×
Оиша (р.з) мегӯяд, ки дар Бани Ашҳал се нафар буданд, ки касе аз онҳо дар фазлу бузургӣ бартарӣ надошт. Эшон; Саъд писари Маъоз, Усайд писари Ҳузайр ва Ибод писари Башар (р.з) буданд.

    Саъд писари Маъоз

    Саҳобие, ки малоик ҷанозаи ӯро хонданд

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Ҳувайдои Абдуллоҳ

    nahzat.tj

    2012 - 1433

    ﴿ سيرة الصحابي الجليل سعد بن معاذ رضي الله عنه ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    هويدا عبد الله

    موقع: nahzat.tj

    2012 - 1433

    Саъд писари Маъоз (р.з) аз зумраи саҳобаҳои бузург буда, ба кунияи Абӯамр ёд мешавад. Саъд писари Маъоз писари Нӯъмон писари Амрӣ Алқайси Ансорӣ Алашҳалӣ мебошад. Модараш Кабша духтари Рофеъ писари Убайд писари Саълаба буд. Модари ӯ низ аз ҷумлаи мусалмонҳо буда, пас аз вафоти фарзанди хеш аз дунё даргузаштааст.

    Аҳли оилаи Саъд баробари зуҳури дини Ислом мусалмон шуда ва дар густариши ин дин хидматҳои бузурге анҷом додаанд. Аз ҷумла, ин саҳобии бузург шахсияте буда, ки бо Ислом овардани ӯ Мадина дурахшон шуд. Ҳамчунин ӯ дар ҷанги “Бадр” нақши муҳим дошт. Ӯ касе буд, ки ба сабаби вафоташ арши Худованд ба ларза даромад ва ҳафтод ҳазор малак дар ҷанозаи ӯ ширкат намуда, тобути ӯро бардоштанд.

    Оиша (р.з) мегӯяд, ки дар Бани Ашҳал се нафар буданд, ки касе аз онҳо дар фазлу бузургӣ бартарӣ надошт. Эшон; Саъд писари Маъоз, Усайд писари Ҳузайр ва Ибод писари Башар (р.з) буданд. Мановӣ дар китоби худ “Файз-ул-қадир” мегӯяд: “Ибни Қайим гуфт, ки Саъд дар миёни ансор ба манзалаи Абубакри Сиддиқ (р.з) буд”. Яъне бо вуҷуди ҳама хислатҳо ва рафторҳои неке, ки Абубакр (р.з) дар миёни муҳоҷирон дошт ва бар маҳзи онҳо аз дигар муҳоҷирин фарқ мекард, Саъд (р.з) низ миёни ансор ҳамчун Абубакр (р.з) соҳибмақом шинохта мешуд.

    Бояд гуфт, Саъд дар роҳи Худо аз ҳеҷ хатаре наметарсид ва ризоияти Худо ва Расулаш (с)– ро ба ризоияти қавм ва ҳампаймононаш тарҷеҳ медод ва ҳукми ӯ бо ҳукми Худованд мувофиқ буд. Пас шоиста аст, ки арш ба хотири ӯ биларзад.

    Исломи Саъд (р.з) - дурахши офтоби Ислом дар Мадина

    Саъд бузурги қавм худ ба ҳисоб мерафт ва пеш аз зуҳури Ислом яке аз мушрикон буд. Вале вақте Паёмбар (с) Мусъаб писари Умайр (р)– ро барои даъват ба сӯйи Худованд ба Мадинаи Мунаввара (он вақат Ясриб ном дошт) фиристод, Саъд бошад тавассути сафири Расули акрам (с) мусалмон шуд.

    Ибни Исҳоқ нақл мекунад, ки Асъад писари Зирора ҳамроҳи Мусъаб писари Умайр (р.з) мехостанд ба хонаи Бани Абдулашҳал ва Бани Зуфар бираванд (Саъд писархолаи Асъад писари Зирора (р.з) буд). Онҳо вориди яке аз маҳаллаҳои мутааллиқ ба Бани Зуфар шуданд. Ҳар ду дар маконе ки онро чоҳи «Марақ» мегуфтанд, истоданд ва касоне ки дини Исломро пазируфта буданд, назди онҳо ҷамъ шуданд. Он замон Саъд ва Усайд писари Ҳузайр (р), ки аз бузургони қавм ба шумор мерафтанд, мушрик буданд. Вақте хабари Мусаъаб (р.з)– ро шуниданд, Саъд ба Усайд гуфт: “Бепадар шавӣ, назди ин ду мард бирав, ки вориди хонаҳои мо мешаванд ва афроди заъифи моро фиреб медиҳанд. Бирав, онҳоро боздор ва битарсон, то вориди хонаҳои мо нашаванд. Агар Асъад писари Зирора (р.з) писархолаам намебуд, худам ин корро анҷом медодам.”

    Усайд шамшерашро гирифта, назди онҳо рафт. Вақте ки Асъад писари Зирора (р.з) ӯро дид, ба Мусъаб (р.з) гуфт: «Ӯ бузурги қавми худ аст ва назди онҳо омадааст, бинобар ин бештар талош бояд кард, то даъвати моро бипазирад» Мусъаб гуфт, ки агар биншинад, бо ӯ суҳбат мекунад. Вале Усайд онҳоро дашном дода гуфт: “Чаро шумо омадаед? Омадаед то афроди заъифи моро фиреб диҳед? Агар ҷони худро дӯст доред, аз ин ҷо биравед!”. Мусъаб (р.з) ба ӯ гуфт: “Мумкин аст биншинӣ ва ба ҳарфи ман гӯш кунӣ? Агар розӣ шудӣ, онро бипазир ва агар на, онро раҳо кун.” Дар чунин ҳол, ӯ шамшерашро канор гузошт ва назди онҳо нишаст. Мусъаб (р.з) дар мавриди Ислом ва чигунагии он бо ӯ сӯҳбат кард ва порае аз Қуръонро дар ҳузураш тиловат намуд. Амри маъруфу қуръонхонии Мусъаб (р.з) дили ӯро нарм кард, ки гуфт: «Чӣ қадар сухани зебо ва дилнишин аст. Агар касе бихоҳад вориди ин дин шавад, чӣ бояд кунад?» Ба ӯ гуфтанд, ки “ғусл мекунӣ, либосатро тамйиз менамоӣ, калимаи шаҳодатро ба забон меорӣ ва пас аз он намоз мехонӣ.” Усайд ҳамчуноне фармуда буданд, кард ва ду ракаъат намоз хонд. Баъдан, ба Мусъаб (р.з) “Маро марде назди шумо фиристод, ки агар аз шумо пайравӣ кунад, касе аз қавмаш бо ӯ мухолифат намекунад.”- гуфта, рафт. Вақте ки Саъд (р.з) аз дур Усайдро дид, ба қавмаш гуфт: «Усайд бар он ҳоле нест, ки аз назди шумо рафта буд» Чун ба онҳо Усайд наздик шуд, Саъд гуфт, чӣ шуд? Усайд ҷавоб дод: “Бо онҳо сӯҳбат кардам ва мушкилиеро дар корашон мушоҳида нанамудам.”

    Ба шудани ин сухан Саъд назди Мусъаб ва Асъад рафт. Вақте ба назди эшон расид, ба Асъад гуфт: «Ба Худо қасам, агар аз ақрабоям намебудӣ, бо ин шамшер туро мекуштам. Чаро он чиро ки дӯст надорем, махфиёна дар хонаҳои мо анҷом медиҳед?” Дар чунин ҳол, Асъад (р.з) ба Мусъаб (р.з) гуфт: “Бузурги қавм назди ту омада, агар аз ту пайравӣ кунад, дигар касе боқӣ намемонад”. Мусъаб (р.з) аз ӯ хоҳиш кард, то сухани ӯро бишнавад ва Саъд (р.з) низ розӣ шуд...

    Ҳамин тариқ, ӯ дини Исломро қабул кард. Вақте қавмаш ӯро диданд, гуфтанд: “Ба Худо қасам, ки Саъде ки меояд, он Саъде нест, ки назди мо буд.» Ӯ рӯ ба рӯйи қавм истод ва гуфт, ай Бани Ашҳал, маро дар миёни худатон чӣ гуна мебинед? Гуфтанд, ту бузургу оқили мо ҳастӣ ва раъй раъйи туст. Гуфт, сухан гуфтан бо занон ва мардони шумо бар ман ҳаром аст, то вақте ки шумо ба Худо ва Расулаш имон наёваред...

    Мегӯянд, ҳанӯз шаб фаро нарасида буд, ки ҳама мардон ва занон дар хонаи Бани Ашҳал мусалмон шуданд ва Асъаду Мусъаб (р.з) ба хонаи Асъад (р.з) баргаштанд.

    Саъд ва ҷанги “Бадр”

    Замоне ки ҷанг миёни муҳоҷирон ва аҳли Макка шиддат гирифт, Паёмбар (с) хост назари асҳобашро дар ин бора бидонад ва гуфт: “Ай мардум, дар бораи ин чӣ назар доред?”. Абубакр (р.з) гуфт, ки «хуб аст, мувофиқ ҳастем» ва Умар (р.з) ва Миқдод (р.з) низ чунин гуфтанд. Ин се нафар аз фармондеҳони муҳоҷирон буданд, вале лашкарашон кам буд. Зимнан Паёмбар (с) хост назари фармондеҳони ансорро низ бидонад, зеро онҳо аксарияти лашкарро ташкил медоданд ва ё ба ибораи дигар сангинии ҷанг бештар бар шонаҳои онҳо буд. Дар чунин ҳол, Паёмбар (с) гуфт, ки “эй мардум, бо ман машварат кунед” ва манзураш фармондеҳони ансор буданд. Фармондеҳи ансор ва парчамдори онҳо Саъд писари Маъоз (р.з) гуфт, ки “ба Худо қасам манзурат мо ҳастем”.

    Паёмбар (с) гуфт, ки “ҳамин тавр аст”. Пас аз ин Саъд (р.з) изҳор дошт: «Мо ба ту имон овардем ва туро тасдиқ кардему шаҳодат додем, ки он чӣ ту бар он ҳастӣ, ҳақ аст ва аҳду паймони худро бар асоси итоат аз ту гузоштем. Пас, эй Расули Худо, ҳар коре ки мехоҳӣ бикун. Қасам ба Худо, агар вориди дарё шавӣ, мо низ ҳамроҳи ту ворид мешавем ва ҳатто як нафар аз мо мухолифат намеварзад ва ҳеҷ кадоме аз мо аз рӯбарӯ шудан бо душман нороҳат намешавад. Мо дар ҷанг сабур ва дар аҳду паймон ростгӯ ҳастем ва шояд ки Худованд рӯшании чашми туро дар мо қарор дода бошад...»

    Ларзидани арши Худованд ба хотири Саъд писари Маъоз (р.з)

    Дар ҳадиси Паёмбар (с), ки дар «Саҳеҳ Бухорӣ» ва Муслим ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) гуфт: «Арши Худованди раҳмон ба хотири марги Саъд (р.з) ларзид.» Асома духтари Язид мегӯяд, вақте ки Саъд вафот кард, модараш фарёд зад ва Паёмбар (с) фармуд: «Оё ашкат банд намешавад ва нороҳатият бартараф намешавад, агар бигӯям писарат аввалин касе буд, ки Худованд ба хотири ӯхандид ва арши ӯ ларзид?»

    Ин буд порае аз рӯзгори ин абармарди таърихи Ислом, ки тавассути ҷонфидоиҳои эшон ва дигар ёрони Расули акрам (с) дини мубини Ислом ба сарзамини мо расид. «Разияллоҳу ъанҳум ва разу ъанҳу»