Фазлу бузургии яктопарасти
Дастабандиҳо
Full Description
Фазлу бузургии яктопарасти
﴿فضل التوحيد﴾
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Нависанда: Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
2010 - 1431
﴿فضل التوحيد ﴾
« باللغة الطاجيكية »
تأليف: أمير حمزة حميد الحنفي
2010 - 1431
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Фазлу бузургии яктопарасти
Яктопарасти дар дини ислом бисёр фазлу манзилати бузурге дорад, аз ҷумлаи бузургиаш ин аст ки сабаби аз байн рафтани ҳама гуноҳони гузашта аст.
Масалан агар шахси кофире мусулмон шавад, ҳар гуноҳе ки пеш аз ислом оварданаш муртакиб шуда бошад аз байн меравад, ва у пок мешавад.
Худованд мефармояд:
ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭼ الأنعام: ٨٢
Тарҷума: "Дар ҳақиқат ононе ки эмон овардаанд ва эмони худро бо зулм наёмехтаанд, онҳо эминанд ва роҳ ёфтагони воқеианд" Анъом 82.
Мақсад аз "Зулм" дар ин оят шарик овардани ба Худо аст, яъне касоне ки имон овардаанд ва ба Худо касеро шарик наёвардаанд, пас онҳо эминанд ва аз ҷумлаи роҳёфтагонанд.
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст ки гуфт: Вақте ки сураи Анъом нозил шуд, асҳоби Паёмбар (дуову дуруд бар У бод) андуҳгин шуданд, ва барояшон бисёр сахт гузашт, пас аз Расули Худо (дуову дуруд бар У бод) пурсиданд: Аз ҷумлаи мо кист ки зулму ситамро муртакиб шудааст? Расули Худо (дуову дуруд бар У бод) гуфт: "Маънои ин оят ончизе ки шумо фаҳмидед он нест, маънои зулм инҷо ширк аст, чигунае ки Худованд дар сураи Луқмон фармудааст:
ﭽ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭼ لقمان: ١٣
"Ҳар оина ширк зулму ситами бузург аст" Луқмон 13
Аз Убода ибни Сомит (р.з) ривоят аст ки Паёмбари Худо (дуову дуруд бар У бод) фармудаанд: "Шахсе ки аз таги дил бар калимаи тайба муътариф шавад ва гувоҳи диҳад, ки ҷуз Аллоҳ таъоло касе лоиқ ва мустаҳиқи парастиш нест, ва ҳазрати Муҳаммад (дуову дуруд бар У бод) бандаи Худо, ва фиристодаи Уст. Ва шаҳодат диҳад, ки Исо (Алайҳи-с-салом) бандаи Худо, ва фиристодаи Худо, ва калимаи Уст, (яъне Худованд Исоро ба воситаи калимаи худ (كن) (бош) офаридааст), ва Уро ба суи Марям (Алайҳо-с-салом) илқо намудааст, ва У руҳи Худованд аст, (яъне руҳе аз арвоҳҳои халқ кардаи Худованд аст, банда ва фиристодаи Худо аст).
Ҳамчунин бар ҳақ будани биҳишт ва дузах гувоҳи диҳад, Худованд уро дохили биҳишт гардонад бар он амале ки бошад" Бухори ва Муслим
Боз дар ривояти дигар аз Итбон (р.з) омадааст, ки Расули Худо фармудааст: "Касе ки танҳо барои розигии Худованд калимаи "Лоилоҳа иллаллоҳ"- ро (яъне калимаи тайбаро) бар забон орад, Худованд оташи дузахро бар вай ҳаром гардонидааст" Бухори ва Муслим
Маънои ин ҳадис чунин аст, ки ҳар касе холис барои розигии Худованд калимаи тайбаро барзабон ронад ва бо муқтазои он амал кунад, Худованд ингуна одамро аз оташи дузах наҷот медиҳад, ва оташро бар у ҳаром мегардонад.
Яъне оқибати муваҳҳид (касе ки Худоро ягона ва бешарик медонад) дохил шудан ба биҳишт аст.
Агар аз у гуноҳе содир шуда бошад, у ҷазои он гуноҳашро мегирад вале абади дар дузах боқи намемонад, балки дар охир Худованд уро дохили биҳишт мегардонад, ба сабаби Худоро ягона ва бешарик донистанаш.
Дар ҷои дигар аз Абусаъиди Худри аз Расули Худо ривоят аст ки фармудааст: "Мусо (алайҳи салом) гуфт: Бор илоҳо! Бароям равише таълим деҳ, ки ба воситаи он Туро ёд кунам ва нидо кунам (зикр ва дуо кунам).
Худованди муттаъол фармуд: "Эй Мусо (алайҳи салом)! Ло илоҳа иллаллоҳ бигу " Мусо (алайҳи салом) арз намуд: Ин калимаро ҳамаи бандагони Ту мегуянд. Аллоҳ таъоло фармуд: Эй Мусо (алайҳи салом)! Агар ҳафт осмон ва ҳафт замини ман бо ҳама нафсҳое ки дар он аст, дар киффае (паллаи тарозу) бигузори, ва дар киффаи дигар "Лоилоҳа иллаллоҳ"-ро бигузори, киффае ки дар он калимаи тайба аст вазнин хоҳад буд" Ибни Ҳаббон ва Тирмизи.
Инчунин Тирмизи (р.ҳ) аз Анас (р.з) ривоят кардааст, ки мефармояд: Расули Худоро (дуову дуруд бар У бод) шунидам ки мефармуд: "Аллоҳ таъоло мефармояд: Эй бани одам! Агар ту ба наздам дар ҳоле ҳозир шави ки гуноҳонат тамоми заминро фаро гирифта бошад, вале бар ман шарик наварзида боши, ман муодил ва баробари гуноҳонат барои ту авфу бахшишро арзони хоҳам дошт". Тирмизи
Аз оёту аҳодиси гузашта бар меояд ки тавҳид ва яктопарасти дар Ислом бисёр мартаба ва фазли бузурге дорад.
Дар охир мехоҳам ба як нуқтаи муҳиме ишора намоям, ки бисёре аз мардум фирефтаи он шудаанд.
Баъзе аз мардум гумон мекунанд ки аз ин ҳадисҳо фаҳмида мешавад ки агар шахсе калимаи тайбаро бар забон ронад, ва баъд аз он ба ҳар коре аз ҷумла ширк овардан ҳам машғул шавад барои у зараре надорад, ва у ба сабаби калимаи тайбаро бар забон рондан дохили биҳишт мегардад.
Хоссатан мардум ин сухани Расули Худоро (дуову дуруд бар У бод) далел меоранд, ки он ҳазрат мефармояд: "Касе ки Лоилоҳа иллалоҳ гуяд дохили биҳишт гардад"
Албатта Паёмбари Худо(дуову дуруд бар У бод) дар ин суханаш содиқ аст, ва дар он шакку райбе вуҷуд надорад, вале фақат аз бар забон рондани ин калима фоидае дида намешавад то ин ки эътиқоди комил бар он сурат гирад ва аз умури мунофии он иҷтиноб ва дури шавад.
Яъне то вақте ки инсон аз ширк овардан дури наварзад, гуфтан ва нагуфтани калимаи тайба барзабон баробар аст.
Зеро ҳатто кофирон аз ҳақиқати in kalima ogohand va onro инкор намекунанд, вале дар саҳнаи амал ҳақиқати воқеи зоҳир ва равшан мегардад.
Ба ин маъно ки касоне ки такя ба гуфтани калимаи тайба мекунанд ва орзуи даромадани биҳиштро доранд бояд бохабар бошанд, ки гуфтани бе амал кардан бо муқтазои калимаи тайба фоидае надорад.
Вақте ки инсон ин калимаро бар забон овард бояд бо муқтазои он амал кунад ва аз ширк варзидан бар Худо дури ҷуяд, зеро аз ҷумлаи амалҳое ки фоидаи ин калимаро аз байн мебарад, ширк варзидан ва дигар чизро ҳамроҳи Худованд ибодат кардан аст.
Инчунин аз ҳадиси Итбон (р.з) ки дар боло зикр шуд "Касе ки танҳо барои розигии Худованд калимаи "Лоилоҳа иллаллоҳ"- ро (яъне калимаи тайбаро) бар забон орад, Худованд оташи дузахро бар вай ҳаром гардонидааст" фаҳмида мешавад ки дар ин ҳадис аз гуфтани "Лоилоҳа Иллалоҳ" тарк кардани ширк аст, яъне нест Худое бар ҳаққе магар Аллоҳи ягонаи бешарик, пас ба маҳзи бар забон рондани ин калима иктифо намешавад.
Худованл ҳамаро аз ширк варзидан наҷот диҳад.
Инчунин фоидаҳои зиёде дар ин аҳодис нуҳуфта аст, ки баъзе аз онҳоро инҷо зикр мекунем:
v Фазлу карами Худованд бениҳоят васеъ ва бепоён аст.
v Аҷру подоши яктопарасти дар назди Худованд бениҳоят зиёд аст, ва зиёда аз аҷру подош боз яктопарасти дарбаргирандаи каффораи (пок сохтани инсон аз гуноҳ) гуноҳон мебошад.
v Фазилат ва мартабаи "Лоилоҳа иллалоҳ" нисбат ба ҳар коиноте бештару зиёдтар аст, илова бар ин тарозуи бисёрии гуноҳон бо гуфтани "Лоилоҳа иллалоҳ" тақлил ва кам мегардад.
v Адади заминҳо ҳам мисли осмонҳо ҳафто аст.
v Исо (алайҳи салом) калимаи Худованд ва руҳи Уст ва шарҳу баёни ин ду калима, ва ин ки Исо бандаи Худо ва фиристодаи Уст, ва ин ки баъзе аз мардум уро писари Худо мегуянд, nodurust ast, балки У Паёмбари Худованд мебошад.
v Мурод аз ҷумлаи "Бар он амале ки бошад" дар ҳадиси шариф воридшуда ин аст: Касе ки муътариф бар калимаи тайба бошад ва ба Худованд шарик наорад, гуноҳони у мавриди авфу бахшиш қарор хоҳад гирифт, ва дохили биҳишт хоҳад шуд (дар ғайри ин ҳолат нахоҳад шуд).
Худованд ҳамаи моро аз ҷумлаи яктопарастон гардонад, ва моро аз ширку гуноҳ дур нигоҳ дорад.