×
Албата шаби қадр як ё се ва ё чанд рўзҳои тоқе қабл аз расидани Иди Фитр сурат мегирад, ва ё ба ибораи дигар онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири аз рамазон метавон дарёфт, ки ибодати кардани ин шаб бештар аз ҳазор моҳ ва ё ҳаштоду се сол аст, яъне савоб ва подоши зиндадорӣ кардан ва ба тоату ибодат гузаронидани ин шаб бештар аз умри як банда аст.

    Аз «Шаби Қадр» то «Иди Фитр»

    ﴿من ليلة القدر إلى عيد الفطر﴾

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Нависанда: Абдулҳаннони Абдурраҳмон

    Сомонаи васатият: www.wasatiyat.tj

    2010 - 1431

    ﴿من ليلة القدر إلى عيد الفطر ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    تأليف: عبد الحنان عبد الرحمان

    موقع الوسطية: www.wasatiyat.tj

    2010 - 1431

    Аз «Шаби Қадр» то «Иди Фитр»

    Албатта шаби қадр як ё се ва ё чанд рўзҳои тоқе қабл аз расидани Иди Фитр сурат мегирад, ва ё ба ибораи дигар онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири аз рамазон метавон дарёфт, ки ибодат кардани ин шаб бештар аз ҳазор моҳ ва ё ҳаштоду се сол аст, яъне савоб ва подоши зиндадорӣ кардан ва ба тоату ибодат гузаронидани ин шаб бештар аз умри як банда аст.

    Дар ривояте омадааст, ки боре Паёмбари Худо дар назди ёронаш чор тан аз некони Бани Исроилро зикр намуд, ки онон Худоро муддати 80 сол бе чуну чаро парастиш намуданд ва Аюб, Закариё, Ҳизқил бин Аҷуз ва Юшаъ ибни Нунро зикр намуд. Ёрон ва асҳобаш аз ин гуфтаи Ў (Дуову дуруд бар У бод) дар тааҷуб афтоданд. Дар ин ҳол Ҷиброил (а) ба назди Паёмбари Худо омад ва гуфт: эй Муҳаммад! Уммати ту аз он чор тан, ки Худоро ҳаштод сол бе чуну чаро парастиш карданд дар тааҷуб афтоданд, Парвардигорат беҳтар аз онро фуруд овард, пас инро тиловат намуд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭼ القدر: ١ - ٣

    «Мо Қуръонро дар шаби қадр фуруд овардем. Ва чи чиз дононд туроки чист шаби қадр. Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст» Сураи қадр 1-3

    Пас гуфт: ин беҳтар аз он чизе аст, ки ту ва умматат дар бораи он дар тааҷуб афтода будед. Паёмбари Худо ва ҳама ёронаш аз ин мужда хушнуд шуданд.

    Оиша (р) ҳадисеро ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо фармуданд: шаби қадрро дар даҳаи охири Рамазон дар шабҳои тоқи он талош кунед.

    Инчунин ҳазрати Анас (р) мегуяд, ки Паёмбари Худо фармуданд: чун шаби қадр шуд Ҷиброил (а) бо як дастае аз фариштагон нозил мешавад ва ба ҳар шахсеки истода ё нишаста зикри Худоро мекунад (яъне машғули ибодат бошад) дурўд мефиристад. Ва чун рўзи Иди Фитр мешавад Худои аззаваҷҷал ба сабаби бандагонаш бар фариштагон фахр мекунад (зеро фариштагон дар вақти пайдоиши Одам таъна зада буданд) ва аз фариштагон мепурсад, ки эй фариштагони ман! музди он муздуреки хидматашро ба анҷом расонида аст чи аст? Онон арз мекунанд, ки эй парвардигори мо ҷазои ў ҳамин аст, ки музди ў мукаммал дода шавад. Боз Худо баро онон мегуяд, ки эй фариштагони ман, бандагон ва канизони ман фаризаи маро ба пурагӣ адо карданд ва боз бо дуо ва тазарруъ (ба тарафи идгоҳ) баромаданд. Савганд ба иззат ва ҷалоли ман ва ба карам ва боломартабагии ман, ки дуоҳояшонро зарур қабул менамоям. Боз ба бандагонаш хитоб карда мефармояд, ки вопас биравед шуморо мағфират кардам ва бадиҳои шуморо ба некиҳо табдил кардам. Пас ин мардум дар ҳоле (аз идгоҳ) вопас меоянд, ки бар онон мағфират шуда аст.

    Чист аз он беҳтар, ки банда ба хонаи худ ва ба назди хешу ақрабо дар ҳоле бармегардад, ки аз ҷониби офаридагораш мағфират шуда аст, яъне ду хушии бузургро дар он рўз ҷамъ карда аст, хушии ид ва хушии мағфират.