Манзалати Қалб
Дастабандиҳо
Full Description
Манзалати Қалб
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Назифаи Мӯсо
2012 - 1434
منزلة القلب
«باللغة الطاجيكية»
نظيفة موسى
2012 - 1434
Манзалати Қалб
Қалб фармонравоест, ки бар ҳамаи аъзо ва истеъдодҳои ҷисми ва маънавии инсон фармон меронад ва онҳоро ба хидмат гирифта ва нақши меҳвари ва марказиро дар миёни онҳо бар ӯҳда дорад.
Қалб, муҳимтарин узви вуҷуди одамӣ, сутуни фитрати ҳаёт ва зиндагӣ ва сарчашмаи руҳӣ ҳайвонӣ ва сифоти азизе аст. Қалб, маъдан ва ҷойгоҳи ақл, илм, ҳилм, карам, шуҷоат, шикебоӣ, таҳаммулпази-рӣ, ишқ, ирода, хашм ва хушнудӣ ва дигар сифоти башарӣ аст.
Қалб ба ду маънои зер ба кор меравад.
1. Қитъаи гушти махсуси санавбаришакл аст, ки дар қисмати чапи сина ниҳода шуда ва миёнаш холӣ аст ва дар он хӯни сиёҳе ҷараён дорад, ки манбаи руҳ ва марказӣ равон аст. Ин маънои қалб дар ҳама ҳайвонот, ҳатто мурдагон мавҷуд аст.
2. Як мавҷуди латифи рӯҳонӣ ва раббонӣ аст, ки навъи иртибот бо қалби ҷисмонии инсон дорад. Ин мавҷуди латиф бо номҳои: қалб, нафс, рӯҳ ва инсон номида мешавад. Ҳаргуна дарк ва шинохт ба василаи он анҷом мешавад ва хитобҳои илоҳӣ ба сӯйи он мутаваҷҷеҳ аст ва итобу хитоб низ бар он мутааллиқ аст. Дар Қуръон ва аҳодис ҳарҷо вожаи «қалб» ба кор рафтааст, манзур аз он қалб ба маънои дуввум аст. Ва гоҳе аз он ба диле, ки дар сина ҷой дорад, таъбир мешавад. Чунонки, дар Қуръони карим мехонем: «Ки дидагон кӯр намебошанд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, кӯр мебошанд».
Ин таъбир аз дил ба далели алоқа ва иртиботи хосси он ба қалби ҷисмонӣ аст. Агарчи қалб ба маънои дуввум бо ҳама андомҳои бадан иртибот дорад ва онҳоро ба кор меандозад, вале аввалин иртиботи он бо қалби ҷисмонӣ аст, ки онҷо ҷойгоҳ ва мамлакати он аст ва ба воситаи он бо дигар андомҳо иртибот барқарор мекунад.
Қалб, ба далели сафо ва ҷилое, ки дорад, ҳамонанди як ойинаи соф ва шаффоф метавонад анвор ва таҷаллиёти илоҳиро ба сӯйи худ ҷазб кунад, вале дар асари авомили хориҷӣ, ки бар хилофи руҳоният ва нуронияти зотиаш метавонад бар он ъориз шавад, истеъдоди пазириши таҷаллиёти раббониро аз даст медиҳад ва қобилияти пазириши олӯдагиҳо ва табоҳиҳо ва маҳрумиятҳо дар он падид меояд.
Истеъдоди пазириши анвори илоҳӣ дар қалб, ба ҳадде аст, ки метавонад дар асари тобиши анвори илоҳӣ ба ҷое бирасад, ки ҳақоиқи бисёре барои ӯ кашф шавад ва дақоиқи бешуморе барои ӯ инкишоф гардад.
Расули акрам салаллоҳ ъалайҳи ва олиҳи вассалам ба чунин қалб ишора мекунад ва мефармояд: «Ҳангоме ки Худованд барои бандае некӣ бихоҳад, барои ӯ воъизе аз қалби ӯ қарор медиҳад».
Навъхои қалб
1. Диле, ки баргашта ва сарнагун аст ва чизе аз хайр дар он дохил намешавад ва он қалби кофир аст.
2. Диле, ки нуқтаи сиёҳи дар он аст ва хайру шарр дар он ворид мешавад, то яке аз онҳо бар дигаре ғалаба кунад.
3. Диле, ки боз аст ва чароғи фурӯзоне дар он аст, ки то рӯзи қиёмат хомӯш намешавад.
Дар ин ривояти таъбир «то рӯзи қиёмат хомӯш намешавад» бисёр ҷолиб аст ва вижагии қалб маънои дуввумро баён мекунад, ки то рӯзи қиёмат нӯри он хомӯш намешавад ва баъд аз пӯсидани бадан низ нӯронияти ин қалб идома дорад, вале қалб ба маънои аввал (қалби санавбарӣ) ҳамзамон бо бадани инсон мепӯсад ва аз байн меравад.
«Ҳеҷ бандаи нест ҷуз ин, ки дар дили ӯ нуқтаи сафеде ҳаст, ҳангоме ки гуноҳе аз ӯ сар бизанад дар миёни нуқтаи сафед, нуқтаи сиёҳе падид меояд, агар тавба кунад он нуқтаи сиёҳ аз байн меравад ва агар дар гуноҳон ғӯтавар шавад бо ҳар гуноҳе бар нуқтаи сиёҳ афзуда мешавад, то ҳамаи нуқтаи сафедро бипӯшонад. Ҳангоме ки нуқтаи сиёҳ бар нуқтаи сафед ғалаба кунад, ҳаргиз соҳиби он қалб ба сӯйи хайр боз намегардад».
Худованд дар сураи «Мутаффифин» ояти 14 мефармояд: «Ончӣ анҷом доданд бар дилҳояшон занг зад».
Ва дар ҷойи дигар мефармояд: «Онон, ки тақво пеша карданд, ҳангоме ки васвасае аз ҷониби шайтон ба онҳо расад, мутазаккир шаванд, пас онгоҳ онҳо бино шаванд».
(Сураи Аъроф, ояти 200)
Дар ин оят баён шудааст, ки ҷило ва нӯронияти қалб, бо ёди Худо ҳосил мешавад ва парҳезкорон ёди Худо кунандагонанд ва тақво даре аст ба сӯйи ёди Худо, ва ёди Худо даре аст ба сӯйи кашфи ҳақоиқ, ва кашфи ҳақоиқ даре аст ба сӯйи растагории акбар.
Ҳифозати қалб
Бидон, ки дил монанди қалъаи муҳкам аст ва шайтон чун душмани ҳуҷумкунанда, талош мекунад вориди қалъа шуда ва онро соҳиби кунад.
Ҳифзу ҳиросат аз ин қалъа ҷуз бо нигаҳбонӣ аз дарҳои вурудии он имконпазир нест, лизо барои ҳифозат аз қалъа бояд ҳамаи дарҳои вурудӣ ва роҳҳои нуфӯзи он ба хубӣ шинохта шавад.
Чизе ки ҳамаи роҳҳои нуфӯзи шайтон ба қалъаи дилро мебандад, таваҷҷӯҳ ба Худо ва рӯй овардан ба даргоҳи ҳазрати Аҳадият аст. Бояд ба худ биандешӣ, ки дар баробари ҳазрати Парвардигор истодаӣ, агар ту ӯро намебинӣ, ӯ туро мебинад.
Чунонки дар аҳодис ворид шудааст: «Ҳангоме ки ин маъноро бо аъмоқи дилат дарк намудӣ ва ба он ҷомаи амал пӯшонидӣ, ҳамаи роҳҳои нуфӯз ба рӯйи шайтони палид баста мешавад ва қалб комилан мутаваҷҷеҳи Худои мутаъол мегардад ва хулус дар ибодат ҳосил мешавад».
Фармонбардорони қалб
Инчунин, тамоми аъзо ва истеъдодҳои зоҳирӣ ва ботинӣ сарбозони мутеъ ва фармонбардори қалбанд. Чашми пеши қаровул ва роҳнамоии ӯ барои кашфи диданиҳост ва ҳаргоҳ чашм чизеро бубинад ба ӯ гузориш медиҳад ва ба сабаби пайванд ва иртиботи устувор миёни он ду ҳаргоҳ чизе дар он мустақар шавад, дар дигаре намоён мегардад. Дар воқеъ чашм оинае аст, ки метавон аз хилоли он ончиро, ки дар қалб қарор дорад, дид.
Ҳамчунин забони тарҷумон ва бозгӯкунандаи он чизҳое аст, ки дар дил ҷой доранд.
Ба ҳамин сабаб аст, ки Худованди мутаъол дар бисёре аз маворид, он серо( чашму гушу дилро) дар канори якдигар зикр фармудааст:
«Ба рости, ки дар мавриди шунидану дидан ва дил ҳама масъуланд (ва мавриди бозхост қарор мегиранд)».
(Сураи Исро, ояти 36)
Ҳамчунин, дар ояи дигар дилу диданиро дар канори якдигар қарор дода ва фармудааст:
«Мо дилҳо ва чашмҳои ишонро вожгӯна ва ҳайрон мегардонем».
(Сураи Анъом, ояти 110)
Шунидан низ кори ирсоли паёмҳо ва суханони дигаронро ба дили одамӣ бар ӯҳда дорад ва забон низ ҳамчунон, ки гуфта шуд, макнуноти дилро ба дигарон мунтақил менамояд.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки дигар аъзои зоҳирӣ ва ботинӣ вуҷуди одамӣ коргузор ва фармонбардори қалбанд .
Расули Худо салаллоҳу алайҳи вассалам мефармояд: «Бидонед, ки дар ҷисм узве қарор дорад, ки ҳаргоҳ ислоҳ гардад ҳама вуҷуди одамӣ ислоҳ мешавад ва ҳаргоҳ табоҳ шавад тамоми вуҷуди инсон фосид ва табоҳ мешавад, муттаваҷеҳ бошед, ки он узв қалб аст».
( Бухорӣ 52 ва Муслим 1599)
Абуҳурайра разиаллоҳу анҳу мефармояд: «Қалб фармонраво ва аъзои зоҳирӣ ва ботинӣ сарбозони ӯянд, агар фармонраво пок бошад, фармонбардорон низ роҳи покиро дар пеш мегиранд, аммо агар ӯ нопок гардад, фармонбардоронаш низ роҳи нопокиро бар мегузинанд».
(Мифтоҳ дор-ул-саъодат: ҷ.2, с.160)
Ин оятхо ва аходисхо баёнгари онанд, ки дилхои хешро аз харгуна олудагихо ва васвасахои шаётин ба Худои маннон панох бибарем ва ҷузви растагорон бошем.