Тафсири сураи Набаъ
Дастабандиҳо
- Тафсири Қуръон << Тафсир <<
Манбаъҳо
Full Description
Тафсири сураи Набаъ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Сомонаи: www.islamsrgt.net
2013 - 1434
تفسير سورة النبأ
«باللغة الطاجيكية»
المصدر: www.islamsrgt.net
2013 - 1434
Тафсири сураи Набаъ (қисми аввал)
Дарси аввал: Муқаддима
Дарси дуввум: Амма оятҳои 01-16
Ба номи Аллоҳе, ки Раҳмону Раҳим аст
Дарси тафсир аз пораи Амма
Пораи Амма, ба ҷуз сураи "Байина" ва "Наср", дигар сураҳои Маккӣ мебошанд, аз он ҷумла сураи "Набаъ". Ҳамаи онҳо сураҳои кӯтоҳ мебошанд бо вуҷуди фарқиятҳо дар кӯтоҳияшон. Муҳимтараш ин аст, ки ин сураҳо ва махсусан ин пора табиъати махсус дорад, ки онро якпорча мегардонад. Ҷиҳатҳои ба ҳам наздикӣ дар ин пора мавзӯъи онҳо ва равишу услубҳои умумӣ ва партаву суратҳояшон мебошад.
Дарси якум
Сураи Набаъ
Ҷиҳати номгузории сура: Ин сура "Амма" ва "Набаъ" номида мешавад. Ва ин номгузориҳо аз ояти якум ва дуввуми ҳамин сура гирифта шудааст, ки мурод аз он хабари рӯзи растохез аст. Дар Қуръон чандин сура аст, ки ду ё се ном дорад, ба тариқи мисол сураи Тавба, сураи Бароат низ ном дорад, сураи Исро, сураи Бани Исроил низ мебошад, сураи Фотир, сураи ал-Малоика низ гуфта шудааст, сураи Ғофир ҳам, сураи ал-Муъмин омадааст ва сураи Муҳаммад, сураи Қитол низ ном дорад ва сураи ал-Мулк, сураи Таборак ҳам номида шудааст ва ғайри инҳо.
Сураи Набаъ дар Макка нозил шудааст ва дорои 40-оят мебошад. Ҷуъи Амма магар сураҳои "Байина" ва "Наср" дигар ҳама сураҳои маккӣ мебошанд.
Сабаби нузул: Чун Расулуллоҳ (с) ба рисолат мабъус шуданд ва ба мардуми Макка аз ягонагии Худованд (ҷ) ва аз зинда шудан пас аз марг хабар доданд ва бар онон Қуръон тиловат карданд. Куффор шурӯъ кардан ба суол кардан аз якдигар ва мегуфтанд: Барои Муҳаммад чӣ иттифоқе афтодааст? Ӯ чӣ чизе ба ҳамроҳ овардааст? Пас Худованд (ҷ) ин оятро нозил фармуд.
Сураҳои маккӣ: Сураҳое, ки дар Макка ё дар марҳалаи пеш аз ҳиҷрат ба Мадина дар кадом мавзеъе набошад, нозил шудаанд.
Сураҳои маданӣ: Сураҳое, ки дар Мадина ё баъд аз ҳиҷрат ба Мадина дар кадом мавзеъе набошад, нозил шудаанд.
Дарси якум иборат аз оятҳои як то шонздаҳум мебошад.
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
﴿عَمَّ يَتَسَآءَلُونَ ١ عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِيمِ ٢ ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ مُخۡتَلِفُونَ ٣ كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ ٤ ثُمَّ كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ ٥ أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدٗا ٦ وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادٗا ٧ وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجٗا ٨ وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتٗا ٩ وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا ١٠ وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشٗا ١١ وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعٗا شِدَادٗا ١٢ وَجَعَلۡنَا سِرَاجٗا وَهَّاجٗا ١٣ وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءٗ ثَجَّاجٗا ١٤ لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبّٗا وَنَبَاتٗا ١٥ وَجَنَّٰتٍ أَلۡفَافًا ١٦﴾
Тарҷума:
Аз чӣ гуфтугӯ мекунанд ва аз якдигар мепурсанд (1). Аз он хабари бузург суол мекунанд (2). Он хабаре, ки дар бораи он бо ҳам ихтилоф доранд (3). На чунон аст (ки мушрикон мепиндоранд) ба зудӣ хоҳанд донист (ҳақиқати амрро) (4). Боз ҳам на чунон аст, ба зудӣ хоҳанд донист (5).
Калимот: ъамма: аз чи чиз, ятасоалуна: аз якдигар суол мекунанд, ан-набаъ: хабар.
Тафсир: Худованд дар посухи суоли кофирону мушрикон, ки миёни ҳам доштанд ва мегуфтанд, ки барои Муҳаммад чӣ иттифоқе афтодааст? Ӯ чӣ чизе ба ҳамроҳ овардааст? мефармояд: Онҳо дар бораи чӣ аз якдигар мепурсанд? Ва суолашонро ба ин сурат посух медиҳад, ки: Аз он хабари бузург суол мекунанд? Он хабари бузург ҳамоно хабари зинда шудан баъд аз марг аст. Ва низ баъзе аз муфассирин гуфтаанд, ки хабари нузули Қуръони азимушшаън мебошад, зеро Қуръон аз тавҳид ва тасдиқи Паёмбар ва вуқуъи рӯзи қиёмат хабар медиҳад. Онҳо ки дар бораи ин хабар миёни ҳам ихтилоф доранд, ба ин сурат аст, ки дар мавриди қиёмат баъзеашон онро инкор мекунанд ва баъзеи дигар дар он шак доранд. Агар масъалаи мавриди ихтилоф Қуръон бошад, баъзеашон онро сеҳр мепиндоранд ва баъзе шеър ва амсоли ин. Вале на чунон аст, ки мушрикон мепиндоранд. Ба зудӣ хоҳанд донист ҳақиқати амрро. Ин ҳушдор ва заҷру сарзаниш ва тавбихи сахте барои кофирон аст, ки муҷаддадан барои муболаға ва ташдид дар ҳушдорӣ ва ваъид бо ин ҳушдори такондиҳанда дунбол мешавад, ки: боз ҳам на чунон аст, ба зудӣ хоҳанд донист. Ин донистани онҳо баъд аз маргашон сурат хоҳад гирифт. Яъне ҳаргиз сазовор нест, ки дар бораи қиёмат ё Қуръон ва он масоилеро, ки барои онҳо аз ҷониби Худованд овардааст, ихтилоф кунанд. Зеро Қуръон ва бовариҳои ин дин ҳақ аст. Аз ин ҷиҳат касоне, ки бадон куфр меварзанд ба зудӣ фарҷоми такзибашонро хоҳанд донист.
Нукот: Ятасоалун ба маънои пурсиши ду гӯруҳ аз якдигар аст, ба қаринаи оятҳои таҳдиде, ки фармуда калло саяъламун, яъне оре ба зудӣ огоҳ шаванд. Инҷо сиғаи ҷамъ омадааст ва ин далолат ба ҷамъи он ду гӯруҳ мекунад. Вале масъалаи дигар он ки хабари бузург: тавҳид аст ё нубуввати Расули Худо (с) ва ё миъоди рӯзи қиёмат? Аз оятҳое, ки баъд аз ин оят омадааст маълум мешавад, ки пурсиши онҳо аз қиёмат будааст.
Тарҷума:
Оё заминро бисоте маҳалли оромиш нагардонидем (6). Ва кӯҳҳоро мехҳо нанамудем (7). Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт (марду зан) офаридем (8). Ва хобатонро василаи осӯдан намудем (9). Ва шабро пӯшише кардем (10). Ва рӯзро вақти талоши зиндагии шумо қарор додем (11). Ва дар болои саратон ҳафт осмони муҳкам барафроштем (12). Ва чароғе фурӯзон офаридем (13). Ва аз абрҳои мутароким обе резон фуруд овардем (14). То ба он дона ва гиёҳ берун оварем (15). Ва боғҳои дарҳампечида ва анбӯҳро зоҳир созем (16).
Калимот:
Миҳодан: маҳалли ё мояи оромиш,
Автодан: ҷамъи ватад, он мехе аст, ки дар замин куфта мешавад,
Суботан: роҳату оромиш,
Сироҷан ваҳҳоҷан: офтоби фурӯзону тобон, дурахшон,
Муъсирот: ҷамъи муъсир, абрҳои боронзо,
Саҷҷоҷан: фаровон, бисёр резанда,
Ҷаннотин: ҷамъи ҷаннат, боғу бустон,
Алфофан: пурдарахти анбӯҳ, баҳампечида.
Тафсир:
Худованди мутаъол онгоҳ ба зикри чанде аз мазоҳири қудрати азими худ бар офариниши ашёи аҷиб ва падидаҳои тааҷҷубовар, ки худ далели қудрати вай бар амри маъод ва зинда гардонидани баъд аз марг ва ғайри он аст, пардохта ва нуҳ падидае аз онҳоро ингуна бармешуморад:
Оё заминро миҳоде ва ҷойгоҳи омода барои зиндагии инсонҳо нагардонидем, миҳод ба маънои зерандоз ва фарш аст. Ҳамчун гаҳвора, ки барои кӯдак густурда мешавад, то бар он хобонида шавад. Мурод ин аст, ки замин ба гунае офарида шудааст, ки гаҳвораи парвариш ва бистари осоиш ва ҷавлонгоҳи кору кӯшиш аст. Ва оё куҳҳоро чун мехҳо нагардонидем? Яъне куҳҳоро ба монанди мехҳое барои замин гардонидем, то ором гирад ва наҷунбад. Ҳамчунон, ки хайма бо мех муҳкам сохта мешавад. Ин оят бозтобгари муъҷизаи илмӣ аст аз муъҷизаҳои Қуръон, зеро донишмандони илми геология дар асри мо ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳар кӯҳе решаи мехмонанде дар умқи замин дорад, ки ҳаҷми он дар зери замин на камтар аз иртифоъи он бар рӯи замин мебошад. Онҳо ҳамчун зиреҳи пайваста заминро дар баробари фишорҳои ношӣ аз маводи обшавандаи дарунӣ ва туфонҳои азими дарёҳо уқёнусҳо ҳифз мекунанд. Ва шуморо ҷуфтҳо офаридем, яъне ҷуфтҳои нарина ва модина, ки ҳар як аз дигаре баҳра мегиред ва дар асари ин баҳрагирии шумо таволуд ва таносул падид меояд, ки дар натиҷа наслҳо идома пайдо мекунанд. Ва низ хоби шуморо мояи оромиш ва осоиши баданҳоятон гардонидем. Зеро қувваи инсон бо хоб таҷдид мегардад ва ақлу ҷисми вай ҳар ду нашоти худро бозмеёбад. Субот, ки дар оят омадааст, ин аст, ки инсон дар ҳоле ки руҳ дар баданаш сорӣ ва ҷорӣ аст, аз ҳаракат бозмонда ва ин бозмондан аз ҳаракат ва таслим шудан ихтиёрӣ ё ҷабрӣ ба андаке аз оромиш зарурате аз заруратҳои ҳар мавҷудаи зинда, розе аз розҳои қудрати офаринанда ва неъмате аз неъматҳои азими Ӯ таъоло аст, ки ҳеҷ нерӯе ҷуз зоти Зу-л-Ҷалол қодир ба бахшидани он намебошад. Баъзе муфассирин суботро ба маънои марг гирифтаанд. Ба ин эътибор, ки Худованд ҳар шабу ҳар рӯз намунае ошкор аз мурдан ва зинда шуданро ба инсонҳо нишон медиҳад. хоби мардумон марги онон ва бедор шудани онҳо растохезашон аст. Ва низ шабро либосе қарор додем, ки торикии он шуморо мепӯшонад ва ин пӯшиш барои анҷоми манофеъи шумо ва пинҳон кардани чизҳое аст, ки дӯст надоред дигарон дар он нозири аҳволи шумо бошанд ва таҳаққуқбахши фавоиде аст, ки баровардани онҳо дар рӯз муяссар нест, чунон ки либос инсонро пӯшонда ва ӯро аз гармо ва сармо ҳифз мекунад ва авраташро аз назарҳо пинҳон медорад. Ё ба ин маъно, ки: Пардаи шаб либос ва пушише аст бар андоми замин. Бо фурӯ афтодани пардаи зулмат нури офтоб барчида мешавад ва фаъолиятҳои хастакунандаи инсонҳо ва ҳайвонҳо таътил мегирад. Ва инчунин рӯзро вақти талоши васоили зиндагӣ қарор додем, то дар равшании он ба талаби ончӣ, ки сабаби барпоиӣ маъишататон мешавад талош кунед. Ва рӯзиҳоеро, ки Худованди мутаъол қисмататон намудааст, бадаст оваред. Ва низ бар болои шумо ҳафт осмонро устувор, ки дар хилқат ва офариниши худ муҳкам ва нерӯманд аст, бино кардем. Аммо ончи мо аз ситорагон мебинем ҳама мутаъаллиқ ба осмони аввал аст ва моварои он шаш осмони дигаре вуҷуд дорад, ки аз дастраси илми башар берун ва фаротар аст. Инчунин чароғе дурахшон офаридем. Мурод аз он чароғи дурахшон хуршеди ҷаҳонтоб аст, ки Худованди муттаъол дар он ҳам нур ва ҳам гармо ва қувват (энергия) офаридааст ва калимаи "ваҳҳоҷ" ҷомеъи ҳарду маънӣ, яъне нур ва гармо мебошад. Ва низ аз абрҳои мутароким обе резон фурӯд овардем. Муъсирот: абрҳое аст, ки ба об дарҳам фишурда мешавад аммо ҳануз наборидааст. Саҷҷоҷ: ин фурӯ рехтани ба касрат аст. Дар ҳадиси шариф омадааст, ба ривоят аз ибни Умар (р), ки Расули Худо (с) фармуданд: "Афзалу-л-ҳаҷҷи ал-ъаҷҷу ва-с-саҷҷ" беҳтарин ҳаҷ боло намудани садо ба лаббайк гуфтан ва рехтани хуни ҳайвон (ҳадй) аст. То мо ба сабаби он борон дона ва гиёҳро бирӯёнем. Он донаҳо қут ва ғизои шумо одамиён хоҳад шуд, монанди гандум ва ҷав ва ғайра ва набот бошад иборат аст аз алафҳои чаҳорпоён ва соири гиёҳони хурданӣ. Ва низ то бирӯёнем ба сабаби он оби резон боғҳои дарҳам печида ва анбӯҳро. Яъне боғҳое, ки баъзе ба баъзеи дигар дарҳам печидаанд, аз он рӯ ки шохаҳои онҳо ба ҳар сӯ давидааст ва бисёр пуршоху барг гардидаанд. Ин ду ояти охир шомили ҳарсе навъи растанӣ мешавад, ки аз замин мерӯяд, ки иборатанд аз:
1. Растание, ки дорои ғилоф ва пуст аст. Монанди донаҳои ғизоӣ.
2. Растание, ки ғилоф ва пуст надорад. Монанди гиёҳон ва алафҳо, ки ин ду навъ дорои соқ нестанд.
3. Растании дорои соқ ва тана, ки иборат аз дарахтонанд ва чун бисёр анбӯҳ шаванд, бустон (ҷаннат) номида мешаванд. Аз он рӯ, ки як маҳалро мепушонанд.
Пас ин падидаҳои нуҳгонае, ки баршумурда шуд, назар ба ҳудус ва имкони таҷаддуди худ, бар вуҷуди офаринандаи мухтор далолат мекунанд. Чунон ки устуворӣ ва муҳкамии онҳо бар камоли илм ва ҳикмати зоти Ҳақ таъоло далолат менамояд. Ва чун камоли Ҳақ таъоло дар ин авсоф собит гардид, ба таври қатъ имкони ҳашр низ собит мешавад. Аз инҳо гузашта дар берун овардани гиёҳон баъд аз хушк шудани онҳо, бар имкони берун овардани мурдагон аз гурҳо ва барангехтанашон баъд аз марг далели зоҳирии ҳиссие вуҷуд дорад, ки наздик ба зеҳнҳо аст ва афзун бар ҳамаи инҳо, ҳар як аз чизҳое нуҳгонаи ёдшуда неъмате аст азиму бузург, ки мебояд бо шукр ва сипос истиқбол шавад ва шукри он бо анҷом додани тоъатҳо аст, пас набояд бо иртикоби маъсият, ки носипосӣ ҳамроҳ гарданд.
Нукот: Дар ин оятҳо исбот аст барои қудрати Аллоҳ таъоло бар зинда гардонидани махлуқот баъд аз миронидан. Инчунин ба ваҳдонияти Аллоҳ таъоло низ далел мебошанд, ки ҷуз Аллоҳ касе ба ин умур қодир нест ва даъвои онро ҳам накардааст. Яке аз муъҷизаҳои илмии Қуръони карим хабар додан аз ин аст, ки ҳама чизҳоро ҷуфт, нару мода офардем. Ва Худованд ингуна халқро барои бақои насл офаридааст. Ин бар тадбир ва ҳикмати Холиқ далел аст ва тасодуф будани ҳастӣ ва ашёро рад мекунад. Калимаи суботан ба маънои: қатъ аст, яъне қатъи идрокот ва таътилу бекор кардани дастгоҳи инсон аст ва роҳате барои он, то таҷдиди қувватҳояш намояд. Фоидаи дигараш он аст, ки дар ин субот чун қатъу буридан аз ҷаҳон аст, ин ёдоварие аст аз марг ва рафтану буридан аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони дигаре. Ва дигар ин ки рӯзро Худованд барои таҳсили маъошу зиндагӣ қарор додааст на шабро, аз ин ҷиҳат беҳтар ин аст, ки таҳсили маъош дар рӯз анҷом гирад, магар дар ҳолатҳои истисноӣ.
Роҳнамоии оятҳо:
1- Мазоҳири қудрат, илм, ҳикмат ва раҳмати илоҳӣ дар ҳар оёте аз гуфтаи Худованд, ки: "Оё заминро бисоте маҳалли оромиш нагардонидем" (6) то "Ва боғҳои дарҳампечида ва анбӯҳро зоҳир созем" (16).
2- Муқаррар намудани ақидаи баъс, ҷазо, нубувват ва тавҳид. Инҳо масъалаҳое буда, ки мардум сари онҳо ихтилоф доштанд миёни исботкунанда ва радкунанда, тасдиқкунанда ва такзибкунанда.
3- Илми комил, ба ин ҳама масъалаҳое, ки сари онҳо мардум ихтилоф намуданд, ҳангоми кашидани руҳ аз ҷасади инсон дар ҳолати марг ҳосил мешавад. Валекин аз ҳосил намудани илм дар он ҳангом фоидае ба даст намеояд, зеро масъала ба итмом расид ва ихтилоф ҳам тамом шуд.
Тафсири сураи Набаъ (қисми дувум)
Дарси саввум: Амма оятҳои 17-30
Ба номи Аллоҳе, ки Раҳмону Раҳим аст
Дарси тафсир аз пораи Амма
Пораи амма, ба ҷуз сураи "Байина" ва "Наср", дигар сураҳои Маккӣ мебошанд, аз он ҷумла сураи "Набаъ". Ҳамаи онҳо сураҳои кӯтоҳ мебошанд бо вуҷуди фарқиятҳо дар кӯтоҳияшон. Муҳимтараш ин аст, ки ин сураҳо ва махсусан ин пора табиъати махсус дорад, ки онро якпорча мегардонад. Ҷиҳатҳои ба ҳам наздикӣ дар ин пора мавзӯъи онҳо ва равишу услубҳои умумӣ ва партаву суратҳояшон мебошад.
Дарси дуввум
Аз ояти 17 то ояти 30.
﴿إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتٗا ١٧ يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجٗا ١٨ وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبٗا ١٩ وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا ٢٠ إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادٗا ٢١ لِّلطَّٰغِينَ مََٔابٗا ٢٢ لَّٰبِثِينَ فِيهَآ أَحۡقَابٗا ٢٣ لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرۡدٗا وَلَا شَرَابًا ٢٤ إِلَّا حَمِيمٗا وَغَسَّاقٗا ٢٥ جَزَآءٗ وِفَاقًا ٢٦ إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ حِسَابٗا ٢٧ وَكَذَّبُواْ بَِٔايَٰتِنَا كِذَّابٗا ٢٨ وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ كِتَٰبٗا ٢٩ فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا ٣٠﴾
Тарҷума:
Ҳаққо, ки рӯзи доварӣ вақти муайяне аст (17). Рӯзе, ки дамида шавад дар Сур, пас фавҷ-фавҷ биёед(18). Ва осмон боз шавад ва дарҳо гардад (19). Ва кӯҳҳо равон сохта шаванд ва чун саробе гарданд (20). Ҳаққо ки дӯзах камингоҳе аст (21). Барои саркашон бозгаштгоҳе аст (22).Муддатҳои дарозе дар он таваққуф кунанд(23). Дар он ҷо начашанд, на сардӣ ва на нӯшобае (24). Ҷуз оби ҷушоне ва чирку хуне (25). Ҷазои мувофиқи кирдор (26). Зеро онҳо ба ҳисобу китобе таваққуъ намедоштанд (27). Ва оятҳои моро сахт такзиб мекарданд (28). Ва ҳар чизеро ба сурати китобе шумора кардаем (29). Пас бичашед, ки шуморо ҷуз азоб наяфзоем (30).
Калимот:
Миқотан: вақту маконе барои иҷтимоъ,
Афвоҷан: гурӯҳ-гурӯҳ,
Саробан: сароб, ки чизе нест дар асл,
Мирсодан: камингоҳе, ки мунтазири аҳлаш мебошад,
Ли-т-тоғина: барои саркашон,
Маобан: бозгаште, ҷои фуруд омадан,
Лобисина: таваққуфкунанда,
Аҳқобан:муддатҳои ниҳоят дарозе,
Бардан: сарде, чизе, ки даруни одамро хунук кунад,
Ҳамиман: оби ниҳоят ҷуш,
Ҳассоқан: чирку хуни аҳли дузах, хуноба,
Вифоқан: мувофиқ ба амалҳояшон,
Ло ярҷуна: умед надоштанд, наметарсиданд,
Киззобан: дурӯғи бузург.
Нукот:
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло вақте қудрати худро исбот намуд, сипас ба баёни рӯзи миъод, рӯзи баъс яъне зинда гардонидани баъд аз миронидан пардохт, ки Ӯ таъоло барои эҷоди баъсу миъод қодир аст. Барои фаро расидани он рӯз ин ҷо аз дамидани дар Сур (шайпур) таъбир ронда шудааст, ки ин барои тақриби зеҳнҳо аст ба чизе, ки подшоҳон барои эълони кори муҳимме аз он истифода мебаранд, ошно ҳастем. Худованд ҳам фармудааст, ки дар он рӯз дар Сур дамида мешавад. Вале кайфият ва чигунагии он барои мо маълум намебошад.
Сахттарин ояте ки бар аҳли дузах дар Қуръони карим омадааст ба қавли муфассирин ояти сиюми сураи Амма мебошад. Зеро дар он аввалан азобе, ки аҳли дузах дар он мебошанд зикр меёбад, сипас баъди оне, ки ба онҳо азоб муқаррар шудааст, баъди он боз чизе ки барои онҳо тағйир хоҳад ёфт ин аст, ки ҳамон азоб бештару бештар карда мешавад.
Роҳнамоии оятҳо:
1- Ошкор кардани айбҳои саркашон ва баёни ҷазои золимон.
2- Ошкор намудани айби такзиби ба баъс ва касоне ки такзибкунандаи он мебошанд.
3- Амалҳои бандагон, чӣ муъмин ва чӣ кофар, ҳамаашон амалҳояшон барои онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад ва ба сабаби он подош ё ҷазо дода мешаванд.
4- Исбот намудани ақидаи баъс ва ҷазо ба зикр намудани осори онҳо.
Абадӣ будани азоб дар дори охират ва имкон надоштани ниҳояти он.
Тафсири сураи Набаъ (қисми севум)
Дарси чорум: Амма оятҳои 31-40
Ба номи Аллоҳе, ки Раҳмону Раҳим аст
Дарси тафсир аз пораи Амма
Пораи амма, ба ҷуз сураи "Байина" ва "Наср", дигар сураҳои Маккӣ мебошанд, аз он ҷумла сураи "Набаъ". Ҳамаи онҳо сураҳои кӯтоҳ мебошанд бо вуҷуди фарқиятҳо дар кӯтоҳияшон. Муҳимтараш ин аст, ки ин сураҳо ва махсусан ин пора табиъати махсус дорад, ки онро якпорча мегардонад. Ҷиҳатҳои ба ҳам наздикӣ дар ин пора мавзӯъи онҳо ва равишу услубҳои умумӣ ва партаву суратҳояшон мебошад.
Дарси саввум
Аз ояти 31 то ояти 40
﴿إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا ٣١ حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبٗا ٣٢ وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابٗا ٣٣ وَكَأۡسٗا دِهَاقٗا ٣٤ لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا كِذَّٰبٗا ٣٥ جَزَآءٗ مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابٗا ٣٦ رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابٗا ٣٧ يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابٗا ٣٨ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مََٔابًا ٣٩ إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابٗا قَرِيبٗا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا ٤٠﴾
Тарҷума:
Муҳаққақан барои парҳезкорон комёбӣ ва растагорие аст (31). Боғҳое аст ва дарахтони ангуре аст (32). Ва духтарони (навҷавону дӯшизаи) норпистони ҳамсол (33). Ва ҷомҳои лабрези дамодам (34). Дар он ҷо на беҳуда шунаванд ва на дурӯғе (35). Подоше аст аз Парвардигорат, бахшише ҳаст ҳисобкардашуда (36). Парвардигори осмонҳо ва замин ва ончи миёни онҳост. Ҳеч касе тавони гуфтан ва оғози сухан намудан бо ӯро надорад (37). Рӯзе, ки руҳ ва фариштагон ба саф биистанд, сухане нагуянд ҷуз касеки Худои Раҳмон ӯро иҷоза дода бошад ва савоб гӯяд (38). Ин рӯз рӯзи ҳақ аст, пас ҳар кас бихоҳад ба сӯи Парвардигораш роҳи бозгаштанӣ бигирад (39). Ҳақиқатан мо шуморо тарсонидем аз азоби наздик, рӯзе ки ҳар шахсе ончӣ бо дасти худ анҷом дода бубинад ва кофир бигуяд, эй кош ман хок будам (40).
Калимот:
Аҳсайноҳу: шуморидем онро, ба ҳисоб гирифтемаш, Фазуқу: пас бичашед.
Муттақин: тақводорон, парҳезгорон.
Мафозан: растагорӣ, комёбӣ.
Ҳадоиқ:боғҳо, бустонҳо.
Аъноб: ангурҳо.
Кавоъиб: духтарони дар ҳолати бакорат ва синни гузариш аз кӯдакӣ ба навҷавонӣ.
Атроб: ҳамсинну сол,
Каъс: қадаҳ, ҷом.
Диҳоқан: пур, лабрез,
Лағван: суханони беҳӯда,
Ҷазоан: подош.
Руҳ: Ҷибриил (а),
Малоика: фариштагон, ҷамъи малак аст.
Саффан: сафкашида,
Савобан: сухани росту ҳақ,
Маобан: бозгашт,
Анзарнокум: шуморо бим (тарс) додем,
Маръ: мард, инҷо ба маънои инсон ва дарбаргирандаи марду зан аст,
Қаддамат ядоҳу: ончи бо дасти худ анҷом додааст, аз пеш барои охираташ фиристодааст,
Ё лайтанӣ: эй кошки ман,
Туробан: хок.
Нукот:
Чун дар оятҳои пешин роҷеъ ба иқоби муҷримин мувофиқи амалашон гуфта шудааст, роҷеъ ба подоши муттақин ҳам омада, ки он рӯзи ҳисоб аст. Яъне подошро ба касе бе ҳисоб намедиҳанд, ҳатто фазлу атои Парвардигор тибқи ин оятҳо рӯи ҳисоб аст. Инчунин бояд донист, ки агар касе амал надошта бошад насабаш онҷо фоида надорад, ки сабаби наҷоташ шавад.
Ин ҳадисе, ки зикр мешавад барои инсон ниҳоят муҳим аст, то дар муайян кардани масираш ӯро ба ҳама абъоде ки бояд назар карда сипас ба қароре ояд ёрӣ мерасонад.
Ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: "Барои ҷаннат ба андозаи дар он истоданат амал намо, ва барои дунё ба андозаи дар он боқӣ монданат амал намо, ва барои Аллоҳ ба андозаи ба Ӯ эҳтиёҷ доштанат амал намо, ва аз оташи дузах ба андозаи сабр карда тавонистанат бар он тақво намо.
Мақоми ҷаннат абадӣ, бақои дунё муддати маҳдуд, эҳтиёҷ ба Худованд, аз ҳама чиз дида инсон танҳо ба ӯ ниёз дорад, сабр бар оташи дунё натавон намуд, бар оташи дузах чигуна ва чи қадар тавони сабр кард?
Дар ояти 37 фармудааст, ки: Аҳаде аз аҳли осмонҳо ва замин ҳаққи гуфтугӯ ва хитоб бо Парвардигорро надорад ва лизо барои дафъи ғурур ва барои инки пешвоён бузургманишон натавонанд мардумро ба номи ин ки дар маҳкамаи адли илоҳӣ аз тарафи мардум намоянда мешавем ва бо Худо сухан мегуем ва дафъи азоб ва иқоб мекунем фиреб надиҳанд. Руҳ ки аъзами малоик аст бо тамоми фариштагон ҳама дар саффи бандагӣ истода ва аҳаде ҳаққи сухан гуфтан надорад, магар он ки Худованд ӯро иҷозат диҳад. Ва ба изофаи савоб яъне танҳо сухани рост гӯяд ва тибқи қонуни илоҳӣ сухан гӯяд ва он ҳам барои мо маълум нест, ки кӣ бошад.
Вале кофир дар он рӯз мегуяд: эй кош ман хок будам ва зинда намешудам.
Роҳнамоии оятҳо:
1- Баёни каромату иззати муттақиён ва фазилати тақво.
2- Васфи зебои аз неъматҳои ҷаннат.
3- Мазаммати дуруғ ва лағву беҳуда ва аҳли онҳо.
4- Баёни сахтии мавқиф ва душвории мақом (истодан) дар он.
5- Муқаррар намудани ақидаи баъс ва ҷазо.
6- Рағбат кунонидан дар амали шоиста ва иҷтиноб намудан аз амалҳои баду фосид.
Хулосаи масоиле, ки ин сура дарбар гирифтааст:
1- Суоли мушрикон аз баъс (зинда гардонидани баъд аз марг) ва рисолати Муҳаммад (с).
2- Таҳдиди мушрикон бар инкор намуданашон онро.
3- Далелҳо пешкаш намудан бар имконияти ҳосил шудани он.
4- Ҳодисаҳои рӯзи қиёмат.
5- Он чизе, ки такзибкунандагон аз азоб хоҳанд дид.
6- Комёбии муттақиён ба ҷаннатҳои пурнеъмат.
7- Ҳамоно ин рӯз ҳақ аст, ки дар он шакке нест.
8- Бим додани кофирон ба азоби дарднок ва таманно кардани онҳо дар он рӯз, ки агар хок мебуданд.
Худованди субҳон аъло ва аълам ба муродаш аст. Ва саллаллоҳу ъало сайидино Муҳаммадин ва аъло олиҳи ва саҳбиҳи ва саллама таслиман касиро.