Оиладорӣ ибодат ва покӣ аз нопокиҳост
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Оиладорӣ ибодат ва покӣ аз нопокиҳост
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Муҳаммадӣ Мирзозода
Сомонаи: nahzat.tj
2012 - 1434
الزواج عبادة و وقاية من المحرمات
«باللغة الطاجيكية»
محمد ميزازاده
موقع: nahzat.tj
2012 - 1434
«Дар канори зан сукуну оромӣ пайдо намоед»
Ҳадаф аз бунёди оила дар дини мубораки Ислом нафси худро аз ҳаром пок намудан ва насли хуб ба дунё овардан мебошад. Худованд чун мардро офарид аз ҷинси худаш барояш ҷуфти муносибе пайдо кард, то бо ҳам унс гирифта, оромиву итминонро канори ҳам пайдо кунанд. Ин матлабро Худованд дар Қуръон дар сураи Рум ояти 21 баён дошта, мефармоянд:
ﭽوَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا لِّتَسۡكُنُوٓاْ إِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُم مَّوَدَّةٗ وَرَحۡمَةً٢١ ﭼ [الروم 21]
«Ва аз нишонаҳои қудрати Худованд инаст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҷуфт офарид, то дар канораш сукуну оромӣ пайдо намоед ва дӯстиву меҳрубониро дар байни шумо пайдо сохт».
Дар тафсири "Табарӣ" аз Абдулло ибни Аббос (р) дар маънои ин оят омадааст, ки фармуд: "Маваддат" дӯст доштани мард занашро ва "раҳмат" аз зарарҳо нигоҳ доштани вай мебошад."
Дар тафсири "Қуртубӣ" дар маънои ин оят омадааст: "Ба сабаби оиладор шуданатон хешу таборӣ байнатон пайдо шуда, ҳамдигарро дӯст медоред ва яке ба дигаратон раҳму шафқат мекунед."
Дар китоби "Туҳфатуларус" дар шарҳи ин оят омадааст: "Зан оромӣ ва сукун барои шавҳараш мебошад, ки зери партави муҳаббат, покӣ ва дустӣ ва ниёзи ҷинсии худро пурра сохта, дур аз палидии зино ва ҳаром қалбаш ором ва мутмаин мегардад."
«Зану мард барои ҳамдигар сатр мебошанд»
Худованд дар сураи Бақара ояти 187 мефармояд:
ﭽهُنَّ لِبَاسٞ لَّكُمۡ وَأَنتُمۡ لِبَاسٞ لَّهُنَّ١٨٧ﭼ [البقرة 187]
«Занҳо барои Шумо ва Шумо барои занҳоятон ба монанди либос мебошед».
Дар тафсири Ибни Касир аз Абдулло ибни Аббос (р-з), Қатода, ва Муҷоҳид дар тафсири ин оят омадааст, ки фармудаанд: "Занҳо барои Шумо ва Шумо барои занҳоятон сукун ва оромӣ мебошед." Рабиъ ибни Анас фармудааст: "Шумо барои занҳо ва онҳо барои Шумо ба манзалаи курпа мебошед."
Яке аз нависандагон ин маъноро таъбири зебое намуда, чунин менависад: "Марду зан барои ҳамдигар сатр мебошанд. Аз нигоҳи ҷисмӣ барои ҳамдигар покиро мебахшанд ва аз нигоҳи руҳӣ низ покии ҳамешагиро барои худ муҳайё месозанд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз монанди зану шавҳари меҳрубон барои онҳо сатр шуда наметавонад, чунки онҳо барои ҳифозат ва нигоҳдории номус, мол ва асрори ҳамдигар кушиш менамоянд. Онҳо ҷуфти худро аз нопокиҳо ва ҳаром ҳифозат менамоянд, ҳамчуноне, ки либос инсонро сатр намуда, аз сардиву гармиҳо нигоҳ медорад."
«Издивоҷ нисфи имон аст»
Расули акрам (с) мефармояд:
"الدُّنْيَا مَتَاعٌ وَ خيْرُ مَتَاعِهَا المَرْ أَةُ الصَّالِحَةٌ" (رواه مسلم)
"Дунё матоъ аст ва беҳтарин матои дунё зани солеҳа мебошад."
Дар ҳадиси дигар бо ривояти Байҳақӣ, ки онро ҳасан гуфтаанд, омадааст:
"إِذَا تَزَوَّجَ الْعَبْدُ فَقَد اسْتَكْمَلَ نِصْفَ دِينه فَلْيَتَّقِ الله فِي نِصْفِ البَاقي"
Яъне "Чун инсон издивоҷ кард, ба таҳқиқ нисфи динашро пурра сохтааст, пас дар нисфи дигараш аз Худо битарсад."
Ҳафт фоидаи издивоҷ
Дар ҳадиси дигар бо ривояти Тирмизӣ омадааст, ки Пайғамбар (с) фармудааст:
"ثَلاَثَةٌ حَقٌّ عَلى الله عَوْنُهُمْ, الَمُكَاتب الَّذِي يُريدُ الأَدَاء, والنَّاكِحُ الَّذِي يُرِيدُ الْعَفافَ, وَالْمُجَاهِدُ فِي سَبِيل الله "
"Се гуруҳе мебошанд, ки Худованд кӯмаки онҳоро бар ӯҳдаи худ гирифтааст: Якум, мукотаб (ғуломе, ки мехоҳад худро аз соҳибаш харида, озод кунад); Дуюм, шахсе, ки ба хотири худро аз ҳаром нигоҳ доштан, издивоҷ кардан мехоҳад ва сеюм, шахсе, ки дар ҷиҳод дар роҳи Худо мебошад."
Дар ривояти Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуд:
"يَا مَعشَرَ الشَّبَاب! مَنِ اسْتَطَاعَ مِنْكُمُ الْبَاءَةَ فَلْيَتَزَوَّج فَإِنَّهُ أَغَضُّ لِلْبَصَرِ وَأَحصَنُ لِلْفَرجِ, وَمَنْ لَا يَسْتَطِعُ فَعَلَيهِ بِالصَّوْمِ فَإِنَّهُ لَهُ وَجَاء "
"Эй ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавоноии издивоҷро дошта бошад, пас издивоҷ намояд, чунки издивоҷ сабаби дур шудани чашм аз нигоҳи ҳаром ва пок шудан аз зино мебошад. Ва аммо касе аз шумо тавоноии издивоҷро надошт, пас рӯза бигирад, чунки рӯза сабаби нигоҳ доштани нафсаш аз ҳаром мегардад."
Аз ин аҳодис чунин хулоса бароварда метавонем:
Якум. Инсон бояд дар интихоби ҳамсафари зиндагиаш дақиқ бошад ва онро аз миёни некутарин инсонҳо интихоб намояд.
Дуюм. Издивоҷ сабаби пурра шудани нисфи дини мусалмон мешавад.
Сеюм. Баъд аз издивоҷ бояд дар боқии аҳкоми дин аз Худо тарсид, то диндорӣ пурра гардад.
Чаҳорум. Ҳар касе ба хотири нафси худро аз ҳаром нигоҳ доштан издивоҷ кардан хоҳад, Худованд барояш кӯмак менамояд.
Панҷум. Мусалмон ҳадафи худро аз издивоҷ, пок доштани нафсаш аз ҳаром бигардонад, то Худованд дар ҳаёти оиладориаш кӯмакаш намояд.
Шашум. Ҷавононе, ки имконияти издивоҷро надоранд, рӯза гиранд, чунки рӯза шаҳвати инсонро паст намуда, сабаби покӣ аз ҳаром мегардад.
Издивоҷ сабаби оромишу осудагӣ дар ҳаёти инсон аст
Издивоҷ сабаби бо баракат шудани умри инсон ва зиндагии орому осуда гашта, ҳаётро ба танзим медарорад. Агарчи, зиндагии оилавӣ мушкилоту сахтиҳоро бо худ дорад, вале шахси оиладор ҳамеша худро хушбахт ҳисобида, бо вуҷуди ҳама сахтиҳо аз зиндагиаш розӣ мебошад.
Аммо инсони муҷаррад дар ҳаёти худ бо вуҷуди вақти зиёд доштан ва озодиаш аз тамоми сахтиҳои рӯзгор камбудиеро эҳсос мекунад ва лаззати хушбахтиро намечашад.
Инсони оиладор дар оғози зиндагӣ худро ҳамчун ғуломе мепиндорад, ки бори гарони зиндагиро мекашад, вале дар охири умр баъд аз заҳматҳо чун фарзандону набераҳояшро дар атрофаш мебинад ва худро мавриди эҳтиром ва муҳаббати онҳо меёбад, ҳама он заҳматҳо дар назараш наменамоянд ва эҳсоси танҳоӣ ва бекасӣ намекунад. Аммо инсонҳое, ки дар ҷавонӣ аз бори гарони оиладорӣ гурехтаанд, ин танҳоӣ ва бекасиро дар солҳои пирӣ, ки зарурати сахте ба дастгире доранд, эҳсос менамоянд ва пушаймонӣ аз нодонии худ мекунанд.
Дар китоби "Ҳаёти оиладорӣ" омадааст: "Бузургони динро чун фарзандонашон ба синни балоғат мерасиданд, дар бораи издивоҷ бо онҳо сухан мегуфтанд ва аз хонадони пок барояшон ҳамсар меҷӯстанд, то ҳаёти онҳо бо нопокиҳо олуда нашавад."
Охирсухан
Дар китоби "Издивоҷи исломӣ" ибораи зебое омадааст, ки овардани онро аз фоида холӣ намедонем ва ин гуфтаҳо аз суханони яке аз пешвоёни дин ва роҳбарони қофилаи даъват, Ашраф Алӣ Таҳонавӣ мебошанд, ки фармудааст: "Издивоҷ яке аз неъматҳои бузурги илоҳӣ аст, ки бисёре аз умури дин ва дунёро ислоҳ мекунад. Он манфиатҳо ва фоидаҳои бешумореро дарбар дорад. Одам аз гуноҳ наҷот пайдо намуда, ба оромиш ва сукуни қалбӣ мерасад. Аз васвасаҳои шайтон ва нигоҳи ҳаром растагор мешавад. Муҳимтар ин ки хам лаззату комгорӣ дорад ва ҳам аҷру савоб. Зеро сӯҳбати ошиқонаи зану шавҳар ва шӯхиву мулоабаташон бо ҳамдигар аз намози нофила болотар аст."
Хулоса оила ҷои пок ва мақоми бузургест, ки инсон ба ин макони муборак аз нопокиҳо ва ҳаром паноҳ бурда, лаззати зиндагӣ ва саодату хушбахтии оилавиро мечашад ва ба хотири зинда доштани номи худ ва идомаи умраш меросбарон ва наслеро мегузорад, ки риштаи ҳаёти ӯро идома медиҳанд.