×
Маълуму маъруф аст, ки дар дини мубини Ислом ҳамагӣ ду ид вуҷуд дорад: Рамазону Қурбон ва ё бо номҳои дигар иди саиди Фитр ва иди Азҳо. Инро ҳама медонанд ҳатто ғайри мусулмонҳо ҳам. Родию ва телевизёнҳои гуногуну мухталифи ҷаҳон аз рафту ҷараёни ин ду ид дар кишварҳои мухталифи мусалмоннишин гузоришҳои ҷолибу диданӣ пахш мекунанд.

    Таамуле дар идҳои исломӣ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    С. Юсуфӣ

    2010 – 1431

    أعياد المسلمين

    « باللغة الطاجيكية »

    س. يوسوفي

    2010 - 1431

    Таамуле дар идҳои исломӣ

    Маълуму маъруф аст, ки дар дини мубини Ислом ҳамагӣ ду ид вуҷуд дорад: Рамазону Қурбон ва ё бо номҳои дигар иди саиди Фитр ва иди Азҳо. Инро ҳама медонанд ҳатто ғайри мусулмонҳо ҳам. Родию ва телевизёнҳои гуногуну мухталифи ҷаҳон аз рафту ҷараёни ин ду ид дар кишварҳои мухталифи мусалмоннишин гузоришҳои ҷолибу диданӣ пахш мекунанд.

    Ҳар дуи ин идҳои бузурги исломӣ аз худ ҳикмату фалсафаҳои хоси худро доранд, ки тааммуле дар он ва пардохтан ба он аз фоида холӣ нест. Агар тааммул намоем мебинем, ки ҷуфти идҳо бо ду ибодати дигари исломӣ, ки ҳамзамон аз аркони Ислом мебошанд рабт доранд: иди Рамазон бо «рӯза» ва иди Қурбон бо «ҳаҷ».

    РӮЗА ВА ИДИ РАМАЗОН

    Рӯза як моҳ ибодате ҳаст, ки машаққатҳои зиёде дорад ва бархе аз мусулмонҳои камтоқат онро риоя намекунанд, алалхусус вақте дар рӯзҳои гарму дарози тобистонӣ фаро расад. Рӯза як моҳ ташнагӣ ва гуруснагӣ кашидан ва тоъату ибодати бештаре кардан, таровиҳ гузоридан ва Қуръонро зиёд хондан ва ҳамчунон оташи шаҳватро фурӯ нишондану контрол намудан аст.

    Инчунин дар даҳ рӯзи ахири ин моҳ ба кунҷи масҷиде эътикоф нишастан ва дар шаби қадр то рӯз ибодат намудану ба зикру фикри Мавло шабзиндадорӣ намудан аст.

    Вақте ба ҳамаи ин ибодот, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон иҷро мешаванд, назаре меафканем, ҳамаи ин ранҷ дорад ва мусулмон бо адои ин ибодот хаста мешавад ва ҳамаи ин хастагиҳое, ки дар ҳақиқат муваффақияти фарди мӯъминро нишон медиҳад, бо ид ҷашн мегирад.

    Иди Рамазон дар воқеъ иди ғалаба бар шаҳвату шикам ва тақвияти рӯҳу маънавиёт аст.

    ҲАҶ ВА ИДИ ҚУРБОН

    Мисли рӯза Ҳаҷ низ яке аз ибодатҳои асосӣ ва калидӣ дар Ислом аст. Панҷумин бинои мусулмонист. Ҳамасола беш аз 5 ҳазор мусулмони тоҷик ҷамъ аз марду зан ва пиру ҷавон барои адои ин рукни дигарӣ ва ё бинои панҷуми Ислом ба Байтуллоҳи Муҳаррам мешитобанд. Ин ки як нафар чӣ ранҷҳоро мутаҳаммил мешавад то ин ибодати бузургро анҷом бидиҳад, масъалаи машҳуре ҳаст.

    Аз гирифтани раводид то сафар то анҷоми маносики Ҳаҷ: вуқуф дар Арафот, санг задани шайтон, саъй байни Сафо ва Марва тавофи хонаи Каъба ва баргаштану омадан ба хонаву ҷой. Ҳамаи ин ибодатҳо ва ё маносики Ҳаҷро дар васати анбуҳи бузурги ҳоҷиён аз сар то сари олам анҷом медиҳанд, ки гоҳҳо аз 3 миллион мусулмон ҳам бештар аст.

    Боқимонда мусулмонҳое, ки ба ҳаҷ нарафтаанд ва аз дур ин ҷараёни зебои адои маносикро аз тариқи телевизиону родиюҳо пайгирӣ мекунанд, бо гирифтани рӯза дар ин талоши ҳоҷиён ҳамдилӣ мекунанд.

    Дар ҳадиси саҳеҳе аз Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки рӯза дар рӯзи Арафа (яъне рузе, ки фардояш ид аст) гуноҳҳои ду соларо маҳв мекунад. Гуноҳҳои соли гузаштаро ва гуноҳҳои соли ояндаро. Аммо мутаассифона дар кишвари мо бисёре аз мусулмонҳо ин рӯзаро ба ҷо намеёранд ва бисёриҳо ҳатто намедонанд, ки чунин рузае вуҷуд дорад.

    Ба ҳар ҳол нуқтаи муҳим ин аст, ки баъди анҷоми ин ибодати бузург, ки онро ҳамаи олам тамошо мекунад мусулмонон дар сар то сари ҷаҳон ид мекунанд, иде ки ба номҳои Қурбон ва Азҳо машҳур аст.

    Оре, маносики ҳаҷ дар ҳақиқат ҳар кадоме рамзе ҳастанд, ки мо дар саҳнаи ҳаёту зиндагӣ онро анҷом медиҳем. Дар ҳаёти ҳар мусулмон санг задану забҳу қурбонии шаҳавоту хоҳишот саъйу талош ва билохира расидан ба манзили мақсуд вуҷуд дорад.

    Пас иди Қурбон дар ҳақиқат иди қурбон намудани хоҳишоти нафсу шаҳавот бо умеди лаббайк гӯйи ба нидои Худованд ва фармудаҳои шаръи ҳаниф аст.

    ФАРҲАТ ВА ШОДИИ ИДОНА

    Гуфтам, ки мусулмонон вақте ин ду идро ҷашн мегиранд, ки аз ду ибодати бузург фориғ мешаванд. Иди Фитр баъди як моҳ рӯзадорӣ ва иди Қурбон баъди Ҳаҷ.

    Бале вақте як мусулмон ин ҳама ранҷу машаққатҳоро мекашад ташнагиву гурусанагӣ ва нигоҳдории нафс аз шаҳватро таҳаммул менамояд ва ранҷи сафар ба Арабистону адои маносики Ҳаҷро мекашаду баъд ид мекунад ин дар ҳақиқат як шодӣ ва фарҳати зебову самимие ҳаст. Фарҳат ва шодие ҳаст, ки мислу монанд надорад.

    ЧАРО?

    Чун одамӣ тавре офарида шудааст, ки дуст медорад дар ду ҳолат одамони дигар бо у бошанд яке ҳангоми хушӣ ва дигаре ҳангоми ғам. Вақте дар чунин ҳолатҳо одамони дигар биёянду ин ғаму шодиро бо ӯ шарик шаванд пас ғам камтару сабуктар ва шодӣ бузургтару фарохтар барояш ҷилва мекунад, ки ин мутобиқи хости одамист.

    Пас ҳамин аст, ки вақте ид фаро мерасад, як мусулмон медонад ва эҳсос мекунад, ки ҳар куҷои олам, ки мусулмоне зиндагӣ мекунад ин идро таҷлил мекунад ва дар ин шодиву фараҳ ӯро ҳамроҳӣ менамояд, пас ҳамин аст, ки шодияш дучанду даҳчанду садчанд, балки фароху беканору бекарон мешавад.

    На танҳо ин, балки дар чунин идҳо мусулмон ин эҳсоси нотакрори дигарро низ дорад, ки на танҳо ёру дӯстону хешу ақрабо ва як миллиарду 300 миллион аҳолии курраи замин бо ӯ ид доранд. Балки болотар аз ҳамаи ин Худованди мутаъол ва фариштаҳои замину осмон низ бо ӯ ид доранд ва дар ин шодиву нишоти идона бо ӯянд. Қавли Худованд аст, ки (Валитукаббируллоҳа ъало мо ҳадокум ва лаъалакум ташкурун — ба такбир бигӯед Аллоҳро (такбир аз шодӣ ва ба хотири изҳори хушҳолӣ) бар он чӣ шуморо хидоят додааст ва бошад, ки шумо шукргузорӣ намоед. -Ҳаҷ-37)