×
Пас аз офариниши Одам (а) Худованд (ҷ) ба фариштагон фармуд: "Ҳангоме ки онро низом бахшидем ва аз рӯҳи худ дар он дамидем, барои ӯ ба саҷда афтед" (сураи "Ҳиҷр", ояти 29). Бо ин фармони илоҳӣ "фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд" (сураи "Ҳиҷр", ояти 30). Аммо иблис "ба хотири рӯҳияи истикбораш аз фармони Худо сарпечӣ намуд ва саҷда накард" (сураи "Бақара", ояти 34). Зеро иддаои бартарӣ бар Одам дошт ва мегуфт: "маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва ман бартар (болотар) аз ӯям" (сураи "Сод", ояти 76). Ба ҳамин далел Худованд (ҷ) ба вай фармуд: "аз осмонҳо (ва аз суфуфи малоика) дур шав, ки ту рондаи даргоҳи манӣ". Ба ин васила иблис аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд.

    Қасами Шайтон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    www.risolat.tj

    2010 - 1431

    أولياء الشيطان

    « باللغة الطاجيكية »

    www.risolat.tj

    2010 - 1431

    Қасами Шайтон


    Пас аз офариниши Одам (а) Худованд (ҷ) ба фариштагон фармуд: "Ҳангоме ки онро низом бахшидем ва аз рӯҳи худ дар он дамидем, барои ӯ ба саҷда афтед" (сураи "Ҳиҷр", ояти 29). Бо ин фармони илоҳӣ "фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд

    Қасами Шайтон

    Пас аз офариниши Одам (а) Худованд (ҷ) ба фариштагон фармуд: "Ҳангоме ки онро низом бахшидем ва аз рӯҳи худ дар он дамидем, барои ӯ ба саҷда афтед" (сураи "Ҳиҷр", ояти 29).

    Бо ин фармони илоҳӣ "фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд" (сураи "Ҳиҷр", ояти 30). Аммо иблис "ба хотири рӯҳияи истикбораш аз фармони Худо сарпечӣ намуд ва саҷда накард" (сураи "Бақара", ояти 34). Зеро иддаои бартарӣ бар Одам дошт ва мегуфт: "маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва ман бартар (болотар) аз ӯям" (сураи "Сод", ояти 76). Ба ҳамин далел Худованд (ҷ) ба вай фармуд: "аз осмонҳо (ва аз суфуфи малоика) дур шав, ки ту рондаи даргоҳи манӣ". Ба ин васила иблис аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд.

    Бо ронда шудани иблис аз даргоҳи илоҳӣ боз дархост кард, ки то рӯзи растохез ба вай мӯҳлат дода шавад: "Парвардигоро, маро то рӯзе, ки инсонҳо барангехта мешаванд, мӯҳлат бидеҳ" (сураи "Сод", ояти 79). Худованд (ҷ) низ ба дархости ӯ посухи мусбат дод ва фармуд: "ту аз мӯҳлат додашудагонӣ". (сураи "Сод", ояти 80). Шайтон пас аз пазириши тақозояш ин савгандро ёд намуда, гуфт: "ки бандагони ӯро иғво мекунад". Ҷумлаи дар боло зикргардида маънояш ин аст, ки ҳатман ҳамаро гумроҳ хоҳам кард. Вале дар ин миён як истисно вуҷуд дорад ва худи шайтон низ эътироф мекунад, ки тавоноии иғвои онҳоро надорад. Онҳо кистанд? Онҳо бандагони мухлиси Худо ҳастанд.

    ОМИЛҲОИ ИҒВО

    1. Зинат бахшидан ба корҳои дунё. Қуръон аз забони шайтон ҳикоят мекунад, ки "ман неъматҳои моддиро дар замин дар назари онҳо зинат медиҳам" (сураи "Ҳиҷр", ояти 39).

    2. Зинат додани корҳои зишт. Чунонки Қуръон мефармояд: "Шайтон ҳар коре, ки онҳо мекунанд, дар назарашон зинат медиҳад" (сураи "Анъом", ояти 43).

    3. Амр ба фаҳшо ва мункар: "шайтон амр ба фаҳшо ва мункар мекунад".

    4. Эҷоди нигаронӣ ба хотири тангдастӣ. Шайтон бо ин васваса, ки агар садақа намоӣ, фақир хоҳӣ шуд, аз садақаву саховат ҷилавгирӣ мекунад. Қуръон мефармояд: "шайтон шуморо (ба ҳангоми хайру садақа) ваъдаи фақру тиҳидастӣ медиҳад". (сураи "Бақара", ояти 268)

    5. Эҷоди душманӣ ва кина. Қуръон мефармояд: "шайтон мехоҳад, ки дар миёни шумо ба василаи (шаробу қимор) эҷоди душманӣ ва кина намояд". (сураи "Моида", ояти 91)

    6. Эҷоди фитна ва фасод: "шайтон (ба василаи суханони номавзун) дар миёни онҳо фитна ва фасод мекунад" (сураи "Исро", ояти 53).

    7. Фирефтан ба орзуҳои тӯлонӣ: "шайтон аъмоли зишташонро зинат дода, онҳоро бо орзуҳои тӯлонӣ фирефта мекунад" (сураи "Муҳаммад", ояти 25).

    8. Эҷоди васваса: "шайтонҳо барои дӯсташон ваҳй (васваса) мекунанд. (сураи "Анъом", ояти 121).

    Истиснои мухлисон

    Гурӯҳи мухлисон аз ин доира берунанд ва ин ҳақиқатест, ки шайтон ба он эътироф карда, эъломи нотавонӣ дар иғвояшон намудааст ва ҳам Худованд (ҷ) бадон тасреҳ карда, фармудааст: "ту ҳаргиз бар бандагони ман султонӣ нахоҳӣ ёфт" (сураи "Исро", ояти 65). Қуръони карим ду омили асосӣ: имон ва таваккал ба Худоро монеи султон будани шайтон медонад ва мефармояд: "шайтон бар касоне, ки имон доранд ва ба Парвардигорашон таваккал мекунанд, тасаллуте надорад" (сураи "Наҳл", ояти 99).

    Ин сардориро танҳо барои касоне мекунад, ки султонии шайтонро пазируфта, ба Худо ширк меварзанд.

    Мухлис касест, ки рӯҳи худро аз ғаши табиат ва умури молӣ холӣ намуда, қалбашро аз ғайри Худо пок кунад ва онро аз мӯҳаббати Худо пур намояд. Оре, қалбе, ки чунин бошад манзили фариштагон мебошад ва армуғони он монанди қулуби анбиё ваҳю илҳом хоҳад буд.

    Чанд нукта:

    Дар инҷо муносиб аст ба нукоте чанд дар хусуси шайтон ишора шавад:

    Ё Тамоми корҳое, ки шайтон барои иғвои инсон анҷом медиҳад, ҳама ба хотири душманӣ ва кинаест, ки бо инсон дорад. Зеро Қуръон мегӯяд: "шайтон ҳамвора душмани ошкоре барои инсон буда аст (сураи "Исро", ояти 53)

    Ё Шайтон дар муқобили Худо ба иззати ӯ савганд ёд кард, ки бандагонашро иғво намояд ва дар ин роҳ аз ҳеҷ кӯшише кӯтаҳӣ намекунад ва ҳар гоми худро дар ин ҷода мебардорад: "аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед" (сураи "Нур", ояти 21).

    Ё Инсон бо пайравӣ аз шайтон шайтон мешавад: "шайтонҳои инсӣ ва ҷиннӣ" (сураи "Анъом", ояти 112).

    Ё Вожаи иблис дар Қуръон дар мавридҳое ба кор рафта аст, ки ӯ нисбат ба худ коре анҷом дода бошад. Мисли саркашӣ, кибр, саҷда накардан ва … аммо дар корҳое, ки нисбат ба дигарон анҷом медиҳад, вожаи шайтон ба кор рафта аст.