ОЁ ҶОИЗ АСТ, КИ ШАХСЕ МАЗҲАБИ ХУДРО ТАҒЙИР ДИҲАД?
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
ОЁ ҶОИЗ АСТ, КИ ШАХСЕ МАЗҲАБИ ХУДРО ТАҒЙИР ДИҲАД?
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Шайх Солеҳ Фавзон
Тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
Сомонаи Боғи Накӯкорон
2013 - 1435
هل يجوز للشخص أن يخرج من مذهبه الفقهي إلى مذهب فقهي آخر؟
«باللغة الطاجيكية»
الشيخ صالح الفوزان
ترجمة: محمد عزيز رجب
موقع رياض الصالحين
2013 - 1435
ОЁ ҶОИЗ АСТ, КИ ШАХСЕ МАЗҲАБИ ХУДРО ТАҒЙИР ДИҲАД?
Савол: Оё ҷоиз аст, ки шахсе мазҳаби худро, (ки дар ибодатҳояш пойбанд бар он буд) тағйир додаву ба мазҳаби дигар бигзарад? Ё инки мусалмон то дами марги хеш бояд бар як мазҳаб бошад?
Ва оё байни мазҳабҳои чаҳоргона дар чигунагии адои намоз фарқе ҳаст? Ва кайфияти намози Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) чӣ гуна ҳаст?
Ҷавоб: Қазияи тамазҳуб ба мазҳабе тафсил дорад:
Он инсоне, ки қудрати маърифати аҳкоми шариъат аз далелҳоро ва қудрати истинботро дорад, барои ӯ тамазҳуб (ба мазҳабе пойбанд будан) ҷоиз нест, балки бар ӯ воҷиб аст, ки ҳукмро аз далел бигирад, агар қудрат ва тавоноӣ дорад. Лекин чунин кор нодир аст дар мардум, зеро ки ин мансаби муҷтаҳидон аст, ки рутбаи иҷтиҳодро расидаанд, ва аммо оне, ки қудрати истинбот ва дарёфти аҳком аз далелро надорад (ва ин ҳоли аксар ва ағлаби мардум аст, хоссатан дар ин замонҳои мутааххир), пас барои ӯ боке нест, ки ба яке аз мазҳабҳои чаҳоргона пойбанд бошад ва аз яке аз ин мазоҳиб тақлид варзад.
Лекин на тақлиди кӯр-кӯрона, ки ҳар хатову савобро аз мазҳаб бигирад, балки воҷиб аст бар ӯ, ки аз мазҳаб он аҳкомеро бигирад, ки мухолиф бо далел набошад. Аммо, агар равшан гашт, ки қавле дар ин мазҳаб мухолифи далел ҳаст, пас ҷоиз нест, ки мусалмон он қавлро пайравӣ кунад. Балки воҷиб аст, ки далелро пайравӣ намояд, агарчанде дар мазҳаби дигар бошад.
Пас тарки мазҳабе ва гузаштан ба мазҳаби дигар барои далел бошад (дар ҳаққи он касе, ки чунин қудрат дорад), амри хубе ҳаст, балки воҷиб аст. Зеро ки пайравӣ аз далел воҷиб аст!
Ва аммо, агар гоҳе аз мазҳабе ва гоҳ аз мазҳаби дигар пайравӣ кунад, ва ҳамин тавр байни мазоҳиб барои хостаҳои хеш ва дар ҷустуҷӯи рухсатҳо бигардад, пас ҷоиз нест. Яъне ончӣ, ки ба хостаҳои ӯ мувофиқат кард бигирад, гарчанде мухолифи далел аст ва ончӣ, ки зидди хостаҳои ӯст тарк намояд, ҳарчанд ки мутобиқи далел аст, ингуна шахс тобиъи нафсу ҳавои хеш аст, ба Аллоҳ паноҳ мебарем!
Пас интиқол аз як мазҳабе ба мазҳаби дигар дар асоси хостаҳои нафс ва ҷустуҷӯи рухсатҳову осониҳо ҷоиз нест, ва аммо интиқол дар асоси талаби далел ва фирор аз ақволи хато ва бедалел, барои мусалмон амри матлуб аст.
Валлоҳу таъоло аълам.
Ва аммо масъалаи ихтилофи мазоҳиби чаҳоргона дар намоз, алҳамду лиллоҳ, ки ин чаҳор мазҳаб дар аҳкоми намоз бо ҳам муттафиқ ҳастанд дар умум. Ва хилофҳам дар баъзе ҷузъиёти намоз аст. Баъзеяшон онро машруъ медонанд ва баъзеи дигар не, ва баъзеҳо онро мустаҳабб медонанд ва ҳамин тавр, ва хилоф дар ҷузъиёт аст. Аммо аҳкоми намоз дар умум, ҳеҷ хилофе надоранд алҳамду лиллоҳ!
Ва аммо сифат ва чигунагии намози Паёмбар, дар суннати ӯ баён шудааст. Ва он дар кутуби суннат маҳфузу машруҳ аст. Ва суолкунандаро ва низ мусалмононро лозим аст, ки ба он китобҳо бозгарданд, ва хоссатан китоби “Зодул-маъод"-и Ибни Қаййими Ҷавзӣ. Ӯ дар ин китоби худ сифати намози Паёмбарро баён кардааст ва онро аз ибтидо то интиҳояш шарҳу тавзеҳ додааст. Ва ҳамчунин дар рисолае бо номи “Ас-Салот", ки боберо ҷой додааст дар баёни сифати намози Паёмбар аз аввалаш то охири он, гӯё ки Ӯро мушоҳида мекунӣ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод). Ва бар ҳар мусалмоне лозим аст, ки ба ин китоб руҷӯъ намояд.