Шиддати азоб дар қиёмат
Дастабандиҳо
Full Description
Шиддати азоб дар қиёмат
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Сабзаи ФАРОМАРЗӢ
2012 - 1434
شدة العذاب في يوم القيامة
«باللغة الطاجيكية»
سبزه فرامرزي
2012 - 1434
Шиддати азоб дар қиёмат
Худованд азоби қиёматро ба шевае баён медорад, ки андомҳоро ба ларза меоварад. Тавре, ки ҳеҷ нафсе тоқати онро надорад.
Бинобарин, шоистаи имондорон аст, ки бо анҷоми ибодату аъмоли солеҳа худро аз он дур нигоҳ доранд ва аз хашми Худо барҳазар бошанд. Азоберо, ки дар ин оят баён шуда ва илми ҷадид асрори онро кашф карда аст, диққат намоед:
«Бегумон касоне, ки далоилу оёти моро инкор карда ва паёмбарони моро такзиб намудаанд, саранҷом ишонро ба оташи ҳавлноке мепартоем ва ононро месӯзонем, ҳар замон, ки пусти баданашон бирёну сухта гардид, пустҳои тозаи дигаре ба ҷои онҳо қарор медихем, то бештар маззаи азобро бичашанд, Худованд тавонову ҳаким аст».
(Сураи Нисо,ояти 56)
Дар ин оят Худованд чунин баён медорад,ки ҳар замон оташ пусти баданашонро аз байн бибарад, пустҳои дигар ҷои онҳоро мегиранд. Иллати инки дар инҷо танҳо пусти баданро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст, зеро асабҳои дард дар сатҳи пуст қарор доранд, бофтаҳо ва азалоту аъзои дохилии ҷисм эҳсоси дарди камтаре мекунанд. Илми пизишки собит карда, ки дарди сухтагиҳои сатҳи, ки аз қисмати пуст таҷовуз намекунад, бештар аз сӯхтагиҳои амиқ аст ва сӯхтагиҳои амиқ ҳарчанд хатарноктар аст, аммо дарди камтаре аз сӯхтагии сатҳи дорад
Худованд мефармояд: «Ҳар замон оташ, пусти дузахиёнро аз байн бибарад ба манзури идомаи азоб, пустҳои дигаре ҷойи онро пур мекунад».
Ба рости дар инҷо ҳикмати илоҳи ошкор мегардад ва маълум мегардад, ки Ў тавоно ва дурусткор аст (و كان الله عزيزاً حكيماً).
Кофирон дар рўзи қиёмат ба андозае дар азобу тангно қарор доранд, ки агар метавонистанд худро наҷот диҳанд, ба ҳар қимате худро наҷот медоданд.
Худованд мефармояд:
«Бегумон агар ҳамаи ончи дар рӯи замин аст ва ҳаммонанди он моли кофирон бошад ва онро ба хотири наҷоти худ аз азоби рўзи қиёмат бипардозанд ва бихоҳанд хештанро бадон бозхарид кунанд, аз эшон пазируфта намегардад ва дорои азоби дардноке мебошанд».
(Сураи Моида,ояти 36)
Мусалламан кофирон ба ҳеҷ ваҷҳ ва ба ҳеҷ қимате наметавонанд худро аз азоби илоҳи раҳо созанд.
Касе, ки ба оёти марбут ба тавсифи рўзи қиёмат ва неъмати азоби он, таваҷҷуҳ кунад ва асрори чигунагии онро мадди назар қарор диҳад, ки чигуна дарёи бекарони фасоҳат ва балоғати онҳо мавҷ мезанад, тасдиқ мекунад, ки ин ҷумлаҳо аз ақли башар берун наомадаанд ва Муҳаммад (с) то ин андоза восеъул хаёл буда бошад,ва ин ахбори ғайбиро бо ин далоил ва ҳуҷҷати ақли котеъ аз ҷониби худ баён дорад. Маълум аст, ки оёт сохтаи башар нест, ваҳйи илоҳи бар Муҳаммад (с) мебошад, то ба василаи онҳо асрору розҳои охиратро барои мардум ошкор созад ва мардум барои чунин рӯзе худро омода созанд.
Поёни сухани мо сипос бар Худованди тавоно!