Чи гуна моҳи Рамазонро пешвоз бигирем?
Дастабандиҳо
Full Description
Чи гуна моҳи Рамазонро пешвоз бигирем
﴿ كيف نستقبل رمضان؟ ﴾
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳия ва тарҷума: Мисбоҳиддини Ҳомид
2010 - 1431
﴿ كيف نستقبل رمضان؟ ﴾
«باللغة الطاجيكية»
إعداد وترجمة: مصباح الدين حامد
2010 - 1431
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Чи гуна моҳи Рамазонро пешвоз бигирем
Худованд мефармояд:
ﭽﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﮟ ﮠ ﮡ ﮢ ﮣﮤ ﯨ ﭼالبقرة: ١٨٥
" Моҳи Рамазон, ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил Қуръони нозил шудааст"
Бародару хоҳари азизи ман! Худованд моҳи Рамазонро аз дигар моҳҳо бо хусусиятҳо ва фазилатҳои баланде бартари бахшидааст, аз ҷумлаи фазилатҳо ва хусусиятҳои моҳи Рамазон инҳо мебошанд:
1) Буи даҳони рузадор дар назди Худованд аз буи миску анбар ҳам хушбуйтар аст.
2) Тамоми малоикаҳо барои рузадор талаби мағфирати гуноҳон мекунанд то ин ки ифтор кунад.
3) Дар моҳи Рамазон Худованд ҳар руз ҷаннатро зиннат медиҳад ва мегуяд "Наздик аст ки бандагони солеҳи ман аз мушкилоту азиятҳо халос мешаванду ба суи ту меоянд"
4) Дар моҳи Рамазон шайтонҳо бо занҷирҳо баста мешаванд.
5) Дар моҳи Рамазон дарҳои ҷаннат боз мегарданд ва дарҳои дузах баста мешаванд.
6) Дар моҳи Рамазон шаби қадр аст ки аз ҳазор шаб беҳтар аст, ҳар ки аз хаиру савобаш маҳрум гардад гуё ки аз тамоми хайру савобҳо маҳрум гаштааст.
7) Дар охири шабҳои моҳи Рамазон гуноҳони рузадорон бахшида мешавад.
8) Худованд бар худ ъаҳд кардааст ки чандин инсонҳоро аз азоби оташи дузах бираҳонад ва ин амали Худованд дар ҳамаи шабҳои Рамазон анҷом меёбад.
Пас эй бародари азизам ва эй хоҳари гиромиқадрам! Моҳеро ки чунин фазилатҳо ва хусусиятҳо дошта бошад чи гуна уро пешвоз бигирем? Оё бо бедорхоби ва беҳуда гузарони вақтҳо дар гуноҳон? Ё ин ки бо тавбаи насуҳ ва сарф кардани тамоми вақтҳоро дар тоату ибодати Худованд ва ғанимат донистани ин моҳи бузург ба хотири раҳои аз гуноҳон?
Бародари азизам хоҳари гиромиқадрам! Инҳо баъзе амалҳои солеҳе ҳастанд ки ба ҷо оварданашон дар моҳи Рамазон таъкид шудааст.
1- Рузадори
Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Барои ҳар як амали солеҳи фарзанди Одам даҳ баробари амалаш савоб аст ҳатто ин ки то ҳафсад баробари амали солеҳаш савоб мегирад, Худованд мегуяд: Магар рузадори ки хос барои ман аст ва ман аҷру савоби онро медиҳам, рузадор шаҳвату таъому обашро барои ризои ман тарк намудааст, барои рузадор ду хуши аст, ки ба онҳо хушҳол мегардад яке ҳангоми ифтор ва дигаре ҳангоми мулоқот бо парвардигори хеш, буи оби даҳони рузадор дар назди Худованд аз буи миску анбар ҳам хушбуйтар аст" (Бухори ва Муслим) ва дар ин шаке нест ин қадар савоби бузург фақат ба хотири тарк кардани хурдану нушидан бошад балки чуноне ки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Касе ки дуруғ гуфтан ва амал кардан ба дуруғро тарк нагуяд барои Худованди мутаъол ҳоҷате нест ки чунин шахс хурдану нушидани худро тарк намояд" боз мефармояд: "Руза сипар ва нигаҳбоне (аз оташи дузах) аст. Касе ки руза дорад ҷимоъ накунад ва муртакиби амалҳои ҷоҳилият нагардад, ва агар касе бо у ҷанг кард ва ё уро дашном дод, барояш бигуяд: Ман рузадор ҳастам" (Бухори ва Муслим) пас агар мехоҳи руза бигири бояд чашмҳо ва гушҳову тамоми аъзоҳоят рузадор бошанд, ва нашавад ки рузадорият аз беруза буданат фарқ карда нашавад.
2- Қиёми лайл (Шаб зиндадори)
Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Ҳарки (шабҳои Рамазонро бо имону ихлос барпо дорад, гуноҳони гузаштаи у бахшида мешавад" (Бухори ва Муслим)
Ва Худованд мефармояд:
ﭽ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﭼ الفرقان: ٦٣ - ٦٤
"Бандагони Худои раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, ба мулоимӣ сухан гӯянд.
Ва онон, ки шабро дар саҷда ё дар қиём барои Парвардигорашон рӯз мекунанд"
Қиёми лайл пайвастатарин амалҳои Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) ва саҳобагонаш буд, ки ҳаргиз онро тарк намекарданд, ҳазрати Ойша (р.з) мефармояд: "Қиёми лайлро ҳаргиз тарк накун, Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) уро ҳаргиз тарк намекард, ва агар мариз ё хаста мешуд онро нишаста ба ҷо меовард".
Умар ибни Хатоб (р.з) шабҳоро то бомдод намоз мехонд, ва ҳаргоҳ ки шаб нисф мешуд хонаводаашро аз хоб бедор мекарду мегуфт: "Намоз, Намоз" ва ин оятро мехонд:
ﭽ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕﯖ ﯗ ﯘ ﯙﯚ ﯛ ﯜﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﭼ طه: ١٣٢
"Аҳли худро ба намоз фармон деҳ, ва худ дар он кор босабр бош. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст".
Ва фарзанди Умар бошад ин оятро мехонд:
ﭽ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮ ﯯ ﯰ ﯱﯲ ﰀ ﭼ الزمر: ٩
"Оё он кас, ки дар ҳамаи соъати шаб ба ибодат пардохта ё дар суҷуд аст ё дар қиём ва аз охират бимнок аст ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст".
Ва гуфт: чунин буд Усмон (р.з), ибни Абиҳотим (р.ҳ) гуфт: ибни Умар ба хотири он ин суханро гуфт ки амирул муъминин Усмон (р.з) дар шабҳо бе ниҳоят намозу Қурони бисёр мехонд ҳатто мешуд вақтҳое ки Қуронро дар як ракаъат хатм мекард.
Пас огоҳ бошед бародарону хоҳарони азиз ки намози таровеҳро бо имом то охир адо намоем то ки Худованд шуморо аз ҷумлае касоне навишта кунад ки тамоми шабро зинда доштаанд, Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Ҳарки бо имом қиём кунад (таровеҳро хонад) ва аз намоз берун нашавад то инки имом берун шавад, барои у чунин аст ки гуё тамоми шабро намоз хондааст" (Ривояти аҳли сунан)
3- Садақа
Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) некутарини мардум буд, ва дар моҳи Рамазон аз ҳама вақтҳо бештар некутар мешуд, ва дар ба ҷо овардани хайр аз сареътарин шамолҳам сареътар буд, чуноне ки мефармояд: "Беҳтарин садақа, садаи Рамазон аст" (Тирмизи)
Акнун эй бародару хоҳари мусалмонам огоҳ шудед ки садақаи моҳи Рамазон имтиёзҳо ва хусусиятҳои баланде доштааст, пас кушиш кунед то ки мувофиқи қудрататон онро адо кунед, садақа дар моҳи Рамазон ба чанд сурат аст:
* Таъом додан
Худованд мефармояд:
ﭽ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﮄ ﮅ ﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﭼ الإنسان: ٨ - ١٢
"Ва таъомро дар ҳоле, худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯронанд. Шуморо фақат барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на музде мехоҳем на шукре. Мо аз Парвардигори худ метарсем дар рӯзе, ки он рӯз рӯйҳо турш мешавад ва тарснок аст. Худо онҳоро аз бадии он рӯз нигаҳ дошт ва ононро таровату шодмонӣ бахшид. Ба мукофоти сабре ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод".
Мардони солеҳи гузашта бисёр кушиш мекарданд ки таъом бидиҳанд ва ҳатто таъом доданро аз баъзе ибодатҳо беҳтар мешумориданд, агар чи таъомро барои гурусна тақдим кунанд ё барои бародари солеҳе, ва дар таъом додан шарт нест ки таъомхур фақир бошад ё сарватманд. Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Эй мардум! Саломро миёни худ паҳн кунед, ва мардумро таъом бидиҳед, ва силаи раҳмро ба ҷо оред, ва дар шабҳо ки мардум хоб ҳастанд намоз хонед, бо саломати дохили ҷаннат мешавед" (Ривояти Аҳмад ва Тирмизи)
Баъзе аз гузаштагони солеҳ мегуфтанд: "Бароям даъват кардани баъзе рафиқонам ва таъом доданашон аз таъомҳое ки иштиҳояшро доранд беҳтар аст аз он ки даҳ ғуломро озод кунам"
Ва бисёре аз гузаштагони солеҳ ифтор намекарданд магар бо дигарон, аз ҷумла Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ва Довуди Тоиӣ ва Молик ибни Динор ва Аҳмад ибни Ҳанбал (р.ҳ), ва ибни Умар ифтор намекард магар бо ҳамроҳии мискинҳо ва ятимон ва агар эҳсос мекард ки хонаводааш онҳоро рондаанд он шаб ифтор намекард.
Ва баъзе гузаштагони солеҳ рузадор буданду дустонашонро таъом медоданд ва ба онҳо хидмат мекарданд, ва кушиш мекарданд ки роҳати онҳо халалдор нагардад…. Аз ҷумла Ҳасани Басри ва Абдуллоҳ ибни Муборак.
Абусивори Адави мегуяд: "Мардоне аз қабилаи Адиӣ дар ин масҷид намоз мехонданд ва касе аз онҳо ба танҳои ифтор накарда буд, агар касеро пайдо мекард то ки бо у бихурад мехурд ва агар пайдо намекард таъомашро ба масҷид мебурд ва бо ҳамроҳии мардум таъомашро мехурд".
Аз ибодати таъомдиҳи чандин итбодатҳои дигар тавлид мегардад, мисли наздики бо ҳамдигар ва дуст доштани ҳамдигар, ва ин кор сабаб мешавад ки инсон дохили ҷаннат гардад, чуноне ки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Дохили ҷаннат намешавед то ки имон наоред, ва имон намеоред магар ки ҳамдигарро дуст бидоред" ин чунин таъомдиҳи сабаби нишастан ва наздики бо мардони солеҳ мегардад ки ин низ сабаби дохил шудани инсон ба ҷаннат мегардад чунки онҳо бо сабаби таъом қувват пайдо мекунанду ба тоъату ибодати Худованд мепардозанд.
* Ифтор додани рузадорон
Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Ҳарки рузадореро ифтор бидиҳад барояш мисли савоби у савоб навишта мешавад, ва аз савоби он рузадор чизе ҳам кам нахоҳад шуд" (ривояти Аҳмад ва Насои) ва дар ҳадиси Салмон омадааст ки "Ҳарки рузадореро ифтор бидиҳад, барояш мағфирати гуноҳон ва халоси аз оташи дузах мегардад, ва мисли аҷру савоби рузадор аҷру савоб мегирад, ва аз аҷру савоби рузадор чизе кам намегардад, (Саҳобагон) гуфтанд: Эй расули Худо (шояд) ҳаряки мо қудрати ифтор доданро надошта бошем, Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) гуфт: ин аҷру савоб барои касе аст, ки рузадореро бо як нушидани аз шир ва ё бо як хурмо ё ин ки бо як нушидани об ифтор бидиҳад, ва ҳарки рузадореро об бинушонад Худованд уро аз ҳавзи ман об менушонад ва у ҳаргиз ташна нахоҳад шуд то ин ки дохили ҷаннат мегардад"
4- Қурон хондан
Бародари азизам! Хоҳари гироми! Ду чизро бароят ёдовар мешавам ки ҳоли гузаштагони солеҳ буд:
* Бисёр хондани Қурон
* Гиря кардан ҳангоми хондани Қурон ё шуниданаш бо фурутани ва хоксори барои Худованди бузург, моҳи Рамазон моҳи Қурон аст, пас бояд бандаи мусалмон дар ин моҳ Қуронро бисёр бихонад, ҳоли гузаштагони солеҳ низ чунин буд, ҳазрати Ҷабраил дар моҳи Рамазон Қуронро ба Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) меомухт, ва Усмон (р.з) дар моҳи Рамазон ҳар руз як бор Қуронро хатм мекард, ва баъзе гузаштагони солеҳ дар моҳи Рамазон дар ҳар се рузи Қуронро хатм мекарданд ва баъзеашон дар ҳафт руз як бор, ва баъзеашон дар даҳруз як бор, онҳо Қуронро ҳам дар намоз мехонданд ва ҳам дар ғайри намоз, имом Шофеъи дар Рамазон шаст бор Қуронро дар ғайри намоз хатм мекард, ва Асвад дар моҳи Рамазон дар ҳар ду шаб Қуронро хатм мекард, ва вақто ки моҳи Рамазон дохил мешуд имом Зуҳри аз хондани ҳадис ва ҳамнишинии аҳли илм канор мерафту руй ба хондани Қурон меовард, Суфёни Саври низ вақто ки Рамазон меомад тамоми ибодатҳоро тарк мекарду ба хондани Қурон машғул мешуд.
Ибни Раҷаб мегуяд: "Наҳи шудани хондани Қурон дар камтар аз се руз дар ҳоле аст ки ин кор давомнок бошад, аммо дар вақтҳои муборак мисли моҳи Рамазон ва ҷойҳои муборак мисли Макаи мукарама барои касоне ки дохили он мешаванд мустаҳаб аст ки Қурон бисёр хонда ва тиловат шавад."
* Гиря кардан ҳангоми тиловати Қурон
Гузаштагони солеҳ мисли ононе набуданд ки Қуронро мисли шеър бисароянду аз маъноҳояш буе набаранд, балки Суханони Худованд ба онҳо таъсир мекард ва дилҳояшонро ба ҷунбиш медаровард, имом Байҳақи аз Абуҳурайра (р.з) ривоят мекунад ки гуфт: "Вақто ки ин оят нозил шуд:
ﭽ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﮟ ﮠ ﮡ ﮢ ﮣ ﭼ النجم: ٥٩ - ٦٠
"Оё аз ин сухан дар ҳайрат афтодаед? Ва механдеду намегирйед?"
Аҳли Суффа ҳамаги гиря карданд ва обҳои чашмонашон дар рухсораҳояшон ҷори гашт, вақто ки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) эҳсосоти онҳоро дарк кард, бо онҳо гиря кард ва мо бо гиряи Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) ба гиря омадем, сипас Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) гуфт: Оташ намерасад ба касе ки аз тарси Худо гиря кунад" ибни Умар сураи Мутафифинро хонд ва ҳангоме ки ба ин оят расид:
ﭽ ﯯ ﯰ ﯱ ﯲ ﯳﯴﭼ المطففين: ٦
"Рӯзе, ки мардум ба пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд".
Чунон гиря кард ки ба замин афтод, ва давоми оятро натавонист идома бидиҳад, ва аз Музоҳим ибни Зуфар ривоят аст ки гуфт: Суфёни Саври намози Шомро бароямон хонд ва вақто ки ба ин оят расид:
ﭽ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥﭦﭼ الفاتحة: ٥
"Танҳо Туро мепарастем Худовандо, ва фақат аз Ту ёри металабем".
Чунон гиря кард ки дигар натавонист давом бидиҳад сипас хонданро аз бидоят шуруъ кард.
5-Нишастан дар масҷид то баромадани офтоб
"Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) вақто ки намози бомдодро адо мекард дар намозгоҳаш менишаст то ин ки офтоб барояд" (Муслим)
Ва дар ҳадиси имом Тирмизи аз Анас аз Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) ривоят мекунад ки гуфт: "Ҳарки намози бомдодро бо ҷамоат бихонад ва нишаста Худоро зикр кунад то ин ки офтоб барояд сипас ду ракаъат намоз бихонад барои у савоби ҳаҷ ва умраи пурра аст пурра пурра ва пурра" (Бо тасҳеҳи имом Албони) ин дар ҳама рузҳо аст пас чи расад ба рузҳои Рамазон.
Пас эй бародару хоҳари мусалмон Худованд шуморо мувафақ гардонад ки аз ин аҷру савоб баҳраманд гардед, ва баландтарин манзилҳои ҷаннатро соҳиб гардед.
6- Эътикоф
"Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) дар ҳар Рамазон даҳ рузи охирашро эътикоф менишаст ва соле ки дар он вафот кард бист рузи Рамазонашро эътикоф нишаст" (Бухори) Эътикоф аз ибодатҳое аст ки чандин ибодатҳои дигарро дар бар мегирад мисли тиловати Қурон, зикри Худованд, дуъо ва намоз ва ғайраҳо.
Касоне ки ин ибодатро ба ҷо наовардаанд фикр мекунанд ки бисёр мушкил аст, локин дар ҳақиқат он осон аст барои касоне ки Худованд осонаш гардонад, ҳарки нияташро солеҳ ва аз самими дил кушиш кунад, Худованд уро кумак хоҳад кард.
Ва эътикоф дар даҳ рузи охири моҳи Рамазон ба хотири ноил гашташ ба савоби шаби қадр таъкид гаштааст .
7- Умра дар Рамазон
Аз Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) ривоят шудааст ки гуфт: "Умра дар Рамазон баробари ҳаҷ аст" (Бухори ва Муслим) ва дар ривояти дигаре омадааст ки "Умра дар Рамазон баробари ҳаҷест бо ман" пас муборак бошад бар ту эй бародар ва хоҳари мусалмон ҳаҷ карданат бо Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод).
8- Пайгири аз шаби Қадр
Худоваанд мефармояд:
ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭼ القدر: ١ - ٣
"Мо дар шаби қадраш нозил кардем! (Қуръонро)
Ва ту чӣ донӣ, ки шаби қадр чист? Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст".
Ва Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Ҳарки шаби Қадрро бо имону ихлос зинда бидорад гуноҳони гузаштаи у бахшида хоҳанд шуд" (Бухори ва Муслим)
Ва Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) шаби Қадрро пайгири мекард ва саҳобагонашро низ амр мекард ки аз у пайгири кунанд ва хонаводаашро низ шабҳои охири Рамазон бедор мекард то ки фурсати зиндадории шаби қадрро аз даст надиҳанд.
Аз баъзе гузаштагони солеҳ мисли саҳобагону тобеъин собит шудааст ки онҳо дар шабҳои даҳ рузи охири моҳи Рамазон шустушуй ва хушбуи мекарданд, то ки он шаберо ки Худованд мартабаи баланд бахшидааст ноили аҷру савобаш гарданд, амали солеҳе ки инсон дар шаби қадр ба ҷо меорад аз амали солеҳи ҳазор шаб беҳтараст, пас ҳарки аз ин хайри бузург маҳрум гашт гуё ки аз тамоми хайр маҳрум гаштааст.
Шаби Қадр дар даҳ рузи охири моҳи Рамазон дар рузҳои тоқи он меояд, ва гумони зиёд аст ки он дар шаби бисту ҳафтуми Рамазон аст, чуноне ки аз имом Муслим ривоят аст Убай ибни Каъб (р.з) мегуяд: "Савганд ба Худо ки ман медонам шаби Қадр кадом шаб аст, он ҳамон шабест ки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) моро амр карда буд ки уро зинда бидорем, ва он шаби бистуҳафтум мебошад, ва падарам барои ин савганд ёд мекард ва мегуфт: Оят ва аломате Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) аз он моро хабар дода буд он аст ки офтобе ки баъди шаби Қадр боло мешавад нури тез надорад".
Ва аз Ойша (р.з) ривоят шудааст ки аз Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) пурсидааст: "Эй расули Худо агар ман шаби Қадрро дарк кунам чи бигуям? Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) гуфт бигу:
اللهم إنك تحب العفو فاعف عني
"Боро илоҳо ту гузашту бахшишро дуст медори пас аз ман даргузар ва манро бубахш" (Ривояти Аҳмад ва Тирмизи)
9- Зиёд намудани зикри Худованд ва талаби дуъо ва мағфират кардан аз у
Бародару хоҳари азизам! рузҳо ва шабҳои Рамазон вақтҳои бузурге ҳастанд пас онҳоро ғанимат бидон ва кушиш кун ки дар онҳо бисёр зикри Худовандро бикуни ва уро дуъо кун алалхусус дар вақтҳое ки дуъо рад карда намешавад мисли:
А) Ҳангоми ифтор кардан барои рузадор дуъоест ки рад карда намешавад.
Б) Аз се як қисми охири шаб ки Худованд ба осмони замин омада мегуяд: "Оё ҳоҷатманде ҳаст ки ҳочаташро барорам, оё талаби мағфират кунандае ҳаст ки барояш мағфират кунам".
В) Талаби мағфират ҳангоми саҳарҳо, Худованд мефармояд:
ﭽ ﮓ ﮔ ﮕ ﮖ ﭼ الذاريات: ١٨
"Ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекунанд"
Ногуфта намонад ки сирри қабули тамоми ибодатҳо ихлос аст, бале ихлос, оё медонед чи қадар рузадорони зиёде ҳастанд ки рузаашон ба ғайр аз гуруснагиву ташнаги чизи дигаре нест, ва чи қадар таровеҳхонҳои зиёде ҳастанд ки ба ғайр аз бедорхоби ва хастаги барояшон чизи дигаре нест, барои ҳамин Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) доимо таъкид мекард ки "Бо имону ихлос" ва гузаштагони солеҳ низ чи қадар зиёд кушиш мекарданд ки тоъату ибодатҳояшонро пинҳон нигоҳ бидоранд то ки дар дилҳояшон риё роҳ пайдо накунад, аз ҷумла яке аз солеҳони гузашта Аюби Сахтиёни тамоми шабро ибодат мекард локин ин корашро пинҳон медошт ва ҳангоме ки субҳ медамид садояшро баланд карда чунин вонамуд мекард ки гуё нав аз хоб бедор шудааст, инчунин аз ибни Абуади ривоят шудааст ки гуфт: Довуд ибни Абуҳинд чиҳил сол рузадор буд ҳатто хонаводааш инро намедонистанд ҳангоме ки ба ҷои кораш рафтани мешуд таъомашро бо худ мегирифт то ки фикр кунанд ки у нисфимрузи мехурад локин бо муҷаради аз хона берун рафтанаш онро бар фақирон садақа мекард ва ҳангоми бегоҳ ба хона бармегашт ва бо хонаводааш ифтор мекард.
Дар охир аз Худованд беҳтарини неъматҳои дунёро бароятон талаб дорам ки муҳабати Худованд аст, ва беҳтарини неъматҳои ҷаннатро бароятон талаб дорам ки дидори Худованд аст, ва беҳтарин китобро ки китоби Худованд аст ва аз Худованд талаб дорам ки моро бо беҳтарини махлуқоташ ҳамроҳ гардонад ки Муҳаммад (Дуову дуруд бар У бод) аст, ва дар рузадори ва Рамазони шумо хайру баракаташро бирезонад, Омин