×
Рамазон чист? Рамазон яке аз 12 моҳи ҳиҷрӣ мебошад, ки бисёр моҳи бузурге дар Ислом ба ҳисоб меравад ва аз дигар моҳҳои ҳиҷрӣ бо иддае аз фазоил ва хусусиятҳо фарқ мекунад. Аз ҷумлаи ин фазилат ва хусусиятҳо: 1. Худованд рузаи ин моҳро чаҳорумин рукни Ислом гардонидааст. 2. Худованд Қуръонро дар ин моҳ фиристод. 3. Худованд шаби Қадрро дар ин моҳ гардонидааст. 4. Худованд бо имон ва холисона руза доштан ва намоз гузоштани ин моҳро сабаби мағфират ва бахшиши гуноҳон гардонидааст. 5. Худованд дар моҳи рамазон дарҳои биҳиштро мекушояд ва дарҳои дўзахро мебанданд ва шайтонҳоро мебанданд. 6. Барои Худованд дар ҳар як шаби рамазон наҷотёфтагони аз дўзах аст. 7. Рўзаи моҳи рамазон сабаби аз байн рафтани гуноҳоне аст. 8. Рузаи моҳи рамазон баробар ба руза доштани даҳ моҳ ҳаст. 9. Касе ки намози таровеҳро то охираш ҳамроҳи имом ба ҷой орад, барои ў қиёми ҳамаи шаб навишта шавад. 10. Умра кардан (хонаи Худоро зиёрат карданд) дар рамазон баробар ҳаҷ аст. 11. Дар моҳи рамазон эъикоф нишастан суннат аст. 12. Дар рамазон мустаҳаби таъкидӣ аст, ки Қуръон омўхта ва зиёд тиловат карда шавад. 13. Аз ҷумлаи корҳои хубу мустаҳаб дар рамазон ифтор додани рузадор аст.

    Хусусиятҳои моҳи шарифи Рамазон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия ва тарҷумаи: Мусаби Ҳамза

    2011 - 1432

    ﴿ خصائص شهر رمضان ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    ترجمة: مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Хусусиятҳои моҳи шарифи Рамазон

    Рамазон чист?

    Рамазон яке аз 12 моҳи ҳиҷрӣ мебошад, ки бисёр моҳи бузурге дар Ислом ба ҳисоб меравад ва аз дигар моҳҳои ҳиҷрӣ бо иддае аз фазоил ва хусусиятҳо фарқ мекунад.

    Аз ҷумлаи ин фазилат ва хусусиятҳо:

    1. Худованд рузаи ин моҳро чаҳорумин рукни Ислом гардонидааст. Чигунае ки Худованд мефармояд:

    ( شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدىً لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه) البقرة / 185

    "Моҳи рамазон он (моҳе) аст ки фуруд оварда шуд дар он Қуронро ки раҳнамои барои мардумон аст, ва суханони равшане аз ҳидоят ва фарқунандаи байни ҳақу ботил мебошад, пас ҳар ки дарёбад аз шумо он моҳро пас албатта онро руза дорад" Бақара 185

    Ва дар саҳеҳи Бухорӣ (8) ва Муслим (16) аз ибни Умар собит аст, ки Расули Худо (с) гуфт: Бино ниҳода шуд Ислом бар 5 чиз:

    1. Шаҳодат бар ин ки Илоҳи барҳақ магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад бандаи Худо ва расули Ўст.

    2. Намозро барпо доштан.

    3. Закоти молро доданд.

    4. Руза гирифтан дар моҳи рамазон.

    5. Ҳаҷи (зиёрати) хонаи Худоро ба ҷой овардан (барои кассе ки қудрат дошта бошад).

    2. Худованд Қуръонро дар ин моҳ фиристод, чигунае ки Худованд мефармояд:

    ( شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدىً لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ ) البقرة / 185

    "Моҳи рамазон он (моҳе) аст ки фуруд оварда шуд дар он Қуронро ки раҳнамои барои мардумон аст, ва суханони равшане аз ҳидоят ва фарқунандаи байни ҳақу ботил мебошад" Бақара 185

    Ва дар ҷои дигар мефармояд:

    { إنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ }

    "Албатта мо фурўд овардем Қуръонро дар шаби қадр (яъне аз лавҳулмаҳфуз ба осмони дунё) " Қадр 1

    Ва шаби Қадр яке аз шабҳои ин моҳ аст.

    3. Худованд шаби Қадрро дар ин моҳ гардонидааст, ки ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар аст, Худованд мефармояд:

    ( إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ . وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ . لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ . تَنَزَّلُ الْمَلائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ . سَلامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ القدر / 1_5

    "Албатта мо фурўд овардем Қуръонро дар шаби қадр (яъне аз лавҳулмаҳфуз ба осмони дунё) (1). Аз куҷо медонистӣ ту (ай Муҳаммад), ки сабаби қадр чист? (2). Шаби қадр беҳтар аст аз ҳазор моҳ. (3). Фурўд меоянд дар он шаб фариштагон ва руҳ (яъне Ҷибрил) ба фармони парвардигори худ (аз осмон ба замин) барои Сар анҷом кардани ҳар коре (ки дар давоми соли оянда сурат мегирад). (4). Он шаб то дами субҳ амонист. (5).

    Худованд бар моҳи рамазон ба сабаби шаби қадр фазлу бузургӣ ниҳодааст ва дар бораи манзилат ва бузургии ин шаб сураи Қадрро фиристод ва инчунин ҳадисҳои зиёде дар ин бора ворид шудааст, аз ҷумла:

    Ҳадиси Абуҳурайра (рз) гуфт: Расули худо (с) гуфт: Моҳи рамазон бароятон омад, моҳи муборакест, Худованд руза доштани ин моҳро бар шумо фарз гардонидааст, дар ин моҳ дарҳои осмон кушода кушода ва дарҳои дўзах баста мешаванд ва барои Худованд дар ин моҳ шабе аст беҳтар аз ҳазор моҳ, касе ки аз хайру некии ин шаб маҳрум шавад, пас маҳрумшудааст (Насои 2106, Аҳмад 8769, Албонӣ дар китоби Саҳеут тарғиб саҳеҳаш гуфтааст 999).

    Абуҳурайра (рз) гуфт: Расули Худо (с) гуфт: Касе ки шаби қадрро аз рўи имон ва холисона барои Худо зинда дорад (бо бедорхобӣ ва машғули намозу зикру дуо будан), гуноҳони гузаштааст омурзида шавад. (Бухорӣ 1910, Муслим 760).

    4. Худованд бо имон ва холисона руза доштан ва намоз гузоштани ин моҳро сабаби мағфират ва бахшиши гуноҳон гардонидааст. Чигунае ки дар саҳеҳи Бухорӣ (2014) ва Муслим (760) аз ҳадиси Абуҳурайра собит аст, ки расули Худо (с) гуфт: Касе ки рамазонро аз рўи имон ва холисона барои Худованд руза доран, гуноҳони гузаштаи ў мағфират ва бахшида шавад. Ва боз дар Бухорӣ (2008) ва Муслим (174) аз Абуҳурайра ривоят аст, ки расули Худо (с) гуфт: Касе ки моҳи рамазонро бо имон ва холисона барои худо қиём намояд (яъне намози таровиҳ ва намози шабро барпо дорад ва намози шаб хусусан дар даҳ шаби охири рамазон хонда мешавад) гуноҳони гузаштаи ў мағфират ва бахшида мешава.

    Дар ин ду ҳадиси боло мебинем, ки Расули Худо (с) ба қиёми рамазон бидуни инки дар ин маврид ба азимат (ҳатмӣ будан ва вуҷуб) амр кунад тарғиб намуда ва мефармуд: Он ки қиёми рамазонро аз рўи имон ва ихлос ба ҷо оварад, гуноҳони гузаштааст омурзида мешавад.

    Ва мусулмонон дар суннат будани қиёми шабҳои рамазон иҷмоъ кардаанд, Имом Нававӣ мегўяд: Мурод аз қиёми шабҳои рамазон, намози таровеҳ аст, яъне касе намози таровеҳро аз рўи имон ва холисона барои Худо хонад, ў қиёми лайлро баҷо овардааст ва бо хондани намози таровеҳ муроди қиёми шаб баҷо меояд.

    5. Худованд дар моҳи рамазон дарҳои биҳиштро мекушояд ва дарҳои дўзахро мебанданд ва шайтонҳоро мебанданд. Дар Бухорӣ (1898) ва Муслим (1078) аз ҳадиси Абуҳурайра собит аст, ки расули Худо (с) гуфт: Вақте ки рамазон меояд дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дўзах баста мешавад ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд.

    6. Барои Худованд дар ҳар як шаби рамазон наҷотёфтагони аз дўзах аст. Имом Аҳмад (5/256) аз ҳадиси Абуумома ривоят кардааст, ки расули Худо (с) гуфт: Барои худованд дар вақти ҳар як ифтор наҷотёфтагони аз оташ аст. Мунзирӣ гуфтааст, ки дар исноди ин ҳадис боке нест ва Албонӣ ин ҳадисро дар Саҳеҳуттарғиб (987) саҳеҳ гуфтааст.

    Баззор дар Кашф (962) аз ҳадиси Абусаид ривоят кардааст, ки расули худо (с) гуфт: Дар ҳақиқат барои Худованди бузург дар ҳар шабонарўзӣ наҷотёфтагоне аз оташ аст (яъне дар моҳи рамазон) ва дар ҳақиқат барои ҳар як мусулмон дар шабонарўзӣ дуои мустаҷоб аст (дуои қабулшуда).

    7. Рўзаи моҳи рамазон сабаби аз байн рафтани гуноҳоне аст, ки пеш аз рамазон ва баъди рамазони гузашта ба вуқўъ пайвастааст ва ин дар ҳолатест, ки аз гуноҳони кабира дурӣ ҷуста бошӣ, (яъне кассе ки баъди рамазони гузашта гуноҳи кабира мисли зино, оқи падару модар ва ғайра накарда бошад, Худованд бо рузаи ин моҳ гуноҳони хурдашро мебахшад). Чигунае ки дар саҳеҳи Муслим собит аст, ки расули Худо (с) гуфт: Намозҳои панҷвақта ва (аз) ҷумъа то ҷумъа ва (аз) рамазон то рамазон, такфиркунандаи (аз байнбарандаи) гуноҳон ҳастанд байнашон, агар аз гуноҳони кабира дур бошӣ (яъне ҳар гуноҳе, ки байни намозҳо мешавад ё аз ҷумъа то ҷумъаи дигар рўй медиҳад ё аз рамазон то рамазони дигар рўй медиҳад ва дар байни инҳо инсон муртакби гуноҳи кабира нашавад, пас ба сабаби ин амалҳо (намози оянда, ҷумъаи оянда, рамазони оянда) гуноҳони гузаштаи инсон такфир, тоза ва пок мешаванд).

    8. Рузаи моҳи рамазон баробар ба руза доштани даҳ моҳ ҳаст. Чигунае ки ҳадиси дар саҳеҳ Муслим (1164) собит аст бар ин далолат мекунад. Абў Аюби Ансорӣ гуфт: Касе ки рамазонро руза бигирад, монанди он аст, ки ҳамеша руза дошта бошад. Ва Аҳмад дар Муснад (21906) ривоят кардааст, ки расули Худо гуфт: Касе рамазонро руза гирад, пас моҳ баробари даҳ моҳ ҳаст ва рўза гирифтани шаш рўз баъди иди фитр (аз моҳи шаввол), пас он як соли пурра аст (яъне рузаи моҳи рамазон баробар ба даҳ моҳ аст ва касе баъди рамазон шаш рўзи моҳи шавволро руза дорад, гўё солро пурра кардааст, яъне як солро пурра гирифтааст).

    9. Касе ки намози таровеҳро то охираш ҳамроҳи имом ба ҷой орад, барои ў қиёми ҳамаи шаб навишта шавад (гўё ҳамаи шабро намоз хондааст). Дар сунани Абудовуд (1370) аз Абузар ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо гуфт: Дар ҳақиқат касе, ки бо ҳамроҳии имом намози таровеҳро то охираш барпо дорад, барои ў қиёми ҳамаи шаб навишта шавад. Албонӣ дар « Намози таровеҳ» (с.15) ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

    10. Умра кардан (хонаи Худоро зиёрат карданд) дар рамазон баробар ҳаҷ аст. Бухорӣ (1782) ва Муслим (1256) аз ибни Аббос ривоят кардаанд, ки гуфт: Расули Худо ба зане аз занҳои ансор гуфт: Чӣ чиз манъ кард туро, ки ҳамроҳи мо ҳаҷ кунӣ? Гуфт: Мо фақат ду шутури обкаш доштем, пас ҳаҷ кард падар ва фарзандам бар якеаш ва дувумиро барои мо гузошт, ки бо ў об кашем, гуфт (паёмбар): Пас вақте ки рамазон омад, умра кун, зеро умра дар рамазон баробари ҳаҷ аст ва дар ривояти Муслим: Баробари ҳаҷ кардан бо ман аст.

    11. Дар моҳи рамазон эъикоф нишастан суннат аст, зеро расули худо (с) дар ин моҳ давомнок эътикоф менишаст, чигунае ки дар ҳадиси модари мўъминон Оиша (рз) омадааст, ки гуфт: Расули худо (с) даҳ рўзи охири рамазонро эътикоф нишастанд. (Бухорӣ 1922 ва Муслим 1172) (эътикоф, яъне дар даҳ рўзи охири рамазон дар масҷид нишаста ба намоз ва зикру дуо ва Қуръонхонӣ машғул мешуд ва бидуни зарурат аз масҷид берун намерафт).

    12. Дар рамазон мустаҳаби таъкидӣ аст, ки Қуръон омўхта ва зиёд тиловат карда шавад. Ва тадриси Қуръон ингуна сурат мегирад, ки як нафар мехонад ва дуввумӣ гўш мекунад ва дуввумӣ мехонад аввалӣ гўш мекунад ва далели мустаҳаб буданаш ин аст, ки Ҷибриил (а) дар шабҳои рамазон бо паёмбар мулоқот мекард ва Қуръонро мудораса мекарданд (яъне Ҷибриил мехонд ва паёмбар гўш мекард ва паёмбар мехонд Ҷибриил гўш мекард). (Бухорӣ 6 ва Муслим 2308).

    Дар умум ва ҳамавақт тиловати Қуръон мустаҳаб аст, лекин дар Рамазон таъкид шудааст зиёд тиловат карданаш.

    13. Аз ҷумлаи корҳои хубу мустаҳаб дар рамазон ифтор додани рузадор аст. Аз Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ ривоят аст, ки гуфт: Расули худо (с) гуфт: Касе агар рузадореро ифтор диҳад, барои ў мисли аҷрӣ рузадор аст (яъне чи қадаре ки рузадор аз рузааш аҷру савоб мегирад) дар ҳоле, ки аз аҷру савоби рузадор чизе кам намешавад (яъне ба сабаби аҷру савоб гирифтани ифтордиҳанда аҷру савоби рузадор кам намегардад, балки ў ҳам пурра савоби рузаашро соҳиб мегардад). (Тирмизӣ 807, ибни Моҷаҳ 1746 ва Албонӣ саҳеҳаш гуфтааст, саҳеҳи Тирмизӣ 647).