Кадом гуноҳ бузургтар аст, зино ё тарки намоз?
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Кадом гуноҳ бузургтар аст, зино ё тарки намоз?
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия ва тарҷума: Мусъабӣ Ҳамза
Сомонаи: Ҷомеъи Фатовои аҳли суннат ва ҷамоъат. IslamPP.Com
2013 - 1434
أي الذنبين أكبر الزنا أم ترك الصلاة ؟
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: مصعب حمزة
موقع جامع فتاوى أهل السنة. IslamPP.Com
2013 - 1434
Кадом гуноҳ бузургтар аст, зино ё тарки намоз?
Суол: Чигунае, ки Худованд зиноро бар мо ҳаром гардонидааст, тарки намозро низ бар мо ҳаром гардонидааст. Кадом яки аз ин ду гуноҳ бузургтар аз дигари аст?
Ҷавоб: Ҳамду сано Худованди якторо!
Гуноҳи тарки намоз аз гуноҳи зино кардан бузургтар аст, зеро тарки намоз куфри акбар аст ва инсонро аз дин хориҷ мегардонад, Аммо зино аз ҷумлаи гуноҳони кабира аст, ки инсонро кофир намегардонад, магар инки зиноро ҳалол бишуморад, ҳамин тавр ҳаргоҳ зинокор бар ҳоким таслим карда шавад, воҷиб аст, ҳукми шариъатро бар ӯ ҷори гардонад.
Фатвои лаҷнаи доима, маҷмуъаи аввал ҷилди шашум (Намоз 1), рақами фатво 10618
Тавзеҳ: Лозим ба ёдовари аст, ки баъзе аз олимон ва фақеҳони дигар мазоҳиб тарки намозро куфри акбар намедонанд, (дар ин ҳолат аз дин хориҷ намешавад) магар он касе, ки мункири воҷиб ё фарз будани намоз бошад. (дар ин ҳолат ӯ кофир мешавад, яъне касе қасдан ва дониста гӯяд, ки намоз хондан фарз нест, кофир мегардад, зеро ӯ фарз будани намозро мункир шуд).
Бо вуҷуди ин онҳо гуноҳи тарки намозро аз гуноҳи зино ва шаробхури бузургтар шуморидаанд. Зеро намоз дар байни дигар ибодатҳо ҷойгоҳи хоссе дорад, Ва он дувумин рукн ва пояи ислом баъд аз калимаи шаҳодат мебошад.
Ҳатто паёмбари Худо (с) дар бораи намоз фармудааст: "Сарчашмаи корҳо ислом ва сутуни он намоз аст".
Тирмизӣ 2616
Дар ҷои дигар мефармоянд: "Аввалин чизе, ки бандаи мусалмон дар рӯзи қиёмат ҳисобукитоб мешавад, намозҳои фарзи аст".
Ибни Моҷаҳ 1425
Бинобар ин тарки намоз бисёр кори хатарнок аст. Ва касоне, ки намоз намехонанд бояд донанд, ки чи гуноҳи бузургеро бар душ гирифтаанд. Бар онҳо воҷиб аст, ки тавба кунанд ва намозҳои худро дар вақташ ба ҷой биёранд.
Сомонаи: Ҷомеъи Фатовои аҳли суннат ва ҷамоъат. IslamPP.Com