×
Оятулкурси бузургтарин ояти Қуръони карим аст, Дар ин оят тавҳиди зот ва сифоти Худо ба сурати зебо ва расое баён гардидааст ва он яке аз бузургтарин оятҳои баёнкунандаи тавҳиди Худованд мебошад.

    Тафсири Оятулкурсӣ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    2012 - 1433

    تفسير آية الكرسي

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2012 - 1433

    Оятулкурсӣ

    ﴿ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُۚ لَا تَأۡخُذُهُۥ سِنَةٞ وَلَا نَوۡمٞۚ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ مَن ذَا ٱلَّذِي يَشۡفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيۡءٖ مِّنۡ عِلۡمِهِۦٓ إِلَّا بِمَا شَآءَۚ وَسِعَ كُرۡسِيُّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۖ وَلَا يَ‍ُٔودُهُۥ حِفۡظُهُمَاۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡعَظِيمُ ٢٥٥﴾ سورة البقرة 255

    «Аллоҳ, худое ба ҷуз ӯ нест, ҳамешазинда (ҳай ва) тадбиркунанда (и корҳои офариниш (қаййум) аст. На хоби сабук (ғаноб) ӯро фаро мегирад ва на хоби гарон. Аз ӯст он чи дар осмонҳо ва замин аст. Кист он касе, ки дар назди ӯ шафоъат намояд, магар ба иҷозати ӯ? Тамоми он чиро, ки пеши рӯ ва дар пушти онҳост, медонад ва онҳо ба чизе аз илмаш, ҷуз ба он чи ӯ бихоҳад, иҳота надоранд. Курсии ӯ осмонҳо ва заминро (дар худ) фаро гирифтааст. Ва ҳифзу (нигаҳдошти) онҳо бар ӯ гаронӣ намекунад ва ӯ баландмартабаву боазамат аст».

    Дар ин оят тавҳиди зот ва сифоти Худо ба сурати зебо ва расое баён гардидааст ва он яке аз бузургтарин оятҳои баёнкунандаи тавҳиди Худованд мебошад. Дар он маҷмӯъае аз хусусиятҳои зот ва сифоти Худованд, ба монанди ҳастӣ, ягонагӣ, зиндаи ҳамешаҷовид, тадбиркунанда ва гардонандаи умури тамоми мавҷудот будани Ӯ бо равшантарин ибораҳо собит гардидааст.

    Ҳамчунин, дар ин оят бартарии Ӯ аз тамоми аҳвол ва таҳаввулоти ҳоким бар мавҷудот, молики тамоми ҳастӣ ва соҳиби он чунон ҷалолу азамат будани Ӯ, ки касе бе иҷозат дар пеши Ӯ наметавонад сухан бигӯяд, доштани қудрати комиле, ки дар офаридани олами ҳастӣ ва мавҷудоти он, дар гардонидани чархи офариниш, бақои олам ва устувору муҳкам нигоҳ доштани назми он ӯро сустиву хастагӣ фаро намегирад ва низ илми фарогир ва бартариву азамати ӯ баён гардидааст.

    Ин оят тамоми донишҳои худошиносӣ ва шинохтҳои дурусти тавҳидиро дар худ гунҷонидааст. Дар он аз азамат ва бузургии курсии Худо сухан рафтааст. Бинобар ин, он «Оятулкурсӣ» номида шудааст.

    Аз ин рӯ, Оятулкурсӣ бузургтарин ояти Қуръони маҷид ба шумор меравад. Дар ҳадисе, ки онро имом Аҳмад ривоят мекунанд, аз Расули Худо (с) омадааст, ки «Оятулкурсӣ» бузургтарин ояти Қуръон мебошад. (Сунани Доримӣ, 3257; Муснади имом Аҳмад, 21785; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 361,ҷ. 2, с. 76; Шуъабулимон, 2391, ҷ. 2, с. 458; Мўъҷамулкабир, 8659, ҷ. 9, с. 133.)

    Дар ривояти дигаре омадааст, ки Расули Худо (с) аз Убай ибни Каъб пурсид: «Кадом оят дар китоби Худо аз ҳама бузургтар аст? Гуфт: Оятулкурсӣ. Он Ҳазрат (с) фармуд: «Ин илм бар ту муборак бод, эй Абӯмунзир!».(Саҳеҳи Муслим, 1885 (810)-258; Шуъабулимон, 2387, ҷ. 2, с. 456.)

    Бардоштҳо ва фоидаҳо аз Оятулкурсӣ

    Дар ин оят нукоти муҳимме дар тавҳиди зот ва сифоти Худои таъоло баён гардида, ки ҳар мусулмоне бояд онҳоро бидонад.

    1. Аллоҳ худои ягона аст ва ғайр аз Ӯ маъбуди дигаре вуҷуд надорад.
    2. Ҳамешазинда ва сарпарасту нигаҳдори тамоми мавҷудоти олам аст.

    Ибни Касир мегўяд: Оятулкурсӣ аз даҳҷумлаи мустақил иборат аст, ки ҳама аз зоти Худо сухан мегўянд ва дар онҳо бузургдошт ва санои Ў мебошад.

    1. Аллоҳ Худои ягона аст ва ғайр аз Ў, дар воқеъ, худои дигаре вуҷуд надорад. Зеро танҳо Ўдорои тамоми сифоти камол ва салоҳиятҳои худоӣ мебошад. Он чизҳо ва ё нерўҳоеро, ки баъзе одамон дар натиҷаи пиндори хато ва таассуроту гумонҳои нодурусташон худо мепиндоранд, дар воқеъ, аз тамоми сифатҳои камол холӣ ва бебаҳра ҳастанд, балки дар расонидани ҳар гуна нафъу зараре аз парастандагони худ оҷизтар мебошанд. Қуръони карим бо зикри маҷмўаи сифатҳои камол ва салоҳиятҳо (хусусиятҳо)и худоии Парвардигори якто дар ин оят мехоҳад ақлу андешаи инсонро ба фитрати аслии хеш бозгашт диҳад ва бо тааммул дар нотавонии худоёни гумонӣ ва пиндорҳои ғайривоқеии худ ба сўи нерўи ҳақиқии офаридгори ҷаҳон ва Худои якто роҳёбад ва парастишу фармонбариро низ дар баробари Ў ба ҷой оварад. Аллоҳ, ҳеҷ Худо ва маъбуди дигаре ғайр аз Ў вуҷуд надорад.

    2. Ҳамешазинда ва сарпарасту нигаҳдори тамоми мавҷудоти олам аст. Яке аз сифатҳои зоти Ў таъоло зиндаи ҷовид будан аст. Зиндагонӣ ва маргеро, ки мо тасаввур карда метавонем, бахше ва ё механизми ҳаракат, таҳаввул ва бақои ҷаҳони ҳастӣ дар зимни низоми офариниши Худо мебошанд. Худо офаридгори он қонун мебошад, пас зоти Ў таъоло ҳатман, бартар аз он аст ва он гуна маргу гузаштро дар ҳаққи Ў тасаввур кардан номумкин аст, зеро муқоисаи офаридгор бо мавҷудот ва қонуни зиндагии онҳо камоли бехирадист.

    Қайюм ба маънои сарпараст, нигаҳбон, гардонандаи чархи офариниш ва тадбиркунандаи корҳои мавҷудоти олам аст. Ҳамешазинда ва қайюм аст.

    3. Худо бо ин ҳама азамати намоиши қудрат ва корҳои бузурги гардониш, тадбир ва ҳифзу сарпарастии мавҷудоти олам ҳаргиз гирифтори хастагӣ ва дигар сифатҳои заъфи инсонӣ намегардад. На Ўро хоби андак (ғанаб) фаро мегирад ва на хоби гарон. Ҳамин ҳаракати беист ва назми зебои олами ҳастӣ шаҳодат медиҳад, ки тадбири онро Худои бехоб ва беғафлате дар назорати худ дорад. Ин ҳолатҳо нишонаи заъфи махлуқоти соҳибрўҳ мебошанд, ки онҳо пас аз каме фаъолият ниёз ба хоб ва рафъи хастагии худ доранд, аммо чӣ тавре гуфтем, Худо аз ин сифатҳои заъфе, ки дар батни мавҷудот ниҳода шудааст, поку бартар мебошад.

    Зикри ин сифатҳои салбӣ ва нафйи онҳо аз соҳати муқаддаси Худо барои он аст, ки инсонро ба дарки дуруст ва мантиқии воқеиятҳо ҳидоят намояд ва ўро аслан аз муқоисаи Холиқ ба миқёси махлуқот боздорад. Ўро на хоби сабук (пинак) фаро мегирад ва нахоби гарон.

    4. Тамоми он чи дар осмонҳо ва замин аст, ҳама мулки Худо мебошанд. Дар онҳо бар асоси ирода ва илму ҳикмати Худ тасарруф менамояд. Яке аз сифатҳои камоли Худо он аст, ки ҷаҳон офаридаи Ўст ва ҳама олам ба Ў тааллуқ дорад ва Ў танҳо тасарруфкунанда дар корҳои он мебошад.

    Ба ин сурат Қуръони карим далели равшани мантиқӣ ва ҳуҷҷати бадеҳиеро дар баробари дидаи ақли одамони мункир собит намудааст, ки боре бо тааммул дар худоёни мавриди эътиқоди худ биандешанд:

    Оё онҳо дар офариниши олами ҳастӣ нақше доранд? Оё саҳме ва гўшае аз мулки ҷаҳон ба онҳо тааллуқ дорад? Ва оё дар коре аз гардонишу тадбир ва ҳифзу нигаҳдошти он тасарруф доранд? Вақте ки чунин набошад, пас чаро онҳоро мавриди тақдису парастиш қарор медиҳед?

    Аз они Ўст тамоми он чи дар осмонҳо ва замин мебошад.

    5. Ин қайюмият, моликият, ҳокимият ва тасарруфи Ў ҳам дар дунё ва ҳам дар охират нофиз мебошад. Чӣ тавре дар ин дунё дар сифатҳои боло касе ҳаққи заррае шарикӣ, дахолат, пешниҳод ва ворид намудани таънеро дар баробари Худо надошт, дар охират ҳам дар баробари азамат ва ҷалоли Худованд касе тавон ва ҷуръати гуфтани суханеро надорад. Ба инсон дар ин ҷаҳон танҳо дар интихоби роҳи зиндагӣ, тарзи тафаккуру эътиқод ва анҷоми аъмол ҳаққи озоди ихтиёр ва салоҳиятҳое дода шудааст, вале дар баробари қонуни шаръи Худо ҳеҷ гуна ҳаққи дахолат, ворид сохтани тағйирот ва ё хотирандозие ба ў дода нашудааст. Дар охират бошад, он ҳаққи интихоб ҳам аз вай гирифта мешавад ва касе барои дигаре шафоатхоҳӣ ва хотирандозӣ карда наметавонад, магар барои касе, ки Худованд иҷозати онро бидиҳад.

    Ин ҳолати махлуқот дар пешгоҳи Худо дар рўзи охират баёнгари сифати ҷалол ва азамати Ў мебошад. Кист, ки дар он рўз дар назди Ў, ҷуз ба изну (иҷозаташ) шафоат (ва хотирандозие) намояд.

    6. Илми Худо фарогири тамоми аҳвол ва дақоиқи мавҷудот ва офаридаҳояш мебошад. Аз гузаштаву ҳол ва ояндаи онҳо бохабар аст. Тамоми рўйдодҳо ва ҳаводиси қабл аз шурўи офариниш ва пас аз поёни зиндагонии дунё, яъне охиратро медонад ва ё ҳар чизе, ки барои инсон ошкор аст ва ё дур аз иҳотаи илми ў ба вуқўъ пайвастааст, ҳамаро медонад. Аҳвол ва асрори коинот нисбат ба зарфиятҳои илмӣ ва миқдори фарогирии дониши инсон ошкору ниҳон ва ғайбу шаҳодат (пайдоӣ) доранд, аммо дар баробари илми Худо ҳама ошкор ва маълум мебошанд. Фарогирии илми Худо яке аз сифатҳои камоли Ў ба шумор меравад. Тамоми он чиро, ки дар пеши рў ва ё дар пушти онҳост, ҳамаро медонад.

    7. Аммо одамон аз илми Худо танҳо ҳамон миқдореро фаро мегиранд, ки Ў таъоло бихоҳад. Доираи илму дониши инсон дар баробари фарогирии илми Худо муқоисанопазир аст. Вай гўшае аз илми Худоро наметавонад иҳота намояд, балки танҳо ба миқдори лутфу инояти

    Худо ба ў илми баъзе чизҳоро ба даст меоварад. Илми фарогир ва иҳотакунандаи тамоми зарроти коинот аз сифатҳои камоли Худо мебошад. Ва ба чизе аз илми Ў иҳота наменамоянд, магар ба он (миқдоре), ки худи Ў таъоло бихоҳад.

    8. Курсии Худованд ба андозае бузург аст, ки осмонҳои ҳафтгона ва заминро дар худ гунҷонидааст. Аршу Курсӣ ду офаридаи Худо мебошанд, ки Курсии Ў аз осмонҳо ва замин бузургтар аст ва Арш аз Курсӣ бузургтар аст. Ибни Касир низ мегўяд: Саҳеҳ он аст, ки Курсӣ аз Арш фарқ дорад ва чӣ тавре ахбор ва осор собит месозанд, Арш аз Курсӣ бузургтар аст. Дар ривояте аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки Курсии Худованд илми Ўст, зеро Қуръони карим мефармояд: «Парвардигоро, ҳама чизро бо раҳмат ва илми худ фаро гирифтаӣ».(Сураи Ғофир, 40: 7).

    Табарӣ дар тафсири ин қисмати оят пас аз зикри ваҷҳҳои гуногуне, ки дар тафсири он ривоят шудаанд, назари Ибни Аббосро таъйид намуда, мефармояд: Аммо он ваҷҳе, ки зоҳири Қуръон бар сиҳати он далолат менамояд, қавли Ибни Аббос аст, ки курсиро ба илм тафсир намудааст.

    Дар ривояти дигар аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки Курсии Худо мавзеи ҳарду қадам аст ва андозаи Аршро ҳеҷ кас (ба ҷуз Худо) намедонад. Ибни Касир, Қуртубӣ ва дигар муфассирон дар тафсири ин қисмати оят ин назарро тарҷеҳ додаанд.

    Тариқаи салафи солеҳи уммат дар ин мавридҳо он аст, ки бандаи мўъмин ба Аршу Курсӣҳамон гуна, ки дар Қуръон ва суннати саҳеҳи Расули Худо (с) омадааст, имон оварда, манзур аз онҳо ва чигунагии нисбати Худо ба онҳоро ба илми Худо вогузор намояд. Доктор Ваҳба Зуҳайлӣ дар тафсири «Мунир» ва «Васит»-и худ ин назарро бо сароҳат зикр намудааст. Курсии Ў осмонҳо ва заминро дар худ гунҷонидааст.

    9. Ҳифзу нигаҳдории осмонҳо ва замин ва тадбири корҳои коинот ҳеҷ гуна сангинӣ ва душвориеро барои Худо ба вуҷуд намеоварад. Чӣ тавре офаридан ва ба зеботарин назме ба гардиш даровардани чархи коинот ҳеҷ гуна душвориеро барои Ў ба вуҷуд наоварда буд, ҳифзу нигаҳдошти онҳо низ бар қудрати тавонои Ў ҳеҷ душворӣ ва сангиниеро ба вуҷуд намеоварад. Ин амр низ аз ҷумлаи сифоти камол ва салоҳиятҳои худоии Ў мебошад ва аз дасти касе дигар ин кор омаданӣ нест. Ва ҳифзу (нигаҳдошти) онҳо Ўро гаронӣ намекунад.

    10. Ў бисёр баландмартаба ва боазамат аст. Дар нўҳ ҷумлаи гузашта сифоти камол ва хусусиятҳои зоти Худованд баён шуданд. Бо мушоҳида ва дарки дурусти онҳо шахси оқил ногузир ба моликият, азамат ва бартарияти Худо эътироф менамояд ва сазовори ин ҳама ҳамон зоти покро медонад. Ва Ў баландмартабаву боазамат аст.

    Дар ин даҳ ҷумлаи Оятулкурсӣ дар мавзўи тавҳиди Худованд ва сифоти камоли Ў ба мўъминон дарсҳои дақиқи имонӣ ва шинохтҳои васеи эътиқодӣ дода мешавад. Онҳо бояд Худоро ба таври дуруст бишиносанд ва ҳамеша Ўро нозир ва муроқиби аҳволи худ бидонанд.

    Таҳияшуда аз "Тафсири навин" ва "Дастури омӯзиши алифбои араби"