×
Хадиҷа духтари Хувайлид, ҳамсар ва ёри бовафои Расули Худо (с) ва беҳтарин занони биҳишт аст. Намунаи волое аз инсоният, ки забон аз васфу сано ва азамматаш оҷиз аст. Бо лақаби тоҳира байни занони Макка дар он замон шинохта шуд. Ӯ дар Умми қуро –Маккаи мукаррама- 68 сол қабл аз ҳиҷрат таваллуд ёфтааст.

    Модари мӯминон, Хадиҷа аввалин бонӯи мусалмон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Сомонаи: www.sunni-news.net/tj

    2011 - 1432

    ﴿ سيرة أم المؤمنين خديجة بنت خويلد رضي الله عنها ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    موقع سني نيوز: www.sunni-news.net/tj

    2011 - 1432

    Модари мӯминон, Хадиҷа аввалин бонӯи мусалмон

    Хадиҷа духтари Хувайлид, ҳамсар ва ёри бовафои Расули Худо (с) ва беҳтарин занони биҳишт аст. Намунаи волое аз инсоният, ки забон аз васфу сано ва азамматаш оҷиз аст.

    Бо лақаби тоҳира байни занони Макка дар он замон шинохта шуд. Ӯ дар Умми қуро –Маккаи мукаррама- 68 сол қабл аз ҳиҷрат таваллуд ёфтааст.

    Модараш Фотима духтари Зоида бин Асами Қурайшия, аз Бани Омир бин Лувий ва пардараш Хувайлид бин Асад бин Абдулъуззо, аз ашрофи Қурайш буд, ки явми Фуҷҷор вафот кард.

    Хадиҷа ҳамсари Абӯҳола бин Зурораи Тамимӣ буд, ки пас аз марги шавҳараш бо Атиқ бин Обиди Махзумӣ издивоҷ кард ва пас аз марги ӯ бо Расули Худо (с) издивоҷ кард.

    Хадиҷа миёни занони Макка ҷойгоҳи баланде дошт ва дар тиҷораташ машҳур буда, дар молаш бо ашхосе тиҷорат дошт. Рӯзе аз рӯзҳо бо ҷавоне, ки мулаққаб ба амин буд, ошно шуд. Он ҷавон касе набуд, магар Муҳаммад бин Абдуллоҳ, ки аз тарафи Қусай бин Килоб бо ӯ хешовандии дурӣ дошт. Дар он замон ахлоқаш дунёро хушбӯ карда буд ва дар қалбҳои мардум ҷо гирифта буд, хост аз Муҳаммад (с) дар тиҷораташ истифода кунад. Касеро наздаш фиристод то ба ӯ пешниҳоди кор диҳад ва қарор шуд, ки ба ӯ ду баробар ҳуқуқе, ки ба дигарон медиҳад, бидиҳад. Муҳаммади ҷавон ва тангдаст низ бо камоли майл, мувофиқат кард.

    Муҳаммади аминро бо ғуломаш, Майсара барои тиҷорат ба Шом фиристод. Вақте баргаштанд, Майсара барои Хадиҷа вафодорӣ ва сидқу амонат ва ростгӯии Расули Худо (с)ро баён кард.

    Бисёре аз бузургони Макка ба хостгории Хадиҷа рафта буданд, ҳамагиро рад кард, вале садоқату амонатдорӣ, қалбашро лабрез аз ишқу муҳаббати ӯ сохта буд. Яке аз дӯстонаш ба номи Нафисаро барои қонеъ кардани Муҳаммад (с) ба хостгорӣ фиристод. Вақте, ки Нафиса назди эшон омад, пурсид: чӣ чиз монеъи издивоҷи шумо мегардад? Фармуданд: чизе надорам барои издивоҷ! Нафиса гуфт: агар касе омад дорои ахлоқ ва молу шараф ва зебою асолати хонаводагӣ, оё қабулаш мекунӣ? Пурсиданд: чӣ касе? Сипас ӯ Хадиҷаро ба ӯ муъаррифӣ кард. Паёмбар (с) низ ибрози мувофиқат фармуданд. Баъд аз муддате издивоҷашон сурат гирифт ва Абӯтолиб хутбаи никоҳро хонд. Хадиҷа 40 сола буд ва Муҳаммад (с) 25 сола. Аз ин издивоҷ фарзандоне ба дунё омаданд, ба номҳои Қосим, Зайнаб, Руқайя, Фотима ва Умми Кулсум, ки таваллуди ҳамашон, қабл аз нубувват буд ва дар Ислом танҳо Абдуллоҳ ба дунё омад.

    Тафовути синнии ҳар кадомашон як сол буд. Ҳамаи писаронаш дар хурдсолӣ вафот карданд ва духтаронаш бузург шуданд ва Ислом оварданд ва ҳамагӣ дар ҳаёти Расули Худо (с) вафот карданд, ҷуз Фотима, ки ҳудуди 6 моҳ баъд аз вафоти падараш, ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

    Муҳаммади амин вақте наздик ба 40 сол расид, ба ғори Ҳиро мерафт ва ба ибодат ва розу ниёз ва тафаккур дар махлуқот мепардохт. Хадиҷа агар субҳи барвақт Расули Худоро дар хона намеёфт, медонист, ки ба ғори Ҳиро рафтааст. Аз ақлу дироят ва фаҳмидагии ин зани зирак буд, ки садди роҳи шавҳараш намешуд ва ӯро саволборон намекард.

    Вақте Ҷибирил (а) нозил шуд ва барояш

    (اقرأ باسم ربك الذي خلق...)-ро хонд, Расул Худо (с) дар ҳоле баргашт, ки ҷонаш аз шиддати тарсу ваҳшат ба ларза даромада буд ва қалбаш ба сахтӣ меларзид. Ба Хадиҷа гуфт: (زملوني زملوني), маро бипӯшонед, маро бипӯшонед!. Хадиҷа (р) билофосила ӯро пушонид ва вақте тарсу ваҳшат аз вуҷудаш дур шуд, баъд барояш нақл кард, ки чӣ иттифоқе барояш афтодааст ва гуфт, ман бар худам тарсидам. Хадиҷа ӯро дилдорӣ кард ва насиҳат карда гуфт:

    «كلا والله لا يخزيك الله أبدًا؛ إنك لتصل الرحم، وتحمِل الكلَّ، وتكسِب المعدوم، وتَقرِي الضيف، وتُعينُ على نوائب الحق».

    "Ҳар гиз матарс! ба Худо сарганд, ки Худо ҳеҷгоҳ туро хор нахоҳад кард, зеро ту касе ҳастӣ, ки силаи раҳм анҷом медиҳӣ ва ба бечорагон ёрӣ мерасонӣ во бо дармондагон ҳамнавои мекунӣ ва аз меҳмон пазирои карда ва аз ҳақ пуштибонӣ мекунӣ."

    Рӯзи баъдӣ, назди писари амаки Хадиҷа, Варақа бин Навфал, ки донишманди Масеҳӣ буд, рафтанд ва барояш моҷароро таъриф карданд. Варақа гуфт: ин ҳамон фариштаест, ки бар Мусо (а) нозил шуд ва гуфт, кош ман зинда бошам, рӯзе ки қавмат туро аз шаҳру кошонаат берӯн кунанд, то битавонам туро ёрӣ диҳам. Расули Худо (с) бо таъаҷҷуб пурсид: оё маро берун кунанд? Ҷавоб дод: бале! Касе чун шахсият ва бо даъвате чун даъвати ту то ба ҳол наомада аст, магар ин ки ӯро аз шаҳру кошонааш берун ронданд, аммо мутаъассифона қабл аз он, ки ваҳй нозил шавад, Варақа вафот кард.

    Хадиҷа аввалин касе буд, ки ба даъвати Паёмбари акрам (с) имон оварда ва Расули Худо (с)-ро бовар кард ва аввалин касе буд, ки суханони Худованди мутаъолро, ки аввалин бор ба Расули Худо (с) нозил шуда буд, аз даҳони муборакаш шунид.

    Хадиҷа дорои имони холису поке буд ва Худованди мутаъол ба ӯ ақлу дирояти ғайри қобили васфе дода буд, ки дар таърихи занон ноёб аст.

    Хонаи Хадиҷа, кулбаи бисёр мубораке буд, кулбае, ки зери сақфи он аввалин мусалмонон мезистанд. Хадиҷа аввалин бонуи мусалмон ва духтаронаш ва аввалин навҷавони боимон, Алӣ бин Абитолиб ва аввалин хидматгузори мӯмин ва мутаъаҳҳиди мусалмон, Зайд бин Ҳориса. Хонаи Хадиҷа ҷои малакутӣ ва бо шукуҳе буда, дар рутбаи дуввум, пас аз Масҷиди ҳаром дар Макка ба шумор меояд ва он ҳам ба иллати ин, ки Расули Аллоҳ (с) дар он зиёд зиндагӣ кардаанд ва дар он борҳо ваҳй бар Паёмбар (с) нозил шуд. Хонае, ки дар он Фотима ва хоҳаронаш ба дунё омаданд, баъд аз он Расули Худо (с) бо кӯмаки Хадиҷа онро бештар рӯ ба роҳ карданд ва дар ҳамон хона буданд, то рӯзе ки Хадиҷа вафот кард, вақте, ки хостанд ҳиҷрат кунанд, онро Ақил бин Абитолиб гирифта ба халифаи он замон Муъовия бин Абисуфён (р) дод, то дар он масҷиде бисозад.

    Имом Қосим мегӯяд: Он қадар хонаи мубораке буд, ки дар шабҳои ҷумъа дар он дуо мустаҷоб мешуд.

    Вақте, ки намоз бар Расули Аллоҳ (с) фарз шуд, Ҷибрил (с) дар майдони саҳрои шимоли Макка пояшро бар замин зад, ки аз он чашмае аз оби зулол берӯн омад, Ҷибрил ва Расули Худо (с) аз он вузӯ кардад ва ду ракаъат намоз хонданд, баъд аз он Расули Худо (с) Хадиҷаро ба канори об бурданд ва ӯ ҳам вузӯ кард ва ду ракаъат намоз бо Расули Худо (с) хонд. Дар он замон Расули Худо ва Хадиҷа пинҳонӣ намоз хонданд.

    Хадиҷа намуна ва улгӯест дар сабру истиқомат. Замоне, ки Расули Аллоҳ (с) мардумро ба Ислом даъват мекард, бо вуҷуди шиканҷа ва азоби кофирон, Хадиҷа сабру пойдории худро ба намоиш мегузошт ва Паёмбар (с)ро дилдорӣ медод. Душмании онон то он дараҷае расид, ки ҳамаи хонаводаҳои Қурайш аз Бани Ҳошим ба муддати се сол қатъи робита карданд, дар натиҷа Хадиҷа маҷбӯр шуд, бо Расули Худо (с) ба дараи Абӯтолиб биравад ва дар сахтиҳо канори ҳамсараш бошад ва муддате баъд аз хуруҷаш аз ҳисор вафот ёфт, яъне се сол қабл аз ҳиҷрат, пас аз 65 сол ному нишони зебо, ҷон ба ҷонофарин супурд ва бо дастони мубораки худашон ӯро дар қабр гузоштанд.

    Мавти Хадиҷа таъсири зиёде дар рӯҳияи Расули Худо (с) гузошт, ба хусус, ки мавти амакашон Абӯтолиб чанде қабл аз вафоти Хадиҷа буд. Он сол соли андӯҳгин буд, ба ҳамин далел Расули Худо (с) он солро (омул-ҳузн) соли ҳузн ном ниҳод, зеро дар он сол ду сутуни мустаҳкам ва ду сангари дифоъии нерӯмандро Паёмбар (с) аз даст доданд, ҳамсараш, ки роздори зиндагӣ ва дасти рости раҳбарияташ буд ва амакаш, ки ҷабҳаи рӯёрӯи бо мушриконро идора мекард ва Паёмбар (с) дар воқеъ дастпарвардаи онҳо буд. Хадиҷа бо Расули Худо (с) 24 солу чанд моҳ зиндагӣ кард.

    Расули Худо (с) он чунон Хадиҷаро дӯст доштанд, тавре, ки Оишаи сиддиқа (р) мегӯфт: Надидам лаҳзае забонаш холӣ аз зикру ёди Хадиҷа бошад. Дар ҷои дигар мефармоянд: бисёре аз мардон имонашон комил шуд, вале танҳо се зан ҳастанд, ки имонашон ба дараҷаи камол расид: Марям духтари Имрон ва Осия зани Фиръавн ва Хадиҷа бинти Хувайлид. Албатта Ойиша (р) беҳтар аз ҳама аст, монанди шурбое, ки аз ҳамаи ғизоҳо беҳтараст.

    Расули Худо (с) то замоне, ки Хадиҷа зинда буд, бо ҳеҷ зане издивоҷ накарданд ва ҳамаи издивоҷҳояшон пас аз вафоти Хадиҷаи бузург буд.

    Хадиҷа дар баъзе аз корҳо аз ҳама пешӣ гирифта ва рутбаи аввалият дар таърихро азони худ кардааст: аввалин касе, ки бо Расули Аллоҳ намоз хонд. Аввалин касе буд, ки Паёмбар (с) аз ӯ дорои фарзанд шуданд ва аввалин зане, ки ба биҳишт башораташ доданд ва аввалин касе, ки Худованди мутаъол барояш салом фиристод ва аввалин зани сиддиқа ва меҳрубон аз занони мӯмин ва аввалин зани Расули Худо (с), ки дар замони зиндагии он ҳазрат вафот кард ва қабраш аввалин қабрест, ки Расули Худо (с) дар он дохил шуданд.

    Ойиша (р) мегуфт: Расули Худо (с) он қадар зикри хубиҳои Хадиҷаро мекарданд, ба хусус ҳамеша вақте, ки мехостанд аз хона берӯн бираванд, ёдашро тоза мекарданд, рӯзе ба ман бархурд ва гуфтам: Хадиҷа пиразане беш набуд ва Худо беҳтар аз ӯ ба ту арзонӣ доштааст! Расули Худо (с) аз гуфтаи Ойишаи Сиддиқа (р) хеле нороҳат шуданд ва фармуданд: "ба Худо савганд, беҳтар аз ӯ надидам, ӯ касе буд, ки вақте мардум кофир буданд, имон овард ва нидои Исломро бардошт ва маро тасдиқ кард, дар ҳоле, ки мардум маро дурӯғгӯ пиндоштанд ва аз молаш маро баҳраманд сохт, вақте ки мардум молашонро бар ман боз доштанд ва аз ӯ соҳиби фарзанд шудам". Ойиша (р) аз гуфтаҳои худ пушаймон шуд ва тасмим гирифт, дубора аз ӯ ба бадӣ ёд накунад.

    Расули Худо (с) аз шиддати дӯстият ба Хадиҷа барои дӯстон ва ошноёну хешовандони ӯ, эҳтироми шоёне қоил буданд ва онҳоро азиз дошта ба худ наздик мекарданд ва барояшон муҳаббату алоқаи хосе иброз мегарданд. Вақте, ки гӯсфанде забҳ мекарданд, қисматеро барои дӯстони Хадиҷа мефиристоданд ва мегӯфтанд: "ман дӯстони азизамро дӯст дорам".

    Ҷибрил (а) назди Расули Аллоҳ (с) омад ва гуфт:

    «أقرِئ خديجة من الله ومني السلام وبشِّرها ببيت في الجنة من قصب لا صخب فيه ولا نصب».

    «Салому Худо ва манро ба Хадиҷа бирасон ва ӯро ба қасре аз чубҳои най дар биҳишт башорат деҳ, ки дар он ғаму андӯҳ ва азияту озоре нест»

    Ҷибрил (а) назди Расули Худо омад ва Хадиҷа наздашон буд, гуфт:

    «إن الله يقرئُ خديجة السلام»

    «Худованд ба Хадиҷа салом мерасонад»

    Хадиҷа (р) гуфт:

    «وعلى جبريل سلام و عليك السلام ورحمة الله»

    «Салом бар Ҷибрил, фиристодаи осмон ва салом бар ту эй Паёмбари заминиён бод».

    Рӯзе Фотимаи Заҳро, сарвари занони ҷаҳон, духтари Расули Худо (с) ба Паёмбар (с) гуфт: куҷост модарамон Хадиҷа? Фармуданд: "дар пеши ҳазрати Марям ва ҳазрати Осия дар қасри шоҳона, ки дар он азияту озор ва дарду ранҷе нест! Фотимаи Заҳро пурсиданд: Оё он қаср аз чубҳои най сохта шудааст? Фармуданд: на азизам! Он қаср аз лӯлӯ ва марҷон ва дурру ёқут ва сангҳои қиматӣ, сохта шудааст.

    Оре! Мужда бод Хадиҷаро, он саъодати абадӣ ва он камоли сарварӣ ва он хушбахтии ҷовидон...

    Хоҳар! Зиндагии Хадиҷа афсонае нест, ки онро бароят бисароям, то туро оромиши қалбӣ диҳам ва ё ҳикояте нест, ки чун лолое овезони гӯшҳоят кунам, то ором ба хоб равӣ ва дунёи сахтиҳо ва талошро ба фаромӯшӣ супорӣ.

    На! Зиндагии Хадиҷа, сармашқест барои ману ту... улгӯест, ки дар сояи он бояд худро бисозем... Хадиҷавор бо сахтиҳо зиндагӣ биҷӯем... Хадиҷавор фарзондоне, чун Фотимаи Заҳро тарбият кунем... Хадиҷавор дар роҳи тавҳид ва яктопарастӣ ва пурбор кардани дини Худо бар замин канори ҳамсаронамон бошем... Хадиҷавор ғаму андӯҳи ситамгорон ва теғу ҷодӯ ва хошоки зургӯёнро аз роҳ дур карда, худ ва ҳамсарони худро дар фазои биҳиштӣ равонаи биҳишти баррин созем... Хадиҷавор молу маноли дунёро аз дил бадар карда дар дар дастони бахшиш дар роҳи Худо қарор диҳем..

    Ононе, ки Хадиҷавор худро аз пастии замин ба баландии осмон мекашонанд, арзиши онро доранд, ки номи худро дар сафҳаи номи Хадиҷа бингоранд ва бадон саъодату хушбахтии ҷовидон умедвор бошанд.

    Аммо ононе, ки чун Умми Ҷамил, зани Абӯлаҳаб "حمالة الحطب" вор зиндагиашонро ба пеш мебаранд ва аз Худованд умед ба ҳамгомӣ бо Хадиҷаро дар сар мепарваранд, басо дар хоби харгушӣ ба сар бурда ва ба қавли Паёмбар (с) аҳмақ ва нодонаст. Эшон фармуданд:

    «الأحمق من اتبع هواها و تمنَّى على الله الأماني».

    "Аҳмақ он шахсест, ки пайравӣ аз хоҳишоти нафсониии хеш кунад ва сипас ба Худованд орзӯҳо ва умедҳо мебанданд".