МАҚОМИ ИМОМАТИИ ХАЛИФАҲО
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
МАҚОМИ ИМОМАТИИ ХАЛИФАҲО
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Убазар Мисбоҳуддин
2010 - 1431
حقيقة إمامة الخلفاء الراشدين
« باللغة الطاجيكية »
مراجعة : أبو ذر مصباح الدين
الناشر : موقع فردوسي http://www.firdavsi.com
2010 - 1431
МАҚОМИ ИМОМАТИИ ХАЛИФАҲО
Дар мавзӯъи дуруст дарк кардани мақоми имоматии халифаҳо чанд нуқтаро донистан зарур мебошад:
1- Халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шогирдони мадрасаи нубувват ва баъди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дигар пайғамбарон бузургтарин ва беҳтарин бандагони Аллоҳ таоло мебошанд. Ҳамчуноне Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои пайғамбарон ва имоми ҷаҳониё дониста мешавад, саҳобагонаш пешвои саҳобагони дигар пайғамбарон ва баъди пайғамбарон бузургтарин фарзандони Одам дониста мешаванд.
2- Халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мисли он ҷаноб Пайғамбар намебошанд. Аз ин рӯ ба онон ваҳӣ нозил намешавад ва дар адои масъияти халифагӣ мисли Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам маъсум ва бехато намебошанд.
3- Халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мисли он ҷаноб аз пеши ҳақи чизеро ҳалолу раво ва ё ҳарому нораво ҳукм кардан надоранд. Балки масъулияти онон дар асоси таълимоти Қуръону суннат мардуму ҷомеъаро роҳбарӣ кардан мебошад.
4- Мақоми имоматии халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз имомони баъди онон омада баланд мебошад. Аз ин рӯ кадом масъала ё мушкилие, ки зикри он сароҳатан дар Қуръон Суннат набошад, ҳали онро аз суннату таълимоти халифаҳо ва ақволи дигар саҳобагон ҷустуҷу карда мешавад.
Аз ҳамин ҷиҳат Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Касе баъди ман зинда бимонад ихтилофҳои зиёдеро хоҳад дид. Шумо бояд пайравии суннати ман ва суннати халифаҳои рошидро бар худ лозим бидонед, бар он чанг бизанед ва бо дандонҳоятонро онро бигиред.»
Дар «Мавсуъаи Заҳабӣ» ба бештар аз 50 ривояти ин ҳадис даст ёфтем, ки онро Ибни Ҳиббон, Ҳоким, Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Байҳақӣ, Дорамӣ, Имом Аҳмад, Абуяъло, Табаронӣ ва дигарон ривоят кардаанд. Аз ҷумлаи имомон санади ин ҳадисро Ибни Ҳиббон, Ҳоким, Заҳабӣ, Абудовуд, Тирмизӣ ва дигарон ва аз ҷумлаи муҳаққиқон Албонӣ, Арновут ва Ҳусайн Асад саҳеҳ гуфтаанд.