Оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред?
Дастабандиҳо
Full Description
Оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред?
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Билолиддин Бадриддин
2013 - 1434
من فضائل أبي بكر رضي الله عنه
«باللغة الطاجيكية»
بلال الدين بدر الدين
2013 - 1434
Оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред?
Рӯзе ки Абубакру Умар (р) пушаймон шуданд, оё медонед барои чӣ?
Аз Абудардо (р.з) ривоят шудааст, ки гуфт: Назди Паёмбар (с) нишаста будам, ногоҳ Абубакр дар ҳоле ба наздаш омад, ки як тарафи доманаш дар дасташ буд ва ҷунон меомад, ки зонуҳояш намоён мешуданд. Омада салом дод ва гуфт: «Миёни ману Умар нофаҳмие шуд, ман пешдастӣ кардам, сипас пушаймон шудам. (Абубакр (р.з) Умар (р.з)-ро ба ғазаб меорад дар ҳоле ки Умар (р.з) ғазаболуд аз назди ӯ меравад Абубакр (р.з) аз кардааш пушаймон мешавад ва аз пушти Умар (р.з) меравад то ки аз ӯ бахшиш пурсад).
Абубакр (р.з) гуфт: Сипас пушаймон шудаму аз ӯ бахшиш пурсидам, вале манро набахшид.
Инак, пеши шумо омадам».
Паёмбар (с) гуфт: «Худо туро бибахшад эй Абубакр! Худо туро бибахшад эй Абубакр! Худо туро бибахшад, эй Абубакр!»
(Яъне паёмбар (с) ин калимаро се бор такрор кард).
Аз тарафи дигар Умар пушаймон шуду хост, ки аз Абубакр бахшиш пурсад, ба хонаи Абубакр рафту ӯро пайдо накард ва ӯ ҳам ба назди Паёмбар (с) омад ва салом дод.
Вақте, ки паёмбар (с) ӯро дид дар рӯяш осори хашмгини пайдо шуд, то ба дараҷае, ки раҳми Абубакр ба Умар (р.з) омад.
Баъд аз он Абубакр (р.з) назди паёмбар (с) дузону нишасту гуфт «Эй Расули Худо, гуноҳ бештар аз ман буд, гуноҳ бештар аз ман буд»
(мисли ин ки мегуянд, айби ман шуд, айби ман шуд).
Сипас Паёмбар (с) гуфт: «Вақте, ки Худо маро ба сӯи шумо фиристод, ба ман гуфтед, ки дурӯғгӯ ҳастӣ, аммо Абубакр гуфт, ки ростгӯ ҳастӣ ва маро бо ҷону молаш дастгирӣ кард». Оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред, Оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред.
Аз он рӯз ба баъд Абубакр (р.з) мавриди азияти касе қарор нагирифт».
(Ривояти Бухорӣ, 3/1339)
Абубакр (р.з) ба хотири он пушаймон шуд, ки Умар (р.з)-ро ғазабнок сохт ба наздаш омад, то ки аз ӯ узр пурсад.
Умар (р.з) ба хотири он пушаймон шуд, ки узри Абубакр (р.з)-ро қабул накард ва ба наздаш омад, то ки розигии худро аз ӯ баён намояд.
Ин ҳадис дорои чанд фоида мебошад:
1) Фазлу бузургии Абубакр (р.з) бар тамоми саҳобаҳо.
2) Барои инсон ҷоиз нест, ки бузургону асҳоби фазлро бар ғазаб биёрад.
3) Таъриф намудани шахс ҷоиз аст, агар бовари бошад ки ӯ бо таъриф мағрур нашавад.
4) Ба ҷуз Паёмбар (с) дигарон агарчи бо фазлу мартабаи баланд ҳам бошанд, аз дучори ба хатоҳо маъсуму бе гуноҳ нестанд.
Худоё аз ҳамаи саҳобагон рози бош ва моро бо онҳо дар ҷаннат гирди ҳам биёр. Омин