×
Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Шумо барои ман аз худатон шаш чизро замонат (гарав) диҳед, ман барои шумо Ҷаннатро замонат медиҳам.

    Гарави Ҷаннат

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    http://islamsrgt.net

    2013 - 1434

    ضمان الجنة

    «باللغة الطاجيكية»

    موقع: http://islamsrgt.net

    2013 - 1434

    Гарави Ҷаннат

    عن عبادة بن الصامت رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه و سلم قال: "اضمنوا لي ستا من أنفسكم أضمن لكم الجنة: اصدقوا إذا حدثتم، وأوفوا إذا وعدتم، وأدوا إذا ائتمنتم، واحفظوا فروجكم، وغضوا أبصاركم، وكفوا أيدكم"

    (أخرجه أحمد وابن حبان والحاكم عن عبادة بن الصامت رضي الله عنه وصححه الألباني في صحيح الترغيب)

    Расулуллоҳ (с) фармуданд:

    «Шумо барои ман аз худатон шаш чизро замонат (гарав) диҳед, ман барои шумо Ҷаннатро замонат медиҳам:

    1 - Вақте сухан гуфтед, Рост бигуед.

    2 -Вақте аҳд кардед, Вафо кунед.

    3 - Вақте амонатдор дониста шудед, Адо намоед,.

    4 - Андомҳои ниҳонии худро нигоҳ доред.

    5 - Чашмҳои худро (аз назар кардани ба ҳаром) як тараф бигиред.

    6 - Дастонатонро боз доред».

    Ин шаш чизро агар тавонед анҷом диҳед ва замонат диҳед, ки ин дархости Расулуллоҳ (с)-ро тавонистед амалӣ намоед, Ӯ барои шумо ҷаннатро замонат медиҳад.

    Ростгӯ будан яке аз он унсурҳост, агар дуруғ гуфта шавад, яке аз унсурҳои замонати Ҷаннатро аз даст дода мешавад.

    Ба аҳдҳои карда вафо кардан, агар бевафои ба аҳд шуд, ин дигар унсуре аст, ки он замонатро ба даст оварда намешавад.

    Амонатҳое, ки ба шумо дода шудааст, онро адо намудан, агар дар амонатҳо хиёнат сурат гирифт, замонати Ҷаннат аз даст меравад.

    Андомҳои ниҳониро танҳо дар роҳе, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло муайян кардааст истифода бурдан, аз зино ва ҳар амали номашруъ даст кашидан, то замонати Ҷаннатро дар даст дошт.

    Ба ҷое, ки назар кардан ҳаром аст назари худро аз он боздоштан ва аз он рӯй бартофтан, то замонати Расулуллоҳ (с) гуфтаро ба даст оварда шавад.

    Ва охиронаш ин ки инсон дасти худро аз гирифтани чизи ҳаром ва аз дароз кардани он ба тарафи мардум ба ноҳақ боздорад. Дасти инсон чун ба ҳаром меравад ва дасти инсон ба тарафи дигар кас ба зурӣ дароз карда мешавад ва зулм мекунад, дар ин сурат ин дастдарозӣ сабаби маҳрум мондан аз гараву замонати Ҷаннати инсон мегардад.