Ҳукми пахши азон аз тариқи дастгоҳи пахши овоз
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ҳукми пахши азон аз тариқи дастгоҳи пахши овоз
Суол: Азон барои намозҳои фарзӣ суннат аст, Агар муазинҳо натавонанд азонро комил ва дуруст адо кунанд, дар ин ҳолат ҳукми пахши азон ба воситаи дастгоҳи пахши овоз чист?
Ҷавоб: Азон фарзи кифоя аст, изофа бар инки василае барои эълони фаро расидани вақти намоз ва даъват барои он аст. Ва пахши азон аз тариқи (дастгоҳи пахши овоз) ки пеш сабт шуда бошад барои эълони вақти намоз кифояткунанда нест. Балки лозим аст бар мусулмонон, ки вақти даромадани намоз аз байни худ як нафаре ки метавонад азонро ба хуби анҷом диҳад, интихоб кунанд, то азон диҳад.
Худованд ҳамаро тавфиқ диҳад, Ва дуруду салом бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳобаш бод.
Фатвои лаҷнаи доима барои корҳои илми ва фатво, Маҷмуъаи аввал рақами фатво 4091, ҷилди 6, саҳифаи 68.