ТАШВИҚ БА АМАЛҲОИ ШОИСТА
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
ТАШВИҚ БА АМАЛҲОИ ШОИСТА
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Муҳаммад ибни Солиҳ
2012 - 1433
﴿ الحث على الأعمال الصالحة ﴾
«باللغة الطاجيكية»
محمد بن صالح
2012 - 1433
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
ТАШВИҚ БА АМАЛҲОИ ШОИСТА
Эй мусалмонон! Аз Худованди мутаъол битарсед ва ба корҳо ва ниятҳои худ бингаред, ки сабаби некбахтию бадбахтии шумо дар он аст. Худованд ҳаргиз ба сурат ва сарвати шумо наменигарад, балки ба дилҳою корҳоятон назар мекунад. Дониста бошед, ки мукофот ба андозаи амал аст, ҳар қадар меҳнат намоӣ, ҳамон қадар ҳосил меғундори.
Ибни Аббос аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд: «Худованд некиҳо ва бадиҳоро навиштааст, сипас онро баён намудааст.
Ҳар ки қасди анҷоми кори неке кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комил менависад. Ва агар қасди анҷоми кори некеро кунаду онро анҷом диҳад, барояш аз даҳ то ҳафтсад ва ё аз он ҳам зиёдтар савоб менависад. Агар банда кори бадеро қасд кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комилро менависад ва агар қасд кунаду онро иҷро намояд, барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад» (Ривояти Бухори ва Муслим).
Аз ин ҳадиси шариф чор масъаларо хулоса баровардан мумкин аст: якум кардани кори наку, дуюм қасди кори наку, саввум кардани кори бад, чорум қасди кори бад ва ҳар яке аз ин масоил ба худ ҳукми хоссе дорад.
Ҳар ки, кори некро анҷом дод, барояш савоб даҳчанд
дода мешавад ва ин ҳукм дар ҳама некиҳо дида мешавад.
Худованди таоло мефармояд:
﴿مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ عَشۡرُ أَمۡثَالِهَاۖ ١٦٠﴾ [الأنعام: ١٦٠]
«Ҳар ки накўи кунад, барояш даҳ баробари он дода мешавад» (сураи Анъом, 160).
Аммо аз даҳ баробар бештар додан, ин вобаста ба иродаи Худованд аст, ки барои ҳар кас, ки раво донист,
мебахшад. Ин кор вобаста ба ихтилофи корҳо, ихтилофи ниятҳо, ва ихтилофи иҷрокунандагон ва ихтилофи макону замон ва аҳвол аст. Масалан дар роҳи Худо сарф намудан, савобаш ҳафтсад баробар дода мешавад.
Худованд мефармояд:
﴿مَّثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنۢبَتَتۡ سَبۡعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنۢبُلَةٖ مِّاْئَةُ حَبَّةٖۗ وَٱللَّهُ يُضَٰعِفُ لِمَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ ٢٦١﴾ [البقرة: ٢٦١]
«Масали касоне, ки молҳои худро дар роҳи Худо нафақа мекунанд, монанди донаест, ки аз он ҳафт хўша рўидааст ва ҳар хўша сад дона дорад. Худованд онро барои касе бихоҳад, аз ин ҳам бештар медиҳад ва Худованд гушоишгаре доност» (сураи Бақара, 261).
Ин ояти карима далолат бар он мекунад, ки савоби нафақаи дар роҳи Худо 700 баробар дода мешавад ва корҳои дигаре ҳаст, ки аз ин ҳам бештар савоб дорад.
Худованд мефармояд:
﴿مَّن ذَا ٱلَّذِي يُقۡرِضُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا فَيُضَٰعِفَهُۥ لَهُۥٓ أَضۡعَافٗا كَثِيرَةٗۚ وَٱللَّهُ يَقۡبِضُ وَيَبۡصُۜطُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٢٤٥﴾ [البقرة: ٢٤٥]
«Кист ки ба Худо қарзи некў диҳад, то Худованд барои ў дучандон ва чандин баробар кунад» (сураи Бақара, 245).
Боз мефармояд:
﴿إِنَّمَا يُوَفَّى ٱلصَّٰبِرُونَ أَجۡرَهُم بِغَيۡرِ حِسَابٖ ١٠﴾ [الزمر: ١٠]
«Дар ҳақиқат Худованд аҷри собиронро беҳисоб бозмедиҳад» (сураи Зумар, 10).
Дар ҳадиси шариф омадааст: «Худованди мутаъол мегўяд: Тамоми амалҳои фарзанди одам барои худи ўст: Ба ҳар некўи аз даҳ то ҳафтсад савоб дода мешавад. Магар рўза, ки он аз барои ман аст ва ман худ подоши онро медиҳам» (Ривояти Бухори ва Муслим).
Гоҳҳо баланд будани савоб ба сабаби шарофати макон
мешавад, ҳамчуноне, ки дар ривоят омадааст, ки намоз
хондан дар Масҷидулҳаром баробари 100 000 намоз аст ва намоз дар Масҷиди Паёмбар (с) баробари 1000 намоз аст. Гоҳҳо баланд будани савоб ба шарофати замон мешавад, ҳамчуноне, ки дар ҳадис омадааст: «Умра кардан дар моҳи Рамазон баробари ҳаҷ кардан аст бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам» (Ривояти Абудовуд).
Касе, ки бади мекунад, ба ў як бади навишта мешавад бе зиёдати, ҳамчуноне, ки Худованди мутаъол мефармояд:
﴿وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَلَا يُجۡزَىٰٓ إِلَّا مِثۡلَهَا وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ١٦٠﴾ [الأنعام: ١٦٠]
«Ҳар ки бадие кард, ҷазо намегирад, магар монанди он бадияш ва онҳо ҳаргиз зулм карда намешаванд» (сураи Анъом, 160).
Ҳамчуноне, ки дар ҳадиси пешин омада буд: "Барои ў танҳо як гуноҳ навишта мешавад".
Гуноҳ якчанд баробар карда намешавад, вале гоҳо он хеле бузург мешавад. Ин баста ба бузургии макону замон дорад, ки гуноҳ дар он содир шудааст. Барои ҳамин ҳам сазои он сахттар мешавад, монанди содир шудани гуноҳ дар Масҷидулҳаром ва ё дар моҳои ҳаром. Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ ٱلَّذِي جَعَلۡنَٰهُ لِلنَّاسِ سَوَآءً ٱلۡعَٰكِفُ فِيهِ وَٱلۡبَادِۚ وَمَن يُرِدۡ فِيهِ بِإِلۡحَادِۢ بِظُلۡمٖ نُّذِقۡهُ مِنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ ٢٥﴾ [الحج: ٢٥]
«Касоне, ки кофир шудаанд ва боздоранд аз роҳи Худо ва Масидулҳаром, ки онро барои мардум яксон қарор додем, баробар аст гўшанишинон ва ё ибодат кунандагон бошанд ва ҳар ки дар он бо илҳодаш зулме кунад, барои ў азоби дарнокеро мечашонем» (сураи Ҳаҷ, 25).
Дар бораи моҳҳои ҳаром мефармояд:
﴿فَلَا تَظۡلِمُواْ فِيهِنَّ أَنفُسَكُمۡۚ ٣٦﴾ [التوبة: ٣٦]
«Шумо дар ин моҳҳо ба худатон ситам накунед» (сураи Тавба, 36).
Дар бораи эҳром мефармояд:
﴿ٱلۡحَجُّ أَشۡهُرٞ مَّعۡلُومَٰتٞۚ فَمَن فَرَضَ فِيهِنَّ ٱلۡحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي ٱلۡحَجِّۗ ١٩٧﴾ [البقرة: ١٩٧]
«Ҳаҷ моҳои муайяне дорад. Ҳар ки дар ин моҳо ҳаҷи фарзиро кардани шуд, пас бояд суханони беҳуда ва фисқ наварзад ва дар ҳаҷ ҷанҷол накунад» (сураи Бақара, 197).
Мешавад ки гуноҳ ба сабаби бузург будани содиркунандаи он бузург мешавад. Худованд мефармояд:
﴿وَلَوۡلَآ أَن ثَبَّتۡنَٰكَ لَقَدۡ كِدتَّ تَرۡكَنُ إِلَيۡهِمۡ شَيۡٔٗا قَلِيلًا ٧٤ إِذٗا لَّأَذَقۡنَٰكَ ضِعۡفَ ٱلۡحَيَوٰةِ وَضِعۡفَ ٱلۡمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيۡنَا نَصِيرٗا ٧٥﴾ [الإسراء: ٧٤ – ٧٥]
«Ва агар мо туро устувор наменамудем, ту ба сўи онҳо андак-андак майл менамуди, пас мо туро сазои чандкарата дар ҳаёту дар мамот медодем ва ту назди мо пўштибоне немеёфти» (сураи Исро, 74-75).
Худованд ба ҳамсарони Паёмбар (с) хитоб карда мегўяд:
﴿يَٰنِسَآءَ ٱلنَّبِيِّ مَن يَأۡتِ مِنكُنَّ بِفَٰحِشَةٖ مُّبَيِّنَةٖ يُضَٰعَفۡ لَهَا ٱلۡعَذَابُ ضِعۡفَيۡنِۚ ٣٠﴾ [الأحزاب: ٣٠]
«Эй ҳамсарони Паёмбар! Ҳар ки аз Шумо гуноҳи ошкоре намояд, азоби ў чанд баробар дода мешавад» (сураи Аҳзоб, 30).
Гуноҳи олим сахтар аст аз гуноҳи дигарон. Ҳамчунон вобастагии гуноҳ ба аҳволу шароит мебошад, чунончи дар ҳадиси қаблан зикршуда Паёмбар (с) фармуда буд: "Ҳар ки қасди анҷом додани кори неке кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комил менависад".
Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки Худованд барои нияти хайр кардан ҳам савоб медиҳад. Яъне агар банда нияти кори хайреро кунад, вале шароит фароҳам нашавад ва он амалро анҷом дода натавонад. Масалан ў мехост ҷиҳод кунад, вале чизе садди роҳи ў гардид, дар ин ҳолат Худованд барояш савоби ҷиҳодро менависад. Ё кесе ният кард, ки имшаб намози қиёмилайл мехонад, вале хобаш бурду натавонист, савоби қиёми лайл барояш навишта мешавад. Дар давоми ҳадис Паёмбар (с) мефармояд: "Агар банда қасди анҷом додани кори бадро кунаду онро иҷро накунад: Худованд барояш як савоби комил менависад".
Яъне агар инсон қасди кардани кори бадеро кунаду аз тарси Худо онро анҷом надиҳад, барои ў як савоб навишта мешавд. Зеро тарки маъсият аз тарси Худо худ кори накўст. Вале агар банда он кори бадро на аз тарси Худо, балки аз тарс ва ё шарми мардум накунад, барои ў савоб навишта намешавпд, балки мегўянд як гуноҳ навишта мешавад, зеро тарси мардумро аз тарси Худо болотар донист. Агар банда қасди кардани кори бадро кунад ва тамоми кўшишашро ба харҷ дод, вале тавонаш нарасид ва ё чизи дигар боис гардид, ки он кор анҷом наёфт, вале ният ва қасдаш он буд, ки он корро иҷро мекунад, дар ин сурат барои ў як гуноҳ навишта мешавад. Чунончи Паёмбар (с) фармуданд: "Вақте ду мусалмон ба рўи ҳамдигар шамшер кашанд, кушанда ва кушташуда ҳарду дар оташ мебошанд. Гуфтанд: Эй Расули Худо, кушандаро фаҳмидем, вале чаро кушташуда ҳам дар оташ аст? Гуфт: Зеро ў мекўшид, то бародарашро бикушад" (Ривояти Бухори).
Эй мардум! Аз Худованди мутаъол битарсед ва ҳамеша корҳои некў кунед ва тоатҳоро зиёд намоед, зеро сабаби наҷот аз ҳалокатҳои дер ва зуд дар он аст. Худованд мефармояд:
﴿ثُمَّ نُنَجِّي رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۚ كَذَٰلِكَ حَقًّا عَلَيۡنَا نُنجِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٠٣﴾ [يونس: ١٠٣]
«Пас мо расулони худ ва касонеро, ки имон овардаанд, наҷот медиҳем, ҳамчунин бар худ лозим гардонидем, наҷоти мўъминонро» (сураи Юнус, 103).
Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар ки мехоҳад дар вақти сахти ва мушкили дуъояш қабул шавад, бояд дар вақти хушҳоли бештар дуо намояд» (Ривояти Тирмизи).
Яъне банда вақте дар ҳоли фарохдасти аз Худо битарсад ва ҳудуди Ўро ҳифз намуда, ҳуқуқи онро риоя намояд, ў бо ин кораш бо Худо ошнои намудааст ва дар байни ў ва Худованд улфати махсус пайдо шудааст ва вақте, ки гирифтори сахти шавад, Худованд аз он раҳояш мекунад. Ҳар ки муомилоташ бо Худованд дар ҳоли хушҳоли бо тоату ибодат бошад, Худованд бо ў дар ҳолати сахти бо ёри додан муомила мекунад. Худованд мефармояд:
﴿وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّهُۥ مَخۡرَجٗا ٢ وَيَرۡزُقۡهُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَحۡتَسِبُۚ ٣﴾ [الطلاق: ٢- ٣]
«Ва ҳар ки аз Худо битарсад, барояш кушоиш медиҳад ва ба ў аз ҷое ризқ медиҳад, ки дар ҳисобаш набуд» (сураи Талоқ, 2-3).
Заҳҳок ибни Қайс мегўяд: Шумо Худоро дар ҳоли хушҳоли ёд кунед, зеро Юнус (а) ҳамеша Худоро ёд мекард, вақте дар шиками моҳи афтод, Худованд фармуд:
﴿فَلَوۡلَآ أَنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلۡمُسَبِّحِينَ ١٤٣ لَلَبِثَ فِي بَطۡنِهِۦٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ١٤٤﴾ [الصافات: ١٤٣ – ١٤٤ ]
«Ва агар ў аз ҷумлаи зикркунандагон намебуд, дар шиками моҳи то рўзи қиёмат боқи мемонд» (сураи Софот,143-144).
Аммо Фиръавн, ки яке аз ситамгарон буд ва Худоро фаромўш карда буд, вақте ба ғарқ шудан наздик шуд, гуфт: "Имон овардам". Пас Худованд дар ҷавоби ў гуфт: "Акнун имон оварди, дар ҳоле, ки пештар ъоси шуда буди ва аз ҷумлаи фасодкорон буди?".
Сахттарин мушкилот, ки бар сари одам меояд, ин марг аст ва моҷарои баъди марг аз саг ҳам сахттар аст. Мўъмин бояд дар ҳолати саломати ва хушҳоли буданаш ба анҷом додани корҳо нек барои марг ва баъди марг омодаги бинад. Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلۡتَنظُرۡ نَفۡسٞ مَّا قَدَّمَتۡ لِغَدٖۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ ١٨ وَلَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ نَسُواْ ٱللَّهَ فَأَنسَىٰهُمۡ أَنفُسَهُمۡۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ١٩﴾ [الحشر: ١٨ – ١٩]
«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардояш чи пеш фиристодааст. Ва аз Худо битарсед, ҳамоно ки Худованд ба ҳар коре, ки мекунед, бохабар аст. Ва шумо монанди касоне набошед, ки Худоро фаромўш карданд, пас Худо худашонро аз ёди худашон баровард ва онҳо фосиқонанд» (сураи Ҳашр, 18-19).
Ҳар ки Худоро дар вақти саломати ва ороми ёд кунад ва барои мулоқоти Худованд омодаги дида бошад, Худованд ўро дар ҳолатҳои сахти ёд мекунад ва бо ў мебошад ва бо тавҳид устувор намуда, мемиронад ва аз ў рози мегардад.
Аммо он ки дар ҳолатҳои ороми Худоро фаромўш кунад ва барои мулоқоти Ў омодаги набинад, Худованд ҳам ўро дар ҳолатҳои сахти фаромўш мекунад, яъне аз ў рўй гардонида, кўмакаш намекунад.
Яке аз ҳодисаҳои аҷибе, ки бар сари парҳезгорон омад ва чи гуна онҳо ба сабаби тақвои худ аз он сахтиҳо раҳои ёфтанд, он аст, ки дар ҳадиси муттафақун алайҳ омадааст. Паёмбар (с) фармудаанд: "Аз умматони собиқ се нафар ба ҷое равона буданд. Чун шаб шуд ба ғоре паноҳ бурданд, то шабро дар он ҷо рўз кунанд. Санги бузурге аз болои кўҳ афтида, дари ғорро баст. Онҳо гуфтанд, аз ин бало касе шуморо раҳо дода наметавонад, магар дуо кардан бо пешниҳоди амалҳои хубатон.
Пас яке аз онҳо гуфт: Худоё, ман падару модари калонсоле доштам ва ман ба аҳли оилаи худ ва молҳоям об намедодам пеш аз он, ки ба онҳо об диҳам. Рўзе ба ҷустуҷўи ҳезум рафта, каме дер кардам ва чун қадаҳи обро ба наздашон бурдам, дидам, онҳо дар хобанд. Ман нахостам онҳоро аз хобашон бедор созам ва нахостам ба оила ва молҳоям пеш аз онҳо об диҳам. Мунтазир истодам, то ин ки субҳ дамид ва тифлонам дар пеши поям зори мекарданд.
Пас падару модарам бедор шуданд ва аз он об нўшиданд. Худоё, агар ин кори ман барои ризои ту бошад, пас моро аз ин бало наҷот деҳ ва ин сангро дур соз. Санг каме яктараф шуд, вале на ба он андоза, ки баромада тавонанд.
Марди дигараш гуфт: Худоё, ман духтари амаке доштам, ки аз ҳама бештар дўсташ медоштам. Ман аз ў борҳо нафсашро хостам, вале ў рози намешуд. Соле аз солҳо сахтие бар сараш омад ва худи ў ба назди ман омад ва ман ба ў 120 динор додам, то худро дар ихтиёри ман гузорад. Ў ин корро кард. Вақте, ки ман хостам, он корро иҷро кунам, ба ман гуфт аз Худо битарс ва ангуштариро ноҳаққона соҳиб машав. Пас ман аз ў рўй гардондам бо вуҷуди он, ки аз ҳама бештар дўсташ медоштам. Худоё, агар ин кори ман барои ризои ту бошад, пас моро раҳо кун. Боз санг каме яктараф шуд, вале на ба он андоза, ки баромада тавонанд.
Саввумаш гуфт: Худоё, ман якчанд мардикор гирифтам ва ба ҳамаи онҳо ҳаққашонро додам, магаряк нафари онҳоро, ки ҳаққаш назди ман монда, худ рафта буд. Ман музди ўро кор фармудам ва фоидаи зиёде ба даст овардам. Баъди чанд муддате ў ба назди ман омада, ҳаққашро талаб намуд. Ба ў гуфтам, ин ҳама шутуру гову гўсфанду ғуломон, ки мебини, азони туст. Гуфт эй бандаи Худо, ту маро масхара макун. Гуфтам масхара кардани нестам. Пас ў ҳамаро гирифта рафт ва ба ман чизе ҳам намонд. Худоё, агар ин кори кардаи ман барои ризои ту бошад, пас моро аз ин бало наҷот деҳ. Пас санг кушода шуд ва онҳо баромада рафтанд" (Ривояти Бухори).
Ин се нафар чун дар бало ва сахти гирифтор шуданд, барои раҳоии худ чизеро ҷуз корҳои некўи пештар анҷомдодаи худ наёфтанд. Якумашон назди Худо накўии ба падару модарашро васила намуд, ки ба падару модараш зану фарзандашро баробар намекард. Дуюмаш парҳезгори ва покии худро васила намуд, ки чун ба зино даст ёфт, аз тарси Худо аз он худдори кард. Саввумаш амонатдории худро васила намуд, ки амонатро чи гуна пурра ба соҳибаш баргардонид. Пас баъди он, ки бо корҳои накўяшон дуо намуданд, Худованд сахтиро аз сарашон дур намуд.
Яъне корҳо накў сабаби раҳоии онҳо ҳам дар дунё ва ҳам дар охират гардид. Худованд фармудааст:
﴿إِنَّا لَنَنصُرُ رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ ٥١ يَوۡمَ لَا يَنفَعُ ٱلظَّٰلِمِينَ مَعۡذِرَتُهُمۡۖ وَلَهُمُ ٱللَّعۡنَةُ وَلَهُمۡ سُوٓءُ ٱلدَّارِ ٥٢﴾ [غافر: ٥١ – ٥٢]
«Албатта, мо паёмбарони худро ва онҳоеро, ки имон овардаанд, дар ин дунё ва дар рўзе, ки шоҳидон бармехезанд, наҷот медиҳем. Дар он рўзе, ки ба золимон зулмашон фоида намебахшад ва барои онҳост лаънат ва манзили бад» (сураи Ғофир, 51-52).
Барои ҳамин аст, ки Худованд душманони паёмбаронашро ҳалок намудааст, монанди қавми Нўҳ, Од, Самуд, Асҳоби Расс, қавми Лут, аҳли Мадян ва монанди онҳо. Худованд аз байни онҳо мўъминонро наҷот дода, касеро ҳалок накардааст ва тамоми кофиронро ҳалок намуда, аз онҳо касеро боқи нагузоштааст.
Эй мусалмонон! Аз Худо битарсед ва дини худро муҳофизат намоед, ки наҷот ва саодати ду дунёи шумо дар он аст ва шумо онро аз даст мадиҳед, ки ҳалок мешавед. Бисёре аз мардумон ғарқи гуноҳу исён гардидаанд ва онҳо чун азобро бинанду дигар сабабҳо аз байн равад, дигар барояшон суде намебахшад.
Худоё, бар Муҳаммаду оли Муҳаммад салавот фирист ҳамчуноне, ки бар Иброҳим ва оли Иброҳим салавот фиристоди ва бар Муҳаммаду оли Муҳаммад баракат деҳ, ҳамчунон ки бар Иброҳим ва Оли Иброҳим баракат доди. Ҳамоно, ту сутудашуда ва бузурги. Худоё, аз ҳамаи саҳобагон, Абубакру Умару Усмону Али ва дигар саҳобагон, хонавода ва ҳамсарони Паёмбар рози бош.
Худоё, тамоми мардону занони мусалмонро биомурз. Худоё, корҳоямонро осон намо ва дилҳоямонро кушода ва умеди моро бо зиёд кардани корҳои некў зинда намо ва бо кардани кори некў умрамонро ба поён расон. Худоё, моро барои анҷом додани кори нек ва тарки бадиҳо кўмак расон.
Худоё, шайтонро аз мо дур гардон ва ўро бар болои мо роҳ мадеҳ. Худоё, ба бечорагони мо раҳм намо ва шикастагии моро ҷуброн кун ва гуноҳҳои моро мағфират намо ва айбҳоямонро бипўшон.
Худоё, Қуръони каримро баҳори дили мо ва нури синаҳо ва рўшноии ғами мо гардон.