×
Зани насрони чигуна мусалмон шуданошро дар ин мақола қисса мекунад, ва инчунин мушкилотҳое ки дар роҳи Худо ба онҳо дучор шудааст. (Ман монанди ҳар фарди масеҳии дигар аз кӯдакӣ бар дини масеҳият ба воя расидам. Падарам кӯшиш мекард, то маро тарбияти хуб кунад. ӯ рӯзҳои якшанбе маро бо худ ба калисо мебурд).

    Ба сӯйи ҳақиқат

    ] طاجيكي – TajikiТоҷики [

    Таҳияи Мунира ҲАБИБОВА

    Сомонаи: http://www.risolat.tj

    2011 - 1432

    ﴿الطريق إلى الحق﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: منيرة حبيبوفا

    موقع الرسالة

    http://www.risolat.tj

    2011 - 1432

    Ба сӯйи ҳақиқат

    Ман монанди ҳар фарди масеҳии дигар аз кӯдакӣ бар дини масеҳият ба воя расидам. Падарам кӯшиш мекард, то маро тарбияти хуб кунад. ӯ рӯзҳои якшанбе маро бо худ ба калисо мебурд. Сипас монанди дигарон ба хондани китоби муқаддас мепардохтам ва ба суханони сардори онҷо гӯш медодам. ӯ дар суханонаш таъкид мекард, ки ғайри масеҳиён ҳар қадар корҳои хуб анҷом бидиҳанд боз ҳам мавриди ғазаби Худованд ҳастанд. Зеро ба ақидаи ӯ тамоми ғайри масеҳиён кофир ҳастанд. Ман низ монанди бачаҳои дигар, ки бо ҳамроҳи волидайнашон ба калисо омада буданд, ба ин ҳарфҳо гӯш медодам, аммо ба маънои он таваҷҷӯҳе намекардам. Вақте аз калисо хориҷ мешудам ба суръат ба тарафи хона равона мешудам, то бо дӯсти мусулмонам ба бозӣ пардозам. Кам-кам бузург шудам ва ба мадраса рафтам. Дар мадраса дӯстони зиёде пайдо карда будам. Аз ахлоқи баъзеи онҳо хеле хушҳол мешудам, зеро воқеан дорои ахлоқи ҳамида буданд. Бо инки аз назари мазҳабӣ бо ҳам ихтилоф доштем, аммо ҳаргиз маро ҷудо аз худ намедоштанд. Маро монанди хоҳарашон дӯст медоштанд. Яке аз дӯстони мусулмонам бо ман робитаи бисёр қавӣ дошт, ки ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешудем. Ҳамеша мехостам аз муаллим бипурсам, ки чӣ тавр мумкин аст, мусулмоне, ки тибқи ақидаи масеҳиҳо аз гурӯҳи кофирон ба шумор меравад, дорои чунин ахлоқи ҳамида бошад. Аммо ҷуръати онро надоштам. То он ки рӯзе каме ба худ ҷуръат дода, ин ақидаамро ба муаллимам гуфтам. Муаллим кӯшиш мекард, ки асабонияти худро пинҳон кунад, бо лабханди сард рӯ ба ман кард ва гуфт: "ту ҳанӯз кӯдакӣ ва хубу бади ин дунёро намефаҳмӣ, пас кӯшиш кун, то туро мусулмонон фиреб надиҳанд, зеро мо бузургсолон чизҳоеро аз мусулмонон медонем, ки шумо майдаякон ҳанӯз онро намедонед".

    Муаллим бо ин ҷавобаш саъй кард, то маро қонеъ кунад, аммо ман бо ин ҳарфҳои ӯ қонеъ нашудам. Рӯз дар гузар буд, то ин ки хонаводаи беҳтарини дӯстам ба Қоҳира кӯчиданд. Ин ҷудоӣ бароям хеле сахт буд, ба тавре ки ба шиддат аз ин фироқ гиристам. Дӯстам барои он ки маро дилбардорӣ кунад, чорае надид, ҷуз инки Қуръонеро ба ман ҳадя кунад ва ба ман гуфт: "ҳамеша мехостам чизи гаронбаҳое дошта бошам, то онро ба ту ҳадя кунам, аммо чизи гаронбаҳотар аз ин Қуръон наёфтам, ки ба ту ҳадя кунам, пас онро аз ман пазиро бош". Ман бо камоли майл ҳадяи ӯро пазируфтам ва кӯшиш кардам онро аз чашми хонаводаам пинҳон кунам. Зеро хонаводаам ҳаргиз намехостанд, то духтарашон Қуръонро ба даст бигирад. Баъд аз рафтани дӯстам ҳаргоҳ садои азонро мешунидам Қуръонро берун меовардам ва онро дур аз чашми хонаводаам мебӯсидам. Рӯзҳо гузашт ва ман бо яке аз ёрдамчиҳои калисои Марями муқаддас издивоҷ кардам. Ба хонаи бахт рафтам. Ҳар чӣ, ки мутааллиқ ба худам буд, ба хонаи худам бурдам, ки дар байни онҳо Қуръони ба ман ҳадя дода низ буд. Аммо дур аз чашми шавҳарам нигаҳдорӣ мекардам. Дар тайи ин муддат 3 фарзанд ба дунё овардам. Дар давоми зиндагие, ки доштам боз ба коре машғул будам. Аксари ҳамкороне, ки онҷо доштам, мусулмон ва муҳаҷҷаба буданд ва ин боис мешуд, ки хотироти дӯстам ҳанӯз дар зеҳнам зинда бимонад. Ҳаргоҳ садои азонро мешунидам, як эҳсоси дарунӣ дар ман мехурӯшид, аммо сабаби онро намедонистам, зеро ман ҳанӯз масеҳӣ будам. Бо гузашти замон ва гуфтугӯ бо ҳамкорони мусулмонам дар мавриди ҳақиқати дин бо ин андеша афтода будам, то аслу асоси масеҳият ва Исломро бар асоси сӯҳбатҳое, ки дар калисо мешунидам ва бо воқеияте, ки ман ҳаррӯз ба таври махсус бо он бархӯрд будам, муқоиса кунам. Барои ошноии бештар ба дини Ислом ба барномаҳои диние, ки аз радио ва телевизорҳо пахш мешуд, рӯй овардам. Албатта, барои дидан ё шунидани ин барномаҳо аз набудани шавҳарам истифода мекардам. Вақте ба тиловатҳои Шайх Абдулбосит ва дигар ҳофизони Қуръон гӯш медодам, эҳсосе ба ман мегуфт, ки ин наметавонад каломи башар бошад, балки ин ваҳйи илоҳист!

    Рӯзи дигар низ дар набудани шавҳарам тасмим гирифтам, то ганҷинаи гаронбаҳоямро бикушоям, то асроре аз он дарёбам. Дар гирифтани ин каломи Худо баданам меларзид. Боре онро кушодам ва дар баробари кушодани он чашмам ба ояте афтод, арақ аз суратам сарозер шуд ва як ларзише бар баданам соя афканд, дар ҳоле ки Қуръонро борҳо ва борҳо аз забони дӯстон шунида будам, аммо ҳаргиз ин ҳолатро дар худ надида будам. Вақте ин оятро аз Қуръони карим тиловат кардам, тасмим гирифтам, ки идомаи ин оятро бихонам, эҳсос кардам, ки дар кушода шуд. Фаҳмидам, ки шавҳарам ба хона баргаштааст. Пас ба суръат Мусҳафро пинҳон кардам ва ба истиқболи шавҳарам рафтам. Рӯзе баъд ба кор рафтам, дар ҳоле ки суолоти гуногуне дар зеҳнам нақш баста буд. Зеро ояте, ки ман хонда будам, ҷавоби суолоти ҳамешагиямро дода буд. Ҳамеша мехостам бидонам моҳияти Исои Масеҳ чист? Оё ӯ ҳамон тавре ки калисо мегӯяд, писари Худост? Ё ӯ пайғамбари нексиришт аз ҷониби Худост? Ояти Қуръон маро аз шак берун овард ва бо сароҳат эълон кард, ки Исо (а) аз насли Одам аст, пас бо ин ҳисоб ӯ писари Худо наметавонад бошад. Худованд (ҷ) дар васфи хеш мефармояд: "назод касеро ва на зода шуд аз касе ва ҳеҷ яке ӯро ҳамто нест". Ба худ гуфтам: роҳи ҳал чист? Ҷавобамро медонистам, ки ба ҷуз Аллоҳ маъбуди барҳаққи дигаре вуҷуд надорад.

    Рӯзе нишаста будам ва бо фикри парешон меандешидам, ки нохост садои азон аз масҷиди наздик ба гӯшам расид, ки мусулмононро барои адои намози зӯҳр фаро мехонд. Садои азон дар вуҷудам рахна кард ва эҳсоси оромиши аҷибе ба ман даст дод. То ин муддат ба рӯйи куфр боқӣ монда будам, эҳсоси гуноҳ мекардам ва нидое, ки муддатҳо дар саропои вуҷудам ҷараён дошт, бо садои баланд ва дар миёни тааҷҷуби ҳамкорон баён кардам: "ашҳаду ан-ло илоҳа илла-ллоҳ ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу". Ҳамкоронам, ки ҳанӯз дар кор пароканда буданд, як-як омаданд ва дар миён шодӣ ва гиря карданд. Баъзе аз онҳо маро дар оғӯш мегирифтанд ва табрик мегуфтанд. Хабари Ислом оварданам ба суръат дар идора паҳн шуд, ба тавре ки кормандони масеҳӣ онҷо қабл аз инки ба хона бирасам, мусулмон шуданамро ба хонаводаам расониданд. Ман аҳамияте ба суханони онҳо надодам. Онҳо масъаларо бузург нишон дода ба хонаводаам расонида буданд, аммо ман мехостам мусулмон шуданам ба таври расмӣ бошад. Вақте ба хона баргаштам дидам, ки шавҳарам ва хонаводаи падариям тамоми либосҳоямро ба оташ кашидаанд ва ҳамаи амвол ва тиллоҳоямро гирифтаанд. Албатта, ин барои ман муҳим набуд, аммо чизе, ки боис шуд заҷр бикашам, пинҳон кардани бачаҳоям тавассути шавҳарам буд, ки бо ин васила мехост маро таҳти фишор қарор бидиҳад, то ба куфр баргардам. Аз инки бачаҳоям дар оғӯши касоне парвариш биёбанд ва монанди падарашон ҳамон масири куфрро бипаймоянд, эҳсоси нохушӣ доштам. Дастонамро ба сӯйи дуо баланд кардам ва аз Худованд хостам, то фарзандонамро ба ман боз гардонад, ки онҳоро мусулмон тарбият кунам. Худованд дуоямро қабул кард. Хоҳарон ва бародарони мусулмон маро роҳнамоӣ карданд, то битавонам ин қазияро ба додгоҳ бубарам. Додгоҳ ҳукм дар мавриди фарзандонро ба нафъи ман ба поён расонид ва аз шавҳарам хост ё дини Исломро бипазирад, то битавонад бо ман зиндагӣ кунад ё аз ҳам ҷудо шавем. Шавҳарам аз мусулмон шудан дурӣ ҷуст ва додгоҳ низ ҳукми ҷудо шудани ману ӯро содир кард. Бачаҳоро низ ба ҳукми шаръӣ, чун ҳанӯз ба синни балоғат нарасида буданд, ба ман супориданд. Шавҳарам бо ман робитаро қатъ кард ва аз тамоми он касоне, ки мешинохт хост, то бо ман рафтуо накунанд. Ин бор ба даргоҳи Худо дуо кардам ва Худованд дар ин бор ҳам маро пирӯз гардонид ва маро бо бевазане ошно сохт. Гарчанде аз назари молӣ фақир буд, аммо бо таваккул бар Худо чаҳор духтар ва як писарро баъд аз инки шавҳар вафот меёбад бузург мекунад. ӯ аз ман хост, ки бо писараш издивоҷ кунам ва бо онҳо зиндагӣ кунам. Ман бидуни фикр бо ин пешниҳоди ӯ мувофиқат кардам ва бо Муҳаммади писараш издивоҷ кардам. Гарчанде аз ҷиҳати молӣ танқисӣ кашем ҳам, осуда зиндагӣ дорем.