Фарогири суннат ҳама эҳтёҷоти мардумро
Дастабандиҳо
Full Description
Фарогири суннат ҳама эҳтёҷоти мардумро
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Имом ибни Қайми Ҷавзи (р.ҳ)
Мутарҷим: Одили Ҳайдарӣ
2011 - 1432
﴿شمولیة السنة﴾
«باللغة الطاجيكية»
الإمام ابن القیم رحمه الله
ترجمة: عادل حيدري
2011 - 1432
Шумуляти суннат
Расули Худо (с) дар ҳоле дунёро видоъ гуфт, ки парандае дар осмон пар намезад магар ин ки аз он барои уматаш донишеро баён менамуд, ва ҳама чизро ба онон омузиш дода буд, ҳато одоби қазои ҳоҷат, ва одоби ҳамбистари, ва одоби хоб кардан, одоби нишастану бархостан, одоби хурдану нушидан, одоби савор шудану пиёда шудан, одоби сафару иқомат, одоби сукуту сухан гуфтан, одоби фақру дорои, одоби саломати ва бемори, ва тамоми аҳкоми маргу зиндагиро ба онон омухт.
Аршро барои онон тавсиф намуд, инчунин фариштагону ҷиниён ва дузаху биҳишт, ва рузи қиёмат, ва ончти дар он рух хоҳад дод, ҳамаи инро ба онҳо чунон баён намуд ки гуё ба дидаҳои худ ба он менигаранд, ва чунон парвардигорро ба мардум мурифи намуд ки гуё уро бо тамоми сифатҳои камол ва бо тамоми бузургияш мушоҳида менамоянд, ва достонҳои паёмбарон ва уматонашонро барои уматаш чунон бозгу намуд, ки гуё дар миёни онҳо зиндаги мекарданд, ва роҳҳои хайру бадиро чунон барои уматаш рушан намуд ки ягон паёмбаре барои умати худ чунин накарда буд, ва аз аҳволи марг ва ончи дар барзах хоҳад гузашт, ва неъмату азобе ки руҳ ва баданро дар бар мегирад чунон сухан гуфта буд ки ҳеҷ паёмбаре чунон барои уматонашон нагуфта буданд, ва барои умати худ далилҳо барои тавҳид ва нубуват ва маъод, ва рад бар ҳамаи гуруҳҳои куфр ва гумроҳиро онгуна нишон дод ки касе онро дарёбад ҳоҷате бар ғайри он нахоҳад дошт, магар ин ки касе бихоҳад онро бар дигарон бирасонад, ва низ тактикҳои ҷангу мубориза бо душманонро ва роҳҳои пирузи бар душманро бар онон чунон равшан намуд ки агар онро биёмузанд ва амал намоянд, касе чуръат намекунад ки бар душмани ба онҳо андеша намояд.
Ва инчунин ононро аз найрангҳои шайтон ва раҳои аз он огоҳ намуд, ва барояшон сипарҳое нишон дод ки бо чанг задан ба он худро аз найрангу дасисаҳо хоҳанд раҳонд, ва онҳоро аз умури зиндагияшон чунон огоҳ намуд ки агар аз он мустаҳкам пайрави намоянд зиндагии дунёяшон бо хуштарин зиндаги табдил хоҳад ёфт.
Хулосаи гуфтаҳо ин ки тамоми хубиҳои дунё ва охиратро барои башарият бо тамоми равшани баён намуд, ва онҳоро дигар ба чизе муҳтоҷ нагардонд, пас чигуна идае аз мардум гумон мебаранд ки шариъати комиле ки дунёро дарбар гирифтааст ноқис мебошаду ниёзе бар дигар умуре дорад ки бо изофаи он пурра мегардад.
Ҳар ки чунин идиъо дорад, фикр мекунад ки башарият ба паёмбари дигаре эҳтиёҷ дорад.
Ва сабаби асосие ки инсонро ба чунин фикрҳо рупару месозад он аст ки ончи ки расули Худо (с) барои уматонаш овардааст дар бораи он маълумоти кофи надорад вагарна ҳеҷгоҳ чунин фикрҳо бар сараш намеомаданд……
Гирифта шуда аз китоби имом Ибни Қайм (р.ҳ) (Эъломул мувақиъин 4/454 ва 456)