×
Ғайбат дар луғат пушти сари касе бадгӯӣ кардан ва айби ӯро гуфтан аст. Ва он аз ҷумлаи ахлоқи бад ба шумор меравад, оёт ва аҳодиси зиёде дар ҳаром мамнуъ буданаш ворид шудааст.

    Ғайбат

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Зубайдуллоҳи Розиқ

    2013 - 1434

    الغيبة

    «باللغة الطاجيكية»

    زبيد الله رازق

    2013 - 1434

    Ғайбат

    ﴿ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱجۡتَنِبُواْ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلظَّنِّ إِنَّ بَعۡضَ ٱلظَّنِّ إِثۡمٞۖ وَ لَا تَجَسَّسُواْ وَلَا يَغۡتَب بَّعۡضُكُم بَعۡضًاۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمۡ أَن يَأۡكُلَ لَحۡمَ أَخِيهِ مَيۡتٗا فَكَرِهۡتُمُوهُۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ تَوَّابٞ رَّحِيمٞ ١٢ ﴾ [الحجرات: ١٢]

    «Ва якдигарро ғайбат накунед, оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? (Бешак) шумо аз он кор кароҳат доред ва аз Худо битарсед, дар ҳақиқат Худо тавбапазири меҳрубон аст.»

    (Сураи «Ҳуҷурот», ояти 12).

    Саввумин масъалаи мамнуъшуда дар ин оят, ғайбат аст. Ғайбат дар луғат пушти сари касе бадгӯӣ кардан ва айби ӯро гуфтан аст.

    Бояд гуфт, дар ин оят сараввал аз гумони бад, сипас аз таҷассусу кунҷковӣ ва дар охир аз ғайбат наҳй мешавад, ки аз рӯи тартиб ҳар кадоми инҳо дар заминаи якдигар ба вуҷуд меоянд ва давому натиҷаи якдигаранд. Чунончи бар асари пайдошавӣ ва асаргузории гумони бад дар инсон ҳисси таҷассус ва кунҷковӣ бедор мешавад ва дар натиҷаи таҷассус ва кунҷковӣ айбу нуқсони пинҳонии фарде аз афроди ҷомеъа ошкор мегардад ва айбҳои ошкоршуда боиси забон ба ғайбат кушодан мешавад.

    Ба ҳамин тартиб, асароти манфии бадгумонӣ ва таҷассус дар ғайбат таҷассум меёбад ва натиҷаи номатлуби ҳосилшуда аз он дуро ғайбат ба амал татбиқ менамояд. Аз ин рӯ, дар ояти мавриди баҳс пастӣ ва даноати он бо ташбеҳи гӯёе баён меёбад, ки «оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад?» Яъне бидонед, ки ғайбат кардани бародари муъмин дар хиссату пастӣ ҳамсони гӯшти бародари мурдаро хӯрдан аст. Ва чун ҷавоб равшан аст, мефармояд: «(Бешак) шумо аз он кор кароҳат доред».

    Шоистаи зикр аст, ки Ислом барои ҳифзи обрӯ ва ҳайсияту шарафи мусалмонон аҳамияти зиёд қоил аст, зеро дар зиндагии дунё арзиши обрӯ ва шахсияти инсонро камтар аз арзиши ҷони ӯ намешуморад. Бинобар ин, аз авомиле, ки обрӯ ва шахсияти инсонро зери хатар мебаранд, шадидан пешгирӣ ба амал меорад.

    Паёмбари гиромӣ (с) мефармояд:

    «Тамоми арзишҳои як мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст, молаш, обрӯяш ва хунаш, басанда аст барои инсон аз бадӣ, ин ки бародари мусалмонашро таҳқир намояд».

    (Ибни Моҷа, 3177)

    Ва ба яқин метавон гуфт, ғайбат обрӯ ва шаъну шарафи инсонро халалдор карда, шахсияти ӯро зери суол мебарад, лизо Худованд ба хотири ҳифзи обрӯ ва шахсияту шарафи ҳар фарди мусалмон онро ҳаром гардонд.

    Гузашта аз ин, ғайбат ҷавҳари эътимоди миёни афроди ҷомеъа ва ҳалқаи пайванди миёни онҳоро ба табоҳӣ кашида, ваҳдату иттиҳоди мусалмононро аз байн мебарад.

    Ногуфта намонад, ҳамон гуна ки пушти сари бародару хоҳари мусалмон ғайбату бадгӯӣ ҳаром аст, шунидани он низ ҳаром ва мамнуъ мебошад. Бинобар ин, шахси мусалмонро лозим меояд, ки дар ҳолати мавриди ғайбат қарор гирифтани бародари мусалмонаш ба андозаи қудрату тавони хеш аз бародараш дифоъ ба амал орад ва дар ҳолатҳое, ки дифоъ аз дасташ барнаояд, аз шунидани ғайбат худро нигаҳ дорад.

    Бояд тазаккур дод, як шахси мусалмон ба хотири дифоъ аз Ислом ва муқаддасоти он, ҳифзи арзишҳои ҷомеъа ва кишвари исломӣ ва нигаҳдории иттиҳоду ҳамбастагии мусалмонон ҳаққи пушти сари афроде, ки дар хатти муқобил қарор мегиранд ва ба ин арзишҳо таҳдид мекунанд, фош кардани айбу нуқсони ононро дорад.

    Аз он ки дар олудагӣ ба гумони бад, таҷассусу кунҷковӣ ва ғайбат ҳам ҳаққи Худо ва ҳам ҳаққи бандаи Худо зоеъ мешавад, ба хотири поксозии инсонҳои муртакибгашта ба ин зиштиҳо ояти мазкур дар поён ба тақвои Худованди меҳрубон мехонад: «Ва аз Худо битарсед, ки Худо тавбапазири меҳрубон аст».