ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БОШ!
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БОШ!
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳияи А. Идрис
Сомонаи Андеша: www.andesha.tj
2013 - 1434
اذكر الله دائما
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: أ. إدريس
موقع أنديشه: www.andesha.tj
2013 - 1434
ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БОШ!
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон
Худованди меҳрубон мефармояд: «Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сипос гўед ва ба Ман носипосӣ макунед.»
Сураи Бақара-152
«Ва Парвардигори худро бисёр ёд кун ва ба шому бомдод [Ўро] тасбеҳ гўй.»
Сураи Оли Имрон-41
«Пас, чун намозро тамом кардед, Худоро истода ва нишаста ва бар паҳлўи хеш ёд кунед.»
Сураи Нисо-103
«Ҳамоно мунофиқон Худоро фиреб мекунанд; ва Худо низ онҳоро фиреб мекунад. Ва чун ба намоз бархезанд, коҳиликунон бархезанд ва ба мардум худнамоӣ мекунанд; ва ба ҷуз андаке, Худоро ёд намекунанд.»
Сураи Нисо-142
«Ва вақте ки фаромўш кунӣ, Парвардигори худро ёд кун»
Сураи Каҳф-24
«Дар ёди Ман сустӣ макунед.»
Сураи Тоҳо-42
«Оё мўъминонро вақти он нарасидааст, ки ҳангоми ёд кардани Худо ва он чи аз дини ҳақ фуруд омадааст, дилҳояшон ниёиш кунад?»
Сураи Ҳадид-16
«Эй мўъминон, амволатон ва фарзандонатон шуморо аз ёд кардани Худо машғул нагардонанд. Ва касоне, ки ин корро бикунанд – ҳамонҳо зиёнкоронанд.»
Сураи Мунофиқун-9
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Худованд мефармояд: Ман бо бандаи худ тибқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад муомила мекунам. Чун ў маро ёд мекунад, ман бо ў хоҳам буд. Пас агар ў маро дар танҳоӣ ёд кунад ман низ ўро дар танҳоӣ ёд мекунам. Агар ў маро дар ҷамъе зикр мекунад, ман низ ўро дар ҷамъе беҳтар аз онҳо (яъне дар ҷамъи фариштагон, ки бегуноҳанд) ёд мекунам. Агар бандаи ман ба қадри ваҷабе ба сўи ман биёяд ман ба андозаи як даст ба сўи ў меоям ва агар ў ба андозаи як даст ба ман биёяд ман ба қадри ду даст ба ў наздик мешавам. Агар ў ба сўи ман ором-ором биёяд ман ба сўи ў давон давон меоям.»
Бухорӣ ва Муслим
Аз Абдуллоҳ ибни Буср (р) ривоят аст, ки яке аз асҳоб гуфт: «Эй Расули Худо (с) аҳкоми шариат бисёранд, ба ман чунон чизе нишон деҳ, ки ман онро дастури кори худ қарор диҳам. Ҳазрат (с) фармуд: Бо зикри Худо ҳар вақт рутабуллисон (яъне забонро тару тоза нигаҳ доштан) бош.»
Тирмизӣ
Аз Абусаиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки аз Расули акрам (с) суол шуд: «Кадом як аз бандагон аз ҳама беҳтар аст ва дар рўзи қиёмат чӣ касе назди Аллоҳ рутба ва мақоми болотаре хоҳад дошт?» он Ҳазрат (с) фармуданд: «Мардон ва заноне, ки бештар Худоро зикр (ёд) кунанд.» Арз шуд: «Ё Расулаллоҳ! Мақоми онҳо аз муҷоҳидони дар роҳи Худо ҳам болотар аст?» Эшон фармуданд: «Агар шахсе дар ҷиҳод дар сафи кофирону мушрикон ҳамла кунад ва шамшер занад то ин ки шамшераш бишканад ва ўаз дасти кофирон маҷрўҳ шавад ва дар хунҳои худ биғалтад боз ҳам рутбаву мақоми зикркунандаи Худо аз ў болотар хоҳад буд.»
Аҳмад, Тимизӣ…
Худованд ҳам мефармояд: «… ёд кардани Худо бзургтар аст.»
Сураи Анкабут-45
Боз ҳам аз ҳазрати Абусаид (р) ривоят аст, ки Расули муаззами Ислом (с) фармуданд: «Аллоҳро он чунон зикр кунед, ки мардум шуморо девона гўянд.»
Аҳмад, Ибни Ҳиббон, Абуяъло
Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе дар ҷойе нишасту Аллоҳро дар он маҳал ёд накард, ин нишаст барои ў боиси ҳасрату зиён хоҳад буд ва низ касе, ки дар ҷойе дароз кашид ё хобид Аллоҳро дар он ҷо ёд накард ин хоб ва ё дароз кашидан барои ў боиси ҳасрати зиёд хоҳад гашт.»
Абудовуд
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Бидуни зикр ва ёди Аллоҳ зиёд сўҳбат накунед, зеро ки бар асари он дар дил қасоват (сангдилӣ) пайдо мешавад. Касе ки дар қалби ў сахтию бераҳмӣ бошад, аз ҳамаи мардум ба назди Аллоҳ дуртар хоҳад буд.»
Тирмизӣ
Модари мўъминон Оиша (р) аз Расули Худо (с) ривоят мекунад: «Тиловати Қуръон дар намоз аз тиловати Қуръон дар хориҷи намоз беҳтар аст ва тиловат дар хориҷи намоз аз тасбеҳу такбир беҳтар аст ва тасбеҳ аз садақа додан беҳтар аст ва садақа аз рўза афзал аст ва рўза сипарест дар муқобили дўзах.»
Байҳақӣ
Ҳазрати Усмон (р) мегўяд: Паёмбар (с) фармуданд: «Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро ёд бигирад ва ба дигарон ёд бидиҳад.»
Бухорӣ
Аз Абусаид ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Худованди муттаъол мефармояд: Ҳар касе ба иллати машғул будан бо Қуръон барои зикру дуо фурсат надошта бошад, ман ўро аз ҳамаи дуокунандагон бештар ато мекунам ва бартарии каломи илоҳӣ (Қуръон) бар соири суханҳо монанди бартарии худи Худованд бар тамоми махлуқот аст.»
Тирмизӣ ва Байҳақӣ
Ҳазрати Абузар мегўяд, ки Расули Акрам (с) фармуданд: «Шумо ба кўмаки ҳеҷ чиз ин қадар наметавонед ба сўйи Аллоҳ рўҷўъ намоед ва назди ў қурб ҳосил кунед, магар бо он чизе ки аз худи Худованд содир шудааст, яъне Қуръон.»
Тирмизӣ, Абудовуд…
Паёмбар фармуданд: «Баъзе аз мардум ба манзалаи аҳли хонаи Худо ҳастанд. Асҳоб пурсиданд: Онҳо киҳоянд? Фармуд (с): Аҳли Қуръон , онҳо аҳли Қуръон ва хоссони ў ҳастанд.»
Аҳмад
Иршоди Раслуи муаззами Ислом аст, ки саайдиул-истиғфор ин аст: «Аллоҳумма анта раббӣ, ло илоҳа илла анта, халақтанӣ ва ана ъабдука ва ана ало ъаҳдика ва ваъдика, мастатаъту, аъузу бика мин шарри ма санаъту абуу лака биниъматика алаййа ва абуу лака бизанбӣ, фағфирлӣ. Фаинаҳу ла яғфируз-зунуба илла анта.» Ҳар кӣ инро бо яқин (ихлосу боварӣ) дар рўз бигўяд, агар то шаб вафот кунад биҳиштист ва ҳар кӣ шаб бо ихлос инро бигўд то субҳ бимирад аз аҳли ҷаннат аст.»
Бухорӣ
Аз Абуҳурйра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар кас рўзона 100 бор «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъало кули шайъин қадир»-ро бигўяд ба андозаи озод кардани даҳ ғулом соҳиби савоб мегардад ва барои ў сад некӣ навишта мешавад ва сад гуноҳ аз ў бахшида мешавад ва ў дар он рўз аз шайтон ҳифозат мешавад ва амали ҳеҷ кас аз ў беҳтар нахоҳад буд, магар касе ки ин амалро бештар аз ў анҷом дода бошад.»
Бухорӣ ва Муслим
Боз ҳам Абуҳурайра (р) аз Расулуллоҳ (с) ривоят мекунад: «Ҳар кас рўзона сад маротиба «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи» гўяд, гуноҳони ў бахшида мешавад, агарчӣ ба андозаи кафи дарё бошанд.»
Бухорӣ ва Муслим
Аз Самура ибни Ҷундуб (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд:
«Аз тамоми калимот ин чаҳор калима афзал аст: Субҳоналлоҳ, Алҳамдулиллоҳ, Ло илоҳа иллалоҳ ва Аллоҳу акбар.»
Муслим
Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки паёмбар (с) фармуданд: «Ду калимаест, ки бар забон бисёр осону сабуканд, дар тарозуи аъмол бисёр вазнинад ва дар нази Худованд бисёр маҳбубанд, ки ин ду калима: Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил-ъазим.»
Бухорӣ ва Муслим
Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Беҳтарини зикр «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст.»
Тирмизӣ, Ибни Моҷа…
Аз Абумўсои Ашъарӣ ривоят аст, ки Расули Худо (с) ба ман фармуданд:
«Барои ту калимаеро бигўям, ки аз хазинаҳои биҳишт аст? Арз кардам оре! Баён фармоед. Фармуданд: он «Ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ» аст.»
Бухорӣ ва Муслим
Паёмбар (с) ба зиёд гуфтани «Астағфируллоҳ» ташвиқ намуда фармудаанд: «Эй мардум ба боргоҳи Аллоҳ таоло тавба кунед, ман худ рўзона сад бор ба боргоҳи илоҳӣ тавба мекунам.»
Муслим
Аз Анас (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар кӣ бар ман як бор салавот фиристад Худованди мутаол бар ў даҳ бор салавот мефиристад ва даҳ хато аз хатоҳои ў афв мекунад ва даҳ рутба дар мақоми ў меафзояд.»
Насоӣ
Аз ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Рўзи қиёмат наздиктарин фард ба ман касест, ки беш аз дигарон бар ман дуруд фиристода аст.»
Тирмизӣ
Аз модари мўъминон Ҷувайрия (р) (ҳамсари Расули Худо (с)) ривоят аст, ки Расули акрам (с) ҳаноми субҳ барои намоз ташриф бурданд ва ў (Ҷувайрия) намоз хонда, дар ҷои худ нишаста машғули зикр шуд. Паёмбари Худо ҳангоми чошт (наздики нисфирўзӣ) ба хона баргашт, дар ҳоле ки Ҷувайрия дар макони худ нишаста машғули зикр буд. Расули бузургвор (с) пурсиданд: аз вақте ки ман рафтам ту ҳанўз дар ҷоят ба ҳамон сурат нишастаӣ? Ў изҳор дошт: оре. Он Ҳазрат (с) фармуданд: баъд аз ин ки аз назди ту рафтам чаҳор калимаро се бор хондам, агар онро бо тамоми он чӣ имрўз аз нишастанат то ҳоло гуфтаӣ муқоиса шаванд вазни онҳо сангинтар мешавад. Он калимаҳо инҳоянд: «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи адада халқиҳи варизо нафсиҳи вазината ъаршиҳи ва мидода калимотиҳи». (Худовандро ҳамду тасбеҳ мекунам ба андозаи тамоми махлуқоташ ва бо андозаи ризояш ва ба андозаи вазни аршаш ва ба миқдори калимоташ.»
Муслим
Бародари мусалмон дар маънии ин оятҳо худ андеша намо!!! Худованди муттаъол мефармояд: «Ва Парвардигори худро дар замири худ ба зорию тарскорӣ ва ба каломи пасттар аз овози баланд, бомдоду шабонгоҳ ёд кун; ва аз ғофилон мабош.»
Сураи Аъроф-205
«…Бигў: «Ҳамоно Худо ҳар киро хоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки ба Вай бозгардад, ба сўи Хеш роҳ менамояд. Онон, ки имон оварданд ва дилҳояшон ба ёди Худо ором мегиранд. Огоҳ шав: дилҳо ба ёди Худо ором мегиранд.»
Сураи Раъд -27-28
«…ва мардони ба бисёрӣ ёдкунандаи Худо ва занони ёдкунанда – омурзиш ва музди бузург муҳайё кардааст.»
Сураи Аҳзоб-35
«Оё касе, ки Худо синаи ўро барои дини Ислом кушода кардааст, пас, ў аз ҷониби Парвардигораш бар равшанӣ бошад, (монанди сахтдилон аст)? Пас, вой бар онон, ки дилҳояшон аз ёд кардани Худо сахт аст! Онҳо дар гумроҳии зоҳиранд.»
Сураи Зумар-22
«Ва ҳар кас, ки аз ёди [Худои] Раҳмон ғофил шавад, барои ў шайтоне баргуморем,пас он шайтон ўро ҳамнишин бошад.»
Сураи Зухруф-36
«Шайтон бар онҳо ғолиб омадааст; пас, аз хотири онҳо ёд кардани Худоро фаромўш сохт. Онҳо гурўҳи Шайтонанд. Огоҳ шав, ба дурустӣ ки гурўҳи Шайтон зиёнкоронанд.»
Сураи Муҷодала-19
«Ва чун намоз тамом карда шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, то бошад ки растагор шавед.»
Сураи Ҷумъа-10
«Ва ҳар ки аз ёд кардани Парвардигори худ эъроз кунад, ўро ба азоби сахт дарорад.»
Сураи Ҷин-17
«Ҳар оина ҳар кӣ пок шуд, растагор шуд; Ва номи Парвардигори худро ёд кард, пас намоз гузорид.»
Аъло 14-15