×
Худованд инсонро замоне, ки офарид, дурусташ намуд, дар ў аз руҳи хеш дамид, барояш гўшу бинию дил бахшид, сураташ дод ва сураташро зебо намуд, дар зеботарин низом ва накўтарин сурат ўро офарид, малоикаҳоро барои ба ў саҷда кардан фармон дод, ўро ба намудҳои зиёди илму маърифат, ки тавасути он саодати дунё ва охиратро меёбад, роҳнамои намуд. Барояш ақлу идроку забону тамиз бахшид, барояш неъматҳои бешумору бебаҳо дод, барояш тамоми ашёи осмону заминро мусаххар сохт, ўро халифаи хеш дар рўи замин таъин кард, то онро обод намояд ва бо ин ҳама вайро хеле такрим кардааст.

    ТАКРИМИ ХУДОВАНД БАРОИ ИНСОНИЯТ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Қосим

    2012 - 1433

    ﴿ تكريم الله لبني آدم ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    محمد بن عبد الرحمن بن قاسم

    2012 - 1433

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    ТАКРИМИ ХУДОВАНД БАРОИ ИНСОНИЯТ

    Ҳамд барои Худованд, ҳамди беандозаи поки бобаракат, ҳамон тавр ки Парвардигорамон дўст медорад ва мехоҳад. Ў таъолоро ҳамде мегўям, ки ба ҷалолаш лоиқ бошад.

    Ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда, фиристода ва баргузидаи халқи ў ва беҳтарин бандаи ўст.

    Салавоту саломи Худо бар ў, бар олу асҳоб ва ба пайравонаш то рўзи қиёмат.

    Эй бандагони Худо, Худованд инсонро замоне, ки офарид, дурусташ намуд, дар ў аз руҳи хеш дамид, барояш гўшу бинию дил бахшид, сураташ дод ва сураташро зебо намуд, дар зеботарин низом ва накўтарин сурат ўро офарид, малоикаҳоро барои ба ў саҷда кардан фармон дод, ўро ба намудҳои зиёди илму маърифат, ки тавасути он саодати дунё ва охиратро меёбад, роҳнамои намуд. Барояш ақлу идроку забону тамиз бахшид, барояш неъматҳои бешумору бебаҳо дод, барояш тамоми ашёи осмону заминро мусаххар сохт, ўро халифаи хеш дар рўи замин таъин кард, то онро обод намояд ва бо ин ҳама вайро хеле такрим кардааст.

    ﴿وَلَقَدۡ كَرَّمۡنَا بَنِيٓ ءَادَمَ وَحَمَلۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ كَثِيرٖ مِّمَّنۡ خَلَقۡنَا تَفۡضِيلٗا ٧٠﴾ [سُورَةُ الإسراء 70]

    «Ва дар ҳақиқат, мо барои одамият икром кардаем, онҳоро дар баҳру бар бардоштаем ва аз хушиҳо рўзияшон додаем ва аз бисёре аз махлуқотамон фазилати бештарашон додаем» (Исро 70).

    Эй бандагони Худо,яке аз одатҳои ҷоҳилият ва сифати баде, ки ҳеҷ замону макон аз он холи нест, ин таъзими бе андозаи падарон ва гузаштагон ва болидан ба ифтихори қабила ва ифтихор бо ҳасабу насабу иҳтимоми он ва мардумро тибқи он ба табақаҳо ҷудо намудан аст, ки фалони асле надорад, фалони дигар чизе надорад, фалон кас заифу мискин аст, дигаре чунон аст ва ман бошам аз оилае чунин ҳастам. Ин ҳама шиори даврони ҷоҳилият буд.

    Ислом тамоми мафҳумоти гиромидошти табақотиро дар байни мардум, ки бар асоси молу мақом, аслу насаб, вазифаю мансаб, рангу хун бошад, лағв намуд. Мусалмононро чунон тарбия кард, ки дар онҳо мизони дурустро барои қадрдонии онҳо дар асоси ахлоқи иҷтимои ба бор овард. Мустафо (с) баён намуд, ки ҳеҷ тафозуле байни мардум вуҷуд надорад, магар ба андозаи тақво ва амали накў.

    Ҳар имтиёз ва ё фазилатеро, ки мардум бар ғайри ин асос муқоиса менамоянд, бекор ва мардуд аст.

    Аз Ибни Умар (р.з) чунин омааст, ки Паёмбар (с) дар рўзи фатҳи Макка хутба хонда, чунин гуфт: «Аммо баъд, эй мардум, Худованд шуморо аз ғурури ҷоҳилият ва ифтохороти он раҳо намуд.

    Мардум ду тоифаанд: мўъмини бо тақво, ки назди Худованд боиззат аст ва гунаҳкори бадбахте, ки ҳеҷ арзише назди Худо надорад.

    Он ҳазрат ин оятро низ тиловат намуданд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن ذَكَرٖ وَأُنثَىٰ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ شُعُوبٗا وَقَبَآئِلَ لِتَعَارَفُوٓاْۚ إِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٞ ١٣﴾ [سُورَةُ الحجرات 13]

    «Эй мардум, мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо ба маҳалҳо ва қабилаҳо тақсим намудем, то бо ҳам ошно гардед. Ҳамоно ки каримтарини шумо назди Худо ботақвотарини шумост» (Ҳуҷурот 13) (ривояти Тирмизи).

    Имом Абулаббос Аҳмад Бини Абдусалом (р.ҳ) мегўяд: Бо насаб андоза намудани шарафи дини яке, аз аҳкоми ҷоҳилият ва одати касонест, ки монанди рофизиён ва ашбоҳи эшон аст.

    Аз ин руй дар Қуръон ҳеҷ ояте вуҷуд надорад, ки касеро ба хотири насабаш таъриф ва ё касеро ба хотири насабаш танқид карда бошад. Баръакс, мадҳ ба андозаи имону тақвост ва танқид ба андозаи фисқу исён.

    Абуҳурайра (р.з) мегўяд, ки ба Паёмбар (с) гуфтанд: Эй расули худо каримтарини мардум кист? Гуфт: Ботақвотарини эшон. Гуфтанд: Мо аз ту дар бораи ин напурсидем. Гуфт: Пас Юсуф Паёмбари Худост ва писари Паёмбари Худо, писари Паёмбари худо, писари халили Худо. Гуфтанд: Мо туро дар бораи ин напурсидем. Гуфт: Аз бузургони араб мепурсед? Беҳтарини эшон дар ҷоҳилият беҳтарини эшонанд дар ислом, агар илм касб намоянд (муттафақун алайҳ).

    Эй бандагони худо, имрўзҳо дар забони мардум ин меъёри ҷоҳилият зиёд шунида мешавад. Қасди ман он таҳқироту таънаҳост, ки нисбат ба камбағалон, насабу касби мардум ва ба ин монанд ба мушоҳида мерасад. Дар ҳоле ки Паёмбар (с) фармуд: «Басо бесоҳиби аз дар ронда аст, ки агар барои Худо қасам хурад, анҷомаш медиҳад» (Муслим)

    Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки пиразане, ки хидмати масҷидро мекард, чанд муддат ғайб зад. Паёмбар (с) дар борааш пурсон шуд. Гуфтанд: Мурдааст. Гуфт: Чаро маро хабар надодед? Абуҳурайра мегўяд, ки мардум кори ўро ночиз меҳисобиданд. Пас Паёмбар (с) гуфт: “Қабрашро барои ман нишон диҳед". Нишонаш доданд ва ў дар болои қабраш ҷанозаашро хонд (Бухори ва Муслим). Эй бандагони худо, икром намудан ва эҳтироми мардум ва донистани қадри эшон яке аз бузургтарин чизест, ки Ислом ба он даъват менамояд.

    Оиша (р.з) мегўяд: «Паёмбар (с) маро мефармуд, то қадри мардумро бидонам» (Муслим).

    Бале эй бандагони худо! Дар миёни мардум муйсафедоне ҳастанд, ки устухонҳояшон сўст гашта, мўйҳояшон сафед шудааст, ки бояд иззату эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда солхурдаги ва қадри онҳоро пос дорем.

    Ҳамчунин дар миёни мардум кўдаконе ҳастанд, ки муҳтоҷи раҳму шафқат ва меҳрубонию насиҳатанд, на сарзанишу сахтгири! Дар байни эшон олимони зиёде ҳастанд, ки фазилати зиёде доранд ва бояд қадри илми ононро дониста ҳурмату иззаташон намоем. Ҳамчунин соҳибмансабоне ҳастанд, ки фоида ва манфиати онҳо ба мардум мерасад ва набояд ба онҳо беҳурмати намуд ва дар ҷомеа онҳо низ ҷойгоҳи худро доранд.

    Ҳамаи ин эҳтиромот дар сурате карда шавад, ки онҳо шариати Худоро пайрав бошанд ва амри илоҳиро қабул доранд ва аз манҳиёт дури варзанд.

    Эҳтиром ҳам андозаи муайяне дорад, ки набояд аз он гузашт. Паёмбар (с) фармуд: “Аз умматони ман нестанд, касоне ки ҳурмати калонсолони моро ба ҷо намеоранд ва ба кўдакони мо раҳм намекунанд ва қадри олимони моро намедонанд" (Тирмизи ва тасҳеҳи Албони).

    Паёмбар (с) мегўяд: «Ҳамоно ки Худованд муйсафеди мусалмон, ҳофизи қуръонеро, ки ҳамеша бо он буда аз он дўри намеҷўяд ва шоҳи одилро икром мекунад» (ривояти Абудовуд).

    Албатта, инсон ба ин ки Худованд ў ва дигар инсонҳоро икром намудааст, ўро водор месозад, то ҷони дигаронро ҳифз намояд ва аз осебу зарар расонидани онҳо худдори намояд. Зеро ин ҳама барои қадрдонии касест, ки Худованд ва Паёмбараш онро қадр намуданд. Он касеро, ки Худо ва Паёмбар қадр намудаанд, набояд таҳқир кард ва ҳар киро ки Худованд хор намуд, касе наметавонад икромаш намояд.

    Эй бандагони Худо, мардумро барои касб, нотавони ва ё ба афташон назар карда таҳқир намудан ба фармудаҳои Худованд ва икроми одамият мухолиф аст.

    Мустафо (с) гуфт: "Худованд барои ман ваҳй фиристод, ки хоксори дошта бошед, то ин ки касе бар касе таҷовуз накунад ва касе бар касе фахр накунад" (Муслим).

    Таҳқири мардум сифати бадест, ки азоби Худоро ҷалб мекунад, сазовори ғазабу иқоби Худо мегардад ва ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, ки Ислом онро ҳифз намудааст. Ин рафтори кофирону мунофиқон ва ҷоҳилонест, ки Ислом амр мекунад мо ба онҳо монанди надошта бошем.

    Одамиро на ба афташ баҳо медиҳанд ва на ба рангу ҷисму насабаш, балки меъёри одамият ин шуҷоату мардист дар ҳақ ва тақво дар баробари Офаридгор ва итоат аз фармудаҳои ў ва дури аз манҳиёташ.

    Шояд инсон ҷомаҳои жанда, ҷисми лоғар ва андоми қабеҳ дошта бошад, вале манзалати ў дар назди Худованд болотару мартабааш дар Ислом баландтар ва дар баробари душманон сахттар ва барои кўмаки дини Худо устувортар ва дар дили мардум маҳбубтар бошад аз зебосуратии бо насаб.

    Худованд фармудааст:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا يَسۡخَرۡ قَوۡمٞ مِّن قَوۡمٍ عَسَىٰٓ أَن يَكُونُواْ خَيۡرٗا مِّنۡهُمۡ وَلَا نِسَآءٞ مِّن نِّسَآءٍ عَسَىٰٓ أَن يَكُنَّ خَيۡرٗا مِّنۡهُنَّۖ وَلَا تَلۡمِزُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَلَا تَنَابَزُواْ بِٱلۡأَلۡقَٰبِۖ بِئۡسَ ٱلِٱسۡمُ ٱلۡفُسُوقُ بَعۡدَ ٱلۡإِيمَٰنِۚ وَمَن لَّمۡ يَتُبۡ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ ١١﴾ [سُورَةُ الحجرات 11]

    «Эй касоне, ки имон овардаед, ҳе тоифае тоифаи дигареро масхара накунад. Шояд он тоифа беҳтар аз инҳо бошанд. Ва на зане аз зане (масхара кунад). Шояд он зан беҳтар аз инҳо бошад. Ва ба худ талмиз накунед ва лақабҳои бад намонед. Бад номе аст фисқ баъди Ислом. Ва ҳар ки тавба накунад, пас онҳоянд золимон» (Ҳуҷурот 11).

    Қуртуби дар тафсири ин оят чунин мегўяд: «Хулоса, ин ки ҳеҷ кас бояд барои озор додани ҳар ки дар чашм ночиз менамояд, ҷуръат накунад ҳар вақто аҳволи онро пасту дар баданаш камбуди ва дар забонаш халале ёбад. Зеро шояд виҷдони ў поктару дилаш софтар аз оне бошад, ки ин сифотро надорад.

    Пас бо ин кор ў худро зулм мекунад, зеро он касеро Худованд обрўяш додааст, таҳқир намуд ва он киро Худованд иззаташ дод, хораш намуд.

    Мардони солеҳи гузашта барои он ки худро аз чунин таҳқир намудан дур кунонанд, корашон ба ҷое расида буд, ки Амр Бини Шураҳбил мегуфт, ки агар мардеро дучор шавам, ки дар ҷое бияфтад ва ман ба ҳолаш бихандам, метарсам ки бо ман низ чунон пеш ояд.

    Абдуллоҳ Бини Масъуд мегўяд: Бало вобаста ба забон аст, агар ба ҳоли саге бихандам, метарсам, ки ман ҳам ба саг мубаддал шавам".

    Худованд фармудааст:

    ﴿فَٱتَّخَذۡتُمُوهُمۡ سِخۡرِيًّا حَتَّىٰٓ أَنسَوۡكُمۡ ذِكۡرِي وَكُنتُم مِّنۡهُمۡ تَضۡحَكُونَ ١١٠﴾ [سُورَةُ المؤمنون 110]

    «Пас шумо онҳоро мавриди тамасхур қарор додед, то ин ки онҳо шуморо аз ёди ман дур карданд ва шумо ба ҳоли эшон механдидед» (Мўъминон 110).

    Дар бораи ин оят Қуртуби (р.ҳ) мегўяд: “Аз ин оят хулоса бароварда мешавад, ки ба заифону бечорагон набояд масхара ва ханда кард. Онҳоро набояд таҳқир намуд ва мавриди ишора қарор дода, ҳамеша ба онҳо машғул шуд, ки ин кор боиси дури аз Худованд мегардад".

    Маърур Бини Сувайд мегўяд: Бо Абўзар вохўрдам ки ҳамроҳи ғуломаш буд ва ҷомаи зебое дар тани ў ва дар тани ғуломаш буд. Пас сабаби онро аз ў пурсон шудам. Гуфт: Бо марде ҷанҷол намудам ва ўро бо модараш дашном додам, пас Паёмбар (с) бароям гуфт: Эй Абўзар, оё ўро бо модараш дашном доди? Ту марде ҳасти, ки дар вуҷудат чизе аз ҷоҳилият мондааст. Ходимонатон бародарони шумоянд, ки Худованд ба шумо онҳоро зердаст қарор додааст. Ҳар киро бародарашба ў зердаст бошад, бояд ўро аз ончи мехўрад бихўронад ва аз ончи мепўшад бипўшонад ва барояшон коре нафармояд, ки аз тоқаташ болотар бошад ва агар чунин кард, бояд кўмакаш намояд (Бухори).

    Анас Бини Молик мегўяд: Паёмбар (с), вақто ки ба Мадина омаданд, ходим надоштанд. Абўталҳа дасти маро гирифта ба назди Расули Худо (с) бурда гуфтанд: Эй Расули Худо дар ҳақиқат, Анас ҷавони зирак аст, мехоҳам дар хидмати ту бошад. Анас мегўяд, ки ман ўро дар сафарҳо ва дар хонааш хидмат мекардам ва "Ҳеҷ гоҳ барои коре, ки кардам нагуфт ки чаро ин корро карди? Ва ҳеҷ гоҳ барои коре, ки накардам нагуфт ки чаро ин корро накарди?" (Бухори ва Муслим).

    Дар ривояти дигари Муслим чунин омадааст:

    Рафтори расули Худо (с) аз ҳама мардум зеботар буд. Рўзе маро аз пайи коре фиристод. Пас гуфтам ба Худо савганд намеравам, вале дар дилам буд, ки барои иҷрои он чи Паёмбар манро фармуда буд, меравам. Вақто ки аз хона берун шудам, аз пеши кўдаконе гузар кардам, ки дар бозор машғули бози буданд. Ногаҳон Расули Худо (с) аз пуштам дошт. Чун ба ў нигаристам, дидам, ки механдад ва ба ман гуфт: Эй Анас, оё рафти ба онҷое, ки туро фармуда будам? Гуфтам: Ҳозир меравам.

    Таҳқири мардум ва поймол намудани ҳуқуқи эшон аз ҷумлаи чизҳоест, ки Худо ва Паёмбараш (с) онҳоро ҳаром намудаанд. Қадрдонии заифону бечорагон ва ҳаққи онҳоро риоя намудан аз ҷумлаи воҷиботи Худованд аст бар ҳама мусалмонон.

    Мушрикон хело кўшиш намуданд, то Паёмбар (с) баъзе ғуломону зердастони эшонро аз наздаш биронад, зеро ба сабаби эмон оварданашон онҳоро бад медиданд. Онҳо бо забони ҳолашон гўё ба Паёмбар (с) он чизеро мегуфтанд, ки қавми Нўҳ ба ҳазрати Нўҳ гуфта буданд. Қуръон хабар медиҳад:

    ﴿مَا نَرَىٰكَ إِلَّا بَشَرٗا مِّثۡلَنَا وَمَا نَرَىٰكَ ٱتَّبَعَكَ إِلَّا ٱلَّذِينَ هُمۡ أَرَاذِلُنَا بَادِيَ ٱلرَّأۡيِ وَمَا نَرَىٰ لَكُمۡ عَلَيۡنَا مِن فَضۡلِۢ بَلۡ نَظُنُّكُمۡ كَٰذِبِينَ ٢٧﴾ [سُورَةُ هود 27]

    «Мо туро намедидем магар монанди мо инсоне ва туро пайрави накарданд магар дар навбати аввал пастарини моён ва ту болои мо ҳеҷ фазилате надори ва мо туро дурўғгу мепиндорем» (Ҳуд 27).

    Пас, Худованд Паёмбарашро аз дархости онҳо бо ин ояташ манъ намуд:

    ﴿وَلَا تَطۡرُدِ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ رَبَّهُم بِٱلۡغَدَوٰةِ وَٱلۡعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجۡهَهُۥۖ مَا عَلَيۡكَ مِنۡ حِسَابِهِم مِّن شَيۡءٖ وَمَا مِنۡ حِسَابِكَ عَلَيۡهِم مِّن شَيۡءٖ فَتَطۡرُدَهُمۡ فَتَكُونَ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٥٢ وَكَذَٰلِكَ فَتَنَّا بَعۡضَهُم بِبَعۡضٖ لِّيَقُولُوٓاْ أَهَٰٓؤُلَآءِ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنۢ بَيۡنِنَآۗ أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِأَعۡلَمَ بِٱلشَّٰكِرِينَ ٥٣﴾ [سُورَةُ الأنعام 52-53]

    «Ва ту ҳаргиз касонеро, ки Худои худро шубу рўз мехонанд ва ризои ўро хоҳонанд аз наздат марон. Дар бораи ҳисоби онҳо чизе болои ту нест ва аз ҳисоби ту болои эшон чизе нест. Ва агар онҳоро бирони ту аз умлаи золимон хоҳи шуд. Ва ҳамчунин баъзеи онҳоро бо баъзеи дигар гирифтори фитна намудем, то гўянд, ки оё инҳоянд касоне, ки Худованд аз байни мо болояшон миннат гузоштааст. Оё Худованд ба ҳоли сипосгузорон донотар нест?» (Анъом 52-53).

    Эй бандагони худо, меъёрҳои башар дар тақсимбандии инсонҳо, нигоҳ ба онҳо ва ҳисоботи онҳо ин ҳама меъёри нодуруст ва беадолатона ҳастанд, зеро баҳогузории инсон бояд тибқи нишондоди Худованди таборак ва таъоло бошад.

    Инсонҳо дар Ислом ду намуданд: яке мўъмини парҳезгор, ки қадрдони ва эҳтиромаш воҷиб буда, ҳуқуқҳояшро бояд риоя намуд ва дигаре мунофиқу фоҷиру кофир, ки бояд аз ў дури ҷуст, то замоне, ки ба Худо имон оварад.

    Қадри мардонро донистан, манзалати онҳоро ҳифз кардан ва ҳуқуқи онҳоро ба таври бояду шояд адо кардан ин кори мардон аст. Паёмбар (с) фармуд: "Мусалмон бародари мусалмон аст. Ўро ситам намекунад, хораш намедорад, ва таҳқираш наменамояд. Тақво дар инҷост - вай се бор ба синааш ишорат намуд. - Барои инсон ҳамин миқдор гуноҳ кофист, ки бародари мусалмонашро таҳқир намояд. Хун, мол ва обрўи ҳар мусалмон барои мусалмони дигар ҳаром аст" (Муслим).

    Маъно ин аст, ки ҳамин миқдор бади барои ў басанда аст, ки бародари мусалмонашро таҳқир намояд. Инсон бародари мусалмонашро барои он таҳқир менамояд, ки дар вуҷуди худаш кибр аст ва кибр бошад бадтарин хислат аст, ки Паёмбар (с) дар мавриди он гуфтааст: "Вориди ҷаннат намегардад ҳарки дар дилаш як заррае кибр дошта бошад".

    Марде гуфт: Инсон мехоҳад либоси зебо ва пойафзоли хуб дошта бошад. Он ҳазрат (с) гуфт: "Худованд зебост ва зебоиро дўст медорад. Кибр ҳақро буридан ва мардумро таҳқир кардан аст" (Муслим). Марде ба Умар Бини Абдулазиз гуфт: "Калонсолони мусалмононро барои худ падар қарор деҳ ва хурдсолони эшонро фарзанд ва миёнасолонашонро бародар. Пас бингар, ки ба кадоми инҳо ту бади кардани ҳасти?".

    Аз Саҳл Бини Саъди Соиди (р.з) омадааст, ки марде аз назди Паёмбар (с) гузашт. Паёмбар (с) ба касе, ки дар ҳузураш нишаста буд пурсид: "Дар бораи ин мард чи фикр дори?" Гуфт: Ин мардест аз ашрофи мардум, агар ба хостгории касе равад, барояш медиҳанд ва агар хотирбин шавад, хотирашро мебинанд ва агар чизе гўяд, ҳама ба суханаш гўш медиҳанд. Пас Паёмбар (с) хомўш истод. Баъди лаҳзае марди дигаре аз онҷо гузар намуд. Паёмбар (с) пурсид: "Дар бораи ин мард чи мегўи?" Гуфт: Эй Расули Худо, ин мардест аз камбағалони мусалмонҳо, агар ба хостгории касе равад, барояш намедиҳанд ва агар хотирбин шавад, хотирашро намебинанд ва агар чизе гўяд касе ба суханаш аҳамият намедиҳад. Пас Паёмбар (с) гуфт: "Ин мард як ҷаҳон беҳтар аст аз амсоли он мард" (муттафақун алайҳ).

    Паёмбар (с) назари он мардро дуруст намуд ва зимнан ба меъёрии ҳақиқие, ки бузургиро санҷида мешавад ва мартабаи мардум шинохта мешавад, тавҷеҳаш намуд. Паёмбар (с) баён намуд, ки чизҳои дунё ва мафҳумоти он дар рўзи қиёмат нобуд мегарданд, мартабаи дуняви сарвату насаб ва мансабҳо назди Худованд фоидае надоранд. Балки фоида дар имону тақво ва амали солеҳи барои ризои Худо аст.

    Мустафо (с) гуфтааст:

    "Рўзи қиёмат марди азимҷусаеро назди Худо меоранд, ки мисли пари пашша ҳам вазн надорад. Ва фармуданд, ки шумо ин оятро бихонед:

    ﴿فَلَا نُقِيمُ لَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَزۡنٗا ١٠٥﴾ [سُورَةُ الكهف 105]

    «Ва дар рўзи қиёмат ҳеҷ вазнеро доро нест» (Каҳф 105), (муттафақун алайҳ).

    Шумо аз рўзгори Паёмбар (с) ва асҳобаш ибрат бигиред. Онҳо рўзҳо, моҳҳо ва солҳо гурусна гаштанд, ҳатто аз гуруснаги сангҳоро дар шикам мебастанд ва либосҳои жанда мепўшиданд ва аксарияти онҳо ғулом ва заиф буданд, вале Худованд тавасути Ислом барояшон иззат дод, қадрашонро баланд бардошт ва мартабаашонро оли намуд ва аз онҳо рози гашта башорати биҳишт барояшон дод. Пас, иззат ҳама барои Худо ва Расули ў ва мўъминон аст.

    Ва охири даъвои мо ҳамд аст барои Парвардигори

    оламиён.