Гузаштагони ислом ва ҳифзи забон
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Гузаштагони ислом ва ҳифзи забон
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Абдулмалик Ал-Қосим
Таҳия ва тарҷума: Мусъаби Ҳамза
2012 - 1433
﴿ السلف وحفظ اللسان ﴾
«باللغة الطاجيكية»
عبد الملك القاسم
ترجمة: مصعب حمزة
2012 - 1433
Гузаштагони ислом ва ҳифзи забон
Яке аз олимони Ислом дар баёни ҳоли бисёри аз мардум чунин мегӯяд: Аҷиб аст, ки баъзе аз мардум ба содаги ва осони аз ҳаромхурдан ва дуздию шаробхори ва нигоҳ ба сӯи корҳои ҳаром дури мекунанд, аммо муҳофизати ҳаракати забонашон барояшон мушкил ва сахт аст, то ҷое ки мебини инсоне ки ба диндори ва зуҳду ибодат машҳур аст, сухане аз рӯйи хашми худованд ба забон меорад, ки ба он аҳамияте намедиҳад ва бо як калимаи он беш аз фосилаи машриқу мағриб суқут мекунад.
Чӣ бисёранд касоне ки аз амалҳои фоҳиша ва зулму ситам дуранд, вале забонашон олудаи туҳмат ба номусу обурӯи мурдагону зиндагон аст, ва ин барояшон ҳеҷ аҳамияте надорад.
Ҳоло рафтору гуфтори як маҷмуъаи аз олимони Исломро дар ин мавзӯъ зери нуқтаҳои оянда баён мекунем.
1- Аз яке аз ҳакимон ривоят шуда аст, ки: Мардеро дид, ки бисёр сухан мегуфт ва кам сукут пеша мекард. Ба ӯ гуфт: Худованди муттаъол бароят ду гуш офарида аст ва як забон, то инки ончи мешунави ду баробари ончи ки мегуи бошад.
2- Рабиъ ибни Сабиҳ ривоят мекунад, ки марде ба Ҳасани Басри гуфт: Эй Абусаъид! Ман чизеро мебинам, ки аз он хушам намеояд. Ҳасан гуфт: Он чист? Гуфт: Касонеро мешиносам, ки ҳамнишини ту ҳастанд ва иштибоҳоти ғайри қасдонаи туро дар ёд гирифта ва сипас онро барои мардум бозгу мекунанд, ва аз ту айбҷуйи мекунанд.
Ҳасани Басри гуфт: Бародарзодаи ман сахтгири макун! Бароят чизе мегуям, ки аз он ҳам аҷибтар аст. Гуфт: Он чист? Ҳасан гуфт: Ман нафси худро барои ҷивори худованд ва ба даст овардани биҳишт ва наҷоти аз оташу ҳамнишинии паёмбарон мутиъ ва фармонбардор сохтаам, на дар хушдошти мардум, ки агар қарор буд касе аз (сухани) мардум дар амон бимонад, офаридгорашон дар амон мемонд.
Ҳоло ки офаридгори онон аз (суханони норавои) онон дар амон намонда аст, пас махлуқ шоистатар аст.
3- Ҷубайр ибни Абдуллоҳ мегуяд: Ваҳб ибни Мунаббиҳро дидам, марде ба ҳузураш расид ва гуфт: Фалон касро дидам, ки туро бад мегуяд.
Ваҳб гуфт: Шайтон касе дигаре ҷуз ту наёфт, ки уро осон бидорад?
Баъди андак вақт он мард (ҳамоне ки дар ҳаққи Ваҳб бадгуйи карда буд) омад ва Ваҳб он мардро эҳтиром ва гироми дошт.
4- Ҳотами Асам мегуяд: Агар касе ки аз ӯ бароят фоидае мерасад, наздат бошад, аз ончи ки боиси ранҷиши ӯст, забонатро ҳифз хоҳи кард.Дар ҳоле ки ҳама суханонат бар Худованд арз ва пешкаш хоҳад шуд, аммо забони худро аз Ӯ ҳифз намекуни.
5- Марде дар ҳузури Маъруфи Кархи касеро ғайбат намуд. Маъруф ба ӯ гуфт: Он ҳангомеро ки панба бар руи чашмонат мениҳанд ба ёд биёвар.
6- Аз ибни Аббос ривоят аст, ки мегуфт: Ҳар сухане ки инсон бар забон биёрад бар ӯ навишта хоҳад шуд, ҳатто оҳу нолае ки дар бемори ба забон меорад. Мегуянд: Ҳангоме ки Аҳмад ибни Ҳанбал бемор шуд, ба ӯ гуфтанд: Товус (яке аз олимони бузург) оҳу ноларо дар ҳангоми бемори хуш намедошт. Баъд аз ин имом Аҳмад дар беморияш ҳатто "оҳ" ҳам нагуфт.
7- Умар ибни Абдулазиз мегуяд: Ҳар ки бидонад, ки сухани ӯ ҷузъе аз амали ӯст, кам сухан хоҳад гуфт, магар дар чизе, ки ба фоидаи ӯст ва ба ӯ марбут аст.
8- Як е аз гузаштагони Ислом мегуяд: Лаҳзаҳои умри одамиро бар ӯ арзу нишон медиҳанд, барои ҳар лаҳзае, ки дар он ёди худовандро накардааст ба шиддат ҳасрату надомат мехурад.
9- Ҳасан ибни Башшор мегуяд: Си сол аст, ки сухане нагуфтам, ки барои он ниёз ба узрхоҳи дошта бошам.
10- Бишр ибни Мансур мегуяд: Назди Аюби Сухтиёни будам, бисёр гап задам, то инки Аюб гуфт: Даст нигаҳ доред... (онқадар кам сухан гуфтаам) ки агар бихоҳам ҳамаи онро бароятон бозгу кунам метавонам.
11- Марде ба Фузайл ибни Аёз гуфт: Фалони манро ғайбат мекунад. Фузайл гуфт: Бароят хайру хуби ҷалб кардааст.
12- Абдурраҳмон ибни Маҳди мегуяд: Ба сабаби инки ман дӯст намедорам , ки касе аз худованд нофармонбардори кунад, вагарна мехостам ҳама мардуми ин замона манро бадгуйи ва ғайбат кунанд. Зеро чи чиз хуштар аз ин аст, ки инсон дар рӯзи қиёмат некиҳоеро дар дафтари аъмолаш биёбад, ки на онро анҷом додааст ва на аз он хабаре доштааст. (Яъне ҳар касе дар ҳақаш бадгуйи ва ғайбат кунанд, барои ӯ некуйи ва ҳасана навишта мешавад , дар ҳоле ки ӯ аз он хабар надорад)
13- Ривоят аст, ки яке аз бузургони аҳли илму ибодатро пас аз марг дар хоб диданд. Аз ӯ дар бораи аҳволаш пурсиданд. Ӯ гуфт: Танҳо барои як сухане, ки бар забон овардам бозхост шудам. Як бор гуфта будам: Мардум чиқадар ниёзманди борон ҳастанд. Ба ман гуфта шуд: Ту чи медони? Ман ба маслиҳати (эҳтиёҷи) бандагонам огоҳтарам.
14- Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Зиёд мегуяд: Назди Аҳмад ибни Ҳанбал будам, ки марде омад ва гуфт: Эй Абуабдуллоҳ! Ман ғайбати туро кардам, манро ҳалол кун (пиҳил кун). Имом Аҳмад гуфт: Туро ҳалол мекунам агар дубора онро анҷом надиҳи.
Абдуллоҳ мегуяд: Ба имом Аҳмад гуфтам: Эй имом оё ӯро ҳалол мекуни дар ҳоле , ки туро ғайбат кардааст? Гуфт: Магар надиди бар ӯ шарт гузоштам.
15- Мардуме назди ибни Сирин омаданд ва гуфтанд: Мо туро ғайбат кардем, моро ҳалол намой. Ибни Сирин гуфт: Он чизеро ки худованд ҳаром кардааст, ҳалол намекунам.
16- Тавқ ибни Мунаббиҳ мегуяд: Ба ҳузури Муҳаммад ибни Сирин расидам, ба ман гуфт: Гуё туро бемор мебинам. Гуфтам: Оре. Гуфт: ба назди фалон пизишк бирав то туро муъоина кунад. Сипас гуфт: На, ба назди фалони бирав, ки моҳиртар аст.
Сипас гуфт: Астағфируллоҳ (Аз Худо талаби мағфират мекунам) гумон мекунам ӯро ғайбат кардам.
17- Ривоят аст, ки Ҳасани Басриро гуфтанд: Фалони туро ғайбат кардааст.
Ҳасан табақе аз рутаб (хурмои тару тоза) ба ӯ фиристод ва гуфт: Ба ман гуфтанд, ки некиҳои худро ба ман ҳадя намудаи, хостам ҷуброн кунам. Аммо манро маъзур бидор, ки наметавонам ба таври комил хубиҳои туро ҷуброн намоям.
18- Аз Абуумомаи Боҳили (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Китоби (дафтари) аъмоли бандаро дар рӯзи қиёмат ба ӯ медиҳанд, ӯ дар он некиҳоеро мебинад, ки анҷом надодааст, пас мегуяд: Парвардигоро! ин некиҳо аз куҷо омадааст? Худованд мефармояд: Ин барои ғайбате аст, ки мардум дар ҳаққи ту кардаанд ва ту аз он хабар надошти.
19- Абдуллоҳ ибни Муборак мегуяд: Ба Суфёни Саври гуфтам: Эй Абуабдуллоҳ! Абуҳанифа чиқадар аз ғайбат кардан дури мекунад! Нашунидам, ки ҳатто якбор ғайбати касе аз душманонашро бигуяд. (Яъне ӯ он қадар аз ғйбат кардан эҳтиёт мекард, ки ҳатто аз ғайбат кардани душманонаш худдори мекард) Суфён гуфт: Ӯ хирадмандтар аз он аст, ки чизеро бар некиҳояш мусаллат кунад, ки боиси аз байн рафтани онҳо шавад.
20- Аз Умар ибни Абдулазиз ривоят аст, ки марде бар ӯ ворид шуд ва дар мавриди каси дигаре чизе гуфт. Умар ба ӯ гуфт: Агар бихоҳи дар амри ту назар хоҳем кард, Агар дуруғ гуфта боши аз аҳли ин оят хоҳи буд: "Эй касоне, ки имон овардед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед," (Ҳуҷурот 6).
Ва агар рост гуфта боши аз аҳли ин оят хоҳи буд:" Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад" (Қалам 11). Ва агар хоҳи туро мебахшем.
Он мард гуфт: Афв намо эй Амирулмуъминин дигар ҳеҷгоҳ ба ин кор барнамегардам.
Худованд ҳамаи моро аз ин гуноҳон дур нигоҳ дорад. Омин.