ШАҲОДАТ БА РИСОЛАТИ МУҲАММАД (Дуову дуруд бар у бод)
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Full Description
ШАҲОДАТ БА РИСОЛАТИ МУҲАММАД
(Дуову дуруд бар у бод)
] Тоҷикӣ – Tajik – طاجيكي [
2011 - 1432
﴿ معنى شهادة أن محمدًا رسول الله ﴾
« باللغة الطاجيكية »
2011 – 1432
Мурдагон дар қабри хеш бозхост мешаванд ва дар се маврид аз онон пурсиш мешавад, касоне, ки ба онҳо посухи саҳеҳ доданд, наҷот пайдо мекунанд ва дар сурате ки натавонанд ба онҳо посух бидиҳанд, ҳалок мегарданд. Яке аз он пурсишҳо ин аст: Паёмбарат кист?
Танҳо касоне, ки Худованд дар дунё ононро ба таҳқиқи шурути он тавфиқ дода ва эшонро дар қабрашон собитқадам намуда ва илҳомашон фармуда, метавонанд посух бидиҳанд ва дар охират ба эшон суд мерасонад. Он рўзест, ки на мол ва на фарзандон ба кор нахоҳад омад. Он шартҳо иборатанд аз:
uИтоъат аз авомири Паёмбари Худо (с).
Зеро Худованди мутаъол моро ба итоъат ва пайравӣ аз ў дастур фармуда аст: “Касе, ки аз Паёмбар итоъат кунад, Худоро итоъат карда ва касе, ки сар боз занад, туро нигоҳбон (ва муроқиб)-и ў нафиристодем (ва дар баробари ў масъул нестӣ)” (Нисо 80)
Ворид шудани комил ба биҳишт бо итоъати комили ў дар иртибот аст, зеро мефармояд: “Ҳамаи умматам вориди биҳишт мешавад ба ҷуз касоне, ки сарпечӣ кунанд. Асҳоб гуфтанд: Чи касоне сарпечӣ мекунанд?
Фармуд: Ҳар кас маро итоъат кунад, ба биҳишт меравад ва ҳар кас маро нофармонӣ кунад, саркашӣ намуда аст”.
Ҳар кас дўстдори Расулаллоҳ (с) аст, бояд аз ў итоъат кунад, зеро итоъат самара ва ҳосили муҳаббат аст ва ҳар кас мудаъии муҳаббати Худованд бошад ва дар айни ҳол аз ў итоъат нанамояд, дар даъвои худ дурўғ мегўяд.
vТасдиқи он чи ў аз онҳо хабар дода аст. Ҳар кас бар асари кашиши нафсонӣ ва ҳавои дарунии худ чизеро, ки сиҳати он аз Расули Худо (с) ба исбот расида, инкор кунад, дар воқеъ Худованд ва Паёмбарашро мавриди такзиб қарор дода аст, зеро Расулаллоҳ (с) аз инҳирофу хато ва дурўғ пок аст. Худованди таборак ва таъоло фармуда: “Ў аз рўйи ҳавову ҳавас сухан намегўяд” (Аннаҷм 3)
wИҷтиноб аз он чи ў аз онҳо наҳй намуда аст. Аз ширк, ки бузургтарин гуноҳ аст, гирифта то гуноҳони кабира ва нобудкунанда ва гуноҳони сағираи нописанд ба ҳамон мизон, ки касе Паёмбар (с)–ро дўст медорад бар имонаш афзуда мешавад ва ҳар гоҳ имонаш афзоиш ёбад, Худованд корҳои некро барояш маҳбуб мегардонад ва куфру инҳироф ва нофармониро барояш нописанд мешуморад.
x Ибодат бар пояи суннат.
Ба ин маъно, ки Худовандро ҳамон гуна ибодат намоед, ки Паёмбар (с) онро муқаррар намуда аст, зеро ибодат аз тарафи Худованд муайян шуда аст ва иҷтиҳод ва зиёду кам кардан бидуни далели шаръӣ дар он ҷоиз нест.
Чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: «Касе дар чорчубай шариъат кореро кунад ки дар у амри мо набошад пас у рад ва ғайри мақбул аст» (Муслим).
Бидон ки муҳаббати Паёмбар (с) ва муҳабати ончиро ки ба мо овардааст воҷиб аст, ва ҳар ки чизеро аз ончи ки Паёмбар (с) овардааст бад бинад агарчи ба он амал кунад кофир мешавад, танҳо муҳаббат кифоят намекунад балки бояд Паёмбар дар наздат аз тамоми чиз маҳбубтар бошад балки аз нафсат, пас ҳарки чизеро дуст бидорад уро бузург мешуморад ва асараш дар у намоён мешавад, пас инсоне ки дар муҳабати Паёмбар (с) содиқ аст аломатҳой он муҳабат бо иқтидову пайрави аз амрҳояш ва дури аз манҳиёташ ва бо одоби кардан ба адабҳояш дар мушкилиҳову осониҳо бо қавлу феъл намоён мешавад, чунки тоату пайрави самараи муҳабат ва тасдиқ кунандаи уст.
Нишонаҳои муҳаббати Паёмбар (с) иборатанд аз:
1. Зиёд ёд кардани ў ва фиристодани салавот бар ў, чун ҳар кас, ки чизеро зиёд дўст дошта бошад, зиёд ба ёди ўст.
2. Доштани шавқи дидори ў, чаро ки ҳар ошиқ муштоқи дидори маъшуқ аст.
3. Таъзиму такрими ў ва мўҳтарам доштани ў ҳангоми зикри номаш. Исҳоқ гуфт: Ёрони Паёмбар (с) пас аз ў ҳар гоҳ ўро ёд мекарданд, бо тавозўъ ва фурўтанӣ аз ў ёд мекарданд ва (аз зиёди муҳаббат баданашон меларзид ва мегиристанд).
4. Аз ҳар он чи ки Худо ва Паёмбар (с) зишт ва нописанд медоранд мутанаффир бошад ва бо душманони Паёмбар (с) душман бошад ва аз мухолифат бо суннаташ худдорӣ намояд ва аз бидъат ва навоварӣ дар динаш худдорӣ кунад ва бо кофир ва мушрикин ва бидъатгузорон дар дин душман бошад.
5. Муҳаббат ва дўст доштани касоне, ки Паёмбар (с) онҳоро дўст медошт, аз ҷумла хонавода ва Оли байти Паёмбар (с) ва ҳамсаронаш ва асҳобаш аз муҳоҷирин ва ансор ва душманӣ бо касоне, ки бо онон душманӣ меварзиданд ва кина нисбат ба касоне, ки кинаи ононро дар дил доранд ва дашном медиҳанд.
6. Иқтидо бар ў дар ахлоқ ва бузургворӣ, чаро ки ў аз назари ахлоқ бузургтарин ва гиромитарини мардум буд, то ҷое ки Оиша Умм-ул-мўъминин (р) гуфт: Ахлоқи Расулаллоҳ (с) Қуръоне буд, яъне ў худро мулзам карда, ки коре накунад, магар он чи мутобиқи Қуръон аст.
Сифатҳои Паёмбар (с):
Паёмбар (с) шуҷоътарини мардум ва дар ҳангоми сахтӣ ва шиддати ҷангҳо диловартарини онҳо буд. Гиромитарин ва бахшандатарини мардум ва дар рамазон бештар аз ҳама вақт аҳли карам ва бахшиш буд. Ў аз ҳама дилсўзтар ва ҳамвора насиҳатгари мардум буд. Бурдбортарин ва шикеботарини мардум буд ва ҳеҷ гоҳ ба хотири худаш аз касе интиқом намегирифт.
Бо ин ҳол дар иҷрои монҳои илоҳӣ аз ҳама сахтгиртар буд.
Мутавозеътарин ва бовафотарини инсонҳо буд ва боҳаётар аз душизае буд, ки ҳанўз издивоҷ накарда. Дар рафтор бо хонаводааш беҳтарин ва меҳрубонтарин буд ва ба меҳрубонӣ ва хушхулқӣ бисёр ҳарис буд.