Усома писари Зайд (р)

] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [

Ҳувайдои Абдуллоҳ

2012 - 1434

أسامة بن زيد رضي الله عنهما

«باللغة الطاجيكية»

هويدا عبد الله

2012 - 1434

Усома писари Зайд (р)

Паёмбар (с) гуфт: «Худоё, Усомаро дӯст медорам»

Некии Усома (р.з) ба модараш.

Падари Усома (р.з) писархонди Паёмбар (с), то мамнуъияти он.

Расули акрам (с): “Худоё, ҳардуи инҳоро дӯст дорам”

Ширкати Усома (р) дар мубориза ва ғазваҳо.

Қаҳрамониҳои Усома (р).

”Касе Худо ва Расули ӯро дӯст дорад, пас бояд Усома (р)-ро дӯст бидорад”

Абумуҳаммад Усома писари Зайд писари Ҳориса, аз канонаи Авф буд. Ҳафт сол қабл аз ҳиҷрати Паёмбар (с) дар Макка ба дунё омад. Падару модараш мусалмон буданд. Паёмбар (с) хонадони онҳоро бисёр дӯст медошт.

Падари Усома (р), Зайд писари Ҳориса (р.з) аз ҷумлаи аввалин касоне буд, ки дини Исломро пазируфт. Ӯ ғуломи озодкардаи ҳазрати Хадиҷа (р.з) буд. Замоне ки Хадиҷа (р.з) ҳамсари Паёмбар (с) шуд, ӯро озод кард ва дар ихтиёри Паёмбар (с) гузошт. Паёмбар (с) ӯро бисёр дӯст ва гиромӣ медошт. Пас аз солҳо ва гузашти замони бисёре падару модарашро мулоқот кард. Падару модар аз ӯ хостанд, то наздашон бимонад, вале ӯ зиндагӣ кардан назди Паёмбар (с)-ро бар ҳамроҳ будан бо падару модар тарҷеҳ дод.

Модари Усома, умми Айман, ки бо номи Барака ёд мешуд, канизи модари Расулуллоҳ (с), Омина бинти Ваҳаб буд. Ҳангоми вафоти Омина, Барака ӯро ҳамроҳӣ мекард ва ӯ бо Муҳаммад (с), ки ҳангоми вафоти модараш бачаи хурдсол буд, назди падарбузургаш Абдулмуталиб ба Макка бозгашт ва то муддате парвариш ва тарбияи Паёмбар (с)-ро ба ӯҳда гирифт.

Некии Усома (р) ба модараш

Муҳаммад ибни Сирин мегӯяд, ки замоне қимати нахл (хурмо) дар замони хилофати Усмон (р.з) ҳазор дирҳам буд. Дида шуд, ки Усома (р.з) ба мақсади дастрас кардани мағзи дарахти хурмо, нахлеро тикаву пора мекард ва мағзашро ба модараш медод. Ба ӯ гуфтанд, ки чи чизе туро ба ин ҳолат овард, дар ҳоле ки қимати як нахл ҳазор дирҳам аст? Усома (р.з) ҷавоб дод: “Модарам аз ман мағзи дарахти хурмо хоста, ӯ аз ман ҳеҷ чизи дигаре намехоҳад. Пас чигуна барои модарам инро дастрас накунам.”

Падари Усома (р.з) писархонди Паёмбар (с), то мамнуъияти он.

Зайд (р.з), падари Усома (р.з) ба Расулуллоҳ (с) хеле наздик ва азиз буд. Наздикӣ ва азиз будани Зайд (р.з) то андозае буд, ки мардум ӯро Зайд писари Муҳаммад (с) фарёд мезаданд, то ин ки Худованд ояти панҷи сураи “Аҳзоб”–ро нозил кард, ки: “Онҳоро ба исми падарҳояшон садо кунед ва ин кор боинсофтар аст назди Худованд”. Расулуллоҳ (с) аксар вақт ҳангоми ба ягон ҷо баромадан ва ё зиёрати касе рафтан ӯро ҳамроҳи худ мебурд. Қабл аз ҷараёни ғазваи Бадр, Расулуллоҳ (с) ба аёдати Саъд писари Абуубода рафт ва Усома (р.з)–ро ҳамроҳ бурд.

Расули акрам (с): “Худоё, ҳардуи инҳоро дӯст дорам”

Паёмбар (с) аз даврони хурдсолӣ ва ибтидои зиндагии исломӣ, Усома (р.з)–ро дӯст медошт ва ӯро болои зонуяш ва Ҳасан писари Алӣ (р.з)–ро болои зонуи дигараш мешинонд ва онҳоро ба оғӯш мегирифту мегуфт: ”Худоё ҳардуи инҳоро дӯст дорам, Худовандо ту ҳам онҳоро дӯст бидор”. Аз он чи ки дар сарчашмаҳо дармеёбем, маълум мегардад, ки Паёмбар (с) ҳамеша Усома (р.з)–ро дӯст медошт ва нисбати ӯ эҳтироми хоссе дошт. Замоне ки ӯ ба ҷавонӣ расид ва ҷавони қавию нерӯманд буд, зиндагияшро дар хидмати Расули Худо (с) ва даъват ба дини Ислом сипарӣ мекард.

Ҳазрати Усома (р.з) мефармояд: Рӯзе назди Расулуллоҳ (с) нишаста будам, ки Алӣ ва Аббос (р.з) омаданд ва иҷозаи ворид шудан хостанд. Ба Расулуллоҳ (с) гуфтам, ки Алӣ ва Аббос (р.з) иҷоза мехоҳанд. Гуфт, оё медонӣ чаро ба ин ҷо омадаанд? Гуфтам, на. Паёмбар (с) фармуд, ки ман медонам. Ба онҳо иҷоза бидеҳ ворид шаванд. Баъд аз дохил шудан гуфтанд: “Ай Расули Худо (с), назди ту омадем, то аз ту савол кунем, ки кадом шахс назди ту маҳбубтар аст?” Паёмбар (с) фармуд, ки Фотима духтари Муҳаммад (с). Гуфтанд, мо наомадаем, ки аз хонаводаат суол кунем. Паёмбар (с) фармуд: “Маҳбубтарини мардум назди ман он касе аст, ки Худо бар ӯ неъмате дод ва ман ҳам бар ӯ неъмате додам.”, яъне Усома писари Зайд (р.з) мебошад.

Ширкати Усома (р) дар мубориза ва ғазваҳо

Аввалин муборизае, ки Усома (р.з) дар он ширкат варзид, ҷанги Уҳуд буд. Ӯ дар ин мубориза ҳамроҳи теъдоде аз бачаҳо, ки иродаи дар набард ширкат карданро доштанд, хидмати Паёмбар (с) ҳозир шуданд. Расулуллоҳ (с) онҳоро ба хотири хурдсолӣ иҷоза надод. Усома (р.з) пас аз натиҷагирии Паёмбар (с) берун шуд ва аз чашмонаш ашк сарозер буд. Аммо вақте ҷанги Хандақ фаро расид, дубора барои иҷозаи ширкат дар мубориза хидмати Паёмбар (с) расид, дар ҳоле ки худашро баланд нишон медод. Усома (р.з) сари пой истода буд ва чунон вонамуд мекард, ки қадаш баланд ва синнаш зиёд аст. Паёмбар (с) ба ҳолаш нигарист ва дид, ки ӯ ширкат дар муборизаро бисёр мехоҳад, ӯро иҷоза дод, то ба набард биравад.

Усома (р.з) ҳангоми дохил шудани Паёмбар (с) ба Макка ӯро ҳамроҳӣ мекард ва замони ҷанги Уҳуд, ки мусалмонон ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд, дар канори Паёмбар (с) буд, ки он вақт ғайр аз теъдоди каме аз Саҳоба (р.з) касе дигаре дар канори Паёмбар (с) набуд. Вақти чанги Муъта зери парчами падараш Зайд писари Ҳориса (р.з) дар ҳоле ки ҳаждаҳ сол умр дошт бо душманони Ислом мубориза мекард ва дар ин ҷанг шаҳодати падарашро бо чашми худ мушоҳида кард. Баъди шаҳодати падар таҳти фармондеҳии Ҷаъфар ва ибни Равоҳаву Холид яке баъд аз дигаре меҷангид. Усома ва Билол (рз) ҳангоми Ҳуҷҷатулвидоъ ҳамроҳи Паёмбар (с) буданд ва яке аз онҳо маҳори шутури Паёмбар (с) –ро гирифта буд ва дигаре он Ҳазрат (с) –ро бо либосаш соя мекард, то он ки Паёмбар (с) “ҷамраи ақаба”-ро заданд.

Қаҳрамониҳои Усома (р)

Паёмбар (с) ба Усома писари Зайд (р.з) дастур дод, ки ба аҳли Убнай дар Фалстин ва қалъае наздики Ғазза ҳамчунин минтақаи Албалқоъ ҳамла кунад. Паёмбар (с) ба ӯ фармуд, ки бирав бо номи Худо. Усома (р.з) ҳамроҳи парчам ва лашкараш дар маконе ба номи Ҷурф наздики Мадина рафт. Ҳама сарбозон пас аз омода шудан ба лашкар ҳамроҳ мешуданд.

Бузургони саҳоба монанди Абубакр (р.з), Умар (р.з), Абуубайда (р.з) ва Саъд писари Абивақос (р.з) ҳамзамон чанде дигаре аз ин бузургон дар ин ғазва фаро хонда шуданд. Бархе аз саҳобаҳо, ки аз муҳоҷирин буданд, интихоби Усома (р.з) – ро ҳамчун сарлашкар чандон хуб напазируфтанд ва миёни худ дар бораи интихоби Усома (р.з) ҳамчун сарлашкар баҳсҳоеро ҳам кардаанд.

Паёмбар (с) пас аз шунидани он ки байни Саҳоба (р.з) дар бораи интихоби Усома (р.з) баҳсе пайдо гашта, сахт ғамгин шуд ва болои минбар баромад. Пас аз ҳамду ситоиши Худованд гуфт: “Эродҳое перомуни фармондеҳии Усома (р.з) ба гӯши ман мерасад, ба Худо савганд он чи ки шумо дар бораи фармондеҳии ӯ эътироз доред, шумо пеш аз ин ҳам дар бораи фармондеҳии падари ӯ низ эътироз доштед. Падараш аморат ва фармондеҳии шоистае дошт. Ӯ низ дар ин ҷода бузургӣ ва шоистагӣ дорад. Дар назди ман падараш аз бузургони шумо аст.” Пас аз ин Паёмбар (с) аз минбар поён омад ва дохили хона шуд.

Ба навиштаи таърихнигорон, он рӯз даҳуми рабиъулаввал соли ёздаҳум ҳиҷрӣ буд. Мусалмононе, ки аз лашкари Усома (р.з) буданд, пеши Паёмбар (с) омаданд ва рухсати сафар бар набардро гирифтанд. Лашкари Усома рафта шабро хобиданд ва рӯзи дигар Усома (р.з) хидмати Паёмбар (с) расид. Дар ин ҳангом, Паёмбар (с) бемор буд, Усома (р.з) аз дидани ҳоли Паёмбар (с) ғамгин шуд ва ашк мерехт. Ӯ назди Паёмбар (с) ба зону зад ва ӯро мебусид. Паёмбар (с) суҳбат намекард, дастҳояшро ба тарафи осмон баланд кард ва баъд ба сари Усома (р.з) молид. Усома (р.з) фаҳмид, ки Паёмбар (с) барои ӯ дуъо мекунад. Баъд аз он ба маҳалли лашкараш бозгашт. Паёмбар (с) дувоздаҳуми рабеъулаввал аз дунё риҳлат карданд.

”Касе Худо ва Расули ӯро дӯст дорад, пас бояд Усома (р.з) –ро дӯст бидорад”

Ҳазрати Усома (р.з) дар баробари он ки як сарлашкар ва муборизи бузурге ба шумор мерафт, ҳамзамон нафаре буд, ки ҳаёти худро зери таълим ва тарбияи Паёмбар (с) рангубор додааст. Таъсироти бисёреро низ аз ҳаёти мубораки Паёмбар (с) дар худ гирифт. Ӯ ҳамеша бо Паёмбар (с) рӯзи худро мегузаронид ва яке аз шахсиятҳое буд, ки Паёмбар (с) ӯро дӯст медошт ва ҳатто амр мекард, то ин ки Усома (р.з) –ро дӯст доранд. Тавре дар ҳадиси ривоятшудаи Оиша (р.з) омада: “Пас аз он ки Паёмбар (с)–ро шунидам, ки мегуфт: ”Касе Худо ва Расули ӯро дӯст дорад, пас бояд Усома (р.з) –ро дӯст бидорад”. Барои ҳеҷ нафаре иҷоза нест, ки бар Усома (р.з) ғазаб кунад ё нисбаташ бадбинӣ зоҳир намояд”. Мегӯянд Усома понздаҳ сол дошт, ки Паёмбар (с) ӯро оиладор кард.

Усома (р.з) дар охирҳои хилофати Муъовия (р.з) дунёро падруд гуфт. Тавре зикр шуда, Ӯ дар Алмиза ғарби Димишқ ба сар мебурд, пас аз он ба водии Алқуро баргашт. Баъд аз он ба Мадина омад ва дар Мадина дар маконе бо номи Ҷурф аз дунё даргузашт.