори хайр дар дилаш ҷой кунад, то инки дар ҳама корҳояш соҳиби аҷру савоб гардад.

    Ва мақсад аз нияти нек ба даст овардани ризогии Худо аст ва ризогии Худо дар ҳамон корҳое аст, ки дар он ихлос риъоят карда шавад, ва дар он риё ва дигар ғарази дуняви набошад.

    Ва дигар аз ҳикматҳои ин ҳадис он аст, ки инсон ҳамеша бояд ҳиммати худро баланд гирад, ва дар ҳама корҳо Худо ва Паёмбарашро бояд ба ёд биёрад, Худоро ба ёд биёрад бахотири онки офаридори ӯст, ва ҳеҷ коре бе ёд овардан аз ӯ осон намегардад, ва Паёмбарро ба ёд биёрад то инки дар ҳама корҳояш пайрави ӯ бошад, зеро аъмоли нек ва мақбул дар ислом ҳамон аъмоле аст, ки мувофиқи дастури Паёмбар (с) бошад.

    Фоидаи дигаре, ки аз ин ҳадис мегирем он аст, ки ҳар коре барои ризогии Худо анҷом нагирифт ва пайрави Паёмбар (с) дар он риъоят нашавад пас савоби он корро аз касе талаб кунад, ки корро ба хотираш анҷом дода аст, зеро Худованд аз коре ки дар он ихлос набошад безор аст, ва соҳибашро аҷру савоб намедиҳад.