Далелҳое барои ҳаром будани таҳнияти аҳли китоб дар идҳояшон
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Далелҳое барои ҳаром будани таҳнияти аҳли китоб дар идҳояшон
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Сомонаи Фарзандони Оиша
Таҳия: Мусъаби Ҳамза
2011 - 1433
﴿بعض الأدلة على تحريم تهنئة الكفار في أعيادهم﴾
«باللغة الطاجيكية»
موقع أبناء أم المؤمنين عائشة
إعداد: مصعب حمزة
2011 - 1433
Ба номи Аллоҳи Бахшанда ва Меҳрубон
Пеш аз овардани далелҳо барои ҳаром будани таҳнияти аҳли китоб дар идҳояшон, амри муҳимеро бояд зикр кунам. Ислом ба мо иҷоза додааст, ки ба аҳли китоб некӯӣ ва адолат варзем, балки амр кардааст, ки мо мусалмонҳо бояд ҳама вақт одил ва некӯкор бошем.
Ва муъомала бо аҳли китоб, ҳамсоягӣ, хариду фурӯш, қарз додан ва ё гирифтан, ёрӣ кардан, роҳнамоӣ, иҷора гирифтан ва ғайраҳо ҷоиз аст.
Инчунин додани ҳадяву қабули он, (дар ғайри муносиботи динӣ) ва таҳният гуфтани аҳли китоб дар ғайри идҳо ва умури таъаббудӣ (муваффақият дар вазифа, соҳиби фарзанд шудан, чизи наверо харидан) ҷоиз аст.
Пас далелҳое ки зикр хоҳанд шуд дар мавриди он аст, ки оё аҳли китобро дар ин иди муқаддасашон (соли нав ё кресмес) таҳният гӯем ё не?! Далелҳои оянда баёнкунандаи ҳукми ин мавзӯъ мебошад.
1) Маънои калимаи «таҳният»: Табрик гуфтан, шодбош гуфтан, гуворо бод гуфтан. (Яъне, ки шумо изҳори шодӣ ва ҳамдилӣ мекунед ва барояш он ҳолати ӯро розӣ ҳастед).
2) Асли иди милод, ки насрониҳо онро ҷашн мегиранд:
Мавлуди Исо ё Кристмас – рӯзе аст, ки бар пояи гоҳшумори масеҳиён зодрузи Исо дониста мешавад ва бузургтарин ҷашни масеҳиён дониста мешавад. Масеҳиён ин рӯзро бо оинҳои вижа баргузор мекунанд. Барои мисол, дарахтеро оро медиҳанд. Ин рӯзро бештар 25 декабр ҷашн мегиранд. Масдар-» Википедия».
Пас ба ҳама маълум аст, ки иди милод як ҷузъи дини насроният аст, на як ҷашни оддӣ. Ва дар ин ид насрониҳо тамоми аъмоли куфрии худро ба ҷо меоранд.
Далели аввал: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯянд: Ҳар амал вобаста ба нияташ аст (яъне сиҳҳат ва ё бутлон, қабул ё радд гаштани амал вобаста ба он ниятест, ки соҳиби амал дошт). Бухорӣ ва Муслим.
Пас мусалмон барои чӣ насрониро ба иди Милод (таваллуди Исо) таҳният мегӯяд? Агар аз ин амали худ ризои Аллоҳро мехоҳад, пас хато кардааст, чун ризои Аллоҳ дар бидъат ва мункарот нест. Ҷашн гирифтани зодрӯзи Паёмбарон амри бидъат аст, ки ҳеҷ Паёмбаре онро асос нагузоштааст. Ва амри мункар аст, барои он, ки дар он нисбати Аллоҳ куфр варзида мешавад. Ва онҳам чунон куфре, ки осмонҳову замин тоби шунидани онро надоранд:
﴿وَقَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَلَدٗا ٨٨ لَّقَدۡ جِئۡتُمۡ شَيًۡٔا إِدّٗا ٨٩ تَكَادُ ٱلسَّمَٰوَٰتُ يَتَفَطَّرۡنَ مِنۡهُ وَتَنشَقُّ ٱلۡأَرۡضُ وَتَخِرُّ ٱلۡجِبَالُ هَدًّا ٩٠ أَن دَعَوۡاْ لِلرَّحۡمَٰنِ وَلَدٗا ٩١ وَمَا يَنۢبَغِي لِلرَّحۡمَٰنِ أَن يَتَّخِذَ وَلَدًا ٩٢﴾ [مريم 88-92]
«Гуфтанд: «(Аллоҳи) Раҳмон соҳиби фарзандест». Дар ҳақиқат сухане зишт овардаед. Наздик аст, ки аз ин сухан осмонҳо бишикофанд ва замин шикофта шавад ва кӯҳҳо фурӯ афтанд ва дарҳам резанд, зеро барои Аллоҳи Раҳмон фарзанде қоил шудаанд. Аллоҳи Раҳмонро сазовор нест, ки соҳиби фарзанде бошад» Сураи Марям 88 – 92.
Пас барои чӣ ва бар чӣ чиз онҳоро табрик ва шодбош мегӯед?
Далели дуввум: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯянд: Ҳар касе амалеро ба ҷо орад, ки дар он амал фармони мо нест, пас мардуд аст. Ривоят аз Модарамон Оиша (разияллоҳу анҳо).
Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки бояд аъмоли мо мутобиқи фармудаҳои Расулуллоҳ бошанд. Чӣ тавре, ки ба ҳама равшан аст, Паёмбар ҳеҷ гоҳ аҳли китобро бар ин ид таҳният нагуфтаанд. Ва аслан ҷашн гирифтани зодрӯзи паёмбаронро ба мо таълим надодаанд, чӣ расад ба таҳният!
Баръакс моро ҳама вақт бар он амр карданд, ки хилофи аҳли китоб рафтор намоем.
Паёмбар дар тули 10 сол дар Мадина ҳамроҳи аҳли китоб умр ба сар бурданд ва муъомалоти зиёде бо онҳо доштаанд, аммо ҳеҷ асаре вуҷуд надорад, ки далолат ба ҷавози таҳнияти куффор намояд. Агар Паёмбар аҳли китобро ба зодрӯзи Исо таҳният мекарданд, ҳатман тамоми фуқаҳо ин масъаларо зикр мекарданд.
Пас касоне ки ин рӯзро бар кофирон (ҳатто бар баъзе мусулмонон) табрику таҳният мегӯянд, пайравӣ аз кӣ мекунанд??!
Далели саввум:
عن ثابت بن الضَّحَّاك رضي الله عنه قال: «نَذَر رجلٌ أن يَنحَرَ إبلاً ببوانَةَ فسأل النبيَّ صلى الله عليه وسلم فقال: هل كان فيها وَثَنٌ من أوثانِ الجاهليَّة يُعْبَد؟ قالوا: لا، قال: فهل كان فيها عيدٌ من أعيادِهم؟ قالوا: لا. فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم أوْفِ بِنَذْرِكَ فإنه لاَ وَفَاء لِنَذرٍ في معصيةِ الله ولا فيما لايمْلِك ابن آدم » رواه أبو داود
Аз Собит ибни Заҳҳок ривоят аст, ки мегӯяд: Марде назр кард, ки шутуреро дар Бавона (номи макон) наҳр (қурбонӣ) хоҳад кард. Пас, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, Паёмбар гуфтанд: Оё дар онҷо буте аз бутҳои ҷоҳилият парастиш мешуд? Гуфтанд: Не. Паёмбар боз пурсиданд: Оё дар онҷо иде аз идҳояшон ҷашн гирифта мешуд? Гуфтанд: Не. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Ба назри худ вафо кун… (Абудовуд 3313).
Шоҳид аз ин ҳадис, дар он аст, ки Паёмбар ҳатто ибодати Аллоҳро дар идгоҳи мушрикон манъ карданд. То ки ҳеҷ мушобиҳат ва пайванде байни ибодати Аллоҳ ва ибодати мушрикон набошад.
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин тавр уммати худро аз идгоҳи мушрикон барҳазар медоштанд.
Пас касоне ки ин рӯзро бар кофирон (ҳатто бар баъзе мусулмонон) табрику таҳният мегӯянд, чӣ тавр аҳли китобро ба ин иди ширкомезашон, ки Исоро фарзанди Аллоҳ мехонанд, таҳният мегӯянд?!
Далели чаҳорум: Яке аз аслҳои дини ислом тавалло ва табарро мебошад. Аллоҳ мегӯяд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلنَّصَٰرَىٰٓ أَوۡلِيَآءَۘ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٥١﴾ [المائدة 51]
«Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред. Онон худ дӯстони якдигаранд. Ҳар кас аз шумо, ки онҳоро дӯст гирад, аз ҷумлаи онҳост. Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!» Моида 51.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯянд:
«أوثق عرى الإيمان، الموالاة في الله والمعاداة في الله والحب في الله والبغض في الله»
«Маҳкамтарин пояҳои имон, ин дӯстиву душманӣ ва дӯст доштану бад дидан аз барои Аллоҳ аст». Ривояти Табаронӣ.
Бо таҳнияти кофирон ақидаи вало ва баро (тавалло ва табарро) заъиф хоҳад шуд. Ва бо мурури замон мусалмонон аз таҳният гуфтан ба ҷашн гирифтан хоҳанд гузашт. Аллоҳул-мустаъон!
Ва далели охирон: Иттифоқ ва иҷмоъи аҳли суннат.
Тамоми Уламои аҳли суннат дар ин масъала иттифоқ доранд, хоссатан уламои Мазҳаби ҳанафӣ низ табрики кофирро дар идаш то ба ҳадди куфр бурдаанд:
Зайнуддин ибни Нуҷайми Ҳанафӣ дар «Баҳрур-роиқ шарҳи канзуд-дақоиқ» меорад, ки агар дар иди наврӯз ҳатто як тухмеро ҳадя кунад кофир мешавад. (боби аҳкоми муртаддин)
Инчунин Мулло Алӣ Қории Ҳанафӣ низ дар шарҳи «Фиқҳи Акбар» чунин ҳукм кардааст.
(Барои тафсили бештар ба кутуби фиқҳӣ руҷӯъ кунед).
Ва охиру даъвоно: Алҳамду лиллоҳи раббил оламин.