ДАҲАИ ЗУЛҲИҶҶА, АҲКОМИ ИД ВА ҚУРБОНӢ
Дастабандиҳо
Full Description
ДАҲАИ ЗУЛҲИҶҶА, АҲКОМИ ИД ВА ҚУРБОНӢ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон
2012 - 1433
فضل أيام عشر ذي الحجة
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان الفوزان
2012 - 1433
ДАҲАИ ЗУЛҲИҶҶА, АҲКОМИ
ИД ВА ҚУРБОНӢ
Худоё, туро шукр мегўем, ки моро ба ин рўзҳои пурфазилат расондаи. Худоё, ҳамчуноне, ки моро ба ин рўз расонди, моро кўмак намо, то аз он пурсамар истифода барем ва аз мову тамоми мусалмонон қурбониҳоро қабул намо ва гуноҳҳои моро кафорат намуда, мартабаи моро баланд бардор.
Эй мардум! Шумо аз Худованди муттаъол битарсед ва дониста бошед, ки шумо дар рўзҳое қарор доред, ки дар он Худоро бештар зикр мекунанд ва ибодатҳои Ўро бештар анҷом медиҳанд ва ҳоҷиён раҳсипори хонаи Ў мешаванд.
Эй мусалмонон! Чи қадар вақтҳоро мо беҳуда сарф мекунем ва албатта дар оянда пушаймон мешавем. Дар гузашта вақтҳои азизи худро аз даст додем, биёед, то дар ин фурсати хуб аз он истифода барем ва аз савоби азими Худованд бенасиб нагардем.
Оё касе ҳаст, ки барои анҷоми корҳои неки шитоб кунад.
Худованд мефармояд:
﴿فَٱسۡتَبِقُواْ ٱلۡخَيۡرَٰتِ﴾
سُورَةُ البَقَرَةِ ١٤٨
«Дар корҳои хайр бар якдигар сабқат гиред»
(Бақара, 148)
Шумо ин ҳадиси шарифро, ки дар фазилати даҳҳаи Зулҳиҷҷа омадааст, хуб дар зеҳн ҷой диҳед.
Имом Аҳмад ва дигарон бо санади саҳеҳ аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р.з) чунин ривоят мекунанд: Ман дар назди Паёмбар (с) будам ва ба Ў амалҳои хубро ёдовар шудам пас фармуданд: "Ҳеҷ рўзҳое нест, ки дар онҳо амал хубтар бошад аз ин даҳа”(даҳ рузи аввали моҳи Зулҳиҷҷа). Гуфтанд: Эй Расули Худо! Ҳатто ҷиҳоди дар роҳи Худо? Ин сухан дар назарашон аҷиб намуд. Гуфт: Ва на ҷиҳоди дар роҳи Худо. Магар ин ки як нафар бо молу ҷонаш дар роҳи Худо берун равад ва ҷони худро дар он аз даст диҳад"
(Ривояти Бухори)
Эй бародари мусалмон! Каме ист ва аз худ бипурс. Дар ин айёми бузург барои фардо чи омода намудаи? Онҳоро читавр гузаронидани ҳасти? Оё ҳама рўзҳо барои ту як аст? Оё рўза гирифти ва ё нияти рӯза гирифтан дори? Оё садақа карди? Оё силаи раҳм намуди? Оё ба модару падарат накўи карди? Оё Худоро бештар зикр карди? Оё китоби Ўро бештар тиловат намуди? Оё ба даргоҳи Худованд нолаву зори намуди? Ман ҳам шуморо мепурсам, ҳам худро, то ин саволҳоро барои худ бидиҳем ва худ ба он посух диҳем.
Савол ин аст, ки чи гуна даъво дорем, ки мо ба рӯзи қиёмат,биҳишт ва дўзах имон дорем, дар ҳоле, ки ҳеҷ омодаги барои он рўз намебинем? Оё имкон дорад, агар як нафари моро подшоҳе ба назди худ хонад ва он подшоҳ дар назар дошта бошад, ки моро сахттарин азобро медиҳад ва ё тамоми талаботи моро бароварда мекунад, дар ҳоле, ки ин инсон ҳеҷ омодаги набинад? Баъзе олимон мегўянд: Ба Худо савганд, ин саволи бамаврид аст, ки аксари мардумро ба ҳайрат овардааст, ки чаро ба зинда гардонидани баъди марг имон дорем, вале барои он омодаги намебинем? Олимон сабабҳои инро дар чанд нуқта мебинанд:
1. Маълумоти кофӣ надоштан ва набудани яқини комил, боз илова бар ин ҳар замон онро ба ёд наовардан ва машғул шудан ба корҳое, ки миъодро аз ёд мебарад, ҳамчунин илова бар ин, табиъат ва хоҳишоти башари, ғурури нафс, ки инҳо ҳама пеши роҳи омодаги барои он рўзи пурҳайбатро мегирад. Барои ҳамин имон гуногун мешавад. Имоне, ки бузургтар аз осмону замин аст ва имоне, ки кўчактар аз зарра аст.
Эй мусалмонон! Ин даҳа бузург аст, ки Паёмбар (с) мефармоянд: "Ҳеҷ рўзҳое нест, ки дар назди Худованд бузургтару маҳбубтар аз рўзҳои даҳа (зулҳиҷҷа) бошанд. Пас шумо дар ин даҳа бештар такбир, таҳлил ва таҳмид гўед"
(Ривояти Табарони ва Аҳмад)
Тариқаи такбир гуфтан ҳамчуноне, ки дар суннат омадааст ин аст:
"Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Ло илоҳа иллалоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу акбару ва лиллоҳил ҳамд".
Шумо ин суннатро эҳё намоед ва салафи солеҳро барои худ намуна қарор диҳед.
Имом Бухори дар Саҳеҳи худ овардааст, ки Ибни Умар ва Абуҳурайра (р) "Дар ин даҳа ба бозорҳо мерафтанд ва такбир мегуфтанд ва мардум ҳамроҳи онҳо такбир мегуфтанд" Муроди онҳо ин буд, ки мардум такбирро ба ёд оранд ва такбир гўянд. Мақсад он нест, ки такбир ба як овоз ва бо садои баланд гуфта шавад, ки ин дар ҳадис наомадааст.
Ибни Ҳаҷҷоҷ дар "Мадхал" мегўяд: "Суннат ин аст, ки ҳар як нафар такбир гўяд ва аз паи садои дигарон наравад, зеро ин кор бидъат аст ва бо баланд кардани садо ҳурмати масҷид ва намозгузорон шикаста мешавад ва бо баланд кардани овоз ба ибодаткунандагону тиловаткунадагон ва зикркунандагон халал ворид мекунем".
Эй мўъминон! Аҳли илм мегўянд: Такбир ду намуд мешавад, мутлақ ва муқайяд.
Муқайяд он аст, ки дар паси ҳар намоз гуфта мешавад ва мутлақ он аст, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат гуфта мешавад.
Дар хона, кўча ва бозор. Агар такбири мутлақ бо даромадани даҳаи Зулҳиҷҷа оғоз шавад, муқайяд аз намози бомдоди рўзи Арафа баъди ҳар намози фарзи оғоз шуда, то охирин рўзҳои ташриқ идома меёбад.
Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (р) мегўяд: Ин дар ягон ҳадиси Паёмбар собит нашудааст ва дурустарин ақволе, ки аз саҳобагон омадааст, ин қавли Али ва ибни Масъуд (р) аст, ки такбир аз субҳи рўзи арафа оғоз шуда, то охири рўзи Мино идома меёбад.
Аммо Шайхулислом мегўяд: Саҳеҳтарин қавлҳо дар такбир ба қавли ҷумҳур, саҳобагон ва имомон он аст, ки такбир аз фаҷри рўзи арафа то охири рўзҳои ташриқ баъди ҳар намози фарзи гуфта мешавад. Ин аст машҳуртарини қавлҳо ва мардум ба ҳамин раъй амал мекунанд.
Баъзе уламо бар ин раъянд, ки такбир дар рўзҳои ташриқ танҳо маҳдуд ба баъди намозҳо набуда, онро бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолатҳо гуфт.
Бародарони аҳли Ислом! Рўзи Арафа яке аз рўзҳои бузурги Худованд аст, рўзест, ки дар он Худованд ин динро комил гардонидааст ва неъматашро бар мусалмонон пурра кардааст.
Худованд мефармояд:
﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ فِي مَخۡمَصَةٍ غَيۡرَ مُتَجَانِفٖ لِّإِثۡمٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ﴾
سُورَةُ المَائِدَةِ ٣
«Имрўз бароятон динатонро пурра гардонида, неъматамро бар шумо бартамом намуда бароятон Исломро чун дин пазируфтам» (Моида, 3)
Дар ин айём озод кардан аз оташ зиёд мешавад ва хатоҳою гуноҳҳо омўрзида мешаванд.
Ҳазрати Оиша уммулмўъминин (р.з) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармоянд: "Дар ҳеҷ рўзе Худованд аз оташи дўзах бандагонашро бештар озод намекунад монанди рўзи Арафа. Худованд ба малоикаҳо наздик шуда, бо ифтихор мегўяд: Инҳо чи мехоҳанд?"
(Ривояти Муслим)
Ибни Абдулбар мегўяд: Ин ҳадис далели он аст, ки гуноҳи онҳо бахшида шудааст, зеро Худованд бо гунаҳкорон ва хатокорон ифтихор намекунад, магар баъди қабули тавба ва мағфирати гуноҳон ва Худованд беҳтар медонад.
Яке аз фазилатҳои дигари рўзи Арафа он аст, ки дуо кардан дар он беҳтар аст ва дуо дар ин рўз хусусиятҳои вижаеро дорад. Паёмбар (с) мефармоянд: "Беҳтарин дуо дар рўзи Арафа аст. Ва беҳтарин чизеро, ки ман ва паёмбарони пешин гуфтаанд ин аст: Нест маъбуде ғайри Худованди ягонаи бешарик, мар Ўрост мулк ва мар Ўрост ҳамд ва Ў бар ҳама чиз тавоност"
(Ривояти Молик)
Ибни Абдулбар дар шарҳи ин ҳадис мегўяд: Аз ин ҳадис бармеояд, ки аз нигоҳи фиқҳи дуо дар рўзи Арафа беҳтар аст аз дигар рўзҳо ва худи рўзи Арафа беҳтар аст аз дигар рўзҳо ва ҳамчунин бармеояд, ки дуои рўзи Арафа ғолибан мустаҷоб мегардад.
Эй бародарони аҳли Ислом! Чунин гумон наравад, ки фазилатҳои рўзи Арафа танҳо барои ҳоҷиён аст ва танҳо дар ин рўз дуои ҳоҷиён қабул мегардад. Балки як чизе дар шаъни рўзи Арафа омадааст, ки танҳо барои ғайри ҳоҷиён аст, ки он рўза гирифтани рўзи арафа аст, ки дар фазилати он Паёмбар (с) мефармоянд: "Гуноҳони як соли гузашта ва як соли ояндаро кафорат мекунад"
(Ривояти Муслим)
Дар баробари ин ҳама фазилатҳо, рўзи Арафа боз агар инсон рўзадор бошад, лоиқи онро дорад, ки дуояш мустаҷоб гардад. Пас шумо кўшиш намоед, то онро рўза гиред ва дуоро дар ин рўз бештар намоед ва дар дуо ва нолаҳои ҳоҷиён шарик шавед, шояд Худованди мутаол дуои шуморо қабул намуда, гуноҳони шуморо мағфират намояд.
Эй мусалмонон! Ҳамчуноне ки шумо кўшиш ба харҷ медиҳед, то дар ин рўзҳои пурбаракат бештар ибодат намоед, кўшиш кунед, то дар ин айём гуноҳ накунед ва ҳамеша тавбаи насўҳ кунед, зеро тавба дар чунин рўзҳо бештар қабул мегардад, агарчи дари тавба ҳамеша боз аст.
Агар ақли солим аз мудовамати гуноҳ нафрат дорад, пас гурехтан аз гуноҳро дар рўзҳои бузург бояд бештар намояд.
Бархе аз аҳли илм мегўянд, ки гуноҳ кардан дар рўзҳои бузург кайфари сахттар дошта, азоби он ҳам сахт мебошад. Шайхулисломро дар бораи гуноҳи маъсият ва ҳадди зино пурсиданд, ки оё дар рўзҳои муборак зиёд мегардад? Ў ҷавоб дод: Бале, исён дар рўзҳои муборак ва дар ҷойҳои табаррук бадтар аст ва азоби он ҳам ба андозаи фазилати замону макон сурат мегирад.
Худованд мефармояд:
﴿ذَٰلِكَۖ وَمَن يُعَظِّمۡ حُرُمَٰتِ ٱللَّهِ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّهُۥ عِندَ رَبِّهِۦۗ وَأُحِلَّتۡ لَكُمُ ٱلۡأَنۡعَٰمُ إِلَّا مَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡۖ فَٱجۡتَنِبُواْ ٱلرِّجۡسَ مِنَ ٱلۡأَوۡثَٰنِ وَٱجۡتَنِبُواْ قَوۡلَ ٱلزُّورِ﴾
سُورَةُ الحَجِّ ٣٠
«Ҳамчунин ҳар кас ҳурмат ниҳодаҳои Худовандро бузург шуморад, назди Парвардигораш беҳтар аст. Ва барои шумо чорпоён ҳалол гардонида шудааст, магар он чи дастури манъаш бар шумо тиловат карда шуааст. Пас, шумо аз бутҳои палид ва гуфтори дурўғ парҳез кунед».
(Ҳаҷ, 30)
Эй мусалмонон! Ҳамчуноне ки ин даҳа дар умум ва бахусус рўзи Арафа ба фазилати зиёде доранд, як рўзи дигаре ҳаст, ки дар назди Парвардигор ниҳоят арзиши зиёд дорад ва он рўзи ҳаҷҷи акбар ва рўзи қурбонист.
Ҳазрати Умар (р.з) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармоянд: "Рўзи ҳаҷҷи акбар рўзи наҳр(қурбони) аст"
(Ривояти Тирмизӣ)
Ҳаҷчи акбар беҳтарин рўзҳои сол ба шумор меравад ҳамчуноне, ки Абдуллоҳ ибни Қурт аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Бузургтарин рўзҳо дар назди Худованди муттаъол рўзи наҳр (қурбони) аст, баъд аз он рўзи қарр (Рўзи ёздаҳуми зулҳиҷҷа, ки ҳоҷиён дар Мино истиқрор меёбанд)”
(Ривояти Абудовуд)
Шайхулислом Тақиюддин Абулаббос (р.з)-ро дар бораи фазилати рўзи ҷумъа ва рўзи наҳр савол карданд, ки кадомаш беҳтар аст? Фармуданд: Ҷумъа беҳтарин рўзҳои ҳафта аст ва рўзи наҳр (қурбонӣ) беҳтарин рўзҳои сол. Аксарияти уламо бо эшон дар ин масъала ҳамраъянд. Ў мегуфт: Ғайри ин намуд ҷавоб боиси баҳсу мунозараҳои зиёд мешавад. Уламо бар он итифоқанд, ки фазилати иди Қурбон аз иди Фитр бартар аст.
Эй бародарони аҳли Ислом! Вақте донистем, ки иди Азҳо ин ҳама фазилатҳоро дорост, оё мумкин аст, ки дар тоату ибодат дар чунин рўз танбали намоем? Баъзеҳо дар ин рўз ҳатто аз рафтан ба намози ид танбали мекунанд, ки ин намоз суннати муаккада буда, ҳеҷ мусалмон ҳақ надорад онро беузр тарк намояд, ҳатто баъзе олимон онро воҷиб медонанд. Шайхулислом Тақиюддин Аҳмад ибни Абдуссалом мегўяд: Сухани онҳое, ки намози идро воҷиб намедонанд, аз воқеият дур аст. Зеро он бузургтарин нишонаи мусалмонҳост ва мардум дар он аз намози ҷумъа бештар ҷамъ мешаванд ва дар он такбир машруъ шудааст.
Онҳое, ки онро фарзи кифоя меҳисобанд, далел надоранд.
Шайх Шамсиддин Абубакр дар бораи воҷиб будани он мегўяд: Ин қавл саҳеҳтар аст ва ба далелҳо рост меояд.
Олимони зиёде ҳастанд, ки онро воҷиб медонанд. Аллома Сиддиқ Ҳасанхон барои исботи ин раъй далели хубе овардааст. Ў мегўяд: Намози ид воҷиб аст, зеро он намози ҷумъаро соқит мекунад, ба ин тариқа, ки агар дар як рўз ҳам намози ид бошад ва ҳам намози ҷумъа, пас ид мемонад ва ҷумъа соқит мешавад ва агар он воҷиб намебуд наметавнист воҷибро соқит намояд.
Эй бародари аҳли Ислом! Вақте, ки Паёмбар (с) занони озодро амр намудааст, то ба намози ид бароянд, бо вуҷуди дар ҳайзу нифос будан, пас оё ту ба худ иҷозат медиҳи, ки дар он ширкат наварзи ва фарзандони худро нафармои, то ҳамроҳи мусалмонон дар ин маросим иштирок намоянд? Ин ҳарду идҳои қонунии мо аст, иди Фитр ва иди Қурбон, ки зикри Худованд дар он бештар мешавад ва тамоми мусалмонон дар атрофи як ақида бо ҳам ҷамъ мегарданд, агарчи кишварҳояшон мухталиф бошад, забонашон гуногун ва рангҳояшон мухталиф бошад. Агар барои мусалмонон эълони ин ибодат дар ҳама ҳол зарур бошад, пас дар ин замона, ки мусалмонон ба ин дараҷаи заъф расидаанд заруртар аст.
Дар ин ҷамъомади солонаи мусалмонон душманон дар ҳаросанд ва ҳар ҷамъомади умумии мусалмон қувватест барои онҳо, ки душманонро дар ҳарос меандозад, ин дар суратест, ки онҳо арзиши ин ҷамъомадро бидонанд ва дилҳои худро муттаҳид созанд ҳамчуноне, ки ҷисмҳои онҳо муттаҳид шудааст.
Эй мусалмон! Суннат он аст, ки барои баромадан ба намози ид худро пок намуда, аз хушбўиҳо истеъмол намои ва беҳтарин либоси худро ба тан куни. Бояд барвақт ба сўи намозгоҳ рави, дар ҳоле, ки дар роҳ такбир гўи ва пеш аз намози ид чизе нахўри. Паёмбар (с) пеш аз намоз чизе ба даҳон намекарданд, то ин ки аз намоз бармегаштанд ва аз қурбонии худ мехўрданд.
Эй бандагони Худо! Қурбонӣ кардан ба Қуръону Ҳадис ва иҷмоъи уммат собит шудааст. Уламо ихтилоф доранд, ки оё он воҷиб аст ё суннат. Бисёриҳо чунин фатво додаанд, ки қурбони кардан суннати муаккада аст барои мардуми доро, агарчи баъзеҳо онро воҷиб меҳисобанд.
Дар фазилати он аҳодиси зиёде омадааст ва бояд барои ризои Худо барои анҷоми он шитоб намуда, бо ҳам мусобиқа намоем. Худованд дар тўли таърихи башарият қурбони намуданро яке аз василаҳои ибодати худ қарор додааст. Ибни Касир (р) мегўяд: Худованд хабар медиҳад, ки забҳи чорво ва резонидани хун ба номи Худованд дар тамоми миллатҳо машрўъ буд.
Эй мусалмонон! Шумо чорворо ихтиёр намоед ва нафси худро пок созед. Чорво ҳарчи қиматтар ва фарбеҳтар бошад, ҳамон қадар дар назди Худованд маҳбубтар аст. Шайх Тақиюддин Аҳмад ибни Абдуссалом (р) мегўяд:
Савоб дар қурбони ба андозаи қимати умумии он аст. Шумо бикўшед, то он аз айбҳо холи бошад. Паёмбар (с) мефармоянд: "Дар қурбони чор намуд чорво ҷоиз нест. Қоҷе, ки каҷии чашмаш ошкор аст, беморе, ки беморияш ошкор аст, шале, ки шалияш ошкор аст ва шикастае, ки дуруст намешавад"
(Ривояти асҳоби сунан)
Ба ин чор айб қиёс мекунанд дигар айбҳоеро, ки ба он шабоҳат дорад ва ё бадтар аз он аст.
Имом Навави мегўяд: Иҷмоъи уммат бар он аст, ки бо ин чор айб қурбони ҷоиз нест ва ҳамчунин айбҳое, ки монанди ин аст ва ё бадтар аз ин аст,
мисли кўр, побурида ва монанди он.
Эй мўъминон! Уламо мегўянд қурбони кардан барои зиндагон омадааст, аммо барои мурдагон се қисм аст:
Якум: Мардуми зинда ба ҷои онҳо қурбони мекунанд, то дар савоб онҳо низ шарик шаванд, ҳамчуноне, ки Паёмбар (с) аз номи худ ва тамоми аҳли байташ қурбони намуда буд, ҳам зиндаҳо ва ҳам мурдаҳои онҳо.
Дуюм: Қурбони кардан аз номи мурдаҳо бо васияти худи онҳо.
Худованд мефармояд:
﴿فَمَنۢ بَدَّلَهُۥ بَعۡدَ مَا سَمِعَهُۥ فَإِنَّمَآ إِثۡمُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ﴾
سُورَةُ البَقَرَةِ ١٨١
«Пас ҳар ки васиятро баъди шуниданаш дигаргун намуд, пас гуноҳаш ба дўши ҳамонест, ки онро дигаргун намуд»
(Бақара, 181)
Сеюм: Ин ки аз пеши худ бе васияти мурдагон чизеро қурбони кунад ва савобашро ба онҳо бахшад, ки ин ҷоиз аст, вале баъзе уламо гуфтаанд: Мо тахсис додани қурбониро танҳо барои мурдагон аз суннат намебинем, зеро Паёмбар (с) махсус аз номи ягон мурда қурбони накарда буд ва дар замони Ў ҳеҷ яке аз саҳобагон ин корро анҷом надодаанд. Хатост агар инсонҳо дар сари соли мурдаҳои худ аз номи онҳо қурбони кунанд ва ё худро фаромўш карда, аз номи мурдагон қурбони кунанд.
Аз лутфу караму меҳрубонии Худованд аст, ки қурбонии мард кофист барои ҳамаи оила ҳам зиндаҳо ва ҳам мурдаҳо.
Эй бандагони Худо! Шумо ба тарафи мағфирати Парвардигори худ ва ба тарафи биҳиште бишитобед, ки паҳноии он чун осмону заминҳост. Шумо аз неъматҳои Худованд дар ин рўзҳо истифода баред, ки умр кўтоҳ аст ва сафар наздик ва роҳ пурхатар ва мағрури ғолиб ва хатар гарон ва назоратчии бино ва Худованд дар камин ва Ӯ касеро зулм намекунад.
Худованд мефармояд:
﴿فَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ خَيۡرٗا يَرَهُۥ ٧ وَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ شَرّٗا يَرَهُۥ ٨﴾
سُورَةُ الزَّلزَلَةِ ٧- ٨
«Пас ҳар касе, ки ба андозаи як зарра неки карда бошад, онро мебинад. Ва ҳар ки ба андозаи як зарра бади карда бошад, онро мебинад»
(Залзала, 7-8)