Сухане чанд бо аҳли хирад
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Сухане чанд бо аҳли хирад
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Абдуллоҳ Тавҳидӣ
Сомонаи Сунни Ниюз: www.sunni-news.net/tj
2011 - 1432
﴿خطاب إلى أصحاب العقول السليمة﴾
«باللغة الطاجيكية»
عبد الله توحيدي
موقع سني نيوز: www.sunni-news.net/tj
2011 - 1432
Сухане чанд бо аҳли хирад
Суннӣ нюз: Номаи ирсолии як хонанда
Ба номи Худованде, ки ҳамаи ҳастӣ дар зери фармонравои ва қудрати ӯст. Он чӣ дорем ва ҳар он чӣ надорем ва орзӯи доштани онро дорем, аз ӯст. Офаридгоре, ки ба танҳои соҳиби ҳамаи чиз аст ва дар офариниши ҳастӣ ва идораи он, ки аз назму печидагии ҳайратоваре бархурдор аст, аҳадеро бо худ ҳамроҳ надорад. Холиқе, ки ҳамеша ва ҳамаи ҷо нозиру муроқиби офаридаҳои хеш аст.
Пас Худованде бо ин ҳама ҷалолу азамат қатъан офаридаҳояш ботилу беарзиш нестанд. Холиқе, ки дар миёни махлуқоташ инсонро ба зеботарин шева ва сурат офарида ва ӯро бо тафовутҳои забонӣ ва нажодӣ ва... ороста намуда ва ба ӯ ақлу қудрати тасмимгирӣ ва иродаи интихоб дода ва имконоту манобеъи дунёиро, ки ҳануз барои башар комилан шинохта шуда нест, барояш мусаххар намуда, то барои ҳаёти дунявияш аз он баҳра гирад ва болотарин мақому манзалатро ба ӯ дода ва ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нест, ки инсон аз мақому манзалати худ бикоҳад ва худро таҳқир намояд.
Худованд ниёзҳои инсонро хуб медонад, аз ҳама кас ба ӯ наздиктар аст. Аз модараш нисбат ба ӯ меҳрубонтар аст, гирифториҳояшро фақат ӯ метавонад бартараф намояд ва... пас эй инсони хирадманд, нек бияндеш, ки Холиқи коинот дар муқобили ин ҳама лутфу неъмат чӣ чизе аз мо мехоҳад? Албатта Худованд ба ҳамин басанда накарда ва боз ҳам моро ёрӣ менамояд ва Иблис душмани қасамхурда ва хастагии нопазири башарро ба мо муъаррифӣ карда ва роҳҳои дурӣ аз ӯро ҳам ба мо гушзад намуда ва ҳамчунин паёмоваронеро аз худамон аз сӯи хеш фиристода то ғафлату исёни моро ёдовар шаванд ва моро ба Холиқи коинот ду бора наздик кунанд вале мо инсонҳо ин ҳама лутфу муҳаббати Холиқро фаромӯш мекунем, он гуна, ки шоистаи азамат ва ҷалоли Худованд аст ва ба он шевае, ки Холиқ дӯст дорад, ӯро ибодат намекунем ва ҳатто дар муқобили ибодат ҳам ҷабҳа мегирем ва муртакиби нофармониҳои зиёде мешавем ва худро дар масире қарор медиҳем, ки шаётин онро бо ҳар он чӣ, ки мавриди ризояти Офаридгор нест, тазйин кардаанд ва ҳар андоза дар ин масир ба пеш меравем, гарду ғубори сиёҳе бар рӯи қалбамон менишинад, то ҷое, ки ин сиёҳии қалб, ҳоил ва монеъ байни мо ва ибодат мешавад ва ё агар ҳам ибодати андаке дошта бошем, аввалан дар назди мо зиёд ба чашм меояд ва ба он мағрӯр мешавем ва сониян дар ҳамин ибодати андак ҳам, ихлосу шеваи дурусти онро аз мо мегирад. Ғафлати инсон ба ҷое мерасад, ки мепиндорад, чун гуноҳу маъсият фаровон дорад, наметавонад бевосита бо Холиқи хеш робита барқарор кунад ва ҳоҷаташро дархост намояд ва мушкилоташро бо Ӯ дар миён ниҳад ва.. мепиндорад, ки ҳатман бояд касонеро ки назди Худованд маҳбубу дорои ҷойгоҳ ҳастанд, восита ва минёҷӣ қарор диҳад ва Худовандро монанди подшоҳон ва фармонравоёни дунёи фарз мекунад, ки афроди фурудасти ҷомеъа барои иблоғи ниёз ва дархости хеш ба подшоҳ, бояд тақозои худро ба афроди дарборӣ ва дорои мансаб бирасонанд, то дархосташон ба подшоҳ расонида шавад. Аммо ғофил аз ин, ки инҳо ҳама ташрифоту қонунҳои дунявии сохтаи башарӣ аст, ки Худованд аз он мубарро ва пок аст.
Ҳамин афроде, ки онҳоро ба фарёд мехонанд, дар ҳоли ҳаёташон ҳамонанди мо садоҳои дурдастро намешуниданд ва агар чандин нафар ҳамзамон бо онҳо ҳарф мезаданд, мутаваҷҷеҳ намешуданд, пас чӣ тавр шуда, ки баъд аз маргашон нидои афроди мухталифро дар маконҳои мутаъаддид бо забонҳои мутафовит ба сурати ҳамзамон мешунаванд ва ба ҳамаи онҳо посӯх медиҳанд. Пас ин афрод чӣ тафовуте бо Холиқи ҳастӣ доранд?1!!
Шумо агар мариз шавед, барои дармон пеши пизишк меравед ва дорӯҳо ва тавсияҳои ӯро ба кор мегиред, аммо агар ҳамин пизишк аз дунё биравад, оё боз ҳам метавонад барои шумо нусха бинависад? Оё ба қабри ӯ муроҷиат мекунед? ва ё ӯро ба кӯмак мехонед?
Пас эй оқилон ва хирадмандон! Чаро аз неъматҳои Худованд истифода мекунед, аммо дар ҳангоми ҳассостарин ва муҳимтарин лаҳзаҳо, ки хостори рафъи мушкилотатон ҳастед, аз ғайри Худованд дархост мекунед? Чаро соҳиби неъматро фаромӯш мекунед ва хостаҳоятонро аз ӯ намехоҳед?
Пас биёед дар аъмоли худ тафаккур кунем, ки чаро аз Холиқ ва бахшандаи ҳақиқӣ дархост намекунем, аммо касонеро, ба дуо мехонем, ки онҳо худашон ба Худо умедворанд ва мунтазири бахшишу лутфи Ӯ ҳастанд.
Эй хирадманд! Ба ин фикр кун, ки мо лаҳзаи маргу видоъ бо зиндагии кӯтоҳи дунёро намедонем ва ҳар лаҳза ҳам имкони он вуҷуд дорад, ки марги мо фаро расад ва чорае ҳам ҷӯз бозгашт ба сӯи маъбуди ҳақиқӣ надорем, пас чаро коре кунем, ки дар бозгашти мо хурсандӣ набошад? Дар ҳоле, ки метавонем, бо тавба ва бозгашт аз масири нодуруст ва қарор гирифтан дар масири тоъату убудияти ҳақиқии афаридагор ва дархости холисона аз ӯ ва дӯрӣ ҷустан аз гуноҳу нафармонӣ ба сари манзили маънавӣ ва ормонӣ бирасем.