×
Маҳбуби ман; Маҳбуби ман зотест, ки Аллоҳи муттаол ӯро ба ҳайси охирин паёмбар барои раҳоии башарият фиристод, ки муҳаббаташро ҷузъи дин, суханашро манбаи дин ва сираташро машъали роҳ бароямон муқаррар намуд. Аммо мутаассифона имрӯз мо аз зиндагии ин маҳбуб хело дур шудаем ва чӣ қадар ниёзаст то ба он баргардем.

    Ин аст маҳбуби ман: Муҳаммад (с)

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Суннӣ нюз: sunninews.net/tj

    2012 - 1433

    هذا هو حبيبي محمد ﷺ

    «باللغة الطاجيكية»

    موقع سني نيوز: sunninews.net/tj

    2012 - 1433

    Ин аст маҳбуби ман: Муҳаммад (с)

    Маҳбуби ман; Маҳбуби ман зотест, ки Аллоҳи муттаол ӯро ба ҳайси охирин паёмбар барои раҳоии башарият фиристод, ки муҳаббаташро ҷузъи дин, суханашро манбаи дин ва сираташро машъали роҳ бароямон муқаррар намуд. Аммо мутаассифона имрӯз мо аз зиндагии ин маҳбуб хело дур шудаем ва чӣ қадар ниёзаст то ба он баргардем.

    Бародар ва хоҳари гиромӣ! Биё аз зиндагии наҷотдиҳандаи башарият шаммае гирифта ва зиндагии худро бо он равшан созем, бо ахлоқи ӯ мутамассик шавем, аз ҳидояташ пайравӣ намоем, аз зуҳд, аз худгузарӣ, даъват ва ҷиҳодаш улгӯ бигирем ва билохира сирати мутаҳҳарашро сармашқи зиндагӣ қарор диҳем. Оё омодаӣ? Пас инаст маҳбуби ман.

    Вижагиҳои ахлоқии маҳбуби ман

    Маҳбуби ман чеҳраи нӯронӣ дошт, нӯре, ки вайро бартарӣ мебахшид, гомҳояш дар ҳадди ниёз буд, орому бовиқор ва бо қадамҳои устувор роҳ мерафт. Чашмонашро поён меандохт ва ба замин бештар аз осмон хира мешуд. Чун бо касе рубарӯ мешуд дар салом додан пешдастӣ мекард,бидуни ниёз сухан намекард, суханро бо номи Аллоҳ оғоз ва хотима медод, суханонаш шумурда шумурда ва қотеъ буд ва газзофу нуқсон дар он роҳ надошт, фасеҳу балиғ суҳбат мекард, беҳуда ва ёва намегӯфт, ҳаргиз ғизоеро бад намегӯфт ва ҳеҷ вақт ба хотири худаш интиқом намегирифт, вақте хушҳол буд, чашмонашро поён меандохт ва хандаҳояш табассум буд, ҳаргиз дар байни ду кор мухайяр нашуд, магар, ки осонтарашро бармегузид, албатта дар сурате, ки нофармонии Худо дар он набуд. Хулоса ин, ки ба гуфтаи модарамон Ойша (р) «Ахлоқаш Қуръон буд». Шамоили Тирмизӣ

    Зиндагии шахсии маҳбуби ман

    Дар пӯшидани либос ва интихоби ғизо сахт намегирифт, ҳар либосе, ки барояш даст медод, мепӯшид, бештар аз либоси маъмулии мардум истифода менамуд, аммо дар сурати ниёз барои истиқболи ҳайатҳо ва соири муносибатҳо либоси муносиб мепӯшид. Аз ҳар хуроке, ки мавҷуд буд, мехурд ва агар ҳам хуроке пайдо намешуд, гурусна мехобид ва чӣ басо аз шиддати гуруснагӣ санге бар шикамаш мебаст. Барои хоб ҳам тушаке, ки аз пусти хурмо дар он буд, истифода менамуд, бар рӯи бӯрё менишаст ва чӣ бас барои хобидан ҳам ба он басанда мекард.

    Зиндагии маҳбуби ман дар манзил

    Зиндагии маҳбуби ман дар ҳамсуҳбатӣ бо ҳамсаронаш ширинсухан буд, бо онон бисёр гуфтугӯ мекард, рафтори ононро мепазируфт ва рӯҳияи хоси ононро дар назар мегирифт ва мефармуд: «Беҳтарини шумо касест, ки бо хонаводаи худ беҳтарин бошад» Тирмизӣ

    Ойша (р) мефармояд: «Ҳеҷ вақт хонаводаи Муҳаммад (с) ду рӯзи пай дар пай аз нони гандум сер нашуданд, гоҳе як ва гоҳе ду моҳ мегузашт, аммо дар хонаи мо оташ равшан намешуд ва хуроки мо танҳо обу хурмо буд. Ӯ (с) гоҳо ҷавшанашро гарав мегузошт, то миқдоре ҷав барои хуроки хонаводааш таҳия кунад». Бухорӣ

    Кор кардани Паёмбар (с) дар манзил

    Модари мо Ойша (р) дар бораи кораш дар хона мефармоянд: «Паёмбар инсоне ҳамчун дигар инсонҳо буд, кафши худро тармим мекард, либоси худро медӯхт, гӯсфанди худро медӯшид, корҳое, ки як мард дар хона анҷом медиҳад, эшон низ анҷом медод ва чун вақти намоз мерасид, берӯн мерафт». Бухорӣ

    Рафтори маҳбуби ман бо ёронаш

    Ходим ва дӯсти кӯчаки маҳбуби ман; Анас (р) мегӯяд: «Даҳ сол барои Паёмбари Худо (с) хидмат кардам, аммо ӯ ҳаргиз бароям нагуфтанд: Чаро чунин кардӣ ва чаро чунин накардӣ?» Бухорӣ

    Ойша (р) мегӯяд: Паёмбари Худо (с) ҳеҷгоҳ бо зердастони худ ба тундӣ рафтор намекарданд ва ҳеҷ вақт занону хидматгоронро танбеҳ намекарданд». (Зарқонӣ, шарҳи Мавоҳиб).

    Абӯҳурайра (р) нақл мекунанд: Бо Расули Худо (с) ба бозор рафтем, то изоре бихарем. Фурушанда хост дасти муборакро бибӯсад, вале ӯ дасташро ақиб кашид ва фармуд: «Ин корро аҷам дар муқобили подшоҳон анҷом медиҳанд, ман подшоҳ нестам, ман марде аз миён шумо ҳастам». Ӯ изорро бардошт, ман хостам онро барои Паёмбар бардорам, вале иҷозат надод ва фармуд: «Барои бардоштани ҳар чизе соҳибаш сазовортар аст» (Нуруляқин фи сирати Сайидилмурсалин).

    Як бор ёронаш дар сафар буданд, вақти ғизо фаро расид ва хостанд гусфандеро бипазанд, яке гуфт: Сарбуриданаш бо ман, дигаре гуфт: ман пӯсташ мекунам!, саввум гуфт: пухташан бо ман!, маҳбуби ман гуфт: ман ҳезӯм ҷамъ мекунам! Гуфтанд: Эй Расули Худо! Мо кори туро анҷом медиҳем! Фармуд: Ман медонам шумо кори манро анҷом медиҳед, аммо ман дӯст надорам, худро аз шумо ҷудо кунам, зеро Аллоҳ дӯст надорад ҳеҷ бандае худро аз ҳамроҳонаш ҷудо кунад» (Зарқонӣ, шарҳи Мавоҳиб).

    Маҳбуби ман узри хатокорро мепазирӯфт ва ҳеҷ касро бо ному лақабе, ки бадаш меомад, садо намекард. Агар аз касе ношояме медид, ё мешунид, бидуни ин, ки аз ӯ ном барад, мефармуд: «Ҳоли касоне, ки чунин мекунанд, чӣ гуна аст?» (Абӯдовуд).

    Дӯст надошт касе ба хотири ӯ аз ҷояш бархезад, ҳар ҷо, ки холӣ буд, менишаст. Ба бозор мерафт ва мардумро ба амонатдорӣ васият мекард ва ононро аз фиребу хиёнат дар муомала ва тиҷорат боз медошт. Дар умури сиёсӣ ва ҷангӣ ва умури дунё бо соҳибони назар машварат мекард ва ба назарашон гӯш медод.

    Хашят ва ибодати маҳбуби ман

    Маҳбуби ман муроқибат ва назорати Худоро бисёр эҳсос мекард ва тарси Илоҳӣ дар дили мубораки эшон бисёр нумув дошт. Бештари вақти хешро ба ибодати Аллоҳ сипарӣ мекард, шабҳо бедор ва дар ҳоли рукуъу саҷда буд. Модарамон Ойша (р) аз вай мепурсанд: Чаро ин қадар ибодат мекунӣ, дар ҳоле, ки Худованд гуноҳони гузаштаву ояндаатро барои ту бахшидааст? Дар посӯх мефармояд: «Оё бандаи сипосгузоре набошам?». Худоро бисёр ёд мекард, тамоми корҳояшро бо номи Аллоҳ оғоз менамуд ва ба ситоишаш хотима мебахшид ва ҳаргиз аз розу ниёз бо Аллоҳ хаста намешуд.

    Таваҷҷуҳи маҳбуби ман ба варзишу сиҳат

    Паёмбар (с) даруни пок дошт ва ба рӯи зиндагӣ механдид. Бо Ойша (р) мусобиқа мекард, бо паҳлавони аср (Рукона) гуштин мегирифт, бозии ҳабашиҳоро тамошо мекард. Ба либосу саломати шахс хеле аҳамият медод, бисёр истеҳмом (ғусл) менамуд ва худро муаттар месохт. Агар аз роҳе мегузашт, мардум аз бӯи хушаш мефаҳмиданд, ки Паёмбар (с) аз он ҷо гузаштааст ва агар касе бо эшон даст медод, бӯи хушаш ӯро то муддате бар дасти худ эҳсос мекард.

    Ҳазлу шӯхии Паёмбар (с)

    Паёмбар (с) шӯхии солимро дӯст медошт ва ба латифаи зебо механдид ва бо ёронаш шӯхӣ мекард, вале шӯхияш рост ва ҳақиқат дошт. Зане ба номи (Умми Айман) барои ниёзи шавҳараш пеши Паёмбар омад ва Паёмбар (с) аз ӯ пурсид: Ҳамсарат кист? Гуфт: фалонӣ! Фармуд: ҳамоне, ки дар чашмаш сафедӣ вуҷуд дорад? Гуфт: Эй Расули Худо дар чашмаш сафедӣ нест! Фармуд: чаро дар чашмаш сафедӣ нест? Он зан зуд ба назди шавҳараш баргашт ва ба чашмони ӯ чашм дӯхт. Шавҳараш пурсид: чӣ кор мекунӣ? Гуфт: Паёмбар (с) ба ман фармуданд, ки дар чашми ту сафедӣ ҳаст! Гуфт: оё намебинӣ, сафедии чашмам аз сиёҳии он бештар аст?

    Фурутанӣ ва гузашти Паёмбар (с)

    Бо мардум ҳамчун Паёмбари бузургвор ва раҳбари мутавозеъ рафтор мекард. Вақте баъд аз 21 сол таколифу муҷоҳадат фотеҳона вориди Макка шуд, бар хилофи фотиҳони имрӯза сари мубораки худро ба нишони тавозуъ поён андохта буд. Мардони Қурайш тарсон наздаш омаданд, пойҳои яке аз тарс меларзид. Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: «Роҳат бош, ман фарзанди ҳамон зани қурайшӣ ҳастам, ки гушти хушкшуда мехурд». Маҳбуби ман ба суханони барда, бева ва бенаво ба диққат гӯш медод. Дар сари роҳ барои ҳар касе, ки қасди суҳбат бо вайро дошт, меистод ва ҳар киро медид, бо ӯ даст медод ва дасташро то замоне раҳо намекард, ки он шахс дасташро ақиб мекашид. Ба дидани ёронаш мерафт, аз беморон иёдат менамуд, ба мушкилоташон гӯш медод ва дар ғаму шодии эшон шарик буд.

    Меҳрубонӣ ва дилсӯзии маҳбуби ман

    Маҳбуби ман бо кӯдакон, занон ва бенавоён хеле меҳрубон буд. Як бор дар намоз гиряи бачаеро шунид, ки модараш пушти сари ӯ машғули намоз буд, намозашро қатъ кард. Дар яке аз ғазваҳо ҷанозаи занеро дид, нороҳат шуд ва фармуд: «Магар шуморо аз куштани занон манъ накарда будам?, ин зан бо шумо намеҷангид». Бо ҳайвонот ба ҳадде меҳрубон буд, ки зарфи обро назди гурба мегузошт. Як бор шутури лоғаре дид, фармуд: «Дар мавриди чаҳорпоён аз Худо битарсед ва онҳоро сер кунед».

    Ҳамдардии маҳбуби ман бо мардум

    Фотима (р) як бор аз ранҷу заҳмати кори манзил пеши эшон шикоят кард ва аз ӯ хост хидматгоре ба ӯ диҳад, аммо ӯ қабул накард ва фармуд: "Дар ҳоле, ки шиками аҳли Суффа аз гуруснагӣ ба ҳам мепечад, чӣ тавр метавонам ба ту хидматгор бидиҳам".

    Зуҳду порсоии маҳбуби ман

    Рӯзе Умари Форӯқ (р) назди Паёмбар (с) рафт, дид, ки эшон бар рӯи бӯрёе дароз кашида ва ҷои бӯрё бар паҳлӯи мубораки ӯ намоён аст, ба хонаи Паёмбар (с) нигоҳ кард, ба ҷуз халтаи овезон ва каме ҷав чизе наёфт. Умар (р) ба гиристан шуруъ кард. Паёмбар (с) фармуд: «Эй писари Хаттоб! Чӣ чиз туро ба гиря андохт?» гуфт: Эй Расули Худо (с) чӣ гуна гиря накунам, ин бӯрёат дар паҳлуят асар ниҳода ва он ҳам хонаат, тамомаш ҳамин аст ва он тараф подшоҳони Ирону Рум дар нозу неъмат ба сар мебаранд, дар ҳоле, ки ту Паёмбари Худо ва фиристодаи ӯ ҳастӣ! Он ҳазрат (с) фармуд: Эй писари Хаттоб, оё дар он шакке дорӣ? Онон касонеанд, ки тамоми чизро дар дунё гирифтанд». Абдуллоҳ бин Масъуд (р) ҳам дар чунин вазъе хидмати Паёмбари Худо (с) расид ва ба ӯ гуфт: чаро иҷозат намедиҳӣ чизеро барои шумо болои бӯрё бияндозем? Фармуд: «Манро ба дунё чӣ кор? мисоли ман ва дунё, мисоли мусофирест, ки дар сояи дарахте мешинад ва пас аз андаке истироҳат он ҷоро тарк мекунад. (Аҳмад).

    Нафақа ва бахшиши маҳбуби ман

    Маҳбуби ман бахшандатарин ва ҷавонмардтарини инсон буд. Дар бахшиш аз фақр намеҳаросид ва ҳаргиз аз вай чизе талаб нашуд, ки ҷавоби рад диҳад. Бахшишаш ҳаде надошт ва ҳаргиз чизеро захира намекард ва чӣ басо қарз мегирифт, то ба ниёзмандон бибахшад, чун аз дунё рафт, дирҳаму диноре надошт. Ёронаш бо таъбири зебои аз саховаташ мефармуданд: «Аз боди вазанада бахшандатар аст». Бухорӣ

    Адолату қотеъияти маҳбуби ман дар иҷрои ҳақ

    Паёмбар (с) дар баробари ҳақ дӯст ва хешованд намешинохт. Зане аз қабилаи Бани Махзум, ки соҳиби насаб буд, муртакиби дуздӣ шуд, наздиконаш Усома бин Зайдро назди ӯ барои шафоат фиристоданд. Паёмбар (с) сахт нороҳат шуд ва фармуд: «Оё барои иҷро нашудани ҳадде аз ҳудуди Худованд шафоат мекунӣ?», сипас мардумро ҷамъ кард ва барояшон хутбае пешкаш кард ва фармуд: «Эй мардум! Мардумони пеш аз шумо аз он ҳалок шуданд, ки агар фарди машҳур ва бузурге аз онон дуздӣ мекард, ӯро раҳо мекарданд ва агар заифе муртакиби дуздӣ мешуд, ӯро муҷозот мекарданд. Қасам ба Аллоҳ, агар духтарам (Фотима) дуздӣ карда буд, дасташро қатъ мекардам». Муттафақун алайҳӣ

    Шуҷоати маҳбуби ман дар ғазваҳо

    Авҷи ин манзари шигифтангез дар ғазваҳо ҳангоме намоён мешуд, ки эшон худ фармондеҳиро бар ӯҳда мегирифтанд ва дар васати корзор мерафт ва мусалмононро ба ҷанг дар роҳи Худо ва барои пирӯзии рисолате, ки бар ӯҳда гирифта буд ва бадон имон оварда буд, ташвиқ мекард. Эшон ҳеҷ вақт аз майдони набард фирор накарданд, ҳатто дар ҷанги Уҳуд вақте, ки бештари мусалмонон шикастхурда буданд, эшон собитқадам ҳамчунон дар баробари тирборони душманон истода буд ва меҷангид. Дар ин бора Алӣ (р), ки худ ҷанговари бебок буд, мегӯяд: «Вақте, ки чашмҳо ба хун менишастанд ва оташи ҷанг забона мекашид, мо ба Расули Худо (с) паноҳ мебурдем ва ҳеҷ кадом аз мо наздиктар аз Паёбабар ба душман набуд».

    Ишқу алоқаи маҳбуби ман ба адои вазифа ва иблоғи рисолаташ

    Маҳбуби ман аз ҳеҷ василае барои таблиғи рисолаташ фуругузор набуд ва душманонаш ҳам аз ҳеҷ василае барои боздоштани эшон аз даъваташ дареғ накарданд, вале бо вуҷуди он тамоми найранг ва таҳдид, ҳамчунон собитқадам истодагӣ кард ва ба амакаш он ҷавоби машҳурро дод, ки: «Қасам ба Аллоҳ агар хуршедро дар дасти рост ва маҳтобро дар дасти чапам қарор диҳанд, ки аз ин даъват даст бардорам, ҳаргиз раҳояш нахоҳам кард, то ин, ки Худованд онро пирӯз гардонад, ё дар роҳи он кушта шавам» Ҳайсамӣ дар Маҷмаъуззавоид

    Ҳангоме, ки сурати муборакаш дар ҷанги Уҳуд захмӣ ва дандони муборакаш шикаста шуд, ба ӯ гуфтанд: Чаро онҳоро дуои бад накардӣ? фармуд: «Ман барои нафрин кардан барангехта нашудаам, балки доъии хайр ва раҳмат ҳастам», ва фармуд: «Парвардигоро! қавми маро биёмӯрз, чун онон намедонанд».

    Ин буд танҳо тасовири кӯтоҳе аз сирати маҳбуби ман- дуруду саломи Худованд бар ӯ бод-.

    Силсилаи «паёми ислоҳ» -Ислоҳонлайн