Васиятҳои баъди ҳаҷ
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Full Description
Васиятҳои баъди ҳаҷ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Муҳаммади Шаҳрони
Таҳия ва тарҷума: Мусъаби Ҳамза
2011 - 1432
﴿وصايا بعد الحج﴾
«باللغة الطاجيكية»
محمد بن بقنة الشهراني
إعداد و ترجمة: مصعب حمزة
2011 - 1432
Васиятҳои баъди ҳаҷ
Ҳамду шукр барои худованди ягона ва дуруду салом барои он касе ки баъди ӯ пайғамбаре нест: ва баъд:
Яке аз бузургтарин неъматҳо ин аст, ки Худованд моро аз уммати беҳтарини башар Муҳаммад (с) гардонидааст.
Пас Ислом дини мост:
﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥﴾ [آل عمران 85]
«Ва ҳар кас, ки дине ҷуз Ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд» Оли Имрон 85
Қуръон дастуру қонуни мост:
﴿إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَهۡدِي لِلَّتِي هِيَ أَقۡوَمُ وَيُبَشِّرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرٗا كَبِيرٗا ٩﴾ [الإسراء 9]
«Ин Қуръон ба дурусттарини ойинҳо роҳ менамояд ва мӯъминонеро, ки корҳои шоиста ба ҷой меоваранд, хушхабар медиҳад, ки аз музде некӯ баҳраманд хоҳанд шуд» Исро 9
Муҳаммад (с) набӣ ва пайғамбари мост:
﴿وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٖ ٤﴾ [القلم 4]
«Ва ҳаройна, турост хулқе азим(ахлоқи бузург)» Қалам 4
Каъба қиблаи мост:
﴿وَمِنۡ حَيۡثُ خَرَجۡتَ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥ ١٥٠﴾ [البقرة 150]
«Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед рӯй ба он сӯй кунед» Бақара 150
Албатта ҳама ин неъматҳо инсонро водор месозад , ки худоро шукргузори намояд.
Ва ман баъди шукргузории худованд чанд васиятеро барои касоне ки аз он макони муқаддас ва тоҳир баргаштаанд пешкаш мекунам ва умедворам мавриди қабул ва истифодаи ҳамагон гардад.
1- Шукри худоро ба ҷой овардан, зеро худованд бароят муяссар гардонид ,ки ин фаризаи муборакро(ҳаҷҷро) ба пурраги анҷом диҳи.
Худованд мефармояд:
﴿لَئِن شَكَرۡتُمۡ لَأَزِيدَنَّكُمۡ٧﴾ [إبراهيم 7]
«Ва Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям!» Иброҳим 7
2- Бигзор ҳаҷ нуқтаи тағйир ва бозгашт дар ҳаёт ва зиндагии мо бошад. Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوۡمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمۡ١١﴾ [الرعد 11]
«Ҳаройна, Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд» Раъд 11
3- Мардум аз ҳаҷ бо тӯҳфаҳо ва ҳадоё бармегарданд, вале дар асл бояд бо дарёфти роҳи рост ва ҳидоят баргардем. Худованд мефармояд:
﴿هۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ ٦﴾ [الفاتحة 6]
«Моро ба роҳи рост ҳидоят кун» Фотиҳа 6
4- Аз як барномаи имонии амали баромадем, пас бароямон лозим аст, ки ҳарчи дар ин барнома таълим гирифтем дар амали кардани он бардавом бошем.Худованд мефармояд:
﴿وَٱلۡعَصۡرِ ١ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَفِي خُسۡرٍ ٢ إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡحَقِّ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ ٣﴾ [العصر 1-3]
«Савганд ба ин замон,
Ки ҳаройна, одамӣ дар зиён аст,
Ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва якдигарро ба ҳақ супориш карданд ва якдигарро ба сабр супориш карданд» Аср 1-3
5- Фаромуш накун! Худованд мефармояд:
﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِخۡوَةٞ ١٠﴾ [الحجرات 10]
«Ҳаройна, мӯъминон бародаронанд» Ҳуҷурот 10
6- Дар он рӯзҳои нек ва ҷойҳои муқаддасу пок чиқадар зиёд даст ба сӯи худо бардошта дуъо карди, бар ин дуъо кардан бардавом бош." Дуъо ибодат аст"
7- Дар ба ҷой овардани ин ибодати бузург бисёр ҳарис буди ки мувофиқи суннати Расули худо(с) ба анҷом расад. Бигзор ин мувофиқи суннат амал карданат барои ҳамаи ҳаёту зиндагиат бошад.(Яъне дар ҳама амалҳоят кушиш кун ки мувофиқи гуфта ва кардаи Расули худо(с) амал намои.)
8- Бо гумони нек бар парвардигорат баргашти, аз гуноҳонат пок баргашти, мисли рӯзе ки аз модар поку бегуноҳ таваллуд шуда буди, пас нури дилатро бо сиёҳиҳои гуноҳ хомуш масоз. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки фармуданд: "Касе барои Худо ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷҷи худ муртакиби ҷимоъ ва фаҳшу кори баде нагардад, тавре аз ҳаҷ (аз гуноҳ пок шуда) бармегардад, ки ба монанди рӯзе аз модараш таваллуд шудааст." (Бухорӣ)
9- Шояд бо парвардигорат аҳду паймон басти ки аз ҳама гуноҳҳо тавба мекуни ва дигар маъсияту нофармонбардори намекуни, пас огоҳ бош ва аҳду паймонатро нашикан.Худованд мефармояд:
﴿رَبَّنَا لَا تُزِغۡ قُلُوبَنَا بَعۡدَ إِذۡ هَدَيۡتَنَا وَهَبۡ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةً٨﴾ [آل عمران 8]
«Эй Парвардигори мо, аз он пас, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо арзонӣ дор, ки ту бисёр бахшояндаӣ!» Оли Имрон 8
10- Аз бузургтарин чизе ки туро дар роҳи рост устувор нигоҳ медорад, даъват кардан ба сӯи Худованд аст. Худованд мефармояд:
﴿وَمَنۡ أَحۡسَنُ قَوۡلٗا مِّمَّن دَعَآ إِلَى ٱللَّهِ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ ٣٣﴾ [فصلت 33]
«Чӣ касеро сухан некӯтар аз сухани он, ки ба сӯи Худо даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?» Фуссилат 33
Бародари азиз, ҳоҷии гироми! Баъди ин ки ба ватани худ ба назди зану фарзандон, хешу табор ва ёру дӯстон баргашти; аз худ бипурс:
Оё аз мушкилиҳо ва машаққатҳои сафари ҳаҷ чизе боқи мондааст?
Албатта дар ҷавоб мегуи: Не ягон мушкили ва машаққате аз сафари ҳаҷ боқи намондааст, ҳама мушкилиҳо пушти сар шуданд.
Инчунин ҳаёти ин дунё машаққат ва мушкилиҳо мебинем барои худованд, дар охир худованд бароямон ҳаёти абади ва роҳату неъмати доимиро дар биҳишти ҷовидон насиб мегардонад, ки он вақт на машаққат асту на азобу мушкили.
Худованд ҳаҷҷи ҳама ҳоҷиёнро мабрур ва саъяшонро машкур ва гуноҳонашонро мағфур гардонад.
Худованд касоне ки муштоқи зиёрат ва адои фаризаи ҳаҷ ҳастанд, онҳоро ба мақсад расонад.
Худованд аз фазлу бузургияш моро баҳраманд созад.