×
Мақола дар бораи Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон, Асосҳо дар робита бо услубҳои муассири фикрӣ дар ақлу андешаи кӯдак мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳафтум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон, Асосҳо дар робита бо услубҳои муассири фикрӣ дар ақлу андешаи кӯдак

    سلسلة تربية الأولاد، القسم السابع والثلاثون: عن أصول التربية النبوية للأطفال.

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    2. Асосҳо дар робита бо услубҳои муассири

    фикрӣ дар ақлу андешаи кӯдак

    Пешгуфтор,

    зикри чанд оят дар робита бо кӯдакон

    ﴿وَإِذۡ قَالَ لُقۡمَٰنُ لِٱبۡنِهِۦ وَهُوَ يَعِظُهُۥ يَٰبُنَيَّ لَا تُشۡرِكۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّ ٱلشِّرۡكَ لَظُلۡمٌ عَظِيمٞ ١٣ وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ١٤ وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَاۖ وَصَاحِبۡهُمَا فِي ٱلدُّنۡيَا مَعۡرُوفٗاۖ وَٱتَّبِعۡ سَبِيلَ مَنۡ أَنَابَ إِلَيَّۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٥ يَٰبُنَيَّ إِنَّهَآ إِن تَكُ مِثۡقَالَ حَبَّةٖ مِّنۡ خَرۡدَلٖ فَتَكُن فِي صَخۡرَةٍ أَوۡ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَوۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَأۡتِ بِهَا ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٞ ١٦ يَٰبُنَيَّ أَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ وَأۡمُرۡ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَٱنۡهَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَآ أَصَابَكَۖ إِنَّ ذَٰلِكَ مِنۡ عَزۡمِ ٱلۡأُمُورِ ١٧ وَلَا تُصَعِّرۡ خَدَّكَ لِلنَّاسِ وَلَا تَمۡشِ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَحًاۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٖ ١٨ وَٱقۡصِدۡ فِي مَشۡيِكَ وَٱغۡضُضۡ مِن صَوۡتِكَۚ إِنَّ أَنكَرَ ٱلۡأَصۡوَٰتِ لَصَوۡتُ ٱلۡحَمِيرِ ١٩﴾ [لقمان: ١٣، ١٩]

    «Ва (ёд кун) чун Луқмон ба писари худ гуфт ва ӯ он пи­сарро панд медод: «Эй писари ман! Ба Худо шарик муқаррар макун, ба дурустӣ, ки ширк ситаме бузург аст!» Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем, модараш вайро дар ҳоли сустӣ, болои сустии дигар,[1] дар шикам бардошта­аст ва аз шир боз кардани ӯ дар ду сол аст (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Бозгашт ба сӯи Ман аст. Ва агар бо ту дар он кӯшиш кунанд, то чизе­ро, ки туро ба (ҳақиқати) он донише нест, бо Ман шарик му­қаррар кунӣ, пас, аз онҳо фармонбардорӣ макун ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба сӯи Ман руҷӯъ дорад. Сипас, руҷӯъи шумо ба сӯи Ман аст, пас шуморо ба он чӣ мекардед, огоҳ мекунам. [Луқ­мон гуфт:] Эй писараки ман! Ба дурустӣ, ки агар [кирдоре] ҳам­санги донае аз сипандон бошад, пас дар миёни санге, ё дар ос­монҳо, ё дар замин бошад, (ба ҳар ҳол) Худо онро ҳозир меку­над, ҳамоно Худо борикбини хабардор аст. Эй писараки ман! Намозро барпо дор ва ба кори писандида бифармо ва аз нопи­сандида манъ кун ва ба ҳар чи ба ту бирасад, сабр кун, ба ду­рустӣ ки ин муқаддима аз корҳои мақсуд аст. Ва рухсораи худро аз мардум матоб[2] ва дар замин хиромон роҳ марав, ба дурустӣ ки Худо ҳар нозандаи худситояндаро дӯст надорад. Ва дар раф­тори худ миёнаравӣ кун ва овози худро фуруд ор. Ба ростӣ ки бадтарини овозҳо овози харон мебошад».[3]

    Асоси аввали фикрӣ,

    нақли қиссаҳо ва достонҳои омӯзанда барои кӯдак

    Возеҳу равшан аст, ки нақли қиссаҳои муфид ва бозгӯии достонҳои омӯзанда дар тақвияти таваҷҷӯҳу диққати нига­риш ва дар бедории фикриву ақлии кӯдак нақши бузургеро ифо мекунад ва ба хотири баҳраманд шудану лаззат бурдан аз онҳо соири услубҳову равишҳои фикрии муассирро дар ақлу андешаи кӯдак таҳти шиоъи худ қарор дода, онҳоро ба тасарруф дармеоварад…

    Аз ин рӯ, мо қиссаҳои бисёреро дар робита бо кӯдакон аз Пайғамбари акрам (с) меёбем, ки онҳоро барои асҳоби бузург­солу хурдсол, ки дар ҳузурашон буданд, бозгӯ мекарданд ва онон низ бо таваҷҷӯҳи зиёд, бо омодагиву бедории комил ба онҳо гӯш фаро медоданд. Пайғамбари акрам (с) барои эшон қиссаҳоеро роҷеъ ба ҳаводису рӯйдодҳои гузашта ҳикоя мекар­данд, то ин ки ҳам афроди ҳозири дар он ҷо ва ҳам наслҳои баъдиро то рӯзи қиёмат огоҳу бедор созад ва ба василаи онҳо панду ибрат бигиранд.

    Бояд донист, дар он ҳаводису рӯйдодҳо матлаби қобили мулоҳизаву бисёр муҳимм ин аст, ки ин гуна қиссаҳои наба­вӣ такя бар ҳақоиқи собитшудае мекунанд, ки дар замони гузашта рух додаанд ва дур аз хурофоту афсона мебошанд, балки онҳо қиссаҳое ҳастанд, ки эътимоду итминони комил ба таърихро дар вуҷуди кӯдак бармеангезад. Ҳамчунонки рӯҳашро лабрез аз ангезаву ҳаракат мекунанд ва дар замири ӯ ба гунае шуури исломиро поягузорӣ менамоянд, ки ҳеҷ гоҳ сарчашмаи он намехушкад ва чунон эҳсоси амиқеро дар ӯ ба вуҷуд меоваранд, ки сустиву кундиро намешиносад.

    Бегумон, ахбори уламои омилин ва гуфтору кирдори огоҳони некӯкор аз беҳтарин васоиле аст, ки фазоилро дар рӯҳу равони инсон менишонад, ӯро ба таҳаммули сахтиҳо, ранҷҳо дар роҳи аҳдофи асилу шариф ва мақосиди бузургу олӣ водор месозад. Ҳамчунин ӯро ба сӯи пайравӣ аз афроди фидокору пойбанд ба воҷибот бармеангезад, то ин ки ба бо­лотарин дараҷаҳову шарифтарин мақомот бирасад. Ба ҳа­мин сабаб аст, ки баъзе аз уламои салафи солеҳ гуфтаанд: «Қиссаҳои муфиду ҳикояҳои омӯзанда лашкаре аз лашкарҳои Худо мебошанд, ки ба василаи онҳо қалбҳои мардони роҳи Ху­до собиту устувор мегардад ва далели ин идда Қуръони карим аст, ки мефармояд:

    ﴿وَكُلّٗا نَّقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِۦ فُؤَادَكَۚ وَجَآءَكَ فِي هَٰذِهِ ٱلۡحَقُّ وَمَوۡعِظَةٞ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ ١٢٠﴾ [هود: ١٢٠]

    «Ва ҳар кадом аз саргузаштҳои пайғамбаронро, ки бар ту ҳикоят мекунем, чизе аст, ки ба он дили туро устувор мегардонем. Ва дар ин (саргузаштҳо) ҳақ барои ту омада ва панде ва тазаккуре барои мӯъминон аст».[4]

    Имом Абуҳанифа гуфтааст: «Бозгӯи ҳикояҳо аз ҳаёти уламо ва баёни некиҳои онҳо, аз нигоҳи ман, аз бисёр масоили фиқҳӣ беҳтар мебошад, ба хотири ин ки онҳо одоби қавм ме­бошанд. Далели ӯ ҳамин каломи Худованди поку муназзаҳ аст, ки мефармояд:

    ﴿أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُۖ فَبِهُدَىٰهُمُ ٱقۡتَدِهۡۗ ٩٠﴾ [الانعام: ٩٠]

    «Ин ҷамоа касонеанд, ки Худо онҳоро ҳидоят карда­аст, пас, ба равиши онҳо иқтидо кун…».[5]

    Ҳамчунин далели дигари ӯ ин сухани Худованд аст:

    ﴿لَقَدۡ كَانَ فِي قَصَصِهِمۡ عِبۡرَةٞ لِّأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِۗ ١١١﴾ [يوسف: 111]

    «Ба дурустӣ ки дар қиссаи пайғамбарон барои соҳибо­ни хирад панду андарз аст…».[6]

    Дар фаслҳои гузашта маънои теъдоде аз қиссаҳои наба­виро якеро пас аз дигаре баён намудем, аз қабили қиссаи Асҳоби ухдуд, қиссаи Ҷурайҷи обид, қиссаи он се нафари дармонда дар ғор, қиссаи Увайси Қаранӣ ва ғайра. Инак ба зикри баъзеи дигар аз қиссаҳои набавӣ мепардозем, то ин ки тӯшаи тарбиявию парваришӣ барои волидайну мурабби­ён бошанд, монанди

    а) Қиссаи ҳазрати Иброҳим, Исмоил ва модари Исмоил (а).

    б) Қиссаи Зал-Кифл.

    в) Қиссаи он се нафар (ақраъ, абрас ва аъмо).

    г) Қиссаи шахси ба миқдори ҳазор динор қарздор.

    Ба таври куллӣ, ҳамаи онҳо ба ҳашт қисса мерасад, ки метавон ба унвони шевае аз шеваҳои тарбияи кӯдакон исти­фода намуд. Инак шарҳу тафсири ҳар як аз онҳо:

    1. Қиссаи ҳазрати Иброҳим, Исмоил

    ва модари Исмоил (а)

    Дар ривояте омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфт: «Авва­лин василае, ки занон онро ба миёни худ мебастанд ва ба он кӯдакро ҳамл мекарданд, аз ҷониби Ҳоҷар, модари Исмоил ан­ҷом гирифт, ки ба василаи он Исмоилро ҳамл намуд, то аз назари Сора, ҳамсари дигари Иброҳим бардорад. Сипас, Иб­роҳим (а) Ҳоҷар ва писари ширхораашро ба Макка бурд, то ба Байтуллоҳ расид ва ононро дар зери Давҳа – дарахти бу­зурге болои Замзам, дар ҷои Хона ниҳод.

    Дар он замон дар Макка на касе зиндагӣ мекард ва на обу васоили дигари зист вуҷуд дошт. Иброҳим миқдоре об дар машк ва баъзе хурмо дар анбоне барои онон гузошт. Сипас, баргашт ва ба тарафи Шом ба роҳ афтод. Ҳоҷар, модари Исмоил аз дунболи ӯ омад ва гуфт: «Эй Иброҳим! Моро дар ин биёбоне, ки дар он на ҷои истиқомат аст ва на обу хӯр­да­нӣ, танҳо гузошта ба куҷо меравӣ?» Ҳоҷар ин суоли худро чанд бор такрор кард, вале Иброҳим ба вай таваҷҷӯҳ накард. Билохира, Ҳоҷар ба ӯ гуфт: «Оё ин корро Худованд ба ту дастур додааст?» Иброҳим гуфт: «Бале». Ҳоҷар гуфт: «Дар ин сурат Худованд моро ҳалок нахоҳад кард» ва ба сӯи Ис­мо­ил баргашт. Иброҳим роҳашро ба тарафи Шом идома дод, то ба маҳалли «Ас-Санияҳ», ҷое ки мардум ӯро намедиданд, расид ва рӯи худро ба тарафи Хона баргардонда, дастҳояшро бардошт ва чунин дуъо кард:

    ﴿رَّبَّنَآ إِنِّيٓ أَسۡكَنتُ مِن ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيۡرِ ذِي زَرۡعٍ عِندَ بَيۡتِكَ ٱلۡمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ فَٱجۡعَلۡ أَفۡ‍ِٔدَةٗ مِّنَ ٱلنَّاسِ تَهۡوِيٓ إِلَيۡهِمۡ وَٱرۡزُقۡهُم مِّنَ ٱلثَّمَرَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَشۡكُرُونَ ٣٧﴾ [ابراهيم: ٣٧]

    «Парвардигоро! Ҳамоно ман баъзе аз фарзандонамро (ба дастури Ту) дар сарзамини безироат дар назди Хонаи мӯҳтарами Ту сокин сохтам, Парвардигоро, то намозро барпо доранд, пас чунон кун ки дилҳои гурӯҳе аз марду­мон мутаваҷҷеҳи онҳо гардад ва ба эшон аз меваҳо рӯзӣ деҳ, то шояд, ки сипосгузорӣ кунанд».[7]

    Ҳоҷар ба писараш Исмоил шир медод ва аз оби машк ме­нӯшид, то ин ки оби он тамом шуд ва Ҳоҷару писараш ташна шуданд (ва ба танг омаданд). Ҳоҷар ба писараш Исмоил, ки аз шиддати нороҳатӣ худро бар замин мезад, менигарист. Ӯ намехост фарзандашро дар чунон вазъи нигаронкунанда бу­бинад. Ӯ аз водӣ ба тарафи кӯҳи Сафо болотар рафт, то бидонад, оё касеро мебинад ё на? Касеро надид ва аз Сафо по­ён омад, то ба водӣ расида, доманашро ҷамъ карда, давид, ба монанди давидани шахси хаста, то ин ки аз водӣ гузашт, баъд ба кӯҳи Марва омад. Болои Марва низ истоду ба атроф нигарист, то бидонад касеро мебинад ё на? Аммо касеро на­дид ва ин омадану рафтани байни Сафову Марваро ба ҳамон ҳолати давидан ҳафт бор анҷом дод.

    Ибни Аббос (р) мегӯяд: Пайғамбари акрам (с) фарму­данд: «Ба хотири ҳамон ҳафт бор давида рафту омад карда­ни Ҳоҷар дар миёни Сафову Марва аст, ки мардум (дар маро­сими ҳаҷ) он ҳафт бор давидан миёни Сафову Марваро анҷом медиҳанд».

    Билохира, вақте ки Ҳоҷар болои Марва баромад, садоеро шунид, ба худ гуфт: «Сокиту ором бош!» Боз ҳамон садоро шунид, Ҳоҷар гуфт: «Шунидам, агар фарёдрас ҳастӣ, ба кӯ­маки мо биё!» Ногаҳон дар маҳалли Зам-зам фариштаеро (Ҷибриилро) дид, ки атрофи худро ҷустуҷӯву мекунад. Бино­бар қавле, ёли худро бар замин зад, то ин ки дар ҳамон ҷо об пайдо шуд ва ба Ҳоҷар гуфт: «Об бинӯш». Ҳоҷар бо дасти худ чуқурие канда, онро ба сурати ҳавзчае даровард ва бо ма­шаққат миқдоре аз онро дар машк рехт ва аз он нӯшид. Ҳар андоза, ки аз он об бармедошт, фавран ба ҳамон миқдор чуқу­рии кандааш аз об пур мешуд…

    Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фар­мудаанд: «Худованд модари Исмоилро биомӯрзад, агар ӯ Зам-замро ба ҳоли худ мегузошт ва ё агар бо мушт аз он барна­медошту наменӯшид, Зам-зам ба сурати чашмае дар рӯи за­мин ҷорӣ мешуд».

    Баъд аз он Ҳоҷар аз он об нӯшиду ба писараш Исмоил шир дод. Он фаришта (Ҷибриил) ба ӯ гуфт: «Аз нобудии он ҳарос надошта бошед, чун ин ҷо маҳалли Байтуллоҳ аст ва писа­рат Исмоил (вақте бузург шавад) бо падараш Иброҳим (а) онро аз нав бино хоҳанд кард. Худованд аҳли онро аз байн на­мебарад. Дар он ҳолат ҷои Хона ба сурати теппачае аз замин баланд буд, вақте сел меомад, тарафи росту чапи онро фаро мегирифт.

    Онҳо дар ҳамон ҳолат ба сар мебурданд, то ин ки ҷамо­ате ва ё хонаводае аз қавми Ҷурҳум, ки аз роҳи Кадо омада буданд, дар поёни Макка фуруд омаданд. Паррандаеро ди­данд, ки дар ҳаво мечархад. Гуфтанд: «Ҳатман ин парранда ба даври об мечархад, бояд бидонем дар ин водӣ об ҳаст, ё не? Сипас, як нафар ё ду нафарро барои дурустии гумонашонро маълум кардан фиристоданд. Вақте онҳо ба он ҷо расиданд, диданд, ки об аст. Он ду фиристода баргаштанду хабари ву­ҷуди обро ба қавми худ доданд. Онон ба назди об омада, ди­данд, ки Ҳоҷару Исмоил дар назди обанд. Ба онон гуфтанд: «Оё иҷозат медиҳед, ки назди шумо биёем?» Ҳоҷар гуфт: «Оре, биёед, аммо ҳеҷҳаққе дар ин об надоред». Онон гуф­танд: «Бисёр хуб, мушкилӣ надорад».

    Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фар­мудаанд: «Ин худ мерасонад, ки Ҳоҷар модари Исмоил (дар он ҳолат) унсу ҳамзистиро бо дигарон мехостааст».

    Пас, онон дар он ҷо, дар канори Ҳоҷару Исмоил боқӣ мон­данд ва як нафарро ба сӯи аҳлу вобастагони худ фирис­то­данд. Онон низ ба эшон пайваста, дар он ҷо монданд ва хона­водаҳоеро ташкил доданд.

    Билохира, Исмоил бузург шуда, аз онон забони арабиро омӯхт ва мавриди алоқаву рағбати бисёри онон қарор ги­рифт. Дар ин асно модараш Ҳоҷар низ фавт кард ва баъд аз он ки Исмоил хонадор шуд, падараш Иброҳим (а) омад, то аз онон, ки дар биёбони Макка ба ҷо гузошта буд, иттилоъ ёбад ва нисбат ба эшон меҳру шафқат варзад. Аммо Исмоилро на­ёфт ва аз занаш хабари ӯро пурсид. Дар ҷавоб гуфт: «Исмоил рафтааст, то чизе барои мо ба даст оварад, (бинобар қавле гуфт: барои шикор рафтааст)». Сипас, Иброҳим (а) дар бо­раи зиндагӣ ва аҳволи онон пурсид. Зани Исмоил дар ҷавоб гуфт: «Мо дар вазъи баде ҳастем ва зиндагии сахтеро ба сар мебарем». Иброҳим гуфт: Вақте Исмоил баргашт саломи маро ба ӯ бирасон ва ба вай бигӯ: Остонаи дарашро тағйир диҳад».[8] Вақте Исмоил баргашт, гӯё чизеро мебинад, аз ин рӯ аз занаш пурсид: «Оё касе пеши шумо омадааст?» Занаш гуфт: «Оре, пирамарде бо чунину чунон мушаххасот омада, хабари туро аз ман пурсид ва баъд дар бораи чӣ гунагии зин­дагии мо савол кард. Ман низ ба ӯ гуфтам: «Мо дар вазъияте сахт ва тангнои шадид қарор гирифтаем». Исмоил гуфт: «Оё чизе ба ту тавсия накард?» Занаш гуфт: «Оре, ба ман дастур дод, ки саломи ӯро ба ту бирасонам ва ба ту мегуфт: «Остонаи дарат»-ро тағйир деҳ. Исмоил гуфт: «Ӯ падари ман аст ва ба ман дастур додааст, ки аз ту ҷудо шавам ва талоқат диҳам, пас ба аҳлу хонаводаи худ пайванд». Ҳамин тавр ӯро талоқ дод ва аз он қавм бо зани дигаре издивоҷ кард. Баъд аз муддате Иброҳим (а), бо хости Худо, назди онҳо омад ва ин бор ҳам Исмоилро надид ва назди зани Исмоил рафта, хабари ӯро пурсид. Дар ҷавоб гуфт: «Исмоил рафта­аст, то чизе барои мо ба даст биоварад». Иброҳим пурсид: «Вазъи зиндагӣ ва аҳволи шумо чӣ гуна аст?» Дар ҷавоб гуфт: «Алҳамдулиллоҳ, вазъи мо хуб аст ва дар рафоҳ мебошем, Худои ғолибу тавоноро сипосгузорем». Иброҳим гуфт: «Ма­води хӯрданиву нӯшидании шумо чист?» Гуфт: «хӯроки мо гӯшт ва нӯшидании мо об аст». Иброҳим гуфт: «Худоё дар гӯшту оби онон хайру баракат бидеҳ». Дар ривояти дигар омадааст: «Дар он ҳолат чизе надоштанд, агар барои онон дуъои чизе мекард, фароҳам мешуд».

    Ҳар кас ғайри аз мардуми Макка назди онон меомад, бо сукунати ӯ дар он ҷо мувофиқ набуданд. Иброҳим (а) ба ҳам­сари Исмоил гуфт: «Вақте ки Исмоил баргашт, саломи маро ба ӯ бирасон ва бигӯ: «Остонаи дарашро нигоҳ дорад». Вақте Исмоил баргашт (дид мисли ин ки бӯи хуше ба машомаш ме­расад), гуфт: «Оё касе пеши шумо омад?» Занаш гуфт: «Оре, пирамарди хушҳайкал ва бисёр мӯҳтараме омада, хабари ту­ро аз ман пурсид. Гуфтам: «Рафтааст, то чизе барои мо би­оварад». Пурсид: «Вазъи зиндагӣ ва ҳоли шумо чӣ гуна аст?» Дар ҷавоб гуфтам: «Алҳамдулиллоҳ, вазъи мо хуб аст». Ис­моил гуфт: Ба ту чизе тавсия кард?» Гуфт: «Оре, ба ту са­лом расонд ва ба ту дастур дод, ки остонаи даратро нигоҳ бидорӣ». Исмоил гуфт: «Он пирамард падари ман аст ва мақ­суди ӯ аз «остонаи дар» туӣ, ки ба ман дастур додааст: «Ту­ро нигоҳ дорам ва талоқ надиҳам».

    Иброҳим (а) то замоне, ки Худо хост, аз онон дур монд ва баъд аз гузашти муддате бо хости Худованд аз нав назди онон омад. Исмоил, ки ҷавони наҷибу фозил шуда буд, дар зери давҳа «дарахти бузурге», наздики чоҳи Зам-Зам нишаста буд. Вақте ки Иброҳим (а)-ро дид, аз ҷо бархоста, ба тарафи ӯ рафт ва ҳар ду ба расми робитаи падариву фарзандӣ аъмоли муҳаббатомезеро нисбат ба якдигар анҷом доданд (аз қабили даст дар гардан андохтан ва мусоҳафаву бӯсидани даст ва ғайра…). Сипас, Иброҳим ба писараш гуфт: «Эй Исмоил! Худованд кореро ба ман дастур додааст». Исмоил гуфт: «Он чи Худованд ба ту дастур додааст, анҷом деҳ». Иброҳим гуфт: «Оё дар анҷоми он маро ёрӣ медиҳӣ?» Исмоил гуфт: «Оре, туро ёрӣ медиҳам». Иброҳим ба ҷое ки нисбат ба ат­рофи он баландтар аст, ишора карда гуфт: «Худованд ба ман дастур додаст, дар ин ҷо хонае бисозам». Саранҷом, Иброҳим ва Исмоил (а) дар ҳамон маҳалли аз ҷониби Худованд таъ­йиншуда пойдевори Хонаро баланд карданд. Исмоил санг меовард ва Иброҳим онҳоро дар девор ба кор мебурд, то ин ки девори сохтмон баланд шуд. Иброҳим ҳамон санги машҳурро оварда зери пои худ гузошт ва рӯи он меистоду девор месохт. Исмоил низ сангро ба ӯ медод, то онро ба кор барад ва онҳо даст ба дуъо бардошта мегуфтанд:[9]

    ﴿رَبَّنَا تَقَبَّلۡ مِنَّآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ١٢٧﴾ [البقرة: ١٢٧]

    «Эй Парвардигори мо! (Ин амалро) аз мо қабул кун, ҳамоно Ту шунаво ва доноӣ!».[10]

    2. Қиссаи Ал-Кифл

    Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки мегуфт: «Аз Пайғамбари акрам (с) шунидам мефармуданд: «Қабл аз шумо, дар гузаштаи дур, марде (аз бани Исроил) ба номи «Ал-Кифл» буда, ки аз ҳеҷ чизе парҳезу иҷтиноб намекард. Вай зани мӯҳтоҷу ниёзмандеро ёфт ва ба ӯ маблағи зиёде, (ба ривояте) шаст динор, ба ӯ дод, то худро дар ихтиёраш бигзорад ва аз ӯ ком гирад. Ҳангоме ки бо ӯ хилват карда, хост ком гирад, зан Худоро ба ёд оварду музтариб шуд, лар­зид ва ба гиря афтод. Кифл гуфт: «Аз чӣ гиря мекунӣ?» Зан гуфт: «Ман ҳаргиз ин корро накардаву муртакиби чунин ама­ле нашудаам ва он чи, ки маро бар ин кор водошта, зарурату ниёзи шадид аст». Кифл гуфт: «Ман низ ин корро намекунам, бирав туро озод кардам ва он миқдор зарро ҳам ба ту бахши­дам. Ман ҳам тавба карда, бо Худои худ аҳд мебандам, ки дигар муртакиби чунин маъсияте нашавам». Мегӯянд: «Ал-кифл дар ҳамон шаб вафот кард ва бар болои дари ӯ навишта шуда буд: «Бегумон, Худованд Кифлро бахшид». Мардум аз ин кор шигифтзада шуданд, то ин ки дар шаъни ӯ бар пай­ғамбарии он замон ваҳй нозил шуд, ки ӯ бахшида шудааст».[11]

    3. Қиссаи он се нафар (ақраъ, абрас ва аъмо)

    Аз Абуҳрайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Се нафар аз банӣ Исро­ил буданд, яке мубтало ба бемории барас (пес), дуюмӣ ба бемории резиши мӯи сар ва сеюмӣ ба нобиноӣ буд. Худованд хост ононро биозмояд, пас фариштаеро назди эшон фирис­тод. Нахуст пеши он яке, ки мубтало ба бемории барас буд, омаду гуфт: «Чӣ чизе назди ту маҳбубтар мебошад?» Дар ҷавоб гуфт: «Ранги зебову пӯсти қашанг, чун дар ин ҳолате ки ҳастам мардум аз ман мутанаффир мебошанд». Он фа­ришта даст бар рӯи пӯсту баданаш кашид, (ба амри Ху­до­ванд) беморияш бартараф шуда, ранги зебову пӯсти қашанге ба ӯ дода шуд». Баъд аз он фаришта гуфт: «Чӣ навъ молеро бештар дӯст медорӣ?» Гуфт: «Шутур» ва ё гуфт: «Мода­гов», чун ровӣ шак кардааст, ки оё он фарди ақраъ модагов хост ё ин шахси абрас? Сипас шутури ҳомилае (бо шиками даҳмоҳа) ба ӯ дода шуд. Он фаришта гуфт: «Худованд онро барои ту бохайру баракат гардонад».

    Сипас назди шахси тоссар (бемӯй) омаду гуфт: «Чӣ чи­зеро бештар дӯст дорӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Мӯи зебо, то аз ин вазъу ҳолат беҳбудӣ ёбам, чун мардум аз ман дурӣ меҷӯ­янд». Он фаришта даст бар сари ӯ кашид, (ба амри Худо­ванд) беҳбудӣ ёфта, мӯи зебо ба ӯ дода шуд. Баъд аз он фа­ришта ба ӯ гуфт: «Чӣ навъ мол назди ту маҳбубтару беҳ­тар мебошад?» Гуфт: «Моддагов». Фаришта низ ба ӯ мо­дагови ҳомилае доду гуфт: «Худованд дар он барои ту хайру баракат диҳад».

    Баъд аз он назди шгахси нобино омаду гуфт: «Чӣ чизе назди ту маҳбубтар мебошад?» Дар ҷавоб гуфт: «Беҳтарину маҳбубтарин чиз назди ман ин аст, ки Худованд биноиямро бозгардонад, то мардумро бубинам». Он фаришта даст бар чеҳраи ӯ кашид, (ба амри Худованд) биноии худро бозёфт. Баъд аз он ба ӯ гуфт: «Чӣ навъ молро бештар дӯст медорӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Гӯсфандро». Пас гӯсфанди бачадоре ба ӯ дода шуд. Сипас, шутури он шахси абрас, модагови шахси бе­мӯй ва гӯсфанди ин марди нобино дар асари таваллуд ба тад­риҷ бештару бештар шуданд, то ин ки барои соҳиби шутур даррае пур аз шутур, барои соҳиби модагов даррае пур аз гов ва барои ин фарди нобино ҳам даррае пур аз гӯсфанд ба вуҷуд омад…

    Муддате гузашт, он фаришта (ба амри Худованд) дар шаклу симои он фарди қаблии мубтало ба бемории барас омад ва нахуст назди шахси абраси қаблӣ рафту гуфт: «Марди фақиру бенавое ҳастам, васоили кору касбро аз даст дода, ҳазинаи бозгаштам тамому қатъ шудааст. Акнун аввал Ху­до, баъд туро суроғ дорам ва аз ту мехоҳам ба хотири касе, ки ин ранги зебову пӯсти қашанг ва шутуру сарватро ба ту додааст, шутуре ба ман бидеҳ, то ин ки савори он шуда, ба мақсад бирасам». Он мард аз хостаи ӯ сар боззад ва гуфт: «Соҳибҳақ бисёр аст». Он фаришта, ки дар шаклу симои қаблии ӯ буд, гуфт: «Мисле ки ман туро мешиносам! Оё ту он шахси фақиру мубтало ба бемории барас нестӣ, ки мардум аз ту танаффуру гурез мекарданд ва Худованд ин бадани со­лиму сарвати зиёдро ба ту додааст?» Дар ҷавоб гуфт: «Не, ман ин молу сарватро аз гузаштагони бузургу шарифи худ даст ба даст ва яке пас аз дигаре ба ирс бурдаам». Фаришта гуфт: «Агар дар ин гуфтаи худ дурӯғ бигӯӣ, Худованд туро ба ҳамон вазъу ҳолати қаблӣ, ки дар он будӣ баргардонад».

    Баъд аз он назди марди бемӯй дар ҳамон шаклу сурати қаблии ӯ омад ва он чиро ба он шахси абрас гуфт, ба ин марди бемӯй низ бигуфт. Ӯ низ тамоми гуфтаҳои он фариштаро рад карду напазируфт. Фаришта ҳам ба ӯ гуфт: «Агар дар ин гуфтаи худ дурӯғ мегӯӣ, Худованд туро ба ҳамон вазъу ҳолати қаблии худ баргардонад». Сипас, дар шаклу сурати нобино пеши он шахсе, ки қаблан нобино буд, омаду гуфт: «Шахси фақиру нобино ва дар роҳ мондаам, васоилу ҳазинаи сафарам тамом шудааст. Акнун ба ҷуз аввал Худо, баъд ту каси дигареро суроғ надорам. Аз ин рӯ, аз ту мехоҳам ба хо­тири касе, ки биноии туро боз гардонидааст, гӯсфанде ба ман бидеҳ, то ба василаи баҳои он ба мақсаду ватанам бирасам». Он фард дар ҷавоб гуфт: «Оре, ман нобино будам ва Худо­ванд биноиямро боз гардонд, пас, акнун ту ҳар чӣ дилат ме­хоҳад бардору бибар. Қасам ба Худо! Ҳар он чиро, ки аз моли ман бардорӣ, ё бихоҳӣ туро ба хотири ризои Худо ба василаи радди он ба ранҷу заҳмат нахоҳам андохт (монеъи ту нахо­ҳам шуд)». Он фаришта ба ӯ гуфт: «Молу сарвати худро нигоҳ дор, бегумон ман чизе аз шумо (се нафар) намехоҳам, балки фақат хостам (ба амри Худованд) шуморо имтиҳон кунам, то бидонам дар баробари ин бозёбии саломатӣ ва дар баробари ин ҳама сарвати Худододӣ аз неъмати худ сухан мегӯед ва ё шукру сипоси Худовандро ба ҷо меоваред? Бидон, Худованд аз ту розиву хушнуд шудааст, аммо аз ду рафиқи дигари ту (ақраъ ва абрас) норозиву нохушнуд аст».[12]

    3. Қиссаи шахсе, ки ҳазор динор қарз кард

    Аз Абуҳурайра (р) нақл шуда, ки гуфт: «Расули Худо (с) достони марди (косибе) аз бани Исроилро баён фармуданд: «Он косиб хостори гирифтани қарз аз фарди дигаре аз сар­ватмандони банӣ Исроил шуд. Сарватманд гуфт: «Чанд на­фар биёр, то дар миёни ману ту гувоҳ бошанд». Фарди косиб гуфт: «Худованд ба унвони шоҳид дар миёни мо кофӣ аст». Сарватманд гуфт: «Пас як нафар ба унвони зомин биёр». Ко­сиб гуфт: «Худованд барои зоминӣ кофӣ аст». Сарватманд гуфт: «Рост мегӯӣ» ва ҳазор динор ба муддати мушаххасу муайяне ба ӯ қарз дод. Шахси косиб аз тариқи дарё рафта, ниёзҳояшро бароварда сохт. Сипас, дар ҷустуҷӯи василаи нақлияе афтод, то савори он шуда, ба шаҳри худ баргардад ва қабл аз фаро расидани мавъиди муқаррар қарзи худро би­пардозад, аммо василаи нақлияе наёфт. Ночор тиккаи чӯб (най) оварда, онро сӯрох намуд ва ҳазор динорро ҳамроҳи як нома барои рафиқи сарватмандаш (соҳиби қарз) дар дохили он гузошт. Сипас, ду тарафи онро комилан маҳкам баст ва ба канори баҳр омаду гуфт: «Худоё! Ту медонӣ, ки ман аз фа­лонӣ ҳазор динор қарз кардаам ва ӯ аз ман шоҳиду зомин хост, ман ҳам гуфтам: «Худованд ба унвони шоҳиду зомин дар миёни ману ту кофӣ аст ва ӯ низ ба ин амр розӣ шуд. Ту ба ин огоҳӣ, ки ман кӯшидам василаи нақлияе биёбам, то са­вори он шуда, ба шаҳри худ баргардам ва қабл аз мавъиди му­қаррар қарзи худро бипардозам (аммо муваффақ нашудам)». Баъд аз ин изҳорот тиккаи чӯби ҳазор динору номадоштаро дар баҳр андохт, то аз тариқи он ба мақсад бирасад. Баъд баргашту ҳамчунон дар ҷустуҷӯи ёфтани василаи нақлияе буд, ки ба шаҳри худ баргардад…

    Дар рӯзи муқаррари пардохти маблағ он марди сарват­манд, ки ҳазор динор ба ӯ қарз дода буд, ба канори баҳр рафт, то бубинад он фарди косиб аз сафар бармегардад ва ҳазор динори ӯро меоварад? Ногаҳон тиккачӯберо дар канори дарё дид ва онро бардошту ба хона овард, то хонаводааш аз он ба унвони ҳезум истифода кунад. Вақте ки онро боз кард, дид дар дохили он ҳазор динор ҳамроҳи як нома гузошта шу­дааст.

    Сипас, фарди косиб ҳам ба шаҳри худ баргашта, ҳазор динори дигар бардошт ва назди рафиқи сарватмандаш рафт, то қарзи худро бипардозад. Вақте ки расид гуфт: «Ба Худо қасам, пайваста дар талошу ҷустуҷӯ будам, то зудтар ва қабл аз фаро расидани мавъиди муқаррар баргашта, қарзамро бипардозам, вале муваффақ нашудам. Фарди сарватманд гуфт: «Ҳамон маблағеро, ки дар дохили як тиккачӯб (най) фиристода будӣ, ба амри Худованд дар мавъиди муқаррар ра­сид ва онро дарёфт намудам». Пас, шахси косиб бо ҳазор ди­нори худ муваффақ баргашт».[13]

    Оре, бояд кӯдаконро ин гуна ба қиссаҳои набавӣ ва си­рати поки Пайғамбар (с) ошно сохт. Инчунин онҳо бояд дар канори қиссаҳои омӯзандаи Қуръон ба сар баранд, то дар ростои имону эътиқоди комил ҳамроҳ бо ҳарорату алоқаи собиту устувор ба он зиндагӣ кунанд…

    Асоси дуюми фикрӣ, ба таври мустақим

    мухотаб қарор додани кӯдак

    Бояд донист, кӯдакро мустақиман мухотаб ва тарафи су­хан қарор додан дар рушди ақлӣ, дар равшансозии ҳақоиқ ва тартибу танзими маълумоти фикрӣ барои ӯ ба хотири ҳифзу дарки онҳо бисёр муассир мебошад ва мӯҷиби омода­гии бештари ӯ барои пазириши беҳтар ва босуръаттар ме­гардад. Аммо баръакс, хитобу ҳаракати дастаҷамъӣ дар омехтагию таомули умумӣ барои кӯдак зиёд судманд набу­да, ӯро баҳраманд намесозад. Чунонки Пайғамбари акрам (с) ба мо омӯхтаанд, ки дар бисёре аз муносибатҳо ба сурати сароҳату ошкоро кӯдакро мухотаб созем ва ба таври муста­қим бо ӯ баҳс кунем. Он тавре, ки худи Пайғамбари акрам (с) дар бисёр мавридҳову муносибатҳои мухталиф масоиле­ро, ки мехостанд ба кӯдаки дар ҳоли рушду нумӯ биомӯ­занд, бо калимаҳои мухтасару муфид, бидуни ба кор бурда­ни ҷумлаҳои малолангез, ибораҳои тӯлонӣ ва хастакунанда ӯро мустақиман тарафи сухани худ қарор медоданд. Ба гу­нае ки он чиро мехостанд ба ӯ бигӯянд, ба шеваи оддӣ ва мураттаб, бо калимаҳои кӯтоҳу пурмаъно ва дар айни ҳол соддаву зудфаҳм, он тавре, ки сиришти ақлу табъи фикру андешаи кӯдак талаб мекунад, ба ӯ меомӯхтанд…

    Чунончи, агар дар соддагӣ ва дар тартиби ба кор бур­дани калимаҳое, ки Пайғамбари акрам (с) дар ҳадиси зер мустақиман ба Ибни Аббос (р) меомӯхтанд, ба хубӣ диққа­ту тааммул бинамоем, дармеёбем, ки як қатор қоидаҳои асо­сии фикриро барои кӯдак ба тасвир кашидаанд, ки бо зин­дагии даврони кӯдакии ӯ, ки дар ҳар лаҳза интизори онҳо меравад, комилан мутаносиб мебошад.

    Акнун ин гуна калимотро дар ҳадиси мавриди назар ба­ён мекунем: «Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Рӯзе Пайғамбари акрам (с) маро пушти сари худ савор бар чаҳорпое карданд ва ба ман хитоб карда фармуданд: «Эй кӯдаки навҷавон! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд медиҳам (онҳоро барои ҳамеша ба хо­тир биспор: авомир ва навоҳӣ): Худоро ҳифз ва риоя бинамо, Худованд низ туро (аз ҳар чизе) маҳфуз медорад, Худоро ба ёд дошта бош! (Пайваста) ӯро дар пеши рӯи худ меёбӣ, ҳар гоҳ чизе хостӣ онро фақат аз Худо бихоҳ ва ҳар вақт кӯмаку ёрӣ талабидӣ, танҳо аз Худо кӯмаку ёрӣ талаб кун. Бидон, ки тамоми мардум ҷамъ шаванд бар ин ки суде ба ту бирасо­нанд, ҳатман ҷуз он андоза, ки Худованд бароят муқаддар кардааст, ба ту суд намерасонанд ва агар ҳама ҷамъ шаванд бар ин ки ба ту зарару зиёне бирасонанд, ҷуз он миқдоре, ки Худованд ба зарари ту таъйин фармудааст, намерасонанд. Бинобар ин, ҷуз он чӣ, ки Худованд ирода фармудааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизе қодир ба расонидани хайру шарр наме­бошад».[14]

    Чунонки мулоҳиза мешавад, ҷамолу зебоии ин хитоби мустақим ва гуфтугӯи рӯ ба рӯ бо кӯдак дар ин аст, ки бо ҷумлаи «Эй кӯдаки навҷавон» оғоз шудааст, ҷумлае, ки ба шиддат ӯро бедор сохта, эҳсосашро барои дарёфти паёми гӯянда бармеангезад. Ин ба монанди барангехтани эҳсоси ҷавонон аст, ҳангоме, ки «Эй ҷавонон»-ро мешунаванд, фав­ран мутаваҷҷеҳу омодаи дарёфти паёми нидокунанда мегар­данд. Пас, оё ҳеҷ хитобу баёне ҳамчун ин баёни ҷомеъу шо­миле, ки дар ҳадиси боло ақлу андешаи кӯдакро мавриди хитоб қарор медиҳад, ёфт мешавад? Оё то кунун қоидае ба монанди ин қоидаи куллӣ шунида ва ё дида шудааст, ки ин гуна ақлу андешаи кӯдакро поярезӣ кунад, то дар мувоҷеҳ шуданаш бо зиндагӣ такягоҳи маҳками ӯ гардад?

    Илова бар ин, Пайғамбари акрам (с) ба василаи хитоби мустақим ва панду андарзи рӯ ба рӯ кӯдакро ба сӯи роҳи амалӣ иршод мекарданд, то ин ки бо пайдарҳамии фикрӣ худро аз чирку касофати бемориҳои дилу замир, аз қабили ҳасодат, душманӣ, кинатӯзӣ, найранг ва ғайра раҳо созад. Чунонки аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с) ба ман фармуданд: «Эй писари азиз! Агар тавони онро дорӣ, ки рӯзу шабро ба сар барӣ бидуни ин, ки ғиллу ғаш ва фиребу найранги касеро дар дил дошта бошӣ, пас чунин кореро бикун». Баъд фармуданд: «Эй писари азиз! (Бидон, ки) чунин коре аз суннату равиши ман мебошад ва ҳар кас сун­на­ти маро зинда бидорад, ба ҳақиқат маро дӯст медорад ва ҳар кас маро дӯст бидорад, дар биҳишт ҳамроҳи ман мебошад».[15]

    Боз дар ин ҳадис чунонки мулоҳиза мешавад, Пайғам­бари акрам (с) иршоду роҳнамоии худро бо ҷумлаи «Эй пи­сари азизам» шурӯъ кардаанд, то ин ки эҳсосоти кӯдакро ба­рангезанд, ӯро ҷиҳати гӯш додан ба баёноти худ башиддат бедору омода созад ва барои дарёфти онҳо занҷирвор тари­қаи махсусеро ба кор гирифтаанд, то кӯдакро қонеъ ба ин намояд, ки он маълумоту огоҳиҳоро дарк кунад, ба хубӣ ёд бигирад ва ба тарзи шоистае аз онҳо баҳраманд гардад. Он ҳам дар як хитоби мустақим, иршоди рӯ ба рӯ ва дар як фа­зои комилан орому фараҳбахш, инчунин дар як бедорсозии хубу дилчасп ба василаи ҷумлаи «Эй писари азизам».

    Асоси сеюми фикрӣ, мувофиқи дарку фаҳми

    кӯдак бо ӯ сухан гуфтан

    Равшану возеҳ аст, кӯдак низ ба монанди ҳар мавҷуде аз мавҷудоти зинда дорои ҳадду ҳудуде аз тавоноии ҷисмиву фикрии хоссе мебошад, ки қодир ба таҳаммулу дарки масо­или берун аз он нест. Аз ҷиҳати дигар, ақлу фикри ӯ пай­васта дар ҳолати рушду нумӯ мебошад. Аз ин рӯ, пай бур­да­ни волидайн ва мураббиён ба дараҷаи рушду мизони инки­шофёбии ақлу фикрӣ, ки кӯдак ба он расидааст, ҳалли бис­ёри аз мушкилотро бар онон саҳлу осон мегардонад. Зеро дар чунин ҳолат аст, ки ба хубӣ медонанд чӣ вақт кӯдакро тарафи сухани худ қарор диҳанд ва чӣ калимотеро барои ӯ ба кор баранд, то афкору хостаҳои мавриди назари худро ба ӯ бирасонанд.

    Барои исботи ин маъно ба мисоли зер таваҷҷӯҳ намоед: Пеш аз ҷанги Бадр вақте иддае аз саҳоба писарбаччаеро, ки галабони Қурайш буд, гирифтанд ва теъдоди сарбозони эшонро аз ӯ пурсиданд, аммо ӯ натавонист ба хубӣ ҷавоб бидиҳад. Аз ин рӯ, ӯро заданд, то ин ки Пайғамбари акрам (с), ки равоншиноси ҳақиқӣ ва бидуни инкор мебошад, ома­данд ва аз он писарбачча пурсиданд: «Он қавм ҳар рӯз чанд шутур забҳ мекунанд?». Писарбача ҷавоб дод: “Байни нӯҳ то даҳ шутур забҳ мекунанд”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас, теъдоди ин қавм аз нӯҳсад то ҳазор нафар мебошад». Зеро Пайғамбари акрам (с) медонистанд, ки он писарбаччаи чӯпон ба ададҳои сад, ҳазор ва болотар аз он ошноӣ надо­рад, аммо қудрату тавонии ақливу фикрии ӯ ададҳои даҳи­ро дарк мекунад, фарқ намекунад, ки ин ададҳо дар бораи ҳар чизе, ки бошад, аммо чун шутур бадани бузурге дорад, аз ин рӯ, ёд гирифтану ошноӣ ба ададҳои даҳӣ дар бораи шутур барои ҳар кӯдаке саҳлу осон мебошад.

    Инак зикри далели дигаре: Омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) духтарбаччаеро, ки фақат забони ҳабаширо медо­нист, бо ҳамон забон садо заданд, чун агар бо забони дига­ре ғайр аз забони ҳабашӣ бо ӯ сӯҳбат мекарданд, манзуру мақсуди он ҳазрат (с)-ро дарк намекард. Чунонки Ибни Таймия дар китоби худ «Иқтизоу сиротил-мустақим» нақл намуда, ки Пайғамбари Худо (с) ба духтари Холид ибни Саъид ибни Ос, ки вақти ба сарзамини Ҳабаша ҳиҷрат кар­дани падараш таваллуд шуда ва духтарбаччаи хурдсол буд, пероҳане пӯшонда фармуданд: «Эй Уммихолид! Ин пероҳан зебо аст».

    Дар ривояте омада, ки Оиша (р) гуфтааст: “Дар ҳоле ки гурӯҳе аз мардуми Ҳабаша бозӣ мекарданд, Расули Худо (с) маро бо ридои худ пӯшониданд ва ба бозии онон нигоҳ кардам, то ин ки аз он хаста шудам, пас шумо низ қадри духтарони камсинну солеро, ки алоқаманд ба бозӣ мебошанд, бидонед”.[16]

    Дар ривояти дигар омадааст, ки Оиша (р) гуфт: “Гурӯҳе аз сиёҳпӯстони ҳабашӣ дар рӯзи ид пеши Пайғамбар (с) бозӣ мекарданд. Он ҳазрат (с) маро фаро хонданд ва ман аз пуш­ти сару гарданашон тамошо мекардам, то ин ки аз тамошо кардан хаста шудам ва баргаштам”.[17]

    Яке аз намунаҳои ҳаётӣ ин аст, ҳангоме ки Анас (р) ба­рои Пайғамбари акрам (с) хидмат мекард, агар дастуре аз дастурҳои он ҳазрат (с) фаромӯш мешуду онро анҷом наме­дод, аҳлу хонаводаи Пайғамбар (с) ӯро мавриди сарзаниш қарор медоданд. Аммо Пайғамбари акрам (с), ки ба ҳудуду тавоноии кӯдак ошно буданд ва мизони онро дарк мекар­данд, мефармуданд: «ӯро бигзоред, чун агар қодир мебуд ва метавонист онро анҷом диҳад, ҳатман анҷом медод». Ин худ баёнгари он аст, ки кӯдак дорои қудрату тавоноии маҳдуди фикриву ҷисмӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, ӯро водор намудан ба анҷоми корҳои болотар аз қудрату тавоноии фикриву ҷисмии ӯ ба манзалаи хоҳони сабз шудани дона дар ҳаво мебошад. Илова бар он, Пайғамбари акрам (с) дар шӯхиву бозӣ бо кӯдакон ба мизони тоқату тавоноии ақливу фикрии эшон ва ба василаи ашёе, ки онҳоро медиданду мешинох­танд, шӯхиву ҳазл мекарданд. Чунонки бо Абуумайр шӯхӣ мекарданду мефармуданд: «Эй Абуумайр, булбули хурд чӣ кор мекунад?». Ин худ баёнгари он аст, ки нуғайр паррандаи хурде будааст, ки дар он ҷо ин кӯдаки хурд бо он бозӣ ме­кардааст. Бинобар ин, ҳар гоҳ бихоҳем, акси ин суратро амал кунем, яъне кӯдакро маҷбур ба анҷоми коре бинамоем, ки берун аз қудрати ҷисмонии ӯ бошад ва ё ӯро тавре мухо­таби худ қарор диҳем, ки фавқи тавоноии фикриву дарки ақли ӯ бошад, ҳатман ӯро дар баробари худ фарди радшуда, бадахлоқ, саркаш ва аҳёнан инсони кундзеҳн хоҳем ёфт. Ин мисли он аст, ки шахсе дастури анҷом додани кореро бо забоне, ки ба он ошно нестӣ, ба ту бидиҳаду ту ҷавоб нагар­донӣ ва онро дар асари дарк накардани хостаи ӯ анҷом на­диҳӣ, мутақобилан ӯ бо мушту лагад туро мавриди зарбу таҳдид қарор диҳад. Оё ин кор одилона аст? Пас, кӯдак низ ҳамин тавр мебошад.

    Асоси чоруми фикрӣ, бо кӯдак

    ба оромиву нармӣ ҳарф задан

    Ба касе пӯшида нест, ки гуфтугӯи орому сухани нарм ба ақлу андешаи кӯдак рушду нумӯ мебахшад, қудрати ҳавосу нерӯи дарку фаҳми ӯро густариш медиҳад ва нишоту чобу­кии ӯро дар кашфи ҳақоиқи умур ва ошноӣ бар ҳаводиси рӯзгор меафзояд. Зеро тамрин ва одат додани кӯдак ба амри мубоҳисаву гуфтугӯ ба василаи волидайн ӯро ба болотарин қуллаи тарбияву сохтори фикриву ақлӣ мерасонад. Дар пар­тави чунин тарбия кӯдак метавонад дар бораи ҳуқуқи худ сухан бигӯяд ва ин имконро ба ӯ медиҳад, то роҷеъ ба уму­ри номаълуму масоили ношинохта савол кунад. Сипас он ҳаракат ва татаббуъи фикриву ақлӣ барои ӯ ба вуҷуд меояд, ба гунае ки ба маҷолиси бузургон роҳ меёбаду ҳузури ӯ до­рои фоидаи зиёде мегардад. Зеро ироаву назариёти фикрии ӯ дар чунин маҷолис дар нафсҳои бузургон асар мегузорад, чун ӯ дар муҳити хонаводаи худ дар бораи гуфтугӯ, одоб ва услуби он бо волидайнаш тамрин карда, ба он одат варзида ва дар робита бо мубоҳисаву музокира огоҳии комилро касб намудааст...

    Аммо он идда волидайне, ки кӯдаки худро мулзам ба су­кути доим мекунанд, то ин кор нишон диҳад, ки ӯ кӯдаки поку сокит ва дорои ахлоқу одоби болое аст, мусалламан ин кор амри хуб аст, аммо ба шарти он ки кӯдак дар чунон ҳо­лате дорои қудрати баёни афкори худ бошад ва битавонад ба василаи адаби зиёду хулқи нек ба мубоҳиса бипардозад.

    Оре, дар баҳсҳои гузашта намунаҳои зиёде аз гуфтугӯи ором ва матолибу раҳнамудҳои мантиқиву созандаи Пай­ғамбари акрам (с) бо кӯдаконро ба унвони улгӯи ҳасана баён намудем, аз он ҷумла:

    1. Чунонки дар асоси қаблӣ (сеюм) баён намудем, вақте ки Пайғамбари акрам (с) барои иттилоъ ёфтан бар теъдоди сипоҳиёни қавми Қурайш аз он кӯдаки чӯпон савол кар­данд, нахуст ба оромиву аз тариқи равоншиносӣ ва таносу­би қудрати рӯҳиву тавоноии фикри ӯ ҷӯёи теъдоди он қавм шуда, аз ин шева низ натиҷа гирифтанд ва бар теъдоди онон огоҳӣ ёфтанд. Аммо чун асҳоб аз тариқи зарбу таҳдид наму­дани чӯпон ҷӯёи теъдоди он қавм шуданд, чӯпон ҷавоба­шонро надод ва аз ин кор натиҷае нагирифтанд.

    2. Дар саҳифаҳои қаблӣ баён намудем, ки ҷавоне аз Қу­райш пеши Пайғамбари акрам (с) омада, мехост муртакиби амали зино шавад. Мардум бар ӯҳамлавар шуданд, аммо Пайғамбари акрам (с) ба оромӣ ва бо далелҳои мантиқӣ ӯро иршоду қонеъ ба ин намуданд, ки ин кор бисёр амали зишт мебошад. Он ҷавон низ амали зиноро ба шиддат рад наму­да, аҳд кард, ки ҳеҷ гоҳ муртакиби он нашавад.

    3. Ҳамчунин баён намудем, Ибни Аббос (р) ҳангоме, ки кӯдаки хурдсол ва дар ҳоли рушду нумӯ буд, чӣ гуна намози шаби Пайғамбари акрам (с) ӯро ба ин алоқаманд сохт, ки ӯ низ аз бистари хобаш хесту ба монанди Пайғамбари акрам (с) таҳорат кард ва бо он ҳазрат (с) намоз хонд... Инак, ба­рои иттилои беҳтар ин гуфтугӯ ва иршоду роҳнамоии ҳаки­монаи Пайғамбари акрам (с) бо ин кӯдаки хурдсолро бори дигар ва бо тавзеҳи бештар нақл мекунем:

    Ибни Аббос (р) мегӯяд: “Шабе назди холаам Маймуна (ҳамсари Расули акрам (с)) хобидам, то намози Расули ак­рам (с) бинам. Чун посе аз шаб гузашт, дар ҳоле ки мардум дар хоб буданду фазои ситорагон хомӯшу ором ва фақат Ху­дои ҳайюл-қайюм огоҳ буд, Расули акрам (с) аз хоб бархос­танд ва охири сураи «Оли Имрон» аз ояти «Инна фи халқи-с-самовоти ва-л-арз...» то охири сураро хонданд ва баъд ба та­рафи машки оби овезоншуда рафта, таҳорат карданд ва шу­рӯъ ба намоз хондан карданд, ман низ баланд шуда, монанди Расули акрам (с) таҳорат кардам ва рафтам дар тарафи чапи Расули акрам (с) истодам. Аммо Расули Худо (с) маро гирифта аз пушти худ чархониданд ва бурда дар тарафи рос­ти худашон қарор доданд. Ман аз нав ба сари ҷои қаблии худ баргаштам, вале боз Расули акрам (с) маро ба тарафи рости худ бурданд ва се бор ин корро анҷом додам. Саранҷом, вақте ки Расули акрам (с) аз намоз хондан фориғ шуданд, фарму­данд: «Эй писар! Чӣ чизе монеъи ту мешуд, то дар он ҷое ки туро қарор медодам, боқӣ бимонӣ?». Гуфтам: “Шумо Расули акрам (с) ҳастед ва набояд ҳеҷ кас баробар ва ҳамрадифи шумо бошад”. Расули Худо (с) фармуданд: «Худоё! Ӯро дар умури дин огоҳ кун ва таъбиру тафсири Қуръонро ба ӯ биомӯз».[18]

    Дар ривояти дигар чунин омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфт: “Дар охири шаб, дар ҳоле ки намоз мехонданд, ба назди Расули Худо (с) рафтам. Ман ҳам рафта, пушти сарашон истодам, то намоз бихонам. Расули Худо (с) маро гирифта дар тарафи росташон қарор доданд. Вақте ки аз намоз фориғ шуданд, фармуданд: «Вақте ки туро дар тарафи рост қарор медодам, чӣ чиз боис мешуд, то ҷоятро тағйири диҳӣ?». Дар ҷавоб гуфтам: “Шумо Расули акрам (с) ҳастед ва набояд ҳеҷ кас дар баробари Шумо истода намоз бихонад”. Расули Худо (с) аз ин гуфтаи ман хушашон омад ва бароям дуо кар­да, аз Худованд хостанд, ки ба фаҳму огоҳии ман биафзояд”.

    4. Яке дигар аз матолибе, ки қаблан дар робита бо гуф­тугӯи Пайғамбар (с) бо кӯдакон баён намудем, ин буд, ки бо кӯдакон ба оромӣ баҳс мекарданд, ба назару пешниҳоди онон гӯш медоданд ва онро мунсифона мепазируфтанд. Чу­нонки аз Самура ибни Ҷундаб (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Модарам бева шуда, ба Мадина омад ва ашхоси зиёде аз ӯ хостгорӣ карданд, аммо ӯ дар ҷавоб мегуфт: “Ман ба шавҳар намебароям, магар ба шахсе, ки кафолату сарпарастии ин пи­сари ятими маро ба ӯҳда гирад”. Сипас, марде аз Ансор ӯро ба издивоҷи худ даровард.

    Самура мегӯяд: “Ҳар сол Расули Худо (с) иддае аз писа­рону навҷавонони Ансорро равонаи ҷанг бо куффор мекарданд ва ҳар кас худро муаррифӣ менамуд, ӯро ба онон ҳамроҳ ме­карданд. Билохира, соле ман низ худро ба Расули Худо (с) му­аррифӣ намудам, то маро ба онон ҳамроҳ кунанд, аммо нав­ҷавони дигареро ба онон ҳамроҳ намуданд ва маро рад карда, напазируфтанд. Ман ҳам гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Фа­лониро ба онон ҳамроҳ намудед, аммо маро рад карда, ҳамроҳ накардед, дар сурате ки агар бо ӯ гӯштин бигирам, ӯро бар замин мезанам! Расули Худо (с) фармуданд:

    «Бо ӯ гӯштин бигир». Ман бо ӯ гӯштин гирифтам ва ӯро бар замин задам. Расули Худо (с) маро низ пазируфта, ба онон ҳамроҳ намуданд”.[19]

    Сипас, саҳобаи бузургвор (р) бар ҳамон барномаву роҳу равиши Пайғамбар (с) ҳаракат карданд ва онро дунбол на­муданд. Чунонки мегӯянд: “Марде назди Умар ибни Хаттоб (р) омада, аз писараш шикоят кард, ки нофармонӣ мекунад ва бо ӯ мухолифат меварзад. Умар ибни Хаттоб (р) дастур дод, фарзандашро оварданд, то ҳақиқати амрро дарёбад ва зимнан дар робита бо ҳуқуқи падару фарзанд нисбат ба якди­гар тавзеҳоте бидиҳад. Баъд аз ин ки он писар омад, Умар ибни Хаттоб (р) хитоб ба ӯ гуфт: “Чӣ чизе туро ба ин во­дор намудааст, ки аз падарат нофармонӣ кунӣ ва бо ӯ мухо­лифат варзӣ?” Он писар гуфт: “Эй амирулмӯъминин! Ҳаққи фарзанд бар падараш чист?” Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Ҳаққи фарзанд бар падар ин аст, ки нахуст ҳангоми издивоҷ модарашро бо тааммул ва санҷиши дақиқ интихоб кунад. Баъд аз таваллуд шуданаш, ӯро номи нек ниҳад, сипас Қуръон ва аҳкоми онро ба ӯ биомӯзад”. Он писар гуфт: “Эй амирал­мӯъминин! Падарам ҳеҷ як аз инҳоро дар ҳаққи ман анҷом на­додааст”. Умар ибни Хаттоб (р) ба падари ӯ нигариста гуфт: “Омадаӣ аз нофармонии писарат шикоят кунӣ, дар су­рате ки худат қабл аз ӯ нофармону мухолиф будаӣ ва нисба­ти ӯ бадӣ кардаӣ!!” Ҳамчунин гоҳе Умар ибни Хаттоб (р) бо кӯдакону навҷавонон баҳсу гуфтугӯ мекард, ҳатто дар по­рае аз умури муҳим бо эшон ба машварат мепардохт.[20]

    Акнун ту эй бародари мусалмон ва хонандаи мӯҳтарам! Бидон, ки халифаи муслимин, бузургтарин фармонравои кишварҳои замони худ, яъне Умар ибни Хаттоб (р) чӣ гуна дар ниҳояти қудрат пойбанд ба ҳаққу ҳақиқат буда, ба оро­мӣ бо мардум баҳсу гуфтугӯ мекард ва дар порае аз умури муҳим, ҳатто бо кӯдаконе, ки ба онон таваҷҷӯҳе намешуд, ба машварат мепардохт! Инҳо монанди ҳамон кӯдаконе ҳас­танд, ки Пайғамбари акрам (с) бо онон музокираву гуфтугӯ мекарданд ва инак амирулмӯъминин низ бо эшон музока­ра­ву мубоҳиса менамояд...

    Пас, шумо низ эй падарону модарон, бо кӯдакони худ ҳамин гуна рафтор кунед ва ба оромиву муҳаббат бо онон ба гуфтугӯву табодули назар бипардозед, дар камоли нар­миву бурдборӣ ба раъю назари эшон гӯш фаро диҳед, бо самими қалб ба хостаи мантиқиву машрӯъи онон посухи мусбат диҳед, ҳамон тавре, ки халифаи муслимин Умар иб­ни Абдулазиз (р) ҳамин корро мекард. Чунонки мегӯянд: “Ҳангоме ки ба хилофат расид, ҳайъате ба унвони намояндаи мардум барои таҳнияту табрик гуфтан ба муносибати ма­қому мансаби ҷадиди ӯ ба мулоқоташ рафтанд. Ҳайъате ҳам ба намояндагии мардуми Ҳиҷоз пеши ӯ омада буданд ва як пи­сари навҷавони ҳошимӣ, ки аз ҳамаи онон камсинну солтар буд, барои сухан гуфтан пеш омад. Умар ибни Абдулазиз гуфт: “Бояд фарди калонсолтар аз ту сухан бигӯяд?” Он пи­сари навҷавон гуфт: “Худованд амирулмӯъмининро саломат дорад! Арзиши шахс ба василаи ду узви хурдаш, яъне забону қалбаш мебошад, пас ҳар гоҳ Худованд ба бандае аз банда­го­ни худ забони гӯёву ақли пок ва нигоҳдоранда аз бадӣ ба ӯ бибахшад, бешубҳа ӯ шоистагии сухан гуфтанро дорад ва ҳар кас ба сухани ӯ гӯш фаро диҳад ба миқдори фазлу барта­рии ӯ пай мебарад. Эй амирулмӯъминин! Агар расидан ба ин мақому манзалати ту ба миқдори синну соли шахс бастагӣ медошт, мусалламан дар миёни ин мардум фарди калонсол­таре аз ту шоистагии онро медошт”. Умар ибни Абдулазиз гуфт: “Рост мегӯӣ, пас бигӯ он чиро, ки мехоҳӣ”. Писари нав­ҷавон гуфт: “Худованд амирулмӯъмининро саломат дорад! Мо ҳайъате ҳастем барои арзи табрику таҳният ба ин ҷо омадаем, на барои ибрози мусибату хоҳон шудани чизе. Мо омадаем, то дар баробари он чи, ки Худованд ба василаи вуҷу­ди ту бар мо миннат ниҳодааст, сипосгузорӣ намоем, на ба хотири эҷоди рағбату алоқа ва парҳез аз раҳбат ва ҳарос, зе­ро рағбату алоқа аст, ки моро аз шаҳрҳои худ ба назди ту овардааст. Аммо роҷеъ ба раҳбату ҳарос низ бояд гуфт, мо дар асари густариши адлу додгарии ту аз зулму ҷавр дур ҳас­тем ва дар камоли амнияту оромиш ба сар мебарем.

    Саранҷом, Умар ибни Абдулазиз гуфт: “Эй навҷавон! Ма­ро насиҳате бинамо!” Он навҷавон гуфт: “Худованд амирул­мӯъмининро саломат дорад! Иддае аз мардум ҳастанд, ки ҳилми Худо нисбат ба онон пӯшида мебошад, аз он маҳруманд, орзуи эшон тӯлонӣ гашта, таърифу тамҷиди мардум барои онон фузунӣ ёфтааст, ба ин васила, гомҳояшон лағжи­да, дар оташи хашми Худо афтодаанд. Бинобар ин, ту ҳушёр бош, ҳилми Худо аз ту барнагардад, фиреби он иддаеро нахӯ­рӣ, ор­зуят тӯлонӣ нагардад, таърифу тамҷиди онон низ бар ту фу­зунӣ наёбад. Мабодо гомҳои ту ҳам билағжад, дар на­тиҷа мағрур гардиву ба он қавм ҳамроҳ шавӣ. Умед аст Ху­дованд туро ҷузъи онон қарор надиҳад, балки туро аз зумраи афроди солеҳу некӯкори ин уммати ростини Ислом бигар­донад”.

    Сипас, Умар ибни Абдулазиз гуфт: “Ин навҷавон чандсо­ла аст?” Гуфтанд: “Ёздаҳсола мебошад”. Баъд роҷеъ ба аслу насаби ӯ савол кард. Маълум шуд, ки ӯ аз наберагони Ҳусайн ибни Алӣ (р) мебошад. Пас, ӯро мавриди ситоиш қарор дод ва барояш дуои хайр кард.[21]

    Аз Мусъаб ибни Саъд (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Ҳар гоҳ падарам дар масҷид намоз мехонд, онро бо ҳадди ақалли воҷибот, такмили рукӯъу суҷуд ва ҳазфи мустаҳабот мехонд. Аммо вақте ки дар хона намоз мехонд, намоз ва ру­кӯ­ъу суҷудро тӯлонӣ мекард. Гуфтам: “Эй падар! Мебинам, ки вақте дар масҷид намоз мехонӣ, дар ниҳояти ихтисор онро мехонӣ ва ба адои воҷибот иктифо мекунӣ, аммо дар хона он­ро тӯлонӣ мехонӣ?!” Падарам дар ҷавоб гуфт: “Эй писари азизам! Мо пешвоёне ҳастем, ки дигарон ба мо иқтидову пай­равӣ мекунанд (пас бояд риояи ҳоли ононро бикунем).[22]

    Аз Абубарда ибни Абумусо (р) ривоят шуда, ки гуф­та­аст: “Шоҳид будам, дар ҳоле ки Абумусо дар хонаи Уммифазл буд, ногаҳон Уммифазл атса зад ва Абумусо дар ҷавоби ат­саи ӯ гуфт: «Ярҳамукиллоҳ», аммо ман атса кардам ва Абу­мусо дар ҷавоби он “Ярҳамукаллоҳ» нагуфт”. Абубарда ме­гӯяд: “Вақте ки назди модарам баргаштам, моҷароро ба ого­ҳии ӯ расонидам. Пас, ҳангоме, ки Абумусо омад, модарам ба ӯ гуфт: “Писари ман дар назди ту атса зад, дар ҷавоби ат­саи ӯ «Ярҳамукаллоҳ» нагуфтӣ, аммо зане атса зад, дар ҷа­воби атсаи ӯ гуфтӣ: «Ярҳамукиллоҳ». Абумусо гуфт: “Писа­ри ту вақте атса зад, «Алҳамдулиллоҳ» нагуфт, пас ман дар ҷавоби ӯ «Ярҳамукаллоҳ» нагуфтам. Аммо Уммифазл, ки ат­са зад, билофосила «Алҳамдулиллоҳ» гуфт ва ман дар ҷавоби ӯ «Ярҳамукиллоҳ» гуфтам. Зеро аз Расули Худо (с) шуни­дам, ки мефармуданд: «Вақте яке аз шумо атса кард ва ба дунболи он «Алҳамдулиллоҳ» гуфт, дар ҷавоби ӯ бигӯед: «Яр­ҳамукаллоҳ». Ва агар «Алҳамдулиллоҳ» нагуфт, пас шумо низ «Ярҳамукаллоҳ» нагӯед».[23] Модарам гуфт: “Аҳсанта, рост гуфтӣ”.

    Инак, намунаи зиндаеро дар робита бо гуфтугӯву мубо­ҳисаи орому созандае баён мекунем, ки чӣ гуна дар вуҷуди имоми бузургвор Абуҳанифа муассир воқеъ шуд ва сабаби тасҳеҳи равишу тағйири амалкарди ӯ гардид.

    Ҳамчунон ки қаблан баён кардем, мегӯянд: “Имом Абу­ҳанифа писарбачаеро дид, ки бо гил бозӣ мекард. Имом Абу­ҳанифа (ба унвони шӯхӣ) ба ӯ гуфт: “Ҳушёр бош, дар гил на­афтӣ!” Он писарбача дар ҷавоби он Имоми бузургвор гуфт: “Ту низ аз афтодан ва лағжидан дар масоили динӣбарҳазар бош, зеро лағжидани олим дар умури динӣ лағжидани олам аст”. Абуҳанифа дар асари ин гуфтори кӯдак чунон такон хӯрд ва дилу замираш тавре бедор гашт, ки баъд аз шунидани ин гуфтаи кӯдаки хурдсол ҳар фатвоеро, ки мехост бидиҳад, як моҳи тамом бо шогирдонаш онро мавриди баҳсу баррасӣ, машварат ва табодули назар қарор медоданд, сипас, ҳукми онро содир мекарданд.[24]

    Ривоят шуда, ки Маҷошиъ ибни Юсуф гуфтааст: «Дар Мадина назди Имом Молик, ки муфтии мардум буд, нишаста будам. Муҳаммад ибни Ҳасан, ёри Абуҳанифа омад ва ӯ дар он ҳол навҷавон буд. Омаданаш ба назди Имом Молик замоне сурат гирифт, ки ҳанӯз барои хондани «Муваттаъ» пеши ӯ наомада буд. Сипас, Муҳаммад ибни Ҳасан ба Имом Молик гуфт: «Раъйи ту дар бораи касе, ки дар ҳоли ҷанобат ме­бошад ва ҷуз дар масҷид об намеёбад, то ғусл намояд, чист?» Имом Молик дар ҷавоб гуфт: «Шахси ҷунуб набояд вориди масҷид шавад». Муҳаммад ибни Ҳасан гуфт: «Дар ҳоле ки вақти адои намоз фаро расидааст ва ӯ обро дар масҷид меби­над, чӣ кор кунад?» Молик ҳамон ҷавобро такрор намуд, ки шахси ҷунуб набояд вориди масҷид шавад. Ҳар боре, ки Му­ҳаммад ибни Ҳасан ин саволро такрор мекард, Молик ба ӯ ме­гуфт: «Ту дар ин бора чӣ назаре дорӣ?» Муҳаммад ибни Ҳа­сан дар ҷавоб гуфт: Шахси ҷунуб таяммум карда, дохили масҷид шавад ва оби мавриди ниёзро аз дохили масҷид бар­дош­та, хориҷ шавад ва ғусл намояд». Имом Молик гуфт: «Ту аҳ­ли куҷоӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Ман аҳли ин ҳастам», дар ҳоле ки ишора ба замин мекард. Сипас, бархосту рафт ва афроди ҳозир дар он ҷо гуфтанд: «Ин Муҳаммад ибни Ҳасани Шай­бонӣ, ёри Абуҳанифа аст». Молик гуфт: «Муҳаммад ибни Ҳасан чӣ гуна дурӯғ мегӯяд, ки «ман аҳли ин шаҳр ҳастам?» Мардум гуфтанд: «Вақте ки гуфт, ман аҳли ин ҳастам, ишора ба замин кард (ва манзураш хок буд, на худи шаҳри Мадина)». Молик гуфт: «Ин гуфтаи ӯ аз он гуфтаи қаблӣ бар ман нохушояндатар буд».[25]

    Асоси панҷуми фикрӣ, тамрин ва одат додани

    ҳавоси кӯдак ба таҷрибаҳои амалӣ

    Табиист, ҳангоме кӯдак шурӯъ ба рушду нумӯ мекунад ва метавонад порае аз корҳоро бо дасту аъзои худ анҷом ди­ҳад, мусалламан дар чунин замоне тамрини ҳавоси кӯдак ва одат додани ӯ ба аъмоли дуруст шинохту огоҳии зиёдеро барои ӯ ба бор меоварад. Зеро ин кор мӯҷиби бедории ақлу фикри кӯдак ва барангехтани ҳавоси ӯ мегардад, чун бо му­шоҳидаи кори дигарон дар пеши рӯи худ ҳавосаш таҷрибаи корро меомӯзад, ба гунае ки кӯдак ба тадриҷ ва қадам ба қадам ба анҷом додани кор одат карда, ба дурустиву усту­вории он ошноӣ пайдо мекунад. Чунонки омадааст, Расули Худо (с) аз назди кӯдаке гузаштанд, диданд, ки пӯсти гӯс­фанди забҳшудаеро меканад, аммо хуб балад нест. Он ҳаз­рат (с) фармуданд: «Бирав канор, то ин корро ба ту нишон диҳам». Баъд остини худро боло зада, дар пеши чашми кӯ­дак дасти худро ба даруни пӯсту гӯшти соқи пои гӯсфанд фурӯ бурданд ва дар асари он пӯсти гӯсфанд варам карда боз шуд, то ин ки дасти он ҳазрат (с) ба зери бағали он ра­сид. Сипас онро гузошта рафтанд, то барои мардум намози ҷамоатро бихонанд.[26]

    Шакке нест, ки ин гуна таҷрибаҳои амалӣ дар тамрини кӯдак ва одат додани ӯ ба кори дуруст ин имконро ба ӯ ме­диҳад, то уфуқи шинохташ боз гардида, доираи дарку фаҳ­ми зеҳну ақли ӯ густариш ёбад.

    Асоси шашуми фикрӣ, тақвият ва омода сохтани кӯдак ба ин ки шахсият ва равиши Пайғамбар (с)-ро намунаи худ қарор диҳад

    Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Шабе дар хонаи холаам Маймуна (ҳамсари Расули акрам (с)) хобидам. Вақте посе аз шаб гузашт, дидам Расули акрам (с) барои на­моз хондан бархоста, ба тарафи машки оби овезоншуда раф­та, ба оромӣ таҳорат карданд. Сипас, шурӯъ ба намоз хон­дан карданд, ман низ аз бистари хобам бархостам ва монанди Расули акрам (с) таҳорат кардам, баъд рафта дар тарафи чапи Расули акрам (с) истодам. Расули Худо (с) маро гириф­та дар тарафи рости худашон қарор доданд ва ҳарчи Худо хост, намоз хонданд. Сипас, ба паҳлӯ хобиданд, то ҳангоми саҳар. Баъд муаззин омад, то азони субҳ бигӯяд ва он ҳазрат (с) ҳам аз ҷо бархоста барои намоз аз хона хориҷ шуданд.[27]

    Оре, бар падару модар лозим аст, ки кӯдакони худро ба Пайғамбари акрам (с) ва роҳу равиши ӯ ошно созанд, то шахсияту равиши Пайғамбар (с)-ро намунаи зиндагии эшон қарор диҳанд ва мутобиқи он чи, ки дар фасли сеюм «асоси бинои ақидавӣ» баён гардид, муҳаббати Пайғамбар (р)-ро дар дили онон устувор созанд. Чунонки аз Алӣ ибни Абуто­либ (р) ривоят шудааст:

    «Кӯдакони худро ба се хислат: ҳубби Пайғамбар, оли ба­йт ва тиловати Қуръон тарбия кунед».[28]

    Шак нест, тааллуқ доштану шефта шудани кӯдак ба Пайғамбари акрам (с) ва пайравӣ намуданаш аз суннати по­ки ӯ мӯҷиб мешавад, ки инсони солиму устувор гардад, зеро ин кор зеҳну фикри кӯдак ва дарку фаҳми ӯро нисбат ба си­рати поку барномаи инсонсози пешвои тамоми пайғам­ба­рон, роҳбари ҷаҳони башарият ва маҳбуби Худои меҳру­бон – ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) боз карда, ӯро ба пайра­вӣ аз роҳу равиши он ҳазрат (с) водор месозад, ба гунае ки ақлу андешаи ӯро ба василаи нури имон бармеафрӯзад, ба азамати таърихи пурифтихори Ислом ошно мекунад ва дар асари ошноии ӯ ба суннати Пайғамбари акрам (с) фарди сарбаланд хоҳад шуд.

    Барои устувор кардани ӯ ба ин кор сирати Пайғамбари акрам (с) ва ғазваҳои ӯро дар пеши рӯи кӯдак тасвир наму­дан, он ҳамаро ба хубӣ барои ӯ баён кардан басанда аст, то ҳарчи зудтар дар қалбаш муҳаббати Пайғамбар (с) ҷо ша­вад. Ва муҳаббати самимии Паёмбари Худо (с) қалби ӯро равшан мекунад ва барои дӯстдории дигар пешвоён дар қалби ӯ ҷой боқӣ намемонад. Дар натиҷа ба Пайғамбари Худо (с) иқтидо намуда аз пайравӣ ба соири фармонравоё­ни аҳзобу гурӯҳҳо канорагирӣ хоҳад кард. Ҳамчунин инти­хоби роҳу равиши Пайғамбар (с) ва дурӣҷустан аз афроди мунҳарифу бадкорро пайваста мадди назар қарор хоҳад дод.

    [1]. Яъне ҳар вақт сусттар мешавад.

    [2]. Яъне ба такаббур рӯй матоб.

    [3]. Сураи Луқмон, 31: 13-19.

    [4]. Сураи Ҳуд, 11: 120.

    [5]. Сураи Анъом, 6: 90.

    [6].Сураи Юсуф, 12: 111.

    [7]. Сураи Иброҳим, 14: 37.

    [8]. Мурод аз «остонаи дар» зани ӯ мебошад. (Фатҳул-борӣ. – Ҷ. 7.. – С. 57).

    [9]. Ба ривояти Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р).

    [10]. Сураи Бақара, 2: 127.

    [11]. Ба ривояти Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р).

    [12]. Ба ривояти Муслим ва Бухорӣ.

    [13]. Ба ривояти Бухорӣ аз Абуҳурайра (р).

    [14]. Ба ривояти Тирмизӣ.

    [15]. Ба ривояти Тирмизӣ.

    [16]. Ба ривояти Шайхайн аз Оиша (р).

    [17]. Ба ривояти Насоӣ.

    [18]. Нақл аз китоби Бадоеъус-саноеъ». – Ҷ. 1.. – С. 258.

    [19]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 2.. – С. 60 ва гуфтааст: Санади он саҳеҳ мебошад, вале Шайхайн онро ривоят накардаанд.

    [20]. Нақл аз «Ҳаёти Умар ибни Хаттоб (р), таълифи Тантовиён.

    [21]. «Ал-Ислому байна-л-уламои ва-л-ҳукком».. – С. 112, Абдулазизи Бадрӣ ва саҳ. 64 аз китоби Тазкирату-л-обо ва таслияту-л-абно, Ибни Адим.

    [22]. Ба ривояти Табаронӣ дар «Ал-Кабир» ва гуфтааст: Ровиёни он афроди дурусткоранд. Ҳайсамӣ дар «Ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 1.. – С. 182 ҳаминро гуфтааст.

    [23]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 265 ва гуфтааст: Санади он саҳеҳ мебошад.

    [24]. Нақл аз муқаддимаи ҳошияи Ибни Обидин. – Ҷ. 1.. – С. 67 чопи дуюм.

    [25]. Нақл аз «Булуғу-л-амонӣ фи сирати-л-имом Муҳаммад убну-л-Ҳасани-ш-Шайбонӣ, таълифи устод Муҳаммад Зоҳиди Кавсарӣ.. – С. 12.

    [26]. Ба ривояти Абудовуд аз Абусаъиди Худрӣ (р).

    [27]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ». – Ҷ. 3.. – С. 17.

    [28]. Ба ривояти Табаронӣ ва Ибни Наҷҷор аз Алӣ ибни Абутолиб (р).