Оё барои моҳи рамазон тайёри дидаед?
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Оё барои моҳи рамазон тайёри дидаед?
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи Холид ад-Дрвиш
Тарҷумаи Ҳомидов Мисбоҳиддини
2011 - 1432
﴿ عشر وسائل لاستقبال رمضان وعشر حوافز لاستغلاله ﴾
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: خالد الدرويش
ترجمة: مصباح الدين حميدوف
2011 - 1432
Оё барои моҳи рамазон тайёри дидаед?
Барои ҳар як мусулмон лозим аст ки дар мавсимҳои тоату ибодат бепарвои накунад, ва мебояд дар пешвоз гирифтани чунин мавсимҳо кушиш кунад, ки аз пешқадамон гардад, чуноне ки Худованд мефармояд:
ﭽوَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ٢٦ﭼ [المطففين: ٢٦]
"Ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд"(Мутафифин 26)
►Моҳи шарифи рамазонро ингуна пешвоз бигиред:
Аввал: "Дуъо" шахси мусулмон бояд дуъо кунад ки Худованд уро бо тани сиҳату саломат бар моҳи шарифи Рамазон бирасонад, то ки битавонад ибодатҳои моҳи шарифи Рамазонро ба пурраги анҷом диҳад, мисли рузадори ва шабзиндадори ва эътикоф нишастану Қуръон хондан, чуноне ки Анас (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ҳангоме ки моҳи Раҷаб дохил мешуд Паёмбар (с) чунин дуъо мекард: "Бор илоҳо дар моҳи Раҷабу Шаъбони мо баракат бидеҳ ва моро ба моҳи Рамазон бирасон" (Аҳмад ва Табарони)
Инчунин гузаштагони солеҳ дуъо мекарданд ки Худованд онҳоро ба моҳи шарифи Рамазон бирасонад, ва боз дуъо мекарданд ки Худованд тоъатҳову ибодатҳои онҳоро қабул кунад.
Бародару хоҳари мусулмонам! Ҳаргоҳе ки моҳи шарифи Рамазонро дар осмон мушоҳида карди бигу "Аллоҳу акбар, Аллоҳумма аҳилҳу ъалайна бил амни вал имани вас саламати вал ислам, ват тавфиқи лима туҳибу ва тарзо, рабби ва раббука аллоҳ".
Дувум: Ҳамду санои Худованд то ки моро ба моҳи шарифи Рамазон бирасонад.
Аз бузургтарин неъматҳои Худованд барои мусулмон онаст, ки уро тавфиқи барпо доштани тоату ибодат бидиҳад, дарҳоле ки мусулмон бо тани сиҳату саломат моҳи шарифи Рамазонро дарёфт намояд, бояд бидонад ки Худованд барояш бузургтарин неъматеро арзони доштааст, ки мустаҳиқи шукру сипос ва ҳамду санои Худованд бар у лозим гаштааст.
Сеюм: Хурсанди ва хушҳоли намудан ба хотири расидан ба моҳи шарифи Рамазон, аз Паёмбар (с) собит шудааст ки ҳаргоҳе ки моҳи шарифи Рамазон наздик мешуд саҳобаҳояшро башорат медод ва мегуфт: "Моҳи Рамазон ба суи шумо меояд, моҳи Рамазон моҳест ки Худованд дар он баракат гузоштааст, моҳе аст ки рузадорияшро бар шумо фарз гардонидааст, дар ин моҳ дарҳои ҷаннат боз мегарданд, ва дарҳои дузах баста хоҳанд шуд…." (имом Аҳмад)
Чаҳорум: Таёри дидан, ва нақша кашидани пешаки ба хотири истифода бурдан аз тоатҳову ибодатҳои ин моҳ барои наҷот ёфтан аз оташи дузах.
Мутаасифона бисёре аз мардуми мусулмони имруза мушоҳида мешавад ки ба хотири корҳои дунявияшон таёриҳо ва нақшаҳои дақиқ мекашанд, локин ба хотири умури охираташон бепарво ҳастанд, ва ин далолат бар он мекунад ки чунин мусулмонон фаромуш кардаанд ки Худованд онҳоро барои чи халқ кардааст, ва бисёре аз фурсатҳоеро барои ободии дунё ва охираташон ба осони аз даст медиҳанд ки Худованд барои бандагони мусулмонаш арзони доштааст.
Панҷум: Донистани аҳкоми рамазон: барои ҳаряк мусулмон воҷиб аст ки бидонад Худовандро чигуна ибодат кунад, ва лозим аст ки пеш аз дохил шудани моҳи шарифи Рамазон аҳкоми руза ва масъалаҳои онро биомӯзад, то ки рузааш дурусту дар назди Худованд мақбул гардад, Худованд мефармояд:
ﭽ فَسَۡٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٧ ﭼ [الأنبياء: ٧]
"Ва агар худ намедонед, аз аҳли зикр (олимон) бипурсед". (Анбиё 7)
Шашум: барои ҳар як мусулмон лозим аст, ки пеш аз дохил шудани моҳи шарифи Рамазон тасмим бигирад, ки аз гуноҳон даст бикашад, ва аз самими дилаш тавба намояд, ва тасмим бигирад ки дигарбора ба суи гуноҳон барнагардад, чунки моҳи шарифи Рамазон моҳи тавба аст, дар ин моҳ дарҳои биҳишт ҳама боз ҳастанд ва дарҳои дузах ҳама баста ҳастанд, ва шайтонҳо бо занҷирҳо баста ҳастанд, пас ҳарки дар ин моҳ тавба накунад пас кай тавба хоҳад кард?! Худованд мефармояд:
ﭽوَتُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ٣١ﭼ [النور: ٣١]
"Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, шояд наҷот ёбед".(Нур 31)
Чи гуна аз фурсатҳои моҳи рамазон истифода барем
Аввал: Холисона руза доштани моҳи шарифи Рамазон ба хотир Худованд, чунки ихлос руҳи тоат аст, ва калиди қабули тамоми тоатҳо аст, ва тавфиқи Худованд барои ҳар бандааш мувофиқи ихлосаш мебошад, чуноне ки Худованд мефармояд:
ﭽوَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ ٥ﭼ [البينة: ٥]
"Ва ононро фақат чунин амр шуда буд, ки танҳо Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ ихлос меварзанд". (Байина 5)
Дувум: Рузадор бояд бидонад ки Худованд чи қадар аҷру савоби бузурге барои у муаян намудааст:
* Аҷру савоби рузадор чунон бузург аст ки ба ҷуз Худованд ҳисоби уро касе намедонад.
* Ҳар ки ба хотири Худо як руз, руза бигирад Худованд оташи дузахро аз у ҳафтод сола (роҳ) дур месозад, пас аҷру савоби касе ки як моҳ руза медорад чи қадар бошад?!
* Руза барои рузадор, рузи қиёмат шафоъат хоҳад кард то ин ки уро дохили ҷаннат хоҳад гардонд.
* Дар ҷаннат даре аст ба номи "Райён" аз ин дар ба ҷуз рузадорон касе дохил нахоҳад шуд.
* Рузадории моҳи шарифи Рамазон тамоми гуноҳони гузаштаро аз байн хоҳад бурд.
* Дуъои рузадор мустаҷоб аст.
Севум: Донистани ин ки Паёмбар (с) дар моҳи рамазон чандин намудҳои ибодатҳоро анҷом медод, ки дар дигар моҳҳо ингуна набуд, мисли садақаи зиёд, эътикофи даҳаи ахир намози шаб ва ғайра… пас оё мо пайрави паёмбарамон набошем? Худованд мефармояд:
ﭽلَّقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِي رَسُولِ ٱللَّهِ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا ٢١ﭼ [الأحزاب: ٢١]
"Барои шумо агар ба Худо ва рӯзи қиёмат умед медоред ва Худоро фаровон ёд мекунед, дар симои Паёмбари Худо муқтадои (пешвои) писандидаест" (Аҳзоб 21)
Хусусиятҳои моҳи рамазон
1) Буи оби даҳони рузадор дар назди Худованд аз буи миск ҳам хушбуйтар аст.
2) Малоикаҳо барои рузадорон талаби мағфират менамоянд, то ин ки ифтор намоянд.
3) Худованд ҳар руз ҷаннатро зинат медиҳад, ва уро хитоб мекунад: "Наздик аст ки бандагони солеҳи ман машақатҳо ва мушкилотҳояшонро паси сар мекунанду сипас ба сӯи ту меоянд"
4) Дар моҳи шарифи Рамазон дарҳои ҷаннат боз мегарданд ва дарҳои дузах баста хоҳанд шуд.
5) Дар ин моҳ шаби қадр аст, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст, пас ҳарки аз ибодати ин шаб маҳрум гардад гуё аз тамоми чиз маҳрум гаштааст.
6) Дар охирин шаби моҳи шарифи Рамазон гуноҳони рузадорон бахшида хоҳад шуд .
Аз Худованд умеди онро дорам ки ҳамаи моро ба моҳи шарифи Рамазон бо тани сиҳату имони солим бирасонад ва рӯзаву тамоми ибодатҳоямонро қабул намояд.