Нақши ҷавонон дар Ислом
Дастабандиҳо
Full Description
Нақши ҷавонон дар Ислом
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон
2013 - 1434
دور الشباب في الاسلام
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان بن عبدالله الفوزان
2013 - 1434
Нақши ҷавонон дар Ислом
Эй мардум! Аз Худованд битарсед ва ҳар мусалмон масъулияти худро дар баробари Ислом ва мусалмонон бишносад.
Ман мехоҳам бо шумо дар бораи вазифа ва масъулияти ҷавонон дар баробари Ислом ва ин уммат сухан бигўям.
Эй бародарон! Бидуни шак, ҷавонон дар зиндаги нақши муҳимро мебозанд. Агар ҷавонон солеҳ бошанд, уммати худро ба по мехезонанд ва дини худро дар ҷомеа густариш медиҳанд.
Худованди карим барои ҷавонон як нерўи ҷисмони ва фикрие додааст, ки аз калонсолон хеле бартари доранд. Агарчи калонсолон дар илму таҷриба аз онҳо пештаранд, вале ғолибан аз нигоҳи ҷисмони ва ирода қави нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон ба он метавонанд даст зананд.
Барои ҳамин, нақши саҳобагони ҷавон дар интишори ин дин бузург буд, ҳам аз лиҳози гирифтани илми дини ва ҳам аз лиҳози ҷиҳод дар роҳи Худо.
Барои мисол метавон чандин саҳобагонро зикр намуд ба монанди Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос, Муоз ибни Ҷабал, Зайд ибни Собит (р.з) ва садҳо ҷавони дигар, ки аз манбаъи шариат об нўшиданд ва барои ин уммат мероси Паёмбар (с)-ро ҳифз намуданд ва ба наслҳои баъди расонданд.
Дар баробари инҳо дигар сарлашкароне буданд ба моанди Холид ибни Валид, Мусано ибни Ҳорисаи Шайбони ва амсоли онҳо. Онҳо ҳама чун як уммат буданд, ки бори гарони масъулиятро бар дўш гирифтанд ва барои адои он нақши арзандаеро бозиданд ва масъулияти худро дар баробари дин, миллат ва ҷомеаи худ адо намуданд, ки осори он то ҳанўз боқи мондааст ва ба изни Худованд, то замоне, ки Ислом ҳаст, боқи хоҳад монд. Ҷавонони имрўза меросбарандагони ҳамон насл мебошанд ва агар ба худ накўи кунанд ва қадру манзалати худро дарёбанд ва амонатро бар дўш гиранд, албатта метавонанд ба монанди онҳо хидмате барои дину миллати худ намоянд.
Паёмбар (с) хабар додааст, ки яке аз он ҳафт тоифае, ки рўзи қиёмат, рўзе ки ба ҷуз сояи раҳмати Худо ҳеҷ сояе нест, онҳоро Худованд дар зери сояи худ мегирад, ҷавонест, ки дар ибодати Худо нашъунамо ёфтааст. Паёмбар (с) бархе роҳнамоиҳои худро ба ҷавонон равона мекард.
Ў ба Ибни Аббос мегуфт:
"Эй писар! Ман барои ту чанд калимаро меомўзонам: Худоро муҳофизат намо, Ў низ туро ҳифз мекунад. Худоро ба ёд ор, ҳамеша Ўро дар наздат меёби. Агар чизе талаб кардани боши, аз Худо биталаб ва агар ёри мехоҳи, аз Худо бихоҳ"
(Тирмизӣ)
Ҳамчунин Паёмбар (с) ба Муоз ибни Ҷабал, ки боре ҳамроҳаш якҷоя савора мерафт, гуфт:
"Эй Муоз! Оё медони, ҳаққи Худованд бар дўши бандагон чист? Ва ҳаққи бандагон бар Худованд чист?"
(Ривояти Муттафақун алайҳ)
Паёмбар (с) ба писархондаш Умар ибни Абусалама, ки тифли хурдсол буд ва бо он ҳазрат (с) ҳамроҳ таом мехўрд ва ба ҳар ҷои табақ даст дароз мекард, Паёмбар (с) дасти ўро дошта, ба вай гуфт:
"Эй писар, наздиктар бинишин ва бисмиллоҳ бигў ва бо дасти ростат бихўр ва аз пеши худат бихўр"
(Тирмизӣ)
Ин ҳама роҳнамоиҳои Паёмбар (с) ба тарафи ин тифл танҳо барои он буд, ки дар дили ў ин одоби таомро ҷой диҳад ва ин далолат бар он мекунад, ки роҳнамоии кўдакону наврасон ба корҳои хуб масъулияти муҳими калонсолон аст.
Дини Исломи мо барои тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёде додааст, зеро онҳоянд мардони оянда, ки ҷои падарони худро дар ҷомеа ишғол мекунанд ва дар зиндаги масъулияти гаронро бар дўш хоҳанд гирифт. Аз ҷумлаи аҳамият додани Ислом ба ҷавонон ва роҳнамоии онҳо ин аст:
Якум: Интихоби ҳамсари солеҳ, зеро ҳамсар киштзори фарзанд аст ва фарзанд дар он парвариш меёбад. Паёмбар (с) моро тарғиб ва ташвиқ ба интихоби ҳамсари солеҳ мекунад.
Паёмбар (с) мефармоянд:
"Аз пайи ҳамсари диндор бош, хушбахт мешавӣ"
(Бухорӣ ва Муслим)
Зеро агар ҳамсар солеҳа бошад ва Худованд аз ў фарзанд ба бор орад, он зан фарзандонашро тарбияи дуруст менамояд ва онҳоро хуб парвариш мекунад ва ба онҳо одоби исломиро меомўзонад, ки ин хишти аввал аст дар тарбияи ҷавонон.
Дуюм: Аз ҷумлаи роҳнамоиҳои Ислом дар баробари тифл он аст, ки барои ў номи зеборо интихоб намоем, зеро ҳар номи зебо маънои худро дорад ва дар шахсияти тифл таъсир мерасонад.
Паёмбар (с) аз падарон талаб мекард, то барои тифлони худ номи зебо интихоб намоянд ва аз номҳои бад ва номҳое, ки далолат ба маъноҳои нолоиқ мекунад, худдори намоянд.
Сеюм: Аз ҷумлаи эҳтимоми ин дин ба ҷавонон он аст, ки падарон бояд фарзанди навзодашро ақиқа намояд, яъне дар ҳафтрўзаги, ё чордаҳрўзаги, ё бисту якрўзаги гўсфандеро забҳ намояд, ки ин суннати муаккада мебошад. Ин кор на ба мақсади истифодаи гўшт ва шодию хурсанди, балки ба хотири таъсири нек гузоштан ба тифл аст. Ин суннат аз он далолат мекунад, ки аз рўзҳо аввал ба тифл аҳамияти ҷидди бояд дод.
Чорум: Аз ҷумлаи эҳтимомоти Ислом ба ҷавонон он аст, ки чун ба синни булуғ расиданд ва ба истилоҳи имрўза худро шинохтанд, бояд волидайн ба роҳнамоии онҳо ва таълим додани умури дин бипардозанд.
Паёмбар (с) мефармоянд:
"Шумо фарзандони худро аз ҳафтсолаги ба намоз хондан фармон диҳед ва аз даҳсолаги барои намоз онҳоро адаб диҳед ва дар ҷойгаҳи хоб бистари онҳоро ҷудо намоед".
Ин далолат бар он мекунад, ки Ислом ба ҷавонон аҳамияти зиёд қоил аст ва ба онҳо ҳамеша бо назардошти синну солашон ва қудрату тавонашон муносибат мекунад.
Ҳамчунин Паёмбар (с) мефармоянд:
"Ҳар тифле бо фитрати исломи ба дунё меояд, пас падару модараш ўро яҳуди мекунанд, ё насронӣ, ё маҷусӣ"
(Муслим)
Аз ин ҳадиси шариф бармеояд, ки ҳар тифл бо фитрати исломи ба дунё меояд ва агар ин фитратро падару модари тифл хуб ҳифз намоянд, пайваста тарбияи дурусташ диҳанд, насиҳатҳояшонро дареғ надоранд, дасти ўро гирифта, ба омўзишу таълими Ислом кўмакаш кунанд ва аз одобу ахлоқи шариат барояш биёмузонанд, дар чунин ҳолат ин тифл монанди дарахти поке мегардад, ки аслаш пок аст ва мевааш пок аст ва тарбияаш зебост.
Аммо агар падару модари ин тифл мусалмон набошанд ва ё гумроҳ буда, дар фикри амру наҳйи илоҳи набошанд ва ҳама намуд гуноҳҳои хурду бузургро анҷом диҳанд, чунин тифл падари худро сармашқ гирифта, аз ў пайрави мекунад, магар он касеро, ки Худованд зери сояи раҳмати худ қарор диҳад.
Чунин тифл ба дарахте мемонад, ки шохаш палид аст ва мевааш талх ва аз он барои кишвар ва мардум танҳо зарар мерасад.
Панҷум: Аз ҷумлаи далоили дигаре, ки Ислом аз овони хурди ба ҷавонон аҳамият медиҳад, он аст, ки Худованди муттаол фарзандро дастур медиҳад, ки чун волидайнаш ба пиронсоли расиданд, тамоми ранҷу машаққатҳои онҳоро дар роҳи таълиму тарбия ва парвариш ба ёд оварда, ба онҳо некўи намояд ва онҳоро озор надиҳад.
Худованд мефармояд:
﴿إِمَّا يَبۡلُغَنَّ عِندَكَ ٱلۡكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوۡ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفّٖ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلٗا كَرِيمٗا ٢٣ وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرٗا ٢٤﴾
سُورَةُ الإِسرَاءِ ٢٣- ٢٤
"Чун яке аз онҳо ва ё ҳарду дар пеши ту ба пири расиданд, пас ту барои онҳо уф магў ва онҳоро маранҷон ва бо онҳо суханони нарм бигў. Ва бо онҳо хоксори ва меҳрубони кун ва бигў: Парвардигоро, ба онҳо раҳм кун, ҳамчуноне, ки маро дар хурдсоли тарбия намуданд"
(Исро, 23-24)
Аз ин ояти муборак ҳуҷҷатҳои зиёде баровардан мумкин аст, ки аз он ҷумла Худованд мефармояд:
﴿كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرا﴾
"Ҳамчуноне, ки маро дар хурдсоли тарбия намуданд".
Пас маълум мешавад, ки тарбияи волидайн фарзанди худро неъмат ва эҳсон ҳисоб мехўрад ва бояд дар ивази он ба волидайни худ накўкор бошад.
Мақсад аз тарбия танҳо парвариши ҷисмони нест, ки иборат аз таъмини таому шароб бошад. Агар волидайн танҳо иктифо бар ин кунанд, пас онҳо на инсон, балки ҳайвонеро парвариш мекунанд.
Вале муҳимтар ин тарбияи маънавист, ки он ҳифзи фитрати инсони ва роҳнамои ба корҳои накў аст. Ин аст тарбияи дурусте, ки осори он бар ин тифл то охири ҳаёташ боқи мемонад.
Аммо агар волидайн танҳо ба парвариши ҷисмони аҳамият диҳанд, он на танҳо фоида намерасонад, балки дар оянда чунин фарзанд табоҳ гашта, балое бар сари волидайн мешавад. Аммо агар волидайн ҳарду намуд парваришро ба фарзанди худ намоянд, парвариши бадан, ки он хеле муҳим аст ва он бояд ба андозаи маъқул бошад ва ба исрофкори роҳ надода бошад, ҳамчунин тарбияи маънави, пас дар ин сурат фарзанд дар оянда ба қадри он ҳама неъматҳои онҳо мерасад ва ҳамеша дар ҳаққи онҳо хидмат намуда, барояшон дуо мекунад. Ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرا﴾
"Парвардигоро, ба онҳо раҳм кун, ҳамчуноне, ки маро дар хурдсоли тарбия намуданд".
Эй мусалмонон!
Ҷавонони имрўза гирифтори мушкилоти зиёде мебошанд, ки аз ҷумлаи ин мушкилот фирефта шудан ба равияҳои гуногун аст.
Агар ҷавононро ба ҳоли худ гузорем ва онҳо ба оғўши ин равияҳо дароянд, бидуни шак ҳам ахлоқи онҳо вайрон мешавад, ҳам рафторашон ва ҳам ақидаашон ва ин намуд равияҳо имрўз хеле зиёд ва аз сарчашмаҳои гуногун об мехўранд.
Равияҳое, ки онро васоити ахбори омма мисли телевизиону радиё, маҷаллаю рўзномаҳо ривоҷ медиҳанд.
Ин равияҳо дар зоҳир агарчи хуб намоянд ҳам, вале дар асл чун заҳри қотиле мебошанд, ки ҷавонони мо бе ин ки аз ҳақиқати он огоҳи дошта бошанд, ба он мепайванданд.
Рафтору кирдори аксари ҷавонони имрўза дигаргун шудааст ва онҳо дар ин самт дар либосу шуъуру ҳаракатҳои худ гоҳ аз Шарқ пайрави мекунанд, гоҳ ба Ғарб ва ин ҳамаро аз тариқи филмҳо ва телевизиону радио гирифтаанд, ки мақсади душманон низ ба ин васила табоҳ кардани насли ҷавон дар мамолики исломи мебошад.
Даҳшатноктар аз ин ҳама он аст, ки ин тағйирот дар ақидаи ҷавонони мо низ таъсир гузоштааст. Аз ин рў, баъзе ҷавонони мусалмон пойбанди афкори коммунисти, баъзе дигар ба афкори бедини, баъзе ба зардушти ва монанди инҳо аз ҷумлаи афкоре, ки эътиқодоти ҷавононро вайрон мекунад, шудаанд. Акнун, ки ҷавонони соддаи моро метавонанд ба ин соддагию осони ба доми худ бияфкананд, ҷавононеро, ки дар бораи дини худ маълумоти кофие надоранд, ҳолаш чи гуна мешавад.
Агар давлату ҷомеа сари роҳи онро нагирад, дар оянда аз ин ҷавонон душманони дину миллатро пайдо мекунанд.
Аз инҷост, ки Ислом барои таълим ва тарбияи насли ҷавон эҳтимоми зиёд медиҳад, то волидайн дар дили фарзандони худ рўҳияи имониро ҷой диҳанд, ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногун нашаванд, балки як қалъаи пурқуввате бошанд барои ҳифзи кишвару дини худ.
Аммо балои дигаре, ки ҷавонони мо имрўз гирифтори он гаштаанд, сафар кардан ба мамолики ғайриисломи барои баровардани хоҳишоти нафсашон ва берун шудан аз ҳама банду қайд аст.
Аввалаш ин ки онҳо бояд дониста бошанд, ҳар ҷое, ки мераванд, Худованд аз ҳоли онҳо огоҳ буда, ҷазои амали онҳоро ба пурраги медиҳад, дуюм он ки аз ин корашон падару модари онҳо ҷавобгар мебошанд. Зеро онҳо ўро дуруст тарбия накардаанд ва ҳаққу вазифаи худро дар баробари онҳо анҷом надодаанд ва ин корашон боиси вайрон шудани ахлоқи онҳо гаштааст.
Пас шумо эй бандагони Худо, аз Худованд битарсед ва ин оятро ҳамеша ба ёд оред, ки Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ عَلَيۡهَا مَلَٰٓئِكَةٌ غِلَاظٞ شِدَادٞ لَّا يَعۡصُونَ ٱللَّهَ مَآ أَمَرَهُمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ ٦﴾
سُورَةُ التَّحرِيمِ ٦
"Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонадони худро аз оташе раҳо намоед, ки ҳезумаш одамизод ва сангпораҳост. Дар он малоикаҳои бадҳайбати сахтгире истодаанд, ягон амри илоҳиро ъоси намешаванд ва иҷро мекунанд ҳар чи супориш дода шаванд"
(Таҳрим, 6)
Худованд бо Қуръони азим ба мову шумо баракат диҳад ҳамоно, Ў атокунандаи сахӣ аст.
Эй мардум! Аз Худованд битарсед ва дар кори поксозии ҷавононатон аз офатҳое, ки дар дини онҳо расидааст, кўшиш намоед.
Шукр Худовандро, ки поксози хеле осон аст, агар нияту қасди онро намоем, ки хулосаи он дар чанд корҳои зерин аст:
Илоҷи аввал: Ҳамеша машғули таълиму тарбияи онҳо будан дар асоси адабҳои Паёмбар (с) ва онҳоро гирифта, ба сўи саодати дунявию ухрави бурдан ва дар дили онҳо азамати Худо ва фармудаҳои Ўро коштан, то онҳо ҳамеша Худовандро дар пеши назар дошта бошанд ва ҷуз Ў аз касе наҳаросанд.
Дар дили онҳо имони ба рўзи қиёматро ҷой додан, то ҳамеша дар хотир доранд, ки рўзе фаро хоҳад расид, ки дар пешгоҳи Худованд истода, ба ҳамаи корҳои кардаи худ ҷавоб медиҳанд.
Илоҷи дуюм: Ислоҳ намудани роҳҳои таълиму тарбия дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, то ҷавонон дар баробари фанҳои дуняви маълумоти зарурии диниро низ бигиранд.
Фарзандони мо бояд дар мактаб дар бораи дини худ, ақидаи дуруст, ҳалолу ҳаром, тариқаи дурусти муомилаҳои дини дар хўрок, нўшоки ва либос маълумоти кофи дошта бошад.
Агар фарзандони мо ҳанўз дар макотиби таҳсилоти умуми ин ҳама маълумотро аз худ намоянд, дигар метавонанд хубро аз бад ҷудо намоянд ва дар баробари ҳама гуна шубҳаҳо истодагари кунанд ва дигар фирефтаи ҳама гуна равияҳои бегона нагарданд. Дар баробари ислоҳ намудани роҳҳои таълиму тарбия бояд муаллимони масъулиятшиносро барои дарс додан интихоб намоем, то ин илмҳои асосиро ба фарзандони мо талқин кунанд ва талабагонро ба илмомўзи ташвиқ намоянд.
Илоҷи саввум: Гузаронидани вохўриҳо байни ҷавонону олимон аз роҳи ҳалқаҳои дарси дар масҷидҳо, дар мактабҳо, дар донишгоҳҳо ва дар дигар ҷойҳои оммави.
Бояд ин ҳама вохўриҳо озод, бидуни қайд сурат гирад ва ба тамоми талаботи ҷавонон посухгў бошанд ва роҳҳоро барои онҳо равшан намоянд.
Олимон дар баробари ҷавонон масъулияти бештаре доранд, вале мутаассифона, метавонам бо тамоми бовари иброз дорам, ки алоқа байни олимону ҷавонон канда шудааст, ки олимон дар як тарафу ҷавонон дар тарафи дигаранд. Ин кор боиси аз даст рафтани ҷавонони мо гаштааст. Шумо ба ёд оред, он замонҳоеро, ки ҷавонон бо олимон алоқаи зич доштанд ва олимон аз тамоми мушкилоти ҷавонон огоҳ буданд, вале чун ҷавононро бо ҳар васила аз олимони дин дур карданд, ин ҳама мушкилот ба вуҷуд омад.
Илоҷи чаҳорум: Мубориза ба муқобили ҳама намуд равияҳои бегона ва манъ намудани ҷавонон аз фирефта шудан ба онҳо ва онҳоро аз ҳақиқати ҳоли ин равияҳо огоҳ кардан аст.
Агар чунин кунем, албатта пеши роҳи фирефта шудани ҷавонони худро мегирем ва илло балои сахтеро бар сари ин миллат хоҳем овард.