×
Сабабҳои тақвияти Имони мусулмон, кадомҳоянд?

    [
    ]
    Tajiki

    Рақами фатво 7687

    Суол: Сабабҳои тақвияти Имони мусулмон, кадомҳоянд?

    Ҷавоб: Ҳамду сано Худованди якторо!

    Аз ҷумла сабабҳое, ки имони шуморо қави ва мустаҳкам мегардонад ва яқинатро меафзояд, тасдиқи устувори шумо бар аркони шашгонаи имон, ва (сипас) амал кардан ба шуъбаҳои (қисмҳои) имон аст.

    Аммо аркони имон иборатанд аз: Имон ба Худованди ягона, ва имон ба фариштагонаш, имон ба паёмбаронаш, имон ба китобҳои (фиристодашуда аз сӯи) Худо, имон ба рӯзи қиёмат ва имон ба қазо ва қадар чи хайр бошад ва чи шар.

    Шуъбаҳои (қисмҳои) имон ҳам бисёранд, аз ҷумла: калимаи шаҳодат (Ло Илоҳа илла Аллоҳ, ва анна Муҳаммадан расулу Аллоҳ), намоз хондан, рӯза гирифтан, закот додан, ҳаҷ кардан, ҷиҳод дар роҳи Худо, некӣ ва эҳсон бар падару модар, некуйи кардан дар ҳақи хешу табор, ятимон, мискинон, фақирон, дармондагон, ҳамсоягон ва коргарону хидматгорон, инчунин амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кардан, сабр кардан дар ҳама корҳо, тавозӯъу фурутани кардан дар ҳоли кибру ғурур, забони худро аз суханони бад нигоҳ доштан, амонатдори ва фиреб накардан, ва дигар корҳои нек,,, (ҳамаи амалҳои зикршуда ва дигар корҳои неку аз ҷумлаи қисмҳои имон ба шумор меравад)

    Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    "Имон ҳафтоду чанд шуъба дорад, ки болотарини он "Ло илоҳа илло Аллоҳ" ва камтарини он аз байн бурдани озору азият аз роҳҳои мардум аст".

    (Бухорӣ 9, Муслим 35)

    Худованд ҳамаро тавфиқу амали неку ато фармояд.

    Ва дуруду салом бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳобаш бод.

    Фатвои лаҷнаи доима, маҷмуъаи дувум,

    Сомонаи: Ҷомеъи Фатовои аҳли суннат ва ҷамоъат.

    IslamPP.Com