×
Инҳо чанд суханони муфиде ҳастанд барои касоне ки мехоҳанд дар ҳолу зиндагии худ тағйрот бидароранд, то ки парвардигори хешро хушнуд созанд, ҷамъовари намудам. Аз Худованд умед дорам ки хонанда аз ин суханҳо истифода барад.

    Рамазон фурсатест барои ҷавонон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Тарҷумаи Мисбоҳиддини Ҳомид

    2011 - 1432

    ﴿ رمضان فرصة للشباب ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    ترجمة: مصباح الدين حميد

    2011 - 1432

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Рамазон фурсатест барои ҷавонон

    Ҳамду сано Худовандеро ки роҳҳои хайрро бароямон наздик гардонд, ва дарҳои тавбаро бароямон боз кард, ва салавоту салом бар имоми паёмбарон Муҳаммад (с).

    Аммо баъд:

    Инҳо чанд суханони муфиде ҳастанд барои касоне ки мехоҳанд дар ҳолу зиндагии худ тағйрот бидароранд, то ки парвардигори хешро хушнуд созанд, ҷамъовари намудам.

    Аз Худованд умед дорам ки хонанда аз ин суханҳо истифода барад.

    * Тавба дар моҳи шарифи рамазон:

    Бародару хоҳари азизам! шуморо бо фаро расидани моҳи мубораки рамазон, моҳи бахъшиши гуноҳон, ва ва қабули тавба, ва наҷот аз оташи дузах, моҳи хайру баракат, табрику муборакбод намуда аз Худованд умед дорам ки тоатҳову ибодатҳои шуморо қабул фармояд.

    Паёмбар (с) мефармояд: «Вақто ки дар шаби авали моҳи рамазон шайтонҳо бо занҷирҳо баста шаванд, ва ҷинҳо ронда шаванд, ва дарҳои дузах баста шаванд, ва даре аз он боз намонад, ва дарҳои ҷаннат боз карда шаванд, ва даре аз он баста намонад, нидокунандае нидо мекунад, эй хайрхъоҳ биё ва эй бадхоҳ бозист, ва Худованд чандин касонро аз оташи дузах наҷот медиҳад, ва он ҳам дар ҳар шаби моҳи рамазон» (Тирмизи ва ибни Моча бо санади саҳеҳ)

    Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) болои минбараш баромаду омин, омин, омин, гуфт ба у гуфтанд: эй Паёмбари Худо шуморо дидем ки омин, омин, омин гуфтед?! Паёмбар (с) гуфт: "Ҷабраил (а) ба наздам омаду гуфт: Ҳарки моҳи рамазонро дарёбад ва гуноҳонаш бахшида нашаванд ва дохили оташ гардад, Худованд уро (аз раҳматаш) дур созад, омин бигу, ва ман омин гуфтам" (Аҳмад)

    Бародару хоҳари азизам! моҳи мубораки рамазонҳам наздик шуд, пас ба он Худое руй биёвар ки нофармонияшро мекарди ва худро залилу хоксор ва пушаймону гирён бисозу бигу, эй Парвардигори замину осмон! ман ба суи ту бозгаштам.

    Бародару хоҳари азизам! агар гуноҳони ту дар ин моҳ бахшида нашаванд, ва аз чашмонат дар ин моҳ оби дида нарезад, ва дилат ба хотири парвардигорат шикаста нагардад, пас ин хел бошад кай?!

    Бародару хоҳари азизам! оё боре ҳам аз тарси Худо оби дида резондаи, агарчи як борҳам бошад? Оё дили ту эҳсос намекунад ки дар ин моҳ бо Худо наздик аст? Оё фикр намекуни ки ин моҳ фурсати гаронбаҳоест барои наздикшавият бо парвардигорат? Оё намехоҳи ки ин моҳ бозгардии содиқонаат ба суи Худованд бошад? то ки алоқаи ту бо Худованд қавитару зиёдтар гардад, Худованд мефармояд:

    ﭽوَٱلَّذِينَ ٱهۡتَدَوۡاْ زَادَهُمۡ هُدٗى وَءَاتَىٰهُمۡ تَقۡوَىٰهُمۡ ١٧ ﭼ [محمد: ١٧]

    "Онон, ки ҳидоят ёфтаанд, Худованд ба ҳидояташон меафзояд ва парҳезгорияшон ато мекунад" (Муҳаммад 17)

    Эй инсонҳо! Бубинед ки Худованд моро итоб намуда мефармояд:

    ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ ٦ ﭼ[الانفطار: ٦]

    "Эй инсон, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст)" (Инфитор 6)

    Бале эй инсон туро чи чиз мағрур сохтааст, ки парвардигоратро нофармони мекуни? Оё сабаби нофармонии ту надонистанат неъматҳои Худованд аст? Оё инки бузургияшро фаромуш кардаи? ва ё ин ки фаромуш кардаи ки у туро муроқибат менамояд?!

    Бародару хоҳари азизам! огоҳ бош ки ба сарат чунин фикре наояд ки дар илму донои ва муроқибати Худованд, нодидагири намои.

    Ба ҳар сурате ки набошад барои ту аз суи Парвардигору Паёмбараш (с) хушхабаре дорам, бубин ки Худованд чи мефармояд:

    ﭽقُلۡ يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ أَسۡرَفُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُواْ مِن رَّحۡمَةِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ ٥٣ ﭼ [الزمر: ٥٣]

    "Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни худ исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро мебахшояд. Ӯст бахшояндаву меҳрубон" (Зумар 53)

    Ин чунин боз мефармояд:

    ﭽوَٱلَّذِينَ لَا يَدۡعُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ وَلَا يَقۡتُلُونَ ٱلنَّفۡسَ ٱلَّتِي حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَا يَزۡنُونَۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ يَلۡقَ أَثَامٗا ٦٨ يُضَٰعَفۡ لَهُ ٱلۡعَذَابُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَيَخۡلُدۡ فِيهِۦ مُهَانًا ٦٩ إِلَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ عَمَلٗا صَٰلِحٗا فَأُوْلَٰٓئِكَ يُبَدِّلُ ٱللَّهُ سَيِّ‍َٔاتِهِمۡ حَسَنَٰتٖۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا ٧٠ ﭼ [الفرقان: ٦٨ – ٧٠]

    "Ва онон, ки бо Худои якто худои дигареро дуо намекунад, ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда ба ғайри ҳақ намекушанд, ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад.

    Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хори дар он азоб хоҳад буд,

    Ғайри он касон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо мубаддал мекунад, ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст" (Фурқон 68-70)

    Бубин ки чи қадар фазли бузургест, бубин ки чиқадар фоидаи калоне ба даст меори, Худованд тамоми гуноҳонро ба некиҳо (савоб) табдил медиҳад, боз бубин ки Паёбар (с) чи мефармояд: "Худованд аз ҳама зиёдтар дар тавбаи бандааш хушнудтар мегардад" (Бухъори, Муслим)

    Аз Паёмбар (с) ривоят шудааст ки Худованд фармуд: "Эй бандагони ман! Шумо шабу руз гуноҳ мекунед, ва ман тамоми гуноҳонро мебахшам, пас аз ман талаби мағфират намоед ман шуморо мағфират менамоям" (Ҳадиси қудси)

    Паёмбар (с) боз мефармояд: "Худованд шабҳо даст ба суи касоне дароз мекунад ки дар руз гуноҳ кардаанд то ки тавбаашонро бипазирад, ва рузҳо даст ба суи касоне дароз мекунад ки дар шаб гуноҳ кардаанд то ки тавбаашонро бипазирад, то замоне ки офтоб аз мағриб тулуъ намояд"

    Ҳангоме ки Паёмбар (с) занеро дид ки фарзандашро дар миёни асирон ҷустуҷу медошт, ва вақто ки уро пайдо кард, уро дар оғуш кашиду аз шавқи зиёд бусид, Паёмбар (с) (ба саҳобагонаш) гуфт: ба фикри шумо оё ин зан фарзандашро дар оташ меандозад? (саҳобагон) гуфтанд: ҳаргиз на, Паёмбар (с) гуфт: Худованд бо раҳмтар аст ба бандагонаш аз раҳми ин зан ба фарзандаш.

    Эй боро Худоё чи қадар бузургу меҳрубон ҳасти?!! Эй бародару хоҳари азизам! оё мехоҳи ки ин фурсатро аз даст бидиҳи? Оё баъди ҳамаи ин меҳрубонии Худованд ба суи у нашитобем? Оё аз тавба намудан танбали намоем?!

    Чуноне ки мебинам, гуфтани ҳасти ки аз мардуми гирду атроф ва дустону рафиқонам шарм медорам, аз он метарсам ки тавба кунаму боз ба гуноҳ баргардам! Гуноҳонам чунон бисёр ҳастанд, ки бовари надорам ки Худованд онҳоро бубахшад, аз хонавода ва дороиям метарсам.

    Аммо ман ба ту гуфтани ҳастам, ки оё метавони бо ин гумонҳоят рузи қиёмат дар назди Худованд узрхоҳи куни? Қасам ба Худо ки на, ҳаргиз на, балки ин баҳонаҳое ҳастанд, ки ба ҷуз тарси Худо инҳоро чизе аз байн нахоҳад бурд, ин баҳонаҳо далолат бар заифии имон мекунад.

    Бародару хоҳари азизам! бо диндорият сарбаланд бош, ва тавакал бо Худованд аз самими дилат тавба намо, ва раҳмати Худованду мағфирати уро пеши назар биёр.

    Ба ман бигу! оё рози ҳасти ки дар ҳамин лаҳза малакул мавт ҷонатро бигираду бо ҳамин ҳол бо Худованд мулоқот намои? инро бидон ки агар дар айни ҳол аз ин роҳ барнагарди пас фардо дар қабр пушаймон хоҳи шуд, ва дар он ҳол дигаре пушаймони фоидае надорад.

    Бародару хоҳари азизам! огоҳ бош! То аз ҷумлаи касоне набоши ки Худованд дар ҳақашон мегуяд:

    ﭽوَيَوۡمَ يَعَضُّ ٱلظَّالِمُ عَلَىٰ يَدَيۡهِ يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي ٱتَّخَذۡتُ مَعَ ٱلرَّسُولِ سَبِيلٗا ٢٧ يَٰوَيۡلَتَىٰ لَيۡتَنِي لَمۡ أَتَّخِذۡ فُلَانًا خَلِيلٗا ٢٨ لَّقَدۡ أَضَلَّنِي عَنِ ٱلذِّكۡرِ بَعۡدَ إِذۡ جَآءَنِيۗ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِلۡإِنسَٰنِ خَذُولٗا ٢٩ ﭼ [الفرقان: ٢٧ – ٢٩]

    "Рӯзе, ки золим дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки расул дар пеш гирифта буд пайрави мекардам. Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам. Бо он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, маро аз пайравиаш бозмедошт. Ва ин шайтон ҳамеша одамиро хору танҳо мегузорад" (Фурқон 27-29)

    Бародару хоҳари азизам! пеш аз ин ки дарҳо баста шаванд роҳатро ихтиёрн кун, ҳамон роҳеро ихтиёр кун ки маънои зиндагият дар дунё ва охират бошад.

    Бародару хоҳари азизам! агар нияти тавба намудан дошта боши, агар бихоҳи ки худро бо Худованд наздик бисози, пас бидон ки тавба чанд шартҳое дорад ки бояд онҳоро бидони:

    1) Пушаймони аз гуноҳони гузашта.

    2) Даст кашиданд аз гуноҳ.

    3) Кушиш намудан ба ин ки дубора ба суи гуноҳ барнагарди ва агар дубора ба он гуноҳ баргашти боз тавба намо локин аз самими дил.

    4) Бояд тавба пеш аз ғар ғара (омадани чон ба ҳулқум) бошад то ки пазируфта гардад.

    Дар охир аз Худованд бароятон тавфиқи тавбаи содиқона ва қабули амалҳои некатонро хоҳонам. Омин.