Бародари ва дусти дар Ислом
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Full Description
Бародари ва дусти дар Ислом
ﭽ الأخوة في الإسلام ﭼ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Абдуссатори Ҳамид
2009 - 1430
﴿ الأخوة في الإسلام ﴾
« باللغة الطاجيكية »
عبد الستار حميد
2009 - 1430
Бародари ва дусти дар Ислом
Аз рузе ки чароғи ислом ба руӣ замин равшани овард, то имруз ин дини муқаддас ҳамеша бандагони Худоро ба бародари ва ҳамдусти даъват мекунад, аммо пеш аз дини ислом бандагони Худо дар руӣ замин ҳамеша ба душмани ва хунрези миёни ҳамдигар машғул буданд, то инки дини мубини ислом омад, ва бародари ва ҳамдустиро миёни бандагони Худо ба вуҷуд овард.
Худован дар сураи ҳуҷурот мефармояд:
ﭧ ﭨ ﭽ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﭼ الحجرات: ١٠
"Ҳар оина мусалмонон бародари якдигаранд пас сулҳ кунед миёни ду бародар ва битарсед аз Худо то ба шумо раҳмат карда шавад".
Ва Паёмбари Худо -дуову дуруд бар У бод- ҳамеша саҳобаҳояшро ба корҳое даъват мекард, ки сабаби дусти миёни ҳамдигарашон шавард, чуноне, ки Паёмбари Худо рузе, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кард, аввалин коре, ки миёни аҳли Маккаву Мадина кард, ин буд ки миёни онҳо бародари ва дустиро ба вуҷуд овард, то ҳамаи онҳо бо ҳам бародар шуданд ва дини исломро дар саросари олам пируз гардонданд.
Дар ҳадис омада аст ки паёмбари Худо рузе ба саҳобагонаш гуфт: "Оё шуморо ба коре далолат накунам ки агар шумо онро ъамали кунед дустиро дар миёни шумо ба вуҷуд миёрад" пас ҳазрат фармуданд: "салом доданро миёни ҳамдигар пахш кунед", ва дар ҳадиси дигари Пайғамбари Худо -дуову дуруд бар У бод- мефармояд:" Емони касе аз шумо комил намешавад магар ин ки дуст бидорад барои бародаш ончиро ки дуст медорад барои худаш" ин ҳадисро имом Бухори ва Муслим ривоят кардаанд.
Ва Худованд дар Қурони карим бандагонашро ба якҷояги миёни ҳамдигар дар дини ислом амр мекунад чуноне ки У мефармояд:
ﭧ ﭨ ﭽ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﮄ ﮅ ﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ ﭼ آل عمران: ١٠٣
"Ва чанг занед ба ресмони Худо (дини худо) ҷамъ омада, ва пароканда машавед, ва баёд биёред неъмати Худоро бар шумо чун будед душмани якдигар пас дусти андохт миёни дилҳои шумо пас шудед ба неъмати Ҳудо бародари якдигар ва будед бар канори чоҳе аз оташ пас наҷот дод шуморо аз он инчунин баён мекунад Худо барои шумо нишонаҳои худро то бошад ки роҳ ёбед ".
Ва паёмбари Худо дар ҳадиси шариф мефармояд: "Мусалмон бо бародари мусмалмонаш монанди хиштҳои девор мебошанд ки бо ҳамдигар мечаспанд ва деворро бар по месозанд".
Яъне Мусалмонҳо бояд ҳамеша бо ҳамдигар якчо ва бо иттифоқ бошанд то инки дини исломро бар по созанд, ва албатта ончизе, ки имруз душманони дини исломро бар сари мусалсмонҳо пируз гардонида аст он сабаби парешони мусалмонҳо миёни ҳамдигар мебошад, ва инчунин сабаби ғофил будани мусалмонҳо аз дини Ҳудо мебошад, чун агар мусалмонҳо дар дини Худо бо ҳам чамъ шаванд ва барои пирузии дини ислом бо ҳам бар хезанд аз ҷониби Худованд барояшон мужда аст ки Худованд онҳоро бар душманонашон пируз мегардонад:
ﭧ ﭨ ﭽ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﭼ محمد: ٧
"Эй Мусалмонҳо агар нусрат диҳед дини Худоро пас нусрат медиҳад Худо шуморо ва собит мегардонад қадамҳои шуморо".
Ва ҳар коре ки сабаби душмани ва парешони миёми мардум мешавад, дини ислом мардумро аз он манъ мекунад.
ﭧ ﭨ ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫﭬ ﭭ ﭮﭯ ﭰ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭼ الحجرات: ١٢
"Эи Мусалмонҳо аз бисёри гумони бад дури ҷуед ҳар оина баъзе гумони бад гуноҳ аст, ва ҷосуси макунед ва ғайбат накунед ҳамдигарро оё дуст медоред, ки касе аз шумо бихурад гушти бародари худро дар ҳоле ки мурда бошад пас мутанафир шавед аз вай ва битарсед аз Худо ҳар ойна Худо тавба пазир ва меҳрубон аст".
Худованд дар ин оят бандагонашро аз чанд корҳо ва сифатҳои баде ки сабаби душмани миёни мардум мешавад манъ мекунад :
Мисли:
1) Гумони бад дар ҳақи дигарон.
2) Хабар каши миёни мардум ба мақсади душамани овардан миёни онҳо.
3) Ғайбат кардани дигарон.
Пас чуноне ки инсон аз хурдани гушти мурда нафрат дорад инчунин бояд аз ғайбати дигарон нафрат дошта бошад.
Дар охир аз Худованди бузур талаб мекунем ки дилҳои бандагони мусалмонашро бо ҳам дусту наздик бигардонад, ва динашро ба сабаби онҳо дар саро сари олам пируз бигардонад.Омин!