×
Баъзе роҳнамоиҳои ва насиҳатҳои муҳиме, ки барои рӯзадорон зарур аст, дар ин мақола пешкаши хонандагон гардида аст. Китоби: Хулосату ал-Калом фи аҳком ас-Сиём

    Тавҷиҳот ва насиҳатҳо барои рузадорон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Абдуллоҳ ибни Ҷоруллоҳ ал-Ҷоруллоҳ

    2012 - 1433

    ﴿توجيهات و نصائح للصائمين﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    عبدالله بن جار الله الجار الله

    2012 - 1433

    Тавҷиҳот ва насиҳатҳо барои рузадорон

    Агар нафсҳо табиатан мехоҳанд зинда монанд, нафсҳои муъминон аз ин умри худ ҳосилҳои зиёде мебардоранд хусусан дар моҳи шарифи Рамазон, то бо амалҳои солеҳ савдо кунанд, ва бо корҳои накў барои фардои худ тушаҳо гиранд.

    Дар ҳадиси шариф омадааст, ки «Ҳар ки дар моҳи Рамазон як кори хубро анҷом диҳад баробари он аст, ки дар ғайри Рамазон ҳафтод фаризаро ба ҷо оварда бошад» ин аст фазилатҳо беандозаи Худованд, ки шавқмандии нафсҳоро афзун мекунад, то онҳо барои худ орзуҳои охиратро намуда, ва барои таҳқиқи он кўшиш намоянд.

    Аммо агар ин шавқманди гум шавад ва нафсҳо ин майлро аз даст диҳанд, дар ин сурат кор ранги дигар мегирад ва дигар инсон даст ба ҳама гуноҳҳон мезанад ва ҳатто рўзаро ҳам мехурад, бе инки узре дошта мбошад, монади бемори ва ё рухсати шаръи ба монанди сафар. Дар чунин ҳолат инсон аз рроҳи оммаи муъминон берун мешавад, ва бузургтарин зиёнро мекунад, зиёнеро, ки дар рўзи қиёмат зоҳиру ошкор мегардад, дар он рўзе, ки ҳамаи мусалмонон хурсанданд ва барояшон гуфта мешавад, ки

    ﭽكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓ‍َٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِﭼ سُورَةُ ٱلحَآقَّةُ ٢٤

    «Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти амалҳоест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардаед!» сураи Алҳоққа 24 , дар чунин рўз барои гунаҳкорон ва касоне, ки аз фармон сарпечи намуданд, гуфта мешавад, ки

    ﭽوَيَوۡمَ يُعۡرَضُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَلَى ٱلنَّارِ أَذۡهَبۡتُمۡ طَيِّبَٰتِكُمۡ فِي حَيَاتِكُمُ ٱلدُّنۡيَا وَٱسۡتَمۡتَعۡتُم بِهَا فَٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَسۡتَكۡبِرُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَبِمَا كُنتُمۡ تَفۡسُقُونَﭼ سُورَةُ الأَحقَافِ ٢٠

    «Ва рўзе, ки кофиронро ба оташ пешниҳод мекунанд, Шумо хубиҳоятонро дар ҳаёти дунё аз даст додаед ва рўзҳоятонро бо он ба хуши газаронидаед пас имрўз бароятон азоби хориеро нишон медиҳанд, ба сабаби онеки шумо дар рўи замин ноҳаққона кибр меварзидед ва ба сабаби оне, ки фосиқи мекардед» Аҳқоф 20.

    Ҳазрати Умар аз бисёре аз хушиҳои зиндаги даст мекашид ва мегуфт ман метарсам ки аз ҷумлаи ононе бошам, ки Худованд дар бораи онҳо мефармояд:

    «Шумо хубиҳоятонро дар ҳаёти дунё аз даст додаед ва рўзҳоятонро бо он ба хуши газаронидаед» сураи Аҳқоф 20.

    Вақте Умар бо он фазилату бузурги чунин метарсид чаро он касоне, ки дар рўзҳои моҳи рамазон бепарво рўзаро мехуранд аз он рўз дар ҳарос нестанд? Чаро онҳо барои анҷоми ҳаром кардаҳои илоҳи шитоб мекунанд? Оё намтарсанд, ки аз ҷаннат маҳрум мешаванд ва гирифтори азоби дўзах мегарданд.

    Эй бандагони Худо! Аз Худо битарсед ва барои ин меҳмони гироми, моҳи шарифи рамазон омодаги бинед.

    Омодаи он бошед ки рўзашро бо рўза ва шабашро бо намоз гузаронед ва барои анҷоми корҳои хайр мусобиқа намоед ва аз баракоти Худованд дар ин моҳ истифода баред. Зеро агар бандаро соати иҷобат мувофиқ оят ва як дами илоҳиро ба даст орад ў аз ҷумлаи муқарабин хоҳад шуд. Ҳазар намоед аз инки ин моҳро бепарвоёна гузаронед ва бо садҳо баҳонаҳо рўза нагиред ва як фарзи илоҳиро тарк намоед.

    Худованд биност ва оқибати фиребагрон ва ҳиллагарон бадист.