×
Худованд инсонро ақлу каромат додааст ва барояш имтиёзе додааст, ки дар дигар махлуқот дида намешавад. Пас бояд аз ин неъмати илоҳи ҳифозат намояд ва онро бо истеъмоли масткунандаҳо ва мухадирот заъифу нобуд насозад.

    Моддаҳои масткунанда ва зарарҳои он

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон

    Таҳия: islamhouse.com

    2013 - 1434

    المسكرات وأضرارها

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح بن فوزان الفوزان

    إعداد: الفريق الطاجيكي بموقع دار الإسلام

    2013 - 1434

    Моддаҳои масткунанда ва зарарҳои он

    Эй Мардум!

    Шумо аз Худо битарсед ва шукрашро ба ҷо оред. Ў инсонро каромат додааст ва барояш имтиёзе додааст, ки дар дигар махлуқот дида намешавад. Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَقَدۡ كَرَّمۡنَا بَنِيٓ ءَادَمَ وَحَمَلۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ كَثِيرٖ مِّمَّنۡ خَلَقۡنَا تَفۡضِيلٗا ٧٠ ﴾ [الاسراء: ٧٠]

    "Ва дар ҳақиқат мо фарзанди Одамро гироми доштем ва онҳоро дар барру баҳр (бар маркаб) савор кардем ва аз анвоъи рўзиҳои покиза баҳрамандашон сохтем ва бар бисёре аз махлуқотамон фазилати бештарашон додем"

    Сураи Исро, 70

    Як чизе, ки инсониятро Худованд бо он каромат додааст, ин ақл мебошад, ки бо он аз дигар ҳайвонот фарқ мекунад ва тавассути он некиро аз бади ва фоидаро аз зарар ҷудо менамояд. Агар инсон ақлашро гум кунад, дигар аз он фоидае намемонад, балки он бори гароне мегардад бар дўши дигарон.

    Инсон тавассути ақл метавонад дар мавриди нишонаҳои Худованд андеша намояд ва онро дарк кунад ва бо ақл метавонад ихтироъот ва навовариҳо кунад.

    Ақл инсонро водор мекунад, то сифатҳои хубро соҳиб гардад ва аз сифатҳои паст худдори намояд.

    Бо ақл инсон барои корҳои хуб талош мекунад ва аз корҳои бад мепарҳезад.

    Худованд ақлро ба номҳои гуногун зикр намудааст, ақл, мағз, идрок, ҳис ва ин ҳама далолат ба маонии бузурге мекунанд.

    Худованд дар китобаш касонеро, ки ақли худро истифода намебаранд, сарзаниш мекунад ва онҳоро аз ҳайвонот ҳам пасттар мехонад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ أَمۡ تَحۡسَبُ أَنَّ أَكۡثَرَهُمۡ يَسۡمَعُونَ أَوۡ يَعۡقِلُونَۚ إِنۡ هُمۡ إِلَّا كَٱلۡأَنۡعَٰمِ بَلۡ هُمۡ أَضَلُّ سَبِيلًا ٤٤ ﴾ [الفرقان: ٤٤]

    "Оё ту гумон мекуни, ки аксари онҳо мешунаванд, ё дарк мекунанд? Онҳо ба монанди ҳайвонотанд, балки аз ҳайвонот гумроҳтаранд"

    Сураи Фурқон, 44

    Худованди муттаол истеъмоли ҳар маводеро, ки ақлро халалдор месозад, манъ мекунад ва барои ин кор ҷазои вазнин ва азоби сахте муайян намудааст.

    Ақл яке аз панҷ чизи зарурист, ки тамоми шариатҳо муҳофизати онро воҷиб гардондаанд ва дар ҳифзи онҳо маслиҳат ва фоидаи умумибашар аст. Зеро ҳар касе, ки ақлашро гум кунад, ҳам ба нафси худ зарар мерасонад ва ҳам ба дигарон.

    Агар зарари ба худаш расонда ҳалок, вайронии ахлоқ ва ифлоси бошад, зарари ў ба ҷомеа тавассути халал ворид намудан, ба амну суботи ҷомеа ва дар ҳарос овардани он мебошад.

    Худованди муттаол мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡخَمۡرُ وَٱلۡمَيۡسِرُ وَٱلۡأَنصَابُ وَٱلۡأَزۡلَٰمُ رِجۡسٞ مِّنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَٱجۡتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ٩٠ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَن يُوقِعَ بَيۡنَكُمُ ٱلۡعَدَٰوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ فِي ٱلۡخَمۡرِ وَٱلۡمَيۡسِرِ وَيَصُدَّكُمۡ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَعَنِ ٱلصَّلَوٰةِۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّنتَهُونَ ٩١ ﴾ [المائ‍دة: ٩٠، ٩١]

    "Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамоно арақ, қимор, сангҳои насбшуда барои парастиш ва бахтсанҷи бавоситаи тирҳо палидиест, аз амали шайтон, пас шумо аз он парҳез кунед, шояд наҷот ёбед, ҳамоно шайтон мехоҳад дар байни шумо тавассути арақ ва қимор душмани ва кина эҷод намояд ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боз дорад. Пас оё шумо аз он имтиноъ меаврзед?"

    Сураи Моида, 90-91

    Худованд дар ин оят зарарҳои арақро баён менамояд ва арз мекунад, ки арақу қимор ва дигар палидиҳоеро, ки зикр намуд, боиси ноком шудан мегарданд ва он ҳама палиданду аз амали шайтон ва дар ҷомеа душманию кинаро ба бор меоранд ва аз зикри Худо боз медоранд, ки ҳаёти дилҳо танҳо бо ёди Ў мебошанд.

    Ин амалҳо инсонро аз ибодати Худо ва намоз манъ мекунанд, ки намоз инсонро аз ҳама бадиҳо бозмедорад.

    Хамр ҳар чизеро мегўянд, ки ақлро бехуд намояд ва онро бипўшонад аз ҳар навъ маводи масткунандае, ки бошад ва бо кадом номе, ки бошад.

    Дар ривоятҳо омадааст, ки дар охири замон гурўҳҳое меоянд, ки хамрро бо номҳои гуногун зикр мекунанд, вале ном ҳақиқатро дигаргун намекунад. Ҳар чизе, ки ҷисмро суст кунад, ҳавосро бехуд намояд ва дасту поро суст намуда, номусро бикушад, монанди хамр аст.

    Ҳасан мегўяд: Агар ақл дар бозор фурўхта мешуд, мардум онро бо нархи хеле гарон харидори мекарданд, вале тааҷҷуб дар он аст, ки мардум бо пули гарон чизеро мехаранд, ки ақли онҳоро вайрон мекунад.

    Эй мардум!

    Душманони шумо ҳамеша дар пайи кашидани нақшаҳое мебошанд, ки шуморо дучори ҳалокат кунанд ва ба шумо бо ҳар роҳ зарар расонанд. Ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ بِطَانَةٗ مِّن دُونِكُمۡ لَا يَأۡلُونَكُمۡ خَبَالٗا وَدُّواْ مَا عَنِتُّمۡ قَدۡ بَدَتِ ٱلۡبَغۡضَآءُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَمَا تُخۡفِي صُدُورُهُمۡ أَكۡبَرُۚ قَدۡ بَيَّنَّا لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ ١١٨ ﴾ [ال عمران: ١١٨]

    "Онҳо барои шумо ҳеҷ арзишеро қоил нестанд. Онҳо дўстмедоранд, то дар мушкилот бошед. Гоҳо кина аз даҳони онҳо ошкор мегардад. Ва он чи дар дилҳо пўшида доранд, бузургтар аст"

    Сураи Оли Имрон, 118

    Палидтарин нақша ва пурқувваттарин силоҳи онҳо, ки бо шумо дар ин замона меҷанганд, маводи мухаддир мебошад.

    Онҳо ин маводро кишт мекунанд, аз он мавод омода мекунанд ва ба шумо пешкаш менамоянд ва бо роҳҳои гуногун ва пинҳони дар байни шумо паҳн мекунанд ва дар ин роҳ онҳо аз шайтонҳои одамсурат истифода мебаранд, ки фасодро савдо мекунанд ва бадтарин мусибатро ба сари ҷомеа меоранд.

    Онҳо касоне ҳастанд, ки дар рўи замин фасод мекунанд.

    Ҳар шаҳрванди бонангу номусе, ки дар бораи онҳо маълумот дошта бошад, бояд ба мақомоти зидахл дар бораи онҳо маълумот диҳад, ки ин аст ҳамкории бо тақво ва накўи ва набояд касе ба ҳоли онҳо раҳм намояд ва ё барои пўшонидани сирри онҳо бо онҳо ҳамкори намояд.

    Эй мардум!

    Маводи мухаддир бадтар аст аз хамр, зеро он ақлро вайрон намуда, мизоҷро мекушад ва номусро аз байн мебарад.

    Маводи мухаддир агар бо хамр дар масткардан шарик бошад, боз чандин зарарҳои дигар дорад, ки дар хамр дида намешавад.

    Баъзе олимон дар бораи маводи мухаддир беш аз 120 зарарҳои дини ва дунявиро пайдо намуданд.

    Аз ҷумлаи зарарҳои динияш он аст, ки зикри Худоро аз ёд мебарад, шарму ҳаёро нобуд месозад, боиси тарки намоз ва афтодан дар ҳаромҳо мегардад.

    Мухаддирот хатарноктарин силоҳест, ки онро гурўҳҳои тахрибкор дар ҷомеаи башари барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Ғолибан ин маводро яҳудиён барои шикаст додани миллатҳои дигар истифода мебаранд, то ҳамаро зери султаи худ қарор диҳанд ва миллатҳоро ғуломи хеш созанд.

    Мухаддирот офат ва балоест, ки ҷомеаи башариро ба нести ва нобуди мекашонад.

    Хатари он аз хатари бемориҳо ва вабоҳои ҳалокатоваре, ки наслҳоро аз байн мебарад, камтар нест. Барои ҳамин, дар аксари давлатҳо вазорат ва кумитаҳои махсусе барои мубориза алайҳи маводи мухаддир ташкил шудааст ва ҳатто давлатҳои ғайримусулмони хатари онро эҳсос кардаанд ва алайҳи он мубориза мебаранд.

    Паҳнкунандагони ин мавод ҳилаҳои зиёдеро ба кор мебаранд ва бо роҳҳои гуногун онро ба кишварҳои дигар интиқол медиҳанд ва дар байни мардум паҳн мекунанд ва онро ба шаклҳои гуногун месозанд ва дар даруни чизе омода мекунанд, ки дар хаёли кас намеояд.

    Эй мусалмонон!

    Хатари онро эҳсос намоед ва нагузоред, то он ба фарзандони шумо расад. Фарзандони худро нагузоред, беҳуда дар кўчаҳо бигарданд ва бо ҳар гуна ашхос алоқа намоянд, зеро агар як инсон вайрон шавад, таъсираш ба ҳамаи ҳамнишинон ва ҳамсўҳбатонаш мерасад. Алалхусус он ҷавононе, ки беҳуда дар кўчаҳо мегарданд, маҳали шубҳа қарор доранд. Дониста бошед, ки шайтонҳои инси ва ҷинни роҳҳо ва ҳиллаҳои зиёдеро барои вайрон кардани ҷавонон истифода мекунанд ва дар ҷамъомадгоҳҳои ҷавонон бештар кор мекунанд. Шумо дар замоне умр ба сар мебаред, ки аҳли замона пур аз шар шудааст ва доъиёни фасод хеле зиёд гаштаанд ва ба сабаби осон шудани интиқол аз шаҳр ба шаҳр роҳҳои интишори бади низ осон шудааст.

    Ин ҳама аз мову шумо талаб мекунад, то бештар ҳушёр бошем, сахт эҳтиёт намоем ва барои ҳифзи фарзандон бештар аз ҳифзи молу сарват талош кунем.

    Кор бисёр хатарнок аст ва палиди ҳамаро фаро гирифтааст.

    Барои раҳои аз балои маводи мухаддир бояд аз Худованд кўмак талаб намуд ва алайҳи касоне, ки онро истеъмол мекунанд ва ё паҳн мекунанд, муборизаи беамон бояд бурд.

    Бояд ҳамеша фарзандони хурдсоли худро насиҳат намоем, то дар кўчаҳо беҳуда нагарданд ва бо мардуми ношинос ҳамсўҳбат нашаванд. Бояд барои ҳазар кунонидани ҷомеа аз ин бало аз тамоми васоил истифода намуд.

    Бояд воъизон ба ваъзи худ ва хатибон бо хутба ва аҳли қалам бо нашрияҳо ва ҳукумат бо радио ва телевизион мардумро аз ҳақиқати ин бало огоҳ намонд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٢ ﴾ [المائ‍دة: ٢]

    "Ва шумо бо ҳам бар накўи ва тақво ҳамкори намоед ва бар гуноҳу душмани ҳамкори накунед. Ва Шумо аз Худо битарсед, ҳамоно, Худованд азоби сахте дорад"

    Сураи Моида, 2

    Эй бандагони Худо!

    Шумо аз Худованд битарсед, аз Ў итоат намоед, ҳамеша фармудаҳои Ўро ба ҷо оред ва аз манҳиёташ худдори кунед.

    Шумо бидонед, ки аз ҷумлаи он чизе, ки Паёмбар (с) бо асҳоби худ байъат карданд, нанўшидани хамр буд.

    Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармоянд:

    "Ман бо шумо байъат мекунам, ки ба Худо ширк наёваред, нафсеро, ки Худованд ҳаром намудааст, ба ноҳақ накушед, зино накунед, дузди накунед ва маводи масткунандаро нанўшед.

    Ҳар касе, ки инҳоро анҷом дод, ҳадди шариатро (ҳукми шариъатро) ба ў ҷори мекунам ва он барояш кафорат мешавад. Ва ҳар киро, ки Худованд ўро пўшонад, пас ҳисоби ў дар дасти Худованд аст. Аммо касе, ки ин гуфтаҳои болоро анҷом надод, ман барояш ҷаннатро кафолат медиҳам"

    Насои

    Чи хуш кафолатест ва чи кароматест барои касе, ки арақ нанўшад.

    Чи гуна оқил метавонад онро истеъмол кунад, дар ҳоле, ки он бар хилофи фитрати инсонист ва муқобили дастуроти Паёмбар (с) аст ва хилофи ихтиёри Паёмбар (с) аст, дар шаби Исро, ҳангоме, ки Ҷабраил ба Ў ду қадаҳи шир ва шаробро пешниҳод намуд ва Ў ширро ихтиёр кард ва Ҷабраил ба Ў гуфт: Ту фитратро ихтиёр намуди (Яъне чизеро ихтиёр карди, ки фитрати инсон мувофиқ он офарида шудааст).

    Чунончи Паёмбар (с) ба касоне, ки арақ наменўшанд, ҷаннатро кафолат додаст, ҳамчунин хабар додааст, ки Худованд аҳд кардааст, ҳар ки андак арақ нўшад, Худованд дар рўзи қиёмат ўро аз Тинати Хабол менўшонад. Мардум гуфтанд: Эй Расули Худо, Тинати Хабол чист? Гуфт: Арақи бадани дўзахиён ё афшурдаи дўзахиён аст. Худованд мову шуморо аз он нигоҳ дорад.

    Эй бандагони Худо!

    Нўшидани шароб ба ширк наздикаст.

    Ибни Аббос (р) мегўяд: Вақте арақ ҳаром гардонида шуд, асҳоби Паёмбар (с) ба ҳамдигар мегуфтанд: Арақ ҳаром шуд ва баробари ширк гашт.

    Абумўсои Ашъари мегуфт: Барои ман нўшидани арақ ва ба ҷои Худованд ибодат кардани ҳамин бут баробар аст.

    Эй бандагони Худо!

    Нўшидани арақ далели заъифии имон аст, зеро он ба ибодати бут баробар аст.

    Ҳар ки арақ нўшад, ҳаё ва одамгарияш камтар мегардад ва душманию кина ба бор меоварад ва амри ба мункар мекунаду аз ёди Худованд дур мешавад.