×
Яке аз беҳтарин неъматҳои Худованд барои фарзандони Одам он аст, ки барои онҳо хона ва манзили истиқомат додааст, ки дар он истиқомату истироҳат намоянд, аз гармою сармо ба он паноҳ баранд, аз чашмҳо пинҳон шаванд, молу дороиашонро дар он нигоҳ доранд, аз душман ба он паноҳ баранд ва дигар манофеъ.

    ХОНАИ МУСАЛМОН БОЯД ЧИ ГУНА БОШАД

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Солеҳ ал-Фавзон

    2012 - 1433

    فيما يجب أن يكون عليه بيت المسلم

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح الفوزان

    2012 - 1433

    ХОНАИ МУСАЛМОН БОЯД ЧИ ГУНА БОШАД

    Эй бандагони Худо! Неъматҳои ба мо атонамудаи Худованд хеле зиёд ва аз доираи ҳисобу китоб берун аст, ки мо бояд дар баробари ин ҳама неъматҳо шукри Ўро ба ҷо орем ва барои побарҷо мондани ин неъматҳо даст ба корҳои накў занем ва амалҳои солеҳ намоем.

    Худованд мефармояд:

    ﭽوَإِذۡ تَأَذَّنَ رَبُّكُمۡ لَئِن شَكَرۡتُمۡ لَأَزِيدَنَّكُمۡۖ وَلَئِن كَفَرۡتُمۡ إِنَّ عَذَابِي لَشَدِيدٞﭼ سُورَةُ إِبرَاهِيمَ ٧

    «Ва ҳангоме, ки Парвардигоратон эълом намуд, ки агар шукргузор бошед, ба шумо афзуни ато хоҳам кард ва агар куфрон намоед, ҳароина азоби ман сахт аст» Сураи Иброҳим, ояти 7.

    Яке аз беҳтарин неъматҳои Худованд барои фарзандони Одам он аст, ки барои онҳо хона ва манзили истиқомат додааст, ки дар он истиқомату истироҳат намоянд, аз гармою сармо ба он паноҳ баранд, аз чашмҳо пинҳон шаванд, молу дороиашонро дар он нигоҳ доранд, аз душман ба он паноҳ баранд ва дигар манофеъ.

    Худованди муттаъол бар бандагонаш ин хонаҳои барқарор ва интиқолиро миннат гузошта мефармояд:

    ﭽوَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۢ بُيُوتِكُمۡ سَكَنٗا وَجَعَلَ لَكُم مِّن جُلُودِ ٱلۡأَنۡعَٰمِ بُيُوتٗا تَسۡتَخِفُّونَهَا يَوۡمَ ظَعۡنِكُمۡ وَيَوۡمَ إِقَامَتِكُمۡ وَمِنۡ أَصۡوَافِهَا وَأَوۡبَارِهَا وَأَشۡعَارِهَآ أَثَٰثٗا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٖﭼ سُورَةُ النَّحلِ ٨٠

    «Ва Худованд барои шумо хонаҳоятонро оромиши шумо қарор дод ва барои шумо аз пўсти чорпоён хаймаҳо муқаррар кард, то ҳангоми иқомат ва кўч сабук ва қобили интиқол бошад» Сураи Наҳл, ояти 80.

    Худованд дар ибтидо хонаҳои истиқоматиро зикр намуд, ки инсон ғолибан дар он умр ба сар мебарад.

    Худованд онро ҷои оромиш хонд, ба маънои он ки инсон оромиро дар он меёбад ва баъди ҳаракати зиёде барои истироҳат ба он ҷо мешитобад ва аз тамоми масоили зиндаги лаҳзае дар он ором мешавад.

    Баъди он Худованд хонаҳои интиқолиро, ки ҳангоми кўч кардан аз он истифода мешавад, зикр намуда, мефармояд:

    ﭽوَجَعَلَ لَكُم مِّن جُلُودِ ٱلۡأَنۡعَٰمِ بُيُوتٗا تَسۡتَخِفُّونَهَا يَوۡمَ ظَعۡنِكُمۡ وَيَوۡمَ إِقَامَتِكُمۡ وَمِنۡ أَصۡوَافِهَا وَأَوۡبَارِهَا وَأَشۡعَارِهَآ أَثَٰثٗا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٖﭼ سُورَةُ النَّحلِ ٨٠

    «Ва барои шумо аз пўсти чорпоён хаймаҳо муқаррар кард, то ҳангоми кўч ва иқомат сабук ва қобили интиқол бошад» Сураи Наҳл, ояти 80.

    Яъне Худованди муттаъол барои шумо аз пўсти ҳайвонот хонаҳои интиқоли муқаррар кард, сабук аст, чи дар ватанатон ва чи дар вақти сафар аз он истифода мебаред.

    Неъмати истиқомат ва ором гирифтан дар хона беҳтарин неъмат аст ва шумо ба ҳоли онҳое назар афканед, ки имрўз хона надоранд ва ба чи ҳолат гирифторанд ва ба ҳоли худ андеша намоед, ки дар хонаҳои замонави истиқомат доред, хонаҳое ки тамоми васоили роҳат ба монанди обу барқ дар он фаровон буда, дар зимистон бароятон гарми медиҳад ва дар тобистон сарди. Инҳо ҳама неъматҳои Худованд аст, ки дар хона барои шумо додааст ва барои ин ҳама неъматҳо бояд шукри Ўро ба ҷо оваред ва ба таври бояд Ўро ёд кунед, ки ин ҳама аз фазлу марҳамати Ўст.

    Эй бандагони Худо! Хонаи мусалмон бояд аз дигар хонаҳои фарқият дошта бошад ва тибқи шариати илоҳи дар хонаи мусалмон бояд ҳамеша зикри Худованди муттаъол карда шавад ва намозҳои нофила бештар хонда шавад ва Қуръони карим хонда шавад ва бояд он аз ҳама намуд фасод пок бошад.

    Дар саҳеҳайн аз Абумўсои Ашъари ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Масали хонае, ки дар он ёди Худо карда мешавад ва хонае, ки дар он ёди Худо карда намешавад, мисли мурда ва зинда аст».

    Ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Баъзе намозҳоятонро (суннатҳо ва нафлҳо) дар хона бихонед ва онро қабристон нагардонед» Ривояти Бухори ва Муслим.

    Яъне дар хонаи худ бештар намозҳои суннат ва нафл бигзоред ва онро ба монанди қабристон нагардонед, ки намоз хонда нашавад. Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Шумо хонаҳои худро қабристон накунед. Шайтонҳо аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад, мегурезад» Ривояти Муслим.

    Боз Паёмбар (с) мефармоянд:

    «Шумо дар хонаҳоятон намоз хонед, зеро беҳтарин намози шахс намозест, ки дар хонааш гузорад, ба ғайр аз намозҳои фарзи» Ривояти Муслим.

    Ин ҳама аҳодис ва даҳҳо ҳадиси дигар, ки ба ин маъно омадааст, далел бар он аст, ки бояд хонаҳои мусалмонон ҳамеша бо зикру тасбеҳу таҳлил обод бошанд, дар он бештар намоз хонда ва Қуръони карим тиловат карда шавад, зеро намози суннатро беҳтар аст дар хона бихонанд, на дар масҷид. Ҳамчунин дар ин ҳадисҳо манъ карда шудааст, то хонаҳоро ба монанди қабристон холи аз зикру намоз гардонем.

    Ҳамчунин дар ин аҳодис моро ташвиқ ба қироати Қуръон дар хонаҳо мекунад ва хусусан сураи Бақара, зеро бо хондани ин сура шайтонҳо аз ин хона мегурезанд. Ҳар хонае, ки дар он ин ҳама шартҳо фаровон бошад, яъне дар он Худованд зикр карда шавад ва намозҳои суннату нафл хонда шавад ва Қуръон тиловат карда шавад, чунин хона ба як мадрасаи бузург мубаддал мегардад, ки дар он ҳамаи истиқоматкунандагон, занону мардону фарзандон бар тоъати Худову Расул тарбият меёбанд. Чунин хонаҳоро малоика бештар зиёрат мекунанд ва аз он шайтонҳо дур мешаванд.

    Вақте хонаҳо аз ин ҳама сифот холи бошанд, онҳо ба монанди қабристон мегарданд, ки истиқоматкунадагони он мурдадилонанд, агарчи ҷисман зиндаанд ва дар чунин хонаҳо шайтонҳо истиқомат намуда, малоик аз он дури меҷўянд. Акнун худ қазоват кунед, ки ҳоли касоне, ки дар чунин хонаҳо истиқомат доранд, чи мешавад? Ҳоли касоне, ки дар хонаҳое тарбият гирифтаанд, ки дар он ёде аз Худо набуд ва он ба монанди қабристон зулмат буд? Чунин хонаҳо таъсири баде мерасонад барои касоне, ки дар он сукунат мекунанд. Ҳоли чунин хонаҳо чи мешавад, ки ба ҷои хайр, ин хонаҳо манбаъҳои фасоду фаҳш шаванд?

    Хонаҳое, ки дар он филмҳои фоҳишагиро тавассути видео ва интернет тамошо мекунанд ва суратҳои фасоду бад дар деворҳои он овезон аст ва ин ҳамаро фарзандон бепарво назорат мекунанд.

    Хонаҳое, ки бо наворҳои суруду оҳангҳои бемаъни ва ишқбози пур аст, дар он намоз намехонанд ва дар фикри ҷамъияту миллату дин нестанд.

    Паёмбар (с) борҳо қасди онро намуд, ки рафта, тамоми хонаҳоеро, ки аҳли онҳо аз намоз қафо мемонанд ва ба масҷид ҳозир намешаванд, дар болои сари истиқоматкунандагонаш бисўзонад. Пас ҳоли онҳое, ки аслан намоз намехонанд, чи мешавад?

    Соҳибони чунин хонаҳо аҳёнан дар ҷомеъа аз мақомоти баланд бархўрдоранд, онҳо ё дар мансабҳои баланди ҳукумати кор мекунанд, ё аз ҷумлаи сарватмандони кишвар ба шумор мераванд. Шайтон ба назди чунин ашхос омада, мегўяд: ту болотар аз он ҳасти, ки ба масҷид рави ва ҳамроҳи мардуми одди намоз гузори, зеро ин кор қадри туро дар назди мардум паст мекунад ва ҳайбататро аз дили онҳо мебарад. Пас чунин инсонҳо аз рўи кибру ғурур намозҳои худро дар масҷид намехонанд. Ва баъзеҳоро молу мулк машғул намуда, масҷидро аз ёд мебарорад.

    Дар ҳадиси шариф омадааст, ки чунин инсонҳо рўзи қиёмат ҳамроҳи мутакаббирон маҳшур мешаванд.

    Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) боре намозро ба ёд оварда, чунин фармуданд:

    «Ҳар ки намозро пайваста ҳифз намояд, дар рўзи қиёмат барояш нур, бурҳон ва наҷот мегардад. Ва ҳар ки онро барпо накунад, на барояш нур мешавад, на бурҳон ва на наҷот ва чунин инсон дар рўзи қиёмат ҳамроҳи Қоруну Фиръавну Ҳомону Убай ибни Халаф маҳшур мегардад» Ривояти Аҳмад, Абуҳотим ва Ибни Моҷҷа.

    Дар ин ҳадиси шариф як нуктаи аҷиб аст ва он ин аст, ки шахси тарккунандаи намоз ё ба сабаби машғул будан ба мол, ё ба пул, ё ба вазифа, ё ба тиҷорат намозашро тарк мекунад. Ҳар ки намозашро ба сабаби машғул будан ба молҳояш тарк кунад, ҳамроҳи Қорун аст ва ҳар ки ба сабаи мулкаш онро тарк кунад, ҳамроҳи Фиръавн аст ва ҳар ки барои вазифа онро тарк кунад, ҳамроҳи Ҳомон аст ва ҳар ки барои тиҷорат онро тарк намояд, ў ҳамроҳи Убай ибни Халаф аст.

    Эй бандагони Худо! Касоне, ки сифати хонаҳои худро ин гуна зишт кардаанд, ки он холи аз ёди Худо ва пур аз лаҳву фасод аст, онҳое, ки дар хонаҳо худ танбалонеро парвариш мекунанд, ки аз масҷид мегурезанд, арзиши ҳамаи уқубутҳоро доранд.

    Чунин хонаҳо ба дасти душманон вайрон гашта, аҳли он рў ба гурез меоранд ва билохира бехонумон мегарданд, ҳамчуноне, ки имрўзҳо дар саросариҷаҳон ҳазорон оила гирифтори ин мусибатанд. Ин ҳама ба сабаби он аст, ки онҳо неъматҳои Худоро нодида гирифтаанд ва дар хонаҳо тамоми маъсиятро раво донистаанд ва ҳар гуноҳ неъматро ба мотам ва ободиро ба харобазор мубаддал мекунад.

    Эй бандагони Худо! Чизи дигареро, ки бояд хонаи мусалмон аз он пок бошад, ин сурат ва саг аст. Абу Талҳа ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Малоика дар хонае, ки дар он сурат ё саг бошад, намедарояд» Ривояти Бухори ва Муслим.

    Дар ривояти Имом Муслим омадааст: «Дохил намешаванд малоика ба хонае, ки дар он саг ё тимсол бошад». Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҷабраил ба назди ман омада, ба ман гуфт: Ман дирўз омада будам ва маро барои даромадан ба назди ту чизе манъ накард, магар ин ки дар пеши дар тимсолҳое дидам ва дар хона пардае буд, ки дар он тимсол буд ва дар хона саге буд. Пас ту дастур деҳ, то сари тимсол канда шавад ва он ба сурати дарахт гардад ва бифармо, то он парда бурида шавад ва аз он ду болиш бисозанд, то дар зер қарор гирад ва бифармо то сагро аз хона берун кунанд» Ривояти Абудовуд ва Тирмизи.

    Ин ду ҳадис далел бар он аст, ки овехтани суратҳо дар деворҳои утоқҳо ва хона ҳаром аст ва далел бар он аст, ки ҳар ки ин корро бар худ раво бинад, уқубати камтаринаш он аст, ки малоик ба он ҷо намедароянд, ки дар ин ҳолат зиёни сахте мекунад.

    Ҳамчунин ин ҳадисҳо далолат бар он мекунад, ки нигоҳ доштани саг дар хона ва онҳоро беҳуда гирифта, дар кўчаҳо гаштан ҳаром аст. Сагро метавон дар ҳавли барои корҳои машруъ, монанди муҳофизати чорво, посбонии замин ва шикор истифода бурд ва дар ғайри ин гирифтани саг ба сабабҳои зерин ҳаром аст.

    Якум, ин ки даромадани малоикаи раҳматро манъ мекунад. Оё мўъмине пайдо мешавад, ки мўҳтоҷи даромадани малоикаи раҳмат набошад?

    Дуюм, аз савоби ў ҳамарўза ду қирот кам карда

    мешавад, ки ин нуқсони бузурге аст. Мусалмон набояд савобҳои ба заҳмат дарёфт намудаашро ба ин осони аз даст диҳад. Қирот чунончи дар шарҳи ҳадисҳо омадааст, ба монанди кўҳи бузург аст.

    Сеюм, дар ин кор мушобаҳат ба кофирон аст, ки онҳо сагпарвари мекунанд. Чунончи маълум аст дар дини мо монанд шудан ба кофирон ҳаром аст. Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳар ки худро ба қавме ташбеҳ диҳад, ў низ аз ҳамон қавм ба шумор меравад» Ривояти Абудовуд.

    Дар гирифтани саг азияти ҳамсоягон ва роҳгузарон аст ва наҷосату палидии оби даҳони он ҳаром аст, ки имкони бенамоз кардани асбобу олот мебошад.

    Эй бандагони Худо! Аз Худованд битарсед ва ба хонаи худ ва истиқоматкунандагони он аҳамияти бештар диҳед, то он хонаи исломии бо ёди Худо ва ибодат Ў зиндагашта мубаддал гардад.

    Шумо аз хонаи худ ҳама чизеро, ки ба одоби исломи мухолифат мекунад ва ё ба гуноҳ бурда мерасонад, дур намоед.

    Худованд мефармояд:

    ﭽلَّقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِي رَسُولِ ٱللَّهِ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيراﭼ سُورَةُ الأَحزَابِ ٢١

    «Албатта барои шумо дар Паёмбар намунаи хуб аст. Барои касе, ки умеди Худо ва рўзи охиратро дошта бошад ва Худоро бештар ёд кунад» Сураи Аҳзоб, ояти 21.

    Эй бандагони Худо! Бояд хонаи мусалмон аз ҳар тараф маҳкам бошад, то аз чашмони бад дар амон афтад ва касоне, ки дар дохили он ҳастанд, битавонанд бо дили пур гаштугард намоянд ва мутмаин бошанд, ки ба сирру асрори онҳо касе воқиф намешавад ва касе наметавонад бидуни иҷозат вориди он гардад.

    Худованд мефармояд:

    ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قَٰتِلُواْ ٱلَّذِينَ يَلُونَكُم مِّنَ ٱلۡكُفَّارِ وَلۡيَجِدُواْ فِيكُمۡ غِلۡظَةٗۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُتَّقِينَﭼ سُورَةُ التَّوبَةِ ١٢٣

    «Эй касоне, ки имон овардаед, шумо ҳамроҳи касоне, ки шуморо азият медиҳанд, мубориза баред ва бояд онҳо дар шумо дуруштиеро эҳсос намоянд. Ва дониста бошед, ки Худованд ҳамроҳи муттақиён аст» Сураи Тавба, ояти 123.

    Боз Худованд мефармояд:

    ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَدۡخُلُواْ بُيُوتًا غَيۡرَ بُيُوتِكُمۡ حَتَّىٰ تَسۡتَأۡنِسُواْ وَتُسَلِّمُواْ عَلَىٰٓ أَهۡلِهَاۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ ٢٧ فَإِن لَّمۡ تَجِدُواْ فِيهَآ أَحَدٗا فَلَا تَدۡخُلُوهَا حَتَّىٰ يُؤۡذَنَ لَكُمۡۖ وَإِن قِيلَ لَكُمُ ٱرۡجِعُواْ فَٱرۡجِعُواْۖ هُوَ أَزۡكَىٰ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ عَلِيمٞﭼ سُورَةُ النُّورِ ٢٨

    «Эй касоне, ки имон овардаед, шумо дохил нашавед ба хонаҳо ғайри хонаи худатон, то рухсат талабед ва ба аҳли он салом диҳед. Ин барои шумо беҳтар аст, бошад ки панд гиред. Пас агар дар он касеро пайдо накардед, вориди он нашавед, то бароятон иҷоза диҳанд. Ва агар барои шумо гуфта шавад, ки баргардед, пас шумо баргардед. Ин бароятон поктар аст. Ва Худованд ба он чи мекунед, доност» Сураи Нур, оятҳои 27-28.

    Ибни Касир (р) мегўяд: "Рухсат талабед» яъне пеш аз даромадан иҷозат бигиред. "Ва ба аҳли он салом диҳед", яъне баъди даромадан ба он хонадон салом диҳед. Баъди ин мегўяд: Бояд дониста шавад, он касе, ки иҷозати даромадан металабад, набояд дар пеши дар истода, ба хона назар кунад, балки бояд ба дигар тараф нигариста, дарро дар дасти росташ, ё дасти чапаш қарор диҳад.

    Дар саҳеҳайн аз Паёмбар (с) ривоят аст, ки мефармоянд: «Агар касе ба даруни хонаи ту нигоҳ кунад ва ту барояш иҷозат надода боши, пас бо сангчае ўро бизани ва чашмонашро бикафони, ҳеҷ гуноҳе бар дўши ту нест» Муттафақун алайҳи

    Уқба ибни Омир(рз) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Шумо ҳаргиз ба назди занон дохил нашавед. Марди ансорие пурсид: Агар бародари шавҳар бошад чи? Гуфтанд: бародари шавҳар ин марг аст» Ривояти Бухори ва Муслим.

    Дар бародари шавҳар ва дигар хешони шавҳар хавфу хатар бештар аст, зеро даромадану баромадани онҳо осонтар аст.

    Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки эҳтироми хонаҳои мусалмонон бузург аст. Даромадани бегонаҳо ба хонаи мусалмон дар вақти набуданаш хатари хеле бузург дорад, вале мутаассифона имрўзҳо мардум ба ин мавзўъ он қадар аҳамият намедиҳанд. Баъзе занон дар ҳузури хешони шавҳар ба монанди бародар, амак ва тағои шавҳар ҳиҷоб намекунанд ва баъзеи дигар ба хонаи худ мардони бегонаро даъват намуда, бо ҳамсарони худ якҷо мекунанд, бо номҳои гуногун монанди ошпаз, ронанда, хидматгор ва ғайра.

    Баъзеҳо занону духтарони бегонаро ба хонаи худ оварда, кор мефармоянд ва ҳар лаҳза ба назди онҳо медароянду мебароянд, гўё онҳо аз маҳрамҳои ў бошанд.

    Ин ҳамаро Исломи азизи мо сахт манъ намудааст ва онро аз сарчашмаҳои фитна хондааст.

    Мўъмини баномус намегузорад, то бегонагон ба хонаи ў дароянд ва бо маҳрамони ў якҷо бошанд. Ў ба ҳамсар ва духтари худ иҷозат намедиҳад, то ҳамроҳи ронандаи бегона дар мошин савор шавад.

    Ў намегузорад, то зани бегона дар хонаи ў бошад ва чун маҳрамон бепарво дар он гаштугузор намояд ва аз пеши рўи ў ба монанди зану хоҳараш ба ин тарафу он тараф гузарад.

    Эй бандагони Худо! Шумо аз Худованд битарсед ва аз бадии ин ҳама фитнаҳо барҳазар бошед ва ин фарҳанги пучу бемаъниро кўркўрона тақлид накунед, ки ин кори пурхатар аст. Шумо коре накунед, ки хонаҳои худро ба дасти худ ва дасти душманонатон вайрон кунед, дар ҳоле, ки худ бехабаред.