Маҳрамият ва ҳурмати никоҳ
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Маҳрамият ва ҳурмати никоҳ
[ طاجيكية - Tajiki - Тоҷикӣ ]
Таҳияи Файзуллоҳи Аҳё
http://www.wasatiyat.tj
2011 – 1432
﴿أحكام النكاح﴾
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: فيض الله أحيا
موقع الوسطية
http://www.wasatiyat.tj
2011 - 1432
Маҳрамият ва ҳурмати никоҳ
Маҳрамҳои насабӣ ва абадӣ:
Маҳрамҳои насабӣ ва абадӣ дар маҷмуъ ҳафт навъ мебошанд, ки бо Китоби Худо маҳрамият ва ҳурмати никоҳи онҳо собит шудааст. Худованд дар сураи Нисо дар қисмате аз ояти 23 мефармояд:
«Бар шумо модарон, духтарон, хоҳарон, аммаҳо, холаҳо, духтарони бародар ва духтарони хоҳаратон ҳаром гардонида шудааст.
Маҳрамҳои разоъӣ ва абадӣ:
Модари разоъӣ занеро мегӯянд, ки дар давраи ширхорагии тифл кӯдакро шир додааст .
Хоҳари разоъӣ духтареро мегӯянд, ки дар замони ширхорагӣ ҳар ду аз пистони як зан шир хўрдаанд.
Ҳурмати никоҳи маҳрамҳои разоъӣ низ бо Китоби Худо собит шудааст. Худованд дар давоми ояти 23 Сураи Нисо мефармояд:
«ва он модаронатон , ки ба шумо шир додаанд ва хоҳаронатон аз разоъат бар шумо ҳаром гардонида шудаанд».
Маҳрарамҳои сабабӣ ва абадӣ
1- Модари зан (хушдоман):
Ба маҳзи ин, ки мард занеро ба ақди худ даровард, модари он зан барои вай ҳароми абадӣ мегардад, хоҳ бо он зан ҳамбистарӣ карда бошад ё не.
2- Духтари зан.
Дар сурате, ки мард бо модари духтар ҳамбистарӣ кард, духтари он зан барои он мард ҳароми абадӣ мегардад, вале агар модари духтарро пас аз ақд ва пеш аз он, ки бо вай ҳамбистарӣ кунад, талоқ дод, метавонад бо духтари он зан издивоҷ намояд.
3- Зани падар (моиндар) ва зани падарбузург то чанд насле (пуште), ки боло раванд.
4- Зани писар (келин) ва занони писарони писар.
Илова бар мавридҳои зикршуда, никоҳи занони шавҳардор ва ҷамъ намудани байни ду апаву хоҳар дар як вақт бо Китоби Худо ҳаром гардонида шудааст.
Худованд дар ояти 23 сураи Нисо мефармояд:
«Ва ин , ки байни ду хоҳар (дар як вақт) ҷамъ намоед , магар он чӣ то ин замон гузашт. Худо, бешак, ки омурзандаи меҳрубон аст».
Ҳамчунин Худованд дар қисмате аз ояти 24 сураи Нисо мефармояд:
«Ва занони шавњардор , …».
Ба ғайр аз мавридҳое, ки зикр гардид, издивоҷ бо занони дигар шаръан ҷоиз мебошад.
Қуръони карим дар давоми ояти 24 сураи Нисо мефармояд:
«Ва (заноне) пас аз инҳо барои шумо ҳалол гардонида шудаанд».
* Бинобар дастуроти Қуръони карим чуноне, ки дар боло гузашт, як шахс наметавонад ду хоҳарро (аппа ва хоҳар) дар як замон ба никоҳи худ дароварад.
* Як шахс наметавонад ду занро дар як замон ба никоҳи худ дароварад дар сурате, ки агар яке аз он ду занро мард фарз карда шавад, наметавонанд ба ақди ҳамдигар дароянд.
Масалан зан ва аммааш ва ё зан ва холааш ва ё зан ва духтари бародараш ва ё зан ва духтари хоҳарашро дар як замон болои ҳам ба никоҳ ҷамъ намоянд.
Дар китоби Саҳеҳи Бухорӣ ба ин мазмун ҳадис ривоят шудааст, ки: « Расули Худо аз никоҳ кардани зан бар болои аммааш, ё амма бар болои духтари бародараш, ё зан бар болои холааш ва ё хола бар болои духтари хоҳараш наҳй намуда аст».