Ошуро (аз ҳақиқат то хурофот)
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ошӯро (аз ҳақиқат то хурофот)
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Абдулхолиқ Эҳсон
sunni-news.net/tj
2011 - 1432
﴿عاشوراء بين الحقيقة و الخرافة﴾
«باللغة الطاجيكية»
عبد الخالق إحسان
sunni-news.net/tj
2011 - 1432
Ошӯро (аз ҳақиқат то хурофот)
Ислом дини комилу шомилест, ки ҳеҷ гушаи зиндагии моро фуругузошт накарда ва барномаи фарогирест, ки тамоми ҷавониби зиндагии дуёявӣ ва ухравӣ, моддӣ ва маънавӣ, ҷисмӣ ва рӯҳии моро дарбар мегирад. Ҳаргоҳ ба мушкилӣ бармехурем, ё ҳақиқати як масъаларо намедонем, бояд ба дин руҷуъ намуда ва ду манбаи аслии дин (Қуръон ва Суннат)-ро меъёри санҷиши ҳақ ва ботил қарор диҳем.
Аз ҷумлаи ин мавзуоти баҳсбарангез, қазияи Ошӯро мебошад, ки хелеҳо дар ин маврид дӯчори иштибоҳоте шуда ва аз ҳақиқати Ошӯро дур рафтаанд; чӣ хуб аст, ки ба муносибати ин рӯзи боазамат нигоҳи гузаро ба манобеи динии худ бияндозем, то ҳақиқати ин рӯзро шинохта ва хурофотро аз домани поки он бияндозем.
Дар мавриди баёни ҳақиқати Ошӯро ду нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин рӯз чӣ коре бояд анҷом диҳем ва чаро?
Пиромуни вазифаи мо дар ин рӯз бояд гуфт, ки Худованд ва Расулаш (с) фурсатҳоеро дар ихтиёри мо қарор додааст, ки истифодаи матлуб азин фурсатҳо худсозӣ намуда ва рӯҳу равони хешро покиза созем, то битавонем дар муқобили амвоҷи муталотими фасод ва табоҳӣ муқовимат карда ва дар дини худ истиқомат дошта бошем; аз ҷумлаи ин фурсатҳо, рӯзаҳо ва садақоту намозҳои нафлӣ мебошад.
Вақте ба нусуси динӣ муроҷиа мекунем, дармеёбем, ки Қуръони Карим дар хусуси рӯзи Ошӯро ҳеҷ ишора ҳам накарда, аммо Аҳодиси набавӣ баёноти муфассалеро дар бораи ҳақиқати Ошӯро бозгӯ кардааст, ки инак ба ин аҳодис нигоҳе меандозем:
Имом Муслим ҳадисеро аз Абӯқатода ривоят намуда, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Умедворам, ки Худованд рӯзаи Ошӯроро сабаби каффораи гуноҳони соли гузашта қарор диҳад».
Аз Ибин Аббос (р) ҳадисе дар саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ривоят шуда, ки Паёмбар (с) ба Мадинаи Мунаввара муҳоҷир шуданд диданд, ки Яҳудиён дар рӯзи Ошӯро рӯза мегиранд, фармуд: ин ба чӣ муносибатест? Гуфтанд: ин рӯзи накӯест. Худованд дар ин рӯз ҳазрати Мусо ва Бани Исроилро аз душманонашон наҷот дод ва Мусо ба хотири он пирӯзӣ рӯза гирифт. Паёмбар (с) фармуд:
«أنا أحق بموسي منكم»
«Ман аз лиҳози гиромидошти Мусо (а) аз шумо шоистатарам) ва он рӯзро рӯза гирифт ва рӯза гирифтан дар он рӯзро дастӯр дод».
Ва низ Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Рӯзи Ошӯро рӯза бигиред ва бо Яҳуд мухолифат кунед, ба ин сурат, ки як рӯз қабл ва як рӯз баъд аз Ошӯроро ҳам рӯза бигиред». Мустади Аҳмад.
Ва дар ривояте омада, ки вақте Расули Худо (с) ба рӯза гирифтани Ошӯро дастур дод, Саҳоба гуфтанд, ки ин мушобаҳат ба Яҳуд аст. фармуданд: «Соли оянда рӯзи нуҳумро ҳам рӯза бигиред».
Аз ин Аҳодис ба вазоҳат дониста мешавад, ки аз дидгоҳи шариати муҳаммадӣ рӯзи Ошӯро фақат барои рӯза гирифтан аст, на чизи дигаре ва беҳтараст рӯзи нуҳум ва ёздаҳуми Муҳаррамро рӯза бигирем, то битавонем ба ҳамаи он Аҳодист амал кунем.
Аммо дар мавриди ин, ки рӯза гирифтан дар ин рӯзи боазамат чист? Тавре, ки аз Аҳодиси қаблӣ ҳувайдо мегардад ҳикмат, шукри неъмат аст, ки насиби ҳазрати Мусо ва Бани Исроил гардид ва аз чанголи Фиръавни замон наҷот ёфтанд. Ва дар баъзе ривоёт омада, ки дар ин рӯз киштии Нуҳ (а) ба куҳи Ҷӯдий нишаст ва ҳазрати Нуҳ ва пайравонаш наҷот ёфта ва бақияи мустакбирин ва кофирон ғарқ шуданд. Лизо мо ҳам вақте рӯза мегирем, дар қадами аввал дастури дини мост ва суннат аст, ки рӯза бигирем ва дар қадами дуввум, мо сазовортарем, ки шукргузори неъматҳо бошем, ки насиби паёмбарони илоҳӣ шудаанд.
Дар хусуси хурофоте, ки мутаассифона ба ин рӯзи бузург часпонда шуда, бояд гуфт, ки мусалмонон ин рӯзро рӯза доштанд, то ин, ки ба таври тасодуфӣ имом Ҳусайн (р), сардори ҷавонони биҳишт ва набераи Расули муаззами Ислом дар ин рӯз ба шаҳодат расиданд. Иддаи золиму ситамгар ин бузургмарди таърихро ноҷавонмардона ба шаҳодат расониданд.
Ба таъқиби ин шаҳодат хурофоте дар ин рӯз буруз кард; бархе ба номи дӯстдорони имом Ҳусайн дар муҳаббати эшон ғулу намуда ва бидъатҳоеро эҷод карданд ва бархи дигар ба номи мухолифини имом ба умури ноҷоизе даст зада ва хурофотеро ба вуҷуд оварданд.
Аботил дар чаҳорчӯби ҷашну шодӣ
Баъд аз шаҳодати имом Ҳусайн (р), мухолифини эшон ва онҳое, ки ин ҳамосаофаринро шаҳид карда буданд, ин рӯзро ҷашн гирифта ва шодию сурур дошта, либоси ҷадид бар тан карданд. Шаҳрҳоро чароғон мекарданд. Ба мардум дастур медоданд, ки бояд маҳфили шодӣ баргузор кунанд, ки намунаи ин аботилро таърих ба ному нанги Ҳаҷҷоҷ сабт намудааст.
Хурофоте дар чаҳорчуби сӯгворӣ
Ин хурофотро ононе ба вуҷуд оварданд, ки даъвои муҳаббати имом Ҳусайн ҳастанд ва имрӯз ин хурофотро ҳам хело густариш медиҳанд ва мехоҳанд тамоми уммати исломӣ ба эшон ҳамоҳанг шуда ва мисли онҳо дар ин рӯз сугвор бошанд.
Ин мардум, ки ба номи дӯстдорони Аҳли байт маъруфанд, сугворӣ ва азодориашонро ба шеваҳои гуногуне намоиш медиҳанд, аз ҷумла: порчаҳои сиёҳро ба деворҳо овезон мекунанд ва либоси сиёҳ мепушанд, ба сару рӯяшон мезананд, баданҳои худро хунолӯд мекунанд, қасдан худро ташна нигоҳ медоранд, ки гӯё мехоҳанд мисли имом Ҳусайн бошанд.
Аз ҳама бадтар ин, ки бузургони уммати исломиро дашном медиҳанд ва ба мардум хурок ва нӯшиданӣ тақсим мекунанд, ки ҳамаи ин корҳо дар шариат ҳаром ва норавост.
Мутаассифона пиромӯни аҳдофи инқилоби ҳусайнӣ ҳеҷ тасмиме гирифта намешавад, дар ҳоле, ки Уммати Исломӣ дар вазъияте ногуворе қарор дорад ва аз ҳар тараф таҳоҷуми низомӣ, сиёсӣ ва фикрӣ мутаваҷҷеҳи Уммати Исломӣ шуда аст ва хеле ниёзмандем, ки бо таассӣ ва иқтидо аз инқилоби имом Ҳусайн дар муқобили ин мазолиму истибдодҳо оқилона қиём кунем ва фарзандони Умматро тарбия намоем, то ба тамоми маъно ба Ислом чанг зананд ва Уммати Исломиро аз вазъияти шармовари мавҷуд наҷот диҳанд.
Ба умеди ин, ки ҳама тасмим бигирем, то ҳақоиқро шиносоӣ намуда ва хурофотро аз домани поки ҳақиқат бизидоем ва аз ҳаводису воқеаҳо дарси иззату сарбаландиро гирифта ва хорию зиллатро аз сарзамини вуҷудамон дӯр созем.