Дуо
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Full Description
ДУО
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
2010 - 1431
الدعاء
« باللغة الطاجيكية »
2010 - 1431
Тамоми махлуқот ба Худованд мўҳтоҷанд ва ба он чӣ Ў дорад, ниёз доранд. Аммо Ў аз махлуқот бениёз аст. Худованд дуоро бар бандагонаш воҷиб гардонида ва фармуда аст: “Парвардигори шумо фармуда аст: Маро бихонед то (дуои) шуморо бипазирам! Касоне, ки аз ибодати ман такаббур меварзанд, ба зуддӣ бо зиллат вориди дузах мешаванд” Ғофир 60.
Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар касе аз Худованд чизе нахоҳад, бар ў хашм мегирад. Бо ин васф, Худованд аз дуо ва дархости инсонҳо дар пешгоҳи Худ шодмон мешавад ва касонеро, ки дар дуои худ илҳоҳ ва исрор меварзанд, дўст медорад ва ба Худ наздик мекунад. Асҳоби Паёмбар (с) ба ин мавзўъ пай бурда буданд ва ҳар як аз онҳо ҳеҷ чизеро барои дархост аз Худованд камаҳамият ба шумор намеоварданд ва дуову дархости худро то ҳадде беарзиш намекарданд, ки онҳоро бо ҳеҷ як аз бандагони Худованд матраҳ кунанд. Ин танҳо ба хотири пайвандашон бо Парвардигор ва наздикияшон бо Ў буд ва ба ин оят тамассук меҷустанд: “Ва ҳангоме, ки бандагони ман аз ту дар бораи Ман суол кунанд, (бигў) Ман наздикам”Албақара 186.
Дуо дар пешгоҳи Худованд аз ҷойгоҳи волое бархурдор аст ва аз ҳар чизе арзишаш бештар мебошад. Дуо гоҳе аз қазо ҷилавгирӣ (пешгирӣ) мекунад ва дуои инсони мусалмон, агар асбоби он фароҳам шавад ва мавонеъаш муртафеъ гардад, қатъан мустаҷоб хоҳад шуд ва ба дуокунанда яке аз мавориде, ки дар ин фармудаи Расулуллоҳ (с) омада ато хоҳад шуд: “Ҳеҷ мусалмоне нест, ки дуоеро бинамояд, ки дар он гуноҳе ва қатъи силаи раҳме набошад, магар ин ки Худованд яке аз се умурро ба ў ато хоҳад фармуд: Ин ки дар зудтарин вақт дуои ўро мустаҷоб хоҳад фармуд ё онро тўшаи охираташ хоҳад гардонид, ё ба мизони он ўро аз бадӣ ва мушкилот масун хоҳад дошт”. Асҳоб гуфтанд: Пас то битавонем дуъо хоҳем кард. Расулаллоҳ (с) фармуданд: “Худованд ҳам он умурро бештар хоҳад фармуд” Аҳмад ва Тирмизи.
Анвои дуо. Дуо ду навъ аст: 1. Дуоҳое, ки ибодатанд, монанди намоз ва рўза. 2. Дуоҳое, ки хостан ва талабидан аст.
Дар ин ҷо ин суол пеш меояд, ки кадом амал беҳтар аст? Оё қироъати Қуръон беҳтар аст ё зикр ва ё дуо ва хостан ва талбидан? Дар посух ба он бояд гуфт, ки қироъати Қуръон қатъан беҳтар аст ва баъд аз он зикру сано ва сипас дуо ва хост аз Худованд қарор дорад.
Ин аз назари куллӣ ба ин сурат аст, аммо гоҳе авомиле боис мешавад, ки он чи дар дараҷаи дувум ва сеюм қарор доранд, аз он чи дар дараҷаи аввал қарор дорад, беҳтар бошад. Барои мисол дуои рўзи Арафа аз қироъати Қуръон беҳтар аст ва дар назди Худованд авроди пас аз намозҳои воҷиб авлавияташ аз қироъати Қуръон (дар рўзи Арафа) бештар аст.
Асбоби иҷобати дуо. Барои пазирўфта шудани дуо асбоб ва авомили зоҳирӣ вуҷуд доранд:
Асбоби зоҳирӣ: ироаи аъмоли солеҳа монанди садақа додан, вузў ва намоз, нишастан рў ба қибла ва баланд кардани дастон ва санову ситоиши шоистаи Худованд. Истифода аз асмо ва сифоти Худованд ва асмову сифоте, ки бо мавзўи дархост ва дуо муносиб бошад. Масалан, агар дуо мутаъаллиқ ба рафтан ба биҳишт аст, дархосту зорӣ ба василаи фазлу раҳмати Худованд бошад, дар сурате, ки алайҳи ситамкоре даст ба дуо бармедорад, аз асмои монанди Ҷаббор, Қаҳҳор ба кор бигирад. Яке дигар аз асбоби зоҳирӣ фиристодани салавот бар Расулаллоҳ (с) дар оғоз, миёна ва охири он ва эътироф ба гуноҳон ва шукру сипоси неъматҳои Худованд аст.
Барои дуо аз вақтҳои мубораке, ки ривоят ва далоиле мабно бар эҳтимоли мақбулияти дуо дар онҳо вуҷуд дорад, истифода намояд.
Чунин мавридҳо бисёранд. Масалан: 1.Дар тўли шабонарўз як сеюми охири шаб, ки Худованд ба осмони дунё нузул мефармояд, баъд аз вузў, миёни азон ва иқома, дар саҷда ва пеш аз салом додани намоз ва пас аз намозҳо, баъд аз хатми Қуръон, ба ҳангоми овози хурўс, дар тўли мусофират ва дуои мазлум, дуои касе, ки дар тангно қарор гирифта аст, дуои волидайн барои фарзандон, дуои пинҳонии инсони мусалмон барои бародари динии худ ва ҳангоми қарор гирифтан дар баробари сафи душман. 2.Дар тўли ҳафта, рўзи ҷумъа ва махсусан лаҳазоти охири ҳамон рўз. 3.Дар тўли моҳ аз ҷумла, моҳи рамазон ва ҳангоми ифтор ва саҳарӣ ва шабҳои қадр ва рўзи арафа. 4.Дар мавриди маконҳои муборак, ба хоса, ҳамаи масоҷид, хусусан Масҷидулҳаром дар Мака, дар канори Каъба, наздики Мултазам ва низ дар мақоми Иброҳим (а) ва ба ҳангоми саъй миёни Сафо ва Марва ва дар Арафот, Муздалифа ва Мино ва айёми ҳаҷ.
Асбоби пинҳонӣ: Ба василаи тавассул ба тавбаи содиқона ва ҷуброни ҳуқуқи мутаъаллиқ ба дигарон ва поку ҳалол гардонидани хўроку пўшок ва маскан, касби рўзӣ аз роҳҳои ҳалол ва бештар гардонидани ибодот ва парҳез аз муҳаррамот ва дурӣ аз шубҳаҳот ва шаҳавот ва ҳузури қалб ба ҳангоми дуо ва итминону умедворӣ ба раҳмати Худованд ва паноҳ бурдан ба Ў, зориву тавалло ва супоридани умури худ ба Худованд ва қатъи умед ва таваҷҷўҳ аз ғайри Ў.
Монеаҳои қабули дуо: Гоҳе инсон дар пешгоҳи Худованд даст ба дуо бармедорад, аммо дуояш мустаҷоб намешавад ё иҷобати он ба таъхир меафтад. Иллат ва асбоби он бисёранд, ки барои мисол метавон ба мавориди зер ишора намуд: Дуо ва талаби хостан аз ғайри Худованд ҳамроҳ бо дуо ва хостан аз Худованд. Тўл ва тафсил дар дуо, монанди: паноҳ бурдан ба Худованд аз оташ ва сахтиҳову тангноҳо ва торикиҳои дўзах, дар ҳоле ки паноҳ бурдан ба Худованд аз азоб ё оташи он кифоят мекунад. Дуои нораво алайҳи худ ё дигарон ва дуое, ки гуноҳ ё қатъи пайванди хешовандиро сабаб шавад. Муъаллақ намудани дуо ба хост ва агару аммо, мисол ин ки дуо кунад: Худоё агар хостӣ, маро бибахш ва … Саросемагӣ доштан барои пазирўфта шудани дуо. Барои мисол бигўяд: Худовандо! Туро хондам ва дар пешгоҳат дуо кардам, аммо онро напазируфтӣ. Дуо кардан дар ҳолати ғафлати қалб. Риоя накардани мурооти одоб дар ҳузури Худованд. Рўзе Расулаллоҳ (с) мутаваҷҷеҳ шуд, ки марде дар намоз дуо мекард, аммо бар Паёмбар салавот нафиристод. Расулаллоҳ (с) фармуд: Ин мард аҷала намуда,- сипас ба ў ва дигарон фармуд: “Ҳар гоҳ яке аз шумо намоз хонад ва хост дуо кунад, ибтидо Худовандро ҳамду ситоиш кунад ва сипас бар Паёмбар салавот фиристад ва пас аз он ҳар дуоеро, ки мехоҳад, бигўяд”. Дуо ва дархости чизе, ки таҳаққуқи он аз зумраи муҳолот бошад, монанди умри ҷовидона дар дунё хостан. Ҳамчунин такаллуф ва тасаннуъ дар бакоргирии калимоти мусаҷаъ матлуб нест. Худованди мутаъол мефармояд: “Парвардигори худро фурўтанона ва пинҳон ба кўмак бихоҳед. Ба дурустӣ, Ў мутаҷовизони саркашро дўст намедорад” Аъроф 55. Ибни Аббос (р) мегўяд: “Ба саҷаъ (такаллуф дар бакоргирии калимоти адабӣ) дар дуъо таваҷҷўҳ накунед ва аз он худдорӣ намоед! Ман Расулаллоҳ (с) ва асҳоби ўро борҳо дида будам, ки ҳамин корро мекарданд (яъне дар дуъо аз калимоти мусаҷаъ ва такаллуфӣ худдорӣ мекарданд)” Бухори. Зиёдаравӣ дар баланд намудани садо, зеро Худованд мефармояд: “Намозатро баланд ё оҳиста махон. Балки роҳи васатеро миёни он ду баргузин” Исро 110. Оиша (р.з.) мефармояд: “Ин оя дар иртибот бо дуо нозил гардида аст”.
Мустаҳаб аст, ки инсон дуо кунад ва дуояшро ба сурати зер мураттаб намояд: Аввал, Худовандро ҳамду ситоиш кунад. Дувум, бар Расулаллоҳ (с) дуруду салавот бифиристад. Севум, таваҷҷўҳ кунад ва гуноҳи хешро эътироф кунад. Чаҳорум, Худовандро ба хотири неъматҳояш сипос гўяд. Панҷум, уо ва дархосташро бо истифода аз дуоҳои комилу ҷомеъи ривоятшуда аз Расулаллоҳ (с) ва салафи солеҳ баён кунад. Шашум, дуояшро бо фиристодани салавот бар Расулаллоҳ (с) хотима бидиҳад.