×
Ба номи онки зебосту дӯстдори зебоӣ! Ҳиҷоб чист, аз куҷо ва кай пайдо шудааст? Оё дар динҳои пеш аз исломӣ, ҳиҷоб вуҷуд доштааст ё не? Ҷойгоҳи он дар он динҳо ва ҷомеаҳои ғайри исломӣ чигуна буда ва ҳаст? Ҷойгоҳ ва ҳукми ҳиҷоб дар ислом чист? Ин мавзӯоте ҳастанд, ки дар ин мақола ба онҳо мепардозем ва кӯшиш ба он мекунем, ки ҷанбаҳои норавшани ин мавзӯъро барои хонандаи нуктасанҷ равшан намоем.

    ҲИҶОБ

    ﴿الحجاب﴾

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Сомонаи: NAHZAT.TJ

    2010 - 1431

    ﴿الحجاب﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    NAHZAT.TJ

    2010 - 1431

    ҲИҶОБ

    Ба номи онки зебосту дӯстдори зебоӣ! Ҳиҷоб чист, аз куҷо ва кай пайдо шудааст? Оё дар динҳои пеш аз исломӣ, ҳиҷоб вуҷуд доштааст ё не? Ҷойгоҳи он дар он динҳо ва ҷомеаҳои ғайри исломӣ чигуна буда ва ҳаст? Ҷойгоҳ ва ҳукми ҳиҷоб дар ислом чист? Ин мавзӯоте ҳастанд, ки дар ин мақола ба онҳо мепардозем ва кӯшиш ба он мекунем, ки ҷанбаҳои норавшани ин мавзӯъро барои хонандаи нуктасанҷ равшан намоем.

    Таърихи ҳиҷоб

    Агар бихоҳем таърихи ҳиҷобро ба таври куллӣ ва иҷмолӣ баррасӣ намоем, ин кор ниёзманди тахассуси вофир дар заминаи таърихи ҷомеаҳои башарӣ дар тӯли адвори гузашта мебошад, ки ин кор аз ҳавзаи тахассуси ин ҷониб хориҷаст. Аммо метавонем ба таври хулоса ба чанд намунаи таърихӣ ва мазҳабӣ нигоҳ кунем ва кӯтоҳ ба баррасии онҳо пардозем.

    1- Эрони бостон: дар китоби «Таърихи тамаддун» навиштаи Вел Дюрант тарҷумаи форсӣ сафҳаи 552 дар бораи ҷойгоҳи занони Эрони бостон мехонем: «дар замони Зардушт занон манзалати олие доштанд. Бо камоли озоди ва бо рӯйи кушода дар миёни мардум омаду шуд мекарданд. Пас аз Дориюш мақоми зан, махсусан дар табақаи сарватмандон таназзул пайдо кард. Занони фақир чун барои кор кардан аз омаду шуд дар миёни мардум ночор буданд, озодии худро ҳифз карданд, вале дар мавриди занони дигар, гӯшанишинии замони ҳайз, ки барояшон воҷиб буд, рафта-рафта имтидод пайдо кард ва саросари зиндагии иҷтимоиашонро фаро гирифт. Ин амр худ мабнои пардапӯшӣ дар миёни занон ба шумор меравад. Занони табақоти боло ҷуръати онро надоштанд, ки ҷуз дар тахти равони рӯпӯшдор аз хона берун биёянд ва ҳаргиз ба онҳо иҷоза дода намешуд, ки ошкоро бо мардон сӯҳбат ва раву о дошта бошанд. Дар нақшҳое, ки аз Эрони бостон боқӣ мондааст, ҳеч сурати зан дида намешавад ва номе аз эшон ба назар намерасад».

    2- Дини яҳудият: дар мавриди таърихи ҳиҷоб муаррихи номдор ва муосир Вел Дюрант дар китоби « Таърихи тамаддун» чилди 12 сафҳаи 30 менависад: «агар зане ба нақзи қонуни яҳуд мепардохт, чунонки масалан бе он ки чизе бар сар дошта бошад ба миёни мардум мерафт ё инки дар хиёбон нах меришт, ё бо ҳар синфе аз мардон дарди дил мекард, ё садояш он қадар баланд мебуд, ки агар дар хона такаллум мекард ҳамсоягонаш метавонистанд садои ӯро бишнаванд, дар он сурат мард ҳақ дошт бидуни пардохти маҳр ӯро талоқ диҳад».

    Сабабҳои пайдоиши ҳиҷоб

    Бо таваҷҷуҳ ба таърихчаи зикршуда ва афкори мардум дар иҷтимои кунунии мо ин суоле падид меояд, ки сабабҳои пайдоиши ҳичоб чӣ будааст? Дар ибтидо ба хотири ҳассосияти мавзӯъ ва вуҷуди фалсафаҳои гуногун дар ҳар ду тарафи мувофиқ ва мухолиф бо ин падида, ба ин мавзӯъ аз назари ҷомеаҳои ғайри исломӣ мепардозем ва баъд назари Исломро дар ин мавзӯъ баррасӣ хоҳем кард.

    Куллан 5 навъ назар дар мавриди пайдоиши ҳиҷоб дар ҷомеаҳои ғайри исломӣ зикр шудааст :

    1- Майл ба риёзат кашидан (ҷанбаи фалсафӣ): бар асоси ин дидгоҳ, чун иддае натиҷаи ҳамаи бадиҳоро дар муошират бо зан ва ҳамчунин шаҳватронӣ медонистанд, бо маҳдуд кардани зан дар пӯшиш ва хонанишин кардани он, мехостанд ин мушкилотро коҳиш диҳанд. Намунаи ин тафаккурро метавон дар мактаби буддизм ва дар кишварҳои шарқи Осиё, аз ҷумла Хинд ва Чин мушоҳида кард.

    2- Набудани амният ва адолати иҷтимоӣ (ҷанбаи иҷтимоӣ): иддае муътақиданд, ки дар ҷомеаҳои қадим, чун амният ва адолати иҷтимоӣ вуҷуд надоштааст, ба ҳамин хотир ҳиҷоб барои масунияти зан аз таҷовуз ё тасоҳуби соҳибони зӯр ва қудрат ибдоъ шудааст. Намунаи ин тафаккурро метавон дар Эрони бостон ва ҷомеаҳое, ки дар онҳо ҳарамсаро зиёд будааст мушоҳида кард.

    3- Падарсолорӣ ва ҳисси моликият барои истисмори зан (ҷанбаи иқтисодӣ): афроде, ки ин омилро аз чумлаи авомили пайдоиши ҳиҷоб медонанд, муътақиданд, ки ин омил барои истисмори зан ва баҳракашии иқтисодӣ аз онҳо баъд аз гузашти даврони дастаҷамъии ҷинсӣ дар таърих, сабаби пайдоиши ҳиҷоб шудааст. Намунаи ин тафаккурро низ метавон дар ғарб ва тарафдорони камунизм , мушоҳида кард.

    4- Ҳасодат ва худхоҳии мардон (ҷанбаи ахлоқӣ): онҳое, ки ба ин омил муътақиданд, мегӯянд: чун мардон ба мардони дигари ҳамнавъи худашон рашк меварзиданд, ба хотири онки занонашон мавриди таваҷҷуҳи марди дигаре қарор нагирад, онро дар пӯшиш маҳдуд мекарданд. Намунаи ин тафаккурро метавон дар ҷомеаҳои бадавии ғарбӣ мушоҳида кард.

    5- Воқеияти вуҷудии худи занон (ҷанбаи равонӣ): тарафдорони ин назария мегӯянд, чун занон ҳамеша ба сабаби камбуди тавони ҷисмиашон нисбат ба мардон ва ҳамчунин масоиле чун бакорат ва одати моҳона, эҳсоси ҳақорат мекарданд, бопӯшондан ва махфӣ кардани худ мехостанд ин камбуди равониашонро пинҳон созанд. Намунаи ин фикрро метавон дар таълимоти дини яҳуд ва Эрони бостон пайдо кард.

    Ҳоло ки бо назари мухолифини Ислом ва ҷомеаҳои ғайри исломӣ дар бораи ҳиҷоб ошно шудед , шояд гумон кунед, ки сабаби пайдоиши ҳиҷоб дар ислом ҳам яке аз авомили фавқ аст. Ё инки суол кунед, ки оё авомили мазкур дар пайдоиши ҳиҷоб дар Ислом нақш доранд? Агар чунин бошад, бояд бигӯем, ки ҳамаи ин авомил аз назари Ислом ғайри қобили қабул ҳастанд. Зеро:

    1- Ислом риёзат кашидан ва тарки лаззатҳои дунё карданро манъ кардааст.

    2- Дар Арабистон амнияти ҷинсӣ вучуд доштааст ва ончи мавҷуд набуда, амнияти иҷтимоӣ будааст.

    3- Ислом ҳаргиз нахостааст, ки зан василаи даромади иқтисодии мард бошад.

    4- Худованд дар вуҷуди мард як ҳисси ҳасодат ва як ҳисси ғайрат гузоштааст. Ҳасодат дар вуҷуди мардон ва занон муштарак аст, вале Ислом онро мазаммат карда, хоҳони кантрол кардани он аст. Аммо ғайрат аслест барои нигаҳдорӣ аз киёни хонавода, ки аз ҳасодат ба куллӣ фарқ дорад.

    5- Қавонини Ислом барои занон махсусан дар даврони ҳайз ва нифос, ки онҳоро аз баъзе ибодот маоф мекунад ва робитаи ҷинсиро бо онҳо иҷозат намедиҳад, маҳз ба хотири эҳтиром ба занон аст. Зеро дар ин замон занон майл ва рағбате ба омезиши ҷинсӣ надоранд ва аз лиҳози равонӣ дар як ҳолати хос ба сар мебаранд, ки робитаи ҷинсӣ метавонад ба онҳо зарари рӯҳӣ расонад. Пас ончи аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, авомили фавқ ҳеҷ нақше дар пайдоиши ҳиҷоб дар Ислом надоранд.

    Фавоиди ҳиҷоб

    Барои дарки беҳтари мавзӯъ мехоҳем бубинем, ки оё ҳиҷоб барои зан фоидае дорад? Оё ҳиҷоб фақат барои маҳдуд кардани занаст? Бинобарин мехоҳем, чанд нуктаи аслиро дар бораи фавоиди ҳиҷоб баён кунем, то дарки сабаби пайдоиши ҳиҷоб дар Ислом осонтар гардад.

    Боло бурдани арзиши зан: Тибқи хавоси зотӣ ва фитрии мардон маъмулан заноне, ки аз назари сексологӣ дастрасӣ ба онҳо осон ва онхо бахшанда ҳастанд, мавриди эҳтироми мардон нестанд. Он таваҷҷуҳи андаке ҳам, ки мардон ба ин занон доранд дар асл таваҷчуҳ ба ғаризаи шаҳвати худашон аст, то ба василаи онҳо ирзо шавад, на таваҷҷуҳ ба он занон. Чунончи баъд аз ба ҳадаф расиданашон он майл ҳам аз байн хоҳад рафт. Масалан, агар марде издивоҷ карданӣ бошад, ҳеч гоҳ аз занони хиёбонӣ (трасавик) ва фоҳишаҳои дискотекаҳо ҳамсар интихоб намекунад. Мардон ба далели моҳияти кошифгунаашон дар пайи кашф ва тасхири занони бикр ва дастнаёфтанӣ ҳастанд. Шарму ҳаё зотан мардонро ҷазб мекунад ва ҳиҷоб ба унвони як ҳоил байни зану мард, доим ин қувваи қудратманди мардонро таҳрик месозад. Файласуф ва ҷомеашиноси аврупоӣ- Вел Дюрант, дар ин бора чунин мегуяд: «Худдорӣ аз беҳаёӣ ва имтиноъ варзидан аз базлу бахшиш беҳтарин силоҳ барои шикори мардон аст. Агар ҳамаи аъзои ниҳонии инсонро дар миёни мардум ошкоро шарҳу тавзеҳ медоданд, таваҷҷуҳи мо ба он ҷалб мешуд, вале майлу рағбати мо хеле кам таҳрик мешуд. Марди ҷавон ба дунболи чашмони пур аз ҳаё аст ва бе онки худ бидонад ҳис мекунад, ки ин худдории зарифона аз як латофат ва назокати олӣ хабар медиҳад».

    Мардон ба далели рӯҳияи хашин ва сахт доштанашон ва ба далели бартарии ҷисмиашон, ба сурати толиб ва ошиқанд аммо занон ба хотири моҳияти латиф ва эҳсосиашон, ҳамвора матлуб ва маъшуқанд. Дар ашъори шоирони гузашта ва муосир зан ба унвони мазҳари зебоӣ ва латофат ҳамеша дар канори гул ҷой доштааст ва ҳамеша ба унвони маҳбуб ва маъшуқ ёд шудааст. Аммо мард ба хотири ҳамон қудрат ва хушунати вуҷудаш ҳамеша ошиқ толиб ва муҳиб тасвир шудааст. Бинобарин занон ба хотири ба даст овардани ҳамон муҳаббату ишқ ва эҳсоси амнияти рӯҳӣ, равонӣ, ҷисмӣ, ҷинсӣ ва аз ҳама муҳимтар ба даст овардани арзиш ва эҳтироми инсонӣ аз тарафи ҷинси мухолифашон, ниёзманданд, ки мард ба онҳо таваҷҷуҳ кунад ва муҳаббат, ишқ ва ҳама чизашро ба ӯ ҳадя бидиҳад. Мард низ бар тибқи ҳамон асле, ки гуфтем, фитратан чунин занеро арзишманд ва идеали худ медонаду интихоб мекунад, то ишқу муҳаббат ва ҳама чизашро ба ӯ ҳадя кунад. Мард ҳар қадар барои ба даст овардани маъшуқ ва матлубаш бештар ранҷ бикашад, қадри онро ҳамон андоза бештар медонад. Ба қавли Вил Дюрант: «одоби ҷуфтҷӯӣ иборат аст аз ҳамла барои тасарруф дар мардон ва ақибнишинӣ барои дилрабоӣ дар занон ва зан барои мард ҳамчун ҷоизаест, ки бояд онро бирабояд.

    2- Амнияти иҷтимоӣ: аз назари Ислом яке аз фоидаҳои ҳиҷоб ин аст, ки дар системаи ҷинсияти (сексологии) равобити инсонӣ байни ду ҷинси мухолиф таносуб ва таодул барқарор мешавад. Гап дар сари он меравад, ки оё мард ҳақ дорад дар ҳар маҳфиле ва ҳар ҷойе ки бихоҳад ниҳояти истифодаи ҷинсиро аз зан бибарад ва ӯро ба монанди бардаи худ мавриди истифода қарор диҳад, ё на? Аз назари Ислом ин адолат нест, ки мард ба далели бартарии ҷисмиаш бихоҳад занро мустаъмараи худ карда аз ӯ баҳракашии ҷинси кунад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ва куллан ҷомеаҳое, ки бараҳанагӣ ба унвони фарҳанг ва пешрафт муаррифӣ шуда ва мешавад, зан дар ҳақиқат василаи ирзои шаҳавоти ҷомеаи мардсолор аст. Истифодаи ҷинсӣ аз бадани занон дар филмҳо, ресторанҳо, казиноҳо ва фурӯшгоҳҳо ба нафъи кист? Оё ин мардҳо нестанд, ки барои бештар кардани муштариёни худ дар филмҳо, ресторанҳо, казиноҳо , фурӯшгоҳҳо ва ҳатто барои таблиғоти маҳсулоти худ аз ҷинсияти зан суистифода мекунанд? Ба хотири ҳамин суистифодаҳо ва беарзишсозии занон буд, ки мактаби «фиминизм» дар Аврупо арзи вуҷуд кард. Мактабе, ки мехоҳад арзиши занро боло барад ва ӯро аз бардагии шаҳвонии мардон бираҳонад. Аммо Ислом 14 қарн пеш бо матраҳкардани пӯшиши исломӣ ин каромат ва арзиши занро ҳифз карда, амнияти иҷтимоиро барқарор кардааст. Амре, ки дар тӯли таърих сиҳҳаташ ба исбот расидааст.

    3- Манфиати иқтисодӣ: бар хилофи назарияи мавҷуд, ки пӯшишро ба далели маҳдудкунанда буданаш, монеи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии занон медонанд, Ислом муътақид аст, ки агар занон бо риояти пӯшиши исломӣ дар ҷомеа ба фаъолият бипардозад, на танҳо боке надорад, балки барои иҷтимоъ муфид аст. Зеро ин пӯшиш монеъ аз он мешавад, ки масоили ҷинсӣ ба муҳитҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кашида шавад. Дар натиҷа он қадар фикру нерӯе, ки дар ин муҳитҳо дар масоили ҷинсӣ масраф мешавад, дар кор ва фаъолияти иқтисодӣ масраф мешавад ва ҳосили он пешрафти иҷтимоӣ аст. Таҳқиқоте, ки дар чанд соли охир дар Амрико, Малайзия ва Чин анҷом шудааст дар корхонаҳое, ки занон пӯшиши комилтаре доранд истеҳсолот аз 15 то 20% бештар будааст. Ба ҳамин хотир имрӯз дар бештари корхонаҳои пешрафтаи дунё ба пӯшиши занон аҳамияти зиёде медиҳанд, аммо мутаассифона дар ҷомеаи мо ба он бархурди комилан баракс мешавад. Аммо ба зудӣ ҷомеаи мо низ ба ин натиҷа хоҳад расид. Зеро Ислом муътақид аст, ки масоили ҷинсӣ бояд маҳдуд ба хонавода ва ҳарими хусусии афрод бошад, на муҳити кор.

    4- Маҳбубияти ҷинсӣ (сексӣ): шаҳват ношӣ аз таҳрики бадани ду ҷинс мухолиф ба куниш ва вокунишҳои мобайни онҳост. Ин эҳсос замоне байни ду фард рух медиҳад, ки хусуситарин чизҳои худро дар ихтиёри ҳамдигар қарор диҳанд ва аз онҳо ба таври муштарак истифода кунанд. Замоне, ки ин ҳарими хусусӣ нобуд шавад ва фарқе байни ҳарими хусусӣ ва умумӣ боқӣ намонад, ин ҳисси шаҳват низ бемаъно мешавад ва моҳияти дигаре пайдо мекунад. Ҳиҷоб ба далели моҳияти боздорандагиаш аз ин ҳарим посдорӣ мекунад. Бинобарин ҳиҷоб ба равобити ҷинсии ду ҷинс хидмате мекунад, ки бараҳнагӣ карда наметавонад. Урёнӣ боис мешавад, ки ишқ маънои ошиқу маъшуқиашро аз даст бидиҳад ва ин эҳсосу отифаи зебои илоҳӣ ба як тиҷорати оддии рӯзона табдил шавад. Дар ин ҳолат инсоният низ зери суол меравад ва дар маърази хатари бузурге қарор мегирад. Чунонеки имрӯз шоҳиди авоқиби номатлуби ин амр ҳастем, ки ба сурати бемориҳое, чун ЭЙДЗ, СПИД, СИФЛИС ва ғайра арзи вуҷуд кардаанд. Пас маълум мешавад ки ҳиҷоб бузургтарин хидматро ба арсаи сексологӣ ва ишқии инсонҳо мекунад. Ҳатто нобиғаи ҳунари ҳоливуд Алфорд Ҳечкал дар ин бора мегӯяд: «ман муътақидам, ки зан ҳам бояд мисли як филм асроромез ва сеҳрангез бошад, ба ин маъно, ки моҳияти худро камтар нишон диҳад ва барои кашфи худ мардро ба нерӯи тахайюл ва тасаввури зиёдтаре водорад. Бояд занон пайваста ба ҳамин шева рафтор кунанд ва бигзоранд мард барои кашфи онҳо бештар ба худ заҳмат диҳад. Занони шарқӣ чанд сол пеш ба хотири ҳиҷоб ва ниқобе, ки ба кор мебурданд, худ ба худ ҷаззоб менамуданд ва ҳамин масъала ҷозибаи нерӯманде ба онҳо медод. Аммо ба тадриҷ бо талоше, ки ин занон барои баробарӣ бо занони ғарбӣ анҷом медиҳанд, он ҳиҷоб ва он ҷаззобият аз байн рафта истодааст ва ҳамзамон аз ҷозибаи ҷинсии ӯ низ коста мешавад».

    Ҳиҷоб аз дидгоҳи Ислом

    Ҳиҷоб дар Ислом ҷойгоҳи хосси худро дорад ва яке аз фарзҳои аслӣ ба шумор меравад, ки дар Қуръони карим бо дастури мустақим Худованд онро барои занони муъмин вазифаи шаръӣ қарор додаст. Дар ояти 59-уми сураи Аҳзоб Худованд мефармояд:

    Инчунин дастури сареҳ ва равшани дигаре низ дар сураи Нур оятҳои 30 ва 31 аз суйи Худованди раҳмон ба ин сурат омадааст.

    Пас ҳиҷоб дастури илоҳиест, ки ҳар зани мусулмон барои риояти он мукаллаф шудааст ва тибқи оятҳои мазкур ва иҷмои уламои исломӣ ҳиҷоб барои ҳар як зани мусулмон фарз аст.

    Хулоса, бо таваҷчуҳ ба ончи аз аҳком ва фавоиди ҳиҷоб баён кардем, ба ин натиҷа мерасем, ки:

    Пеш аз ҳама ҳиҷоб як амр ва дастури илоҳист, на фармудаи ягон мулло ё эшон ва ҳар ҳукме, ки аз ҷониби Худованди раҳмон омада бошад, ҳатман дорои ҳикматҳоест, ки метавонем баъзе аз онҳоро чунин баршуморем:

    1- Ҳиҷоб на як василаи маҳдудият, балки василаи маҳбубият барои занон аст.

    2- Дар буъди иқтисодӣ натанҳо монеи пешрафту тараққӣ нест, балки мояи рушду пешрафти истеҳсолот аст.

    3- Василаи боло бурдани каромати зан ва ҳофизи амнияти рӯҳӣ, равонӣ, ҷинсӣ ва отифии онҳост.

    4- Яке аз василаҳои аслии пешгирии бемориҳои ҷинсӣ мебошад.

    Албатта инҳо он ҳикматҳое ҳастанд, ки имрӯз мардум чи мусулмонон ва чи ғайри мусулмонон ба онҳо муътарифанд ва ҳикматҳои зиёди дигаре дар он нуҳӯфта аст, ки шояд баъдҳо равшан шаванд.