×
Ман нӯҳсола ҳастам, оё намоз, рӯза, ва ҳаҷ бар ман воҷиб аст?

    Оё бар кӯдаки нӯҳсола намоз ва... воҷиб аст?

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: Мусъабӣ Ҳамза

    2012 - 1433

    ﴿حكم صلاة وصيام وحج غير البالغ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2012 - 1433

    Оё бар кӯдаки нӯҳсола намоз ва... воҷиб аст?

    С: Ман нӯҳсола ҳастам, оё намоз, рӯза, ва ҳаҷ бар ман воҷиб аст?

    Ҷ: Писар бо расидан ба синни понздаҳсолаги ё баромадани манӣ аз ӯ дар хоб, ё баромадани манӣ бо шаҳват дар бедори, ё баромадани мӯйи хашин дар атрофи шармгоҳаш, болиғ ва мукаллаф мегардад.

    Инчунин духтар ҳам бо писар дар аломатҳои зикршуда шарик аст, магар инки духтар як аломати дигар зиёдати дорад , ки он ҳайз (одати моҳонаи зан) мебошад.

    Вале агар қабл аз болиғ шудан намоз бихони ва рӯза бигири ва ҳаҷ куни, саҳеҳ аст, вале ин барои ту мустаҳаб ҳисоб мешавад.

    Агар ҳаҷ куни ҳаҷҷи фарзи аз гарданат соқит намешавад, зеро ҳар касе қабл аз болиғ шудан ҳаҷ кунад, ҳаҷҷи фарзи аз ӯ соқит намешавад ва ҳар вақт, ки ба балоғат расид бояд ҳаҷҷи фарзиро ба ҷой биёрад.

    Аз Пайғамбари худо (с) ривоят аст, ки чунин фармудааст:

    "مروا أبناءکم بالصلاة لسبع واضربوهم عليها لعشر وفرقوا بينهم في المضاجع" (أبو داود, أحمد)

    "Фарзандонатонро дар синни ҳафтсолаги ба хондани намоз амр кунед, ва дар синни даҳсолаги ба хотири тарк кардани намоз онҳоро бизанед, ва ҷои хоби онҳоро ҷудо кунед." (Абудовуд, Аҳмад)

    Аз Худованд бароят тавфиқу салоҳро хоҳонем, ва Худованд туро рушноии чашми падару модарат гардонад.